Бахшида ба 87-солагии забоншинос Баҳриддин Камолиддинов

 «Дониш инсонро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Маҳз ақлу заковат, меҳнат ва боварӣ метавонад шахсро дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардонад. Инсон он вақт воқеан зебо мебошад, ки ҳам сурати зебо ва ҳам сирати зебо дошта бошад. Вақте шахс бо як меҳру муҳаббати самимӣ бо атрофиён суҳбат мекунад, аз худ як хотираи хубе боқӣ мемонад. Инсони нек, хушмуомила, хоксор ва меҳнатдӯст дар байни одамон маҳбубияти хосае дорад. Яке аз нафароне, ки ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо буда, бо ақлу хиради хеш маҳбуби ҳамагон гаштаанд-доктори илмҳои филология, прфессор Баҳриддин Камолиддинов мебошанд. Вақти ба забон овардани ин ном пеши назар марди нуроние меояд, ки тамоми умри худро ба соҳаи омӯзишу парвариш сарф кардаанд.» (аз мусоҳиба бо Мадумар Нурматов)

Баҳриддин Камолиддинов 8 октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти Тоҷикистони советӣ чашм ба олам кушодаанд. Давраи кӯдакиашон дар ҳамин ҷо гузаштааст. Баҳриддин Камолиддинов дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаанд. Падарашон Камол Юсуфӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, модарашон Турсунбибӣ Юсуфӣ корманди колхози қишлоқ мебошанд. Устод соли 1950 мактаби миёнаи нопурраи ҳафтсолаи ба номи Калинини деҳаи Понғозро хатм мекунанд.Муаллими Баҳриддин Камолиддинов, ки дасташонро дар савод аввалин маротиба гирифтаанд Дадоматова Очақанд мебошанд. Маҳз ҳамин шахс ба Баҳриддин Камолиддинов якумин маротиба алифборо омӯзонидаанд. Худи устод мегӯянд: «Номи муаллимаи ман нотакрор аст, дигар ҳеҷ кас номи он касро нагирифт, ба фарзандон нагузошт. Ман он касро доимо ба некӣ ёд мекунам».  Баъд синфи дуюмро дар шаҳри Шайдон хонда, боз ба Понғоз бармегарданд.

Устод соли 1950 ба шуъбаи ғоибонаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом (ҳоло Коллеҷи омӯзгории Конибодом ба номи М.Турсунзода) дохил мешаванд. Донишгоҳро як сол ғоибона хонда, сипас ба шӯъбаи рӯзона мегузаранд ва онро соли 1953 бо дипломи аъло хатм мекунанд. Устод мегӯянд: «Дар Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом устоди мо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик Зокиров ном доштанд. Он кас ба адабиёт хеле шефта буданд, хеле хубу гарм суҳбат мекарданд». Соли 1953 ба ДДО дар шаҳри Тошканд ҳуҷҷат месупоранд, аммо барои дохилшавӣ бахташон омад намекунад. Номбурда ба Понғоз бармегарданд. Дар мактаби миёнаи нопурраи ҳафтсолаи ба номи Свердлови деҳаи Сарой як сол аз фанни забони тоҷикӣ дарс медиҳанд. Соли 1954 аз сабаби омӯзишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардану дар мактаби миёна таҷрибаи омӯзгорӣ доштан, ба Университети давлатии ба номи Ленин(ҳоло ДМТ), ба факултаи таърих ва филология, ба шуъбаи тарҷумонӣ беимтиҳон қабул мешаванд. Пас аз ним сол, аз сабаби набудани омӯзгорон ва факултаро ба ду қисм – факултаи филология ва факултаи таърих ҷудо намудан, ба факултаи филология мегузаранд.

Валекин меҳри асари бадеӣ, забони асари бадеӣ дар қалби Баҳриддини  ҷавон аз ҳамон мактаби миёна, аз Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом ҷой гирифта буд. Баъди ба Душанбе омадану дарсҳои устод Шарифҷон Ҳусейнзодаро шунидан, меҳру муҳаббати Баҳриддин Камолиддинов нисбати ин соҳа боз ҳам афзунтар мешавад. Яке аз устодони забоншинос дар донишгоҳ Додоҷон Тоҷиев буданд, ки ба гуфти устод меҳри ҳамаи соҳаҳои забон ва, махсусан, услубшиносиро дар дили устод ҷой додаанд. Соли 1959 баъд аз хатми донишгоҳ Баҳриддин Камолиддиновро ба ҳайси омӯзгор дар кафедра нигоҳ доштанд ва дар ҳамин вақт ба устод муяссар шуд, ки аввалин маротиба дар факултаи филология аз фанни  услубшиносӣ дарс  гӯянд.

Аввалин тадқиқоти илмии Баҳриддин Камолиддинов «Ҳаёт, эҷодиёт, забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим» буд. Вақте устод аввалин маротиба ҳикояҳои хурд-хурди Ҳаким Каримро, ки дар пайравии  А.П. Чехов навишта шуда буд, мехонданд  илҳоми тозае мегиранд, аввал кори дипломӣ, баъд бо унвони «Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим» рисолаи номзадӣ навишта, ҳимоя мекунанд. Аввалин асари илмии Баҳриддин Камолиддинов «Забон ва услуби  Ҳаким Карим» соли 1967 аз чоп баромадааст. Баъд дар соҳаи услубшиносӣ китоби дарсие навиштаанд, ки бо номи «Услубшиносӣ» соли 1973 чоп шудааст. Рисолаи доктории устод ба фанни услубшиносӣ алоқамандӣ дорад. Аз сабабе ки дар мавзӯи «Унсурҳои грамматикӣ» касе кор накарда буд, устод ҳамин мавзӯъро интихоб мекунанд. Ба ин мавзӯъ 18 соли умри Баҳриддин Камолиддинов сарф мегардад ва ниҳоят бо унвони «Муродифоти синтаксисӣ дар забони ҳозираи адабии тоҷик» соли 1988 рисолаи докториро ҳимоя мекунанд. Устод чандин сол дар телевизиони «Баҳористон», телевизиони «Сафина» ва телевизиони «Тоҷикистон» бо барномаҳо баромад  карда дар бораи тозагии забон, риояи меъёрҳои забон ва тарзи муомилаву гуфтору рафтор бо бинандагону шунавандагон, аз хурд то ба калон суҳбат мекунанд». Яке аз барномаҳои устод ин «Ҳусни баён» мебошад, ки дар телевизиони «Баҳористон» намоиш дода мешуд. Хизмати дигари шоёни устод ин тарбия намудани чандин шогирдони баландихтисос мебошад, ки онҳо то имрӯз бо омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд. Инчунин дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии ташкилкардаи устод бо унвони “Меҳри сухан” фаъолият мекунад ва ба самти забоншиносӣ равона шудааст.

Баҳриддин Камолиддинов тобистони соли 1956 дар деҳаи Понғози  ноҳияи Ашт бо Аҳмедова Мамлакат хонадор шуда, соҳиби 7фарзанд, 19 набера ва  10 абера мешаванд.  Мутаасифона бемории оламгири “карона” соли 2020 устодро аз мо рабурд. Яъне ин сол илми тоҷик такон хӯрд, сутуни забон шикаст!

Муҳаммад Маъруфзода

Меҳрангез Султонзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here