(Пешгуфтор ба китоби “Саховат”-и Ҷонибек)

Ҷонибек агар имрӯз зинда буд, барои фардо ва фардоиён шояд тӯшаҳои тозаву нодиртаре фароҳам месохт, аммо чӣ метавон кард, ки аҷал парвои пайғамбар надорад…

Бо ин ҳама бемеҳрии фалак тӯшаи нақди ин марди дӯстнавозу дӯстисоз, ин шоири гармрӯ ва нармдил барои ояндагон ҳамин як китоби шеър аст, ки шумо хонандагони огоҳдил, дар даст доред.

Ин китоб як кӯлаборест аз дӯши марди сафар дар роҳ уфтода ва агар ҳар роҳгузаре сари вақт ба он бархӯрд кунад, порае тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ хоҳад ёфт, тӯшае, ки рангу бӯйи лаҳазоти талху ширини умри кӯтоҳбақои шоирро дорад. Тӯшае, ки соҳибаш беш аз сӣ сол зарра-зарра андӯхта, инак дар раҳгузори фардо ниҳодааст.

Риштаи ҷони Ҷонибекро, он ҷони беорому пуртакопуро миқрози аҷал дар остони панҷоҳсолагӣ бурид. Мисраъҳои шеърҳои нотамомаш дар рӯйи варақҳо чун охирин риштаҳои тору пуди ҳастияш аз ҳам ҷудоянд ва дигар ба ҳам гиреҳ намехӯранд ва дигар ба ҳам пайваста як пора шеър, як пора меҳр, як пора ҷон, як пора оҳ, як пора дард нахоҳанд шуд… Эй дареғ!

Ҷонибек ба қавли худаш “пайвандгари ду соҳил”  шаҳпуле буд миёни -Тоҷикистону Ӯзбекистон, шаҳпуле буд миёни тоҷикону ӯзбекон. Осори тоҷикиро ба ӯзбекӣ, осори ӯзбекиро ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Миёни тоҷикону ӯзбекон ҳамеша тор метанид, ба хотири дӯстӣ, бародарӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, ваҳдати маънавӣ ва рӯҳонӣ, ҳақиқат, адолат, садоқат, самимият, ғуруру ифтихор, нангу номус ва якпорчагии миллати тоҷик ҷон меканд, метапид, мекоҳид, месӯхт.

Хонаи ӯ дар Тошканд қароргоҳи адибон, олимону ҳунармандони  Тоҷикистон буд. Ӯ дар Бухорову Самарқанд ва Душанбеву Хуҷанд хонаи зиёде дошт, ки худаш хонаи умед мехонд: хонаи банда, Ҷӯрабек Муродов, Гулназар, Даврон Ашӯр, Атахон Сайфуллоев, Саидалӣ Маъмур, Иноят Насриддин, Давлати Даврон, Акбар Абдулло… дафтарҳои маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтавори  “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, Иттиҳодияи адибон, нашриёти “Адиб”…

Афсӯс, имрӯз дар ин хонаҳо ва дар ин дафтарҳо ҷойи ӯ холист, вале моломол аз ёди ӯ, аз нафасҳо ва хандаҳои баланди ӯст.

Охирин дидори мо бо Ҷонибек дар бемористони шаҳраки тиббии Душанбе буд. Ман бемор будам ва ӯ бо Саидалӣ Маъмур ва Давлати Даврон ба сарвақти ман расиданд. Ҳарчанд муқаррароти бемористон ношикастанӣ буд, бо исрори Ҷонибек маро аз бемористон бо пӯшишҳои беморӣ рабуданд. Ҷонибек, бандаҳақир, Иноят Насриддин, Саидалӣ Маъмур ва Давлати Даврон ба дараи Варзоб рафтем (Ҷонибек низ Варзобро мисли ман девонавор дӯст медошт!) ва дар як гӯшаи хилвати худонасибкарда хайма задем ва қавли мардум хеле дарди дил кардем.

Ҷонибек аз нашриёти “Адиб” барои китоби “Зангӯла”-аш ҳаққи қалам гирифта буд ва умед дошт бо ин пул (чӣ пуле!)  писари бузургаш Баҳодурро хонадор кунад. Вале чӣ шӯъбадабозии қисмат буд, ки писарашро натавонист хонадор кунад ва худ ба хонаи хок рафт. Сад дареғ!

Барои ман сахт гарон аст, ки ба китоби бародари зиндаам (ӯ дар баробари чашми ман ҳамеша зиндааст!) дебоча бинависам. Аммо чӣ кунам, қарз бояд ба қиёмат намонад. Ҷонибек китобҳои шеъри худро дар солҳои гуногун таҳти унвони “Қарз”, “Ифтихор”, “Арзи дил”, “Розҳо”, “Зангӯла” интишор кард. гулчини ашъори ин китобҳо ва шеърҳои вопасинашро (мову ҳаводоронаш кай гумон доштем, ки ин шеърҳо гармои вопасин нафасҳояш будаанд) завҷаи ҷоннисораш Кимиёхонум ҷамъ оварда, куллиёти Ҷонибекро тадвин кардаанд.

Ман ба шеърҳое, ки бо ризоияти шоир чоп шудаанд ва аммо сактаҳои қабеҳу малеҳ доранд, чандон даст назадам. Шеърҳои тозаро ҷо-ҷо қалам задам. Аз маҷмӯа бисту се шеърро берун кашидам, зеро замони “хидматашонро” гузашта дарёфтам. Шояд ин густохии камина раво нест, аммо рӯҳи Ҷонибек ин густохии маро мебахшад.

Ном ва рӯҳи Ҷонибек зиндааст. Мактаби деҳаи Фориши кӯҳна, ки Ҷонибек онро хатм карда ва соле ҳам омӯзгор буд, имрӯз номи ӯро дорад. Дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Фориш ду кӯча ба номи Ҷонибек гузошта шудаанд.  Дар мактаби Ҷонибек наслҳои оянда таҳсил мекунанд, дар кӯчаҳои Ҷонибек ояндагон қадам мезананд ва аз ҷони беқарору наосудаи шоири фақид ёд мекунанд:

Осудагӣ ба гӯшаи ҳастӣ надидаем,

Ҷон додаему кунҷи мазоре харидаем.

Лоиқ ШЕРАЛӢ,

(Соли 1997)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь