Гимн, ё худ Суруди миллӣ, воқеан, аз арзишҳои муҳими миллӣ ва давлатӣ ба шумор меравад. Тавассути он мақсаду маром ва руҳияи мардуми кишвар муайяну муаррифӣ мегардад. Ҳамзамон, барои шахсиятҳои ҳирфавӣ сатҳи оҳангу матн равшан зоҳир мешаванд. Дар ин зимн, албатта, маҳорату истеъдоди оҳангсозу матннависро ба осонӣ муайян кардан метавон. Хоҳ- нохоҳ дар ин маврид ба таърихи эҷоди он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ман борҳо дар ин хусус, махсусан, сатҳи паст ё худ номувофиқи оҳанг ба руҳияи миллии мо ва матн ба ин оҳанги боқимонда аз замони Шӯравӣ, суҳбатҳо намудааму навиштаам. Мутаассифона, масъулон сари ин масъала андешидан намехоҳанд, балки онро нораво медонанд. Ҳол он ки ин бисёр зарур аст. Рафъи саривақтии камбудӣ ба манфиати миллати мутамаддинамон мебошад. Боз таъкид мекунам, сухан дар бораи миллат ва манфиати он аст, на муаллиф. Аз ин Суруди миллии мо агар дар шакли мавҷудааш боқӣ мемонад ё не, ба ман на нафъ мерасад, на зарар. Вале агар ба ин ҳол, ба қавли Шайх Саъдӣ «хомӯш биншинам, гуноҳ аст». Таърих мо – шахсони ҳарфавиро ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ сурат баъдҳо намебахшад.

Дар он замон пазироии ин оҳанги композитори шодравон Сулаймон Юдаков ҷойи тааҷҷуб надошт. Албатта, сухан дар бораи на ин оҳангсоз, балки дар бораи миллати мо меравад, ки дар даврони Шӯравӣ, миллати «қафомонда», «раҳонидашуда аз зулму асорати сохти ғуломиву феодалӣ» маҳсуб мешуд. Яъне, шарт набуд, ки оҳанги мутантани истиқлолхоҳӣ, муаррифгари миллати қадимаву мутамаддин бошад. Аз матни суруд ин мақсад равшан мегардад:

Чу дасти рус мадад намуд,

Бародарии халқи совет устувор шуд.

Оҳанг ба руҳияву мазмуни матн ва баръакс, матн ба руҳияву мазмуни оҳанг ҳеҷ кадоме ифодагари хусусияти миллии мо нестанд. Бо ин ҳама ба ҳангоми иҷрои суруд дар ифодаи калимаву ибораҳои матн норасоӣ, ё худ лакнат мушоҳида намешавад. Ин суханро, тавре пештарҳо низ зикр мекардам, дар мавриди Суруди миллии навини мо наметавон гуфт. Аз рӯи талаботи мусиқӣ, оҳанги он, мисраи аввал чунин тақтеъ мешавад:

Ди-ёр-и ар-ҷман-ди мо.

Зарби оҳанг ба ин мисраъ ва тақтеъҳо мувофиқат намекунад.

Ҳар банди ин суруд 35 сония, дар маҷмуъ, 105 сония, идома меёбад.

Чаро махсус ба ин нукта аҳамият додам? Дар яке аз мусобиқаҳои варзишии берун аз кишвар Суруди миллии мо садо дод. Парчами давлатӣ ба боло, ба нуқтаи асосӣ нарасида, Суруди миллӣ ба анҷом расид.

Дар мавриди такрори оҳанг дар даврони навин ва гуногун, нафароне, ки аз талаботи мусиқӣ ва Сурудҳои миллии ҷаҳон огоҳ набошанд, бо гирифтани эрод шояд ба ин ҷониб изҳори ақидаи нодуруст бикунанд. Ба ин хотир, мехоҳам ба ин талабот ва Сурудҳои миллии ҷаҳон, шаклҳои мавҷудияташон маълумоти мухтасар бидиҳам. Дар дунё ду тарзи эҷоди ин гуна сурудро пазируфтаанд: «купленный», яъне, бандҳои матндор ва «песенный», яъне, сурудӣ. Аз ҷумла, Суруди миллии Россия, мисли Суруди миллии мо дар шумори бандҳои матндор маҳсуб мешавад, аммо як банди он 70 сония давом мекунад, яъне, ду баробари Гимни мо.

Дуруст аст, ки Россия низ оҳанги Суруди миллияшро дар замони нав дигар накард. Аммо ин нуктаро набояд аз хотир барорем, ки композитор Александр Александров беҳтарин оҳангро офарид, ки руҳияи миллат, мақсаду мароми мардуми кишварашро пурра ва дуруст бозгӯ карда метавонист. Мусиқӣ дар ин маврид тобеи идеологияи сохта набуд, муаррифгари миллати бузурги рус буд. Инчунин, дар қабули он ҳеҷ гуна тақаллубу хотирбиниро раво надонистанд. Гувоҳи ин якдилона дубора пазируфтани он дар сохти нав бо мутахассисони воқеан ҳирфавӣ аз рӯи адолат ва эътирофи истеъдоди фавқулодаи муаллифаш мебошад. Албатта, дар Россия – кишвари паҳновару абарқудрату пешрафта, махсусан соҳаи мусиқӣ, композиторон зиёд буданду ҳастанд, аммо Александр Александровро дар ин маврид дастболо ёфтанд. Муаллифи матни нав ҳамчун пештара шоир Сергей Михалков мебошад. Яъне, ӯ дар табдили матн бо он таҷрибае, ки дошт, муваффақ шуда тавонист.

Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ чун Суруди миллии мо иборат аз бандҳои матндор аст, аммо иҷрои як банди он 71 сонияро ташкил медиҳад. Суруди миллии Амрико низ мисли Суруди миллии мо мебошад, аммо он иборат аз ду банд (на чун мо се банд) аст ва дар 155 сония иҷро мегардад.

Сурудҳои миллии Франсия дар 93 сония, Ҳиндустон 99 сония, Чин 90 сония, Қазоқистон 109 сония, Белорусия 108 сония иҷро мешаванд, аммо онҳо «песенный» ё худ сурудианд. Аз нигоҳи ман, ҳамчун мутахассиси соҳа беҳтарин Суруди миллии дунё Суруди миллии Италия мебошад, ки навъи сурудӣ буда, бо иҷрои оркестри бузурги симфонӣ, гурӯҳи созҳои нафасии мисин, хор ва солист садо медиҳад ва он иборат аз 236 сония аст.

Ҳамин тавр, Суруди миллии мо бояд на танҳо ифодагари руҳияу марому мақсаду созандагӣ дар сохту дунёи нав бошад, балки бо ин меъёри пазируфтаву талаботи давр мувофиқат бикунад. Имрӯз мо дигар кишвари қафомондаву назарногири даврони Шӯравӣ нестем. Давлату миллати моро бо саъю талошу созандагии бесобиқаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 давлати дунё эътироф кардаву бо он робитаи ҳасана доранд. Ба ҷуз ин, онро чун миллати сулҳофар, мутамаддин дар арсаи олам мешиносанд ва ба арзишҳои миллиямон эҳтиром мегузоранд.

Суруди миллӣ догма нест, ки онро натавонем тағйир бидиҳем ва ҳам аз тағйири дурусти он мо чизеро бой намедиҳем. Баръакс, он ба манфиати миллат аст ва дар парвариши руҳияи шаҳрвандони кишварамон, боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ таъсири неки худро бе ҳеҷ шак мегузорад.

Бояд эътироф бикунем, ки Суруди миллии мо дар замоне пазируфта шуд, ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ба Ваҳдати миллӣ нарасида будем. Дар қабули он мутахассисони ҳирфавӣ ширкат надоштанд. Вакилони мардумӣ ба як мутахассис, композитори шодравон Дамир Дӯстмуҳаммадов, эътимод бастанду бовар намуданд. Барояш пазируфтани оҳанги пешини Гимн, ки муаллифаш Сулаймон Юдаков буд, беҳтар маҳсуб мешуд, чун бо ӯ дигар рӯбарӯ шуда наметавонист. Ҳамин тавр, оҳанги С. Юдаков ва матни устод Гулназар Келдиро дар охир пазируфтанд. Дастаи хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барои сабти тиллоӣ бояд онро иҷро мекард.

Ман ба муаллифи матн дар мавриди камбудиҳои он, номувофиқ ба оҳанг буданаш андешаҳоямро иброз доштам. Аз ҷумла, гуфтам, ки сурудани ин мисраъ, ҳангоми ба тақтеъ ҷудо намудану пайвастани ҳиҷоҳо нохуб ба гӯш мерасад:

Барои нан-гу-номи (гугуноми) мо,

Устод бадоҳатан онро ба ин шакл пешниҳод намуд:

Барои но – му нанги мо.

Дастаи хор дар ин шакл, яъне шакли таҳриршуда, онро иҷро кард. Вале дар матни қабулшудаи вакилон бо қарори махсус мисраи «Барои нан – гу – номи мо» аст. Аз ин рӯст, ки ин мисраъи суруд дар шабакаҳои телевизионии кишвар ду хел садо медиҳанд. Дар вақти навиштан, хосса дар тақвимҳо, омадааст: «Барои нангу номи мо». Хонандагону шунавандагон ба якдигар эрод мегиранд ва ҳам дар тааҷҷуб мондаанд, ки кадом як аз ин ду дуруст аст.

Қабули Суруди миллии нав ҳеҷ мушкилие эҷод намекунад. Ман бо тамоми масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун мутахассиси соҳа изҳор медорам, ки ин гуна сурудҳо вуҷуд доранд. Яъне, шарт нест, ки аз нав озмун эълон бинамоему маблағи зиёд сарф бикунем.

Оҳангҳои Фаттоҳ Одинаев бар матни «Мо – тоҷиконем»- и устод Лоиқ Шералӣ ва оҳанги Талабхӯҷа Сатторов бар матни «Ҷаҳони тоҷикон»- и шоири маъруф Низом Қосим вуҷуд доранд. Ин ду суруд то ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфта буданд ва вакилони мардумӣ се бор ба ҷонибдорияшон овоз додаанд. Моро зарур аст, ки як бори дигар, хосса дар ин даврони осоишта, давроне, ки миллати мо бояд дар арсаи олам бештару беҳтар муаррифӣ шавад, ба ин масъала бо тамоми масъулияти милливу шаҳрвандӣ баргардем.

Боз, бори дигар таъкид менамоям, ки инро ман на ба хотири худ, балки ба хотири миллатам, кишварам изҳор медорам. Дар интихоби яке аз ин ду суруд бигузор, беҳтарину маъруфтарин композиторони ҷаҳонӣ, ки онҳо дар ин маврид ҳеҷ ғаразе дошта наметавонанд, даъват шаванд, ширкат варзанд ва ҳамзамон, ҳақиқатро иброз доранд. Ҳоло кишвари пешрафтаи мо ин имкониятро дорад.

Ин навиштану пешниҳод намудан ба хотири он низ ҳаст, ки наслҳои оянда, хосса мутахассисони варзидаи миллат, баъдҳо бар мо эрод нагиранд. Ман ҳамчун мутахассис чунин мепиндорам, ки агар ин корро, ин норасоиро мо рафъ насозем, ҳатман ояндагон рафъ  менамоянд.

Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,

Лауреати озмуни байналмилалии хорсароён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here