Ё ин зан чӣ гуна тавонист, 13 нафар кӯдакро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ узви оилаи худ кунад?

Мастура Мирсаидова зани 56-солае аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст, ки бо қурутҳои хушсифат ва баллазаташ миёни сокинони ин минтақа ҳамчун “Қурути Мастура” маълуму машҳур аст. Гарчанде ӯ ба омода намудани қурут тайи чанд соли ахир машғул аст, вале бо вуҷуди ин, миёни мардум ҷойгоҳи хоссае пайдо намудааст.

Мастура, ки тӯли 3 сол аст, ба омода намудани қурут машғул аст, вале касби аслиаш момодоягӣ аст. Чӣ гунае худи ӯ мегӯяд, зиёда аз 14 сол дар ин соҳа кору фаъолият намудааст.

-Фаъолияти кориамро дар синни 19 – солагӣ аз зодгоҳам шурӯъ кардам. Зиёда аз 14 сол ба ҳайси момодоя дар беморхонаи деҳаамон кор кардам. Зиёда аз 2000 набера дорам,-мегӯяд бо ифтихор ҳамсуҳбати мо.

Қиссаи қаҳрамонии Мастура бо 13 кӯдак

Мастура Мирсаидова дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки он замон зиндагии осоишта доштан барои ҳар як фард мушкил буд, тавонистааст нигоҳубини 13 кӯдаки хурдсолро бар ӯҳда гирад ва дар лаҳзаҳои душвори ҷанг дар баробари фарзандони худ ба онҳо модарӣ кунад.

-Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 26-сола будам, ду фарзанд доштам. Фарзанди калониам дуюнимсола ва фарзанди хурдиам якунимсола буд. Ман дар хонаводаи шавҳарам келини панҷум будам. Бо сабаби он ки шавҳарам дар Афғонистон хизмат карда буд, аз тарафи ҳукумати кишвар ба мо хона сохта доданд ва он вақтҳо мо алоҳида зиндагӣ мекардем. Солҳои ҷанг вақте ҳамсояҳои мо ба Афғонистон гуреза шуда рафтанд, мо нарафтем, ҳаминҷо мондем, – нақл мекунад Мастура.

Мастура, ки ҳамон солҳо дар беморхона ба ҳайси момодоя шуда кор мекард, бо тасмими инсондӯстона чанде аз кӯдакони навзод ва чанде аз кӯдакони синну солашон гуногунро, ки бо ҳар сабабе дар ҷанг бекас монда буданд, барои аз гуруснагӣ ҳалок нашудан, дар баробари 40 нафар аъзои хонаводааш зери нигоҳубни худ қарор медиҳад.

– Ҳамон вақтҳо хонаводаи шавҳарам бо келину бачаҳояшон ба хонаи мо омаданд ва қариб 40 нафар дар як хона зиндагӣ мекардем. Вале вақте ин кӯдакони бесарпаноҳ бекасу кӯй монда буданд, меҳри модариам нагузошт, ки онҳоро дар нимароҳ яккаву танҳо гузорам. Аз ҳама калониаш 10-сола ва аз ҳама хурдӣ думоҳа буд. Гарчанде зиёд дар он солҳо зиндагиро пеш бурдан мушкил буд, вале мо, ки як оилаи калон будем ва ба худ бовар кунонидем, ки дар якҷоягӣ ҳамаи ин мушкилиҳоро паси сар мекунем,-гуфт дар идома ҳамсуҳбати мо.

Мушкилиҳо чӣ гуна паси сар шуданд?

Ба нақли Мастура, он замонҳо аз уҳдаи кӯдаки ширхора баромадан зиёд ҳам кори мушкил буд, чун барои харидани шир маблағ надошт. Чӣ гунае худи ӯ мегӯяд: “Як кампирак ҳамсояамон буд, ки бепул шир намедод. Он вақтҳо, ки маблағ надоштам, бар ивази шир ба ӯ кӯрпача, рӯймол, либосворӣ медодаму кӯдаконро нигоҳубин мекардем. Вале пас аз ду моҳ яке аз кӯдакҳо, ки ҳамагӣ дуюним моҳ дошт, вафот кард”.

Гарчанде ба ин хонаводаи калон падару модари Мастура ҳамарӯза аз лиҳози хӯрока ёрӣ мекарданд, вале дар як муддати кӯтоҳ вазнаш ба 35 кило баробар шуд. Чун ӯ дар баробари нигоҳубини як хонаводаи иборат аз 40 нафар, ҳамзамон момодоягӣ мекард ва ба имдоди ҳомиладорон мешитофт. Ба гуфтаи Мастура, махсусан он солҳо ба нафароне мисли ӯ мардум ниёз дошт, чун бештари мутахассисон он солҳо гуреза шуда ба ҳар тараф рафта буданд. Ин ҳолати Мастураро волидонаш дида, тасмим мегиранд, ки дар ин маврид роҳи ҳаллеро ҷустуҷӯ кунанд.

– Дар якҷоягӣ шишта маслиҳат кардем, ки ба Ҳукумат муроҷиат кунем ва ҳамин тавр ҳам кардем. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба мо аз лиҳози хӯрокворӣ ва дигар ҷиҳатҳои моддӣ ёрдам карданд. Пас аз шаш моҳи нигаҳбонӣ, дар охир ба хулосае омадем, ки кӯдаконро миёни хешу табор тақсим намуда, нигоҳубин кунем, – иброз намуд қаҳрамони мо.

Қаҳрамони мо мегӯяд, се нафари он кӯдаконро яке аз хешовандонаш, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекарду кӯдак надошт, омада бо худ бурда, ба воя мерасонад. Ҳамин гуна ҳамаи он кӯдаконро хешовандон бо худ мегиранд. Гарчанде ҳамаи онҳо ҳоло ба воя расидаанд, вале то ҳол дар симои Мастура модари худро мебинанд ва сари ҳар вақт аз ҳолаш хабар мегиранд. Агар дар он кунҷи дунё ҳам бошанд, ҳатман боре аз ҳолаш пурсон мешаванд.

Пайвандии Мастура бо қурут

Аслан иртиботи номи Мастура ба қурут аз ҳамин кӯдакон сарчашма мегирад. Ӯ пас аз солҳои зиёд вақте ба Ӯзбекистон, ба дидорбинии кӯдакон меравад,  қурутҳои онҷоро мечашад ва баъдан аз мағозаҳои пеши хонааш дар Қубодиён низ қурутро чашида мебинад, ки таъмашон ба ӯ писанд намеояд.

-Вақте барои набераҳоям қурут харида хона меовардам, ё намак зиёд дошт, ё сахт буд. Бисёр мушоҳида мекардам, занҳо чаккаҳои чорвои худро оварда, дар мағозаҳо тақсим мекарданд, мағозаҳо танҳо 4-5 кило мегирифтанд, аммо боқимондаи он чаккаҳо исроф мешуданд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳар вақте аз фурӯшандагони мағозаҳо пурсон мешуд, ки қурутро аз куҷо меоранд, онҳо ё аз Ӯзбекистон ва ё аз вилояти Суғд мегуфтанд.

– Баъдан ба фикри ман омад, ки чаро вақте мо худамон имконияти истеҳсоли чунин маҳсулоти тозаву органикиро дорему аз дигар ҷойҳо харидорӣ кунем? Ҳамин гуна идея дар сарам пайдо шуд ва ҳамзамон ба худ гуфтам, ки дигар мардум низ чаккаҳои худро беҳуда исроф намекунанду онро барои қурут истифода мебаранд. Ҳамзамон мақсади дигари мо ин буд, ки аз ин ҳисоб занонро ба кор ҷалб кунем,-илова намуд, Мастура.

Қаблан кор душвор буд

Мастура мегӯяд, тӯли чанд сол қурутро дастӣ омода мекарданд, ки вақти зиёд, вале пули камтар ба даст меоварданд. Дар аввал ӯ ҳамроҳи келинаш барои омода кардани қурут чорвои калони худро истифода мекард.

-Асосон ин корро бегоҳирӯзӣ анҷом медодем. Тақрибан аз 2-3 кило чакка қурут омода мекардем, ки ҳар яки онҳоро кулӯла кардан вақти зиёдро мегирифт, бисёр бароямон мушкил буд. Як килои инро бо нархи 25 сомонӣ мефурӯхтем.

Дар ноҳияи Қубодиён қаблан сокинон намедонистанд, ки ширҳои зиёдиашонро чӣ гуна ба манфиат истифода баранд. Агар ба Душанбе мебурданд, дар роҳ турш мешуд ва агар ба бозори ноҳия мебурданд, касе намегирифт, чунки тоҷирон аллакай мизоҷони худро доштанд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳар як кор нозукиҳои худро дорад, қурут низ ҳамчунин. Чун интихоби чаккаи босифату тоза дар омода намудани қурут нақши калон мебозад ва барои интихоби он мутахассиси соҳа лозим аст.

– Мо ҳар намуд чаккаро қабул намекунем. Сараввал ҳар яки онро аз назар гузаронида, баъдан харидорӣ мекунем, чун барои қурути хубу болаззат чаккаи тозаву босифат лозим аст. Келинам, ки худ дар риштаи химбиолог таҳсил кардааст, хуб медонад, ки барои қурути босифат чӣ гуна чаккаро истифода бояд бурд. Аз ин хотир, интихоби чаккаро келинам мекунад. Барои ҳамин ҳам, қурути мо аз лиҳози таъму мазза ва рангаш аз дигар қурутҳо фарқ мекунад ва мизоҷони махсуси худро дорад.

Чӣ гуна лоиҳаи ACAT кори Мастураро осон кард?

Имрӯз яке аз омилҳои асосии пешравии кори истеҳсоли қурути Мастура ин пайвастшавӣ ба лоиҳаи ACAT (“Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон”)-и USAID маҳсуб меёбад. Пас аз огаҳӣ пайдо намудан аз ин лоиҳа онҳо дарҳол дархост пур карда, ба масъулон равон караанд, пас аз гузаштани чанд давр тавонистанд муваффақ шаванд.

Мастура мегӯяд, қаблан танҳо барои ҷудо намудани оби чакка онҳо чанд шабонарӯз онро нигоҳ медоштанд, вале лоиҳа ба онҳо таҷҳизотеро овардааст, ки оби чаккаро танҳо дар чанд дақиқа ҷабида мегирад ва онро барои қурут кардан омода месозад. Ҳамсуҳбати  мо мегӯяд, агар ҳамон қадар оби чакка хуб бароварда шавад, ҳамон қадар қурут хушмазза мешавад. Таҷҳизоте, ки дастрас шудааст, дар як муддати кӯтоҳ қурутро омода ва ба бозор мебарорад.

-Имрӯз лоиҳаи ACAT ба мо таҷҳизотҳои навро барои коркарди қурути босифат барои мо муҳайё сохтанд, ки истеҳсоли қурутро аз 2-3 кило ба 40 кило оварда расонидаем. Агар мо 40 кило қурут коркард кунем, 20 кило қурут ба даст меорем. Айни ҳол мо дар корхонаи истеҳсоли қурут чандин нафар занро ба кор ҷалб кардаем, ки нони худро аз ин ҳисоб меёбанд. Ба ғайр аз ин, зиёда аз 20 хонавода ҳамарӯза ба мо бонавбат чакка оварда мерасонад, ки ин ҳам аллакай барои онҳо як даромади иловагӣ маҳсуб меёбад. Нархи килои қурутро бошад, имрӯз то ба 60 сомонӣ оварда расонидем.

Айни ҳол қурутҳои омоданамудаи гурӯҳи кории Мастураро мағозаҳои гирду атрофи деҳа харидорӣ мекунанд. Вале барои боз ҳам рушд додани бизнеси худ аллакай ӯ як нафар соҳибкореро аз бозори “Фаровон”-и Бохтар пайдо намудааст, ки қурутҳоро бурда дар бозор ба тоҷирон тақсим мекунад.

Айни замон истеҳсол ва коркарди “қурути Мастура” танҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, вале дар оянда ният доранд, ки онро ба хориҷи кишвар низ содир намоянд.

Фарзонаи Умаралӣ,

 махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here