Синамо, махсусан синамои миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг ва муаррифгари таъриху тамаддун буда, дар тарбияи маънавӣ ва ташаккулу таҳкими тафаккур ва худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Тавассути осори синамо ғояҳои волои ватнапарастона ва инсонгароёна ташвиқу таблиғ ва ироа мешаванд. Ин рисолати синаморо ба назар гирифта, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият, муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад».

Синамо солҳои 90 асри 19 ҳамчун абзори муҳими фарҳангӣ ва санъатӣ ба арсаи тамаддуни башарӣ ворид шуд ва дар муддати кӯтоҳ дар фазои ҳунарӣ ва фарҳангии кишварҳои мутамаддин густариш пайдо кард. Синамо (Cinema) мухтасари калимаи синематограф буда, ҳунари намоиш додани силсилаи тасвирҳо, манзараҳо, ашхос, ашё ва ҳаракати ҳунарпешагон мебошад, ки рӯйи филм ба василаи дастгоҳи махсус сабт мешавад. Ба ибораи дигар, синамо дар асоси матнҳои адабӣ-бадеӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар қолаби сенария мураттаб гардида, тавассути коргардонӣ ва ҳунари актёрӣ рӯйи кор меояд. Ҳамчун навъи ҳунар синамо дар маҷмӯъ, дар партави фарҳанг бо ҷомеа наздик мешавад ва ҳамчун унсури фарҳангофарӣ ва ҳувиятсозӣ доман мегустурад. Он аз замони пайдоиш то ба имрӯз дар баробари дигар анвои ҳунарӣ барои дар сатҳи баланди маърифатӣ ва фарҳангию сиёсӣ қарор додани ҷомеа талош меварзад. Рисолати синамои миллӣ ва филми ҳақиқӣ дар даргир шудан бо мушкилоти рӯзмарра ва боло бурдани сатҳи огоҳӣ, шинохт, омӯзиш, иттилоот, ташхис ва биниши инсонҳо, ахлоқ ва андешаи миллат зоҳир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки синамо дар асл, тараннумгари инсон, зиндагӣ ва арзишҳои инсонӣ дар идомаи ҳастӣ аст. Аксари филмҳое, ки муаллифону коргардонони маъруф бардоштаанд, мазмуни амиқи фалсафӣ доранд. Дар онҳо сарнавишти инсонӣ, талошҳои инсон баҳри зинда мондан, рӯёрӯйӣ бо мушкилоти дараҷаи аввал, иродаву масъулият ва ҳиммат дар вазъияти мураккаб, ҳассосияти ҷомеаҳои ақибмонда ва суннатгаро ва дигар масоили марбут ба зиндагӣ ва марги одамӣ таҷассум ёфтаанд. Маҳз ҳамин хусусият ва характери филмномаҳо сабаб мегардад, ки онҳо дар давраи начандон тӯлонии мавҷудият дар тарбияи ахлоқӣ ва бадеӣ-эстетикии наслҳои ҷавон, миёнсол ва бузургсол саҳм бигиранд.

Агар ба ҳавзаи синамои миллӣ ва филмофарии ватанӣ таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ, эҳёи мерос ва арзишҳои фарҳанги миллӣ дар кинои тоҷик ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҷараён гирифтаву тадриҷан рушд кардааст. Таърихан синамои тоҷик дар ибтидои асри бистум зуҳур кард ва дар ташаккулу такомули завқу салиқа, диди ахлоқӣ-зебоиписандӣ ва худшиносии насли даврони шӯравӣ нақши сазовор гузошт. Воқеан, синамо дар даврони шӯравӣ муассиртарин навъи таблиғоти идеологӣ буд ва аз тамоми анвои ҳунарӣ дида бештар нуфуз дошт ва мавқеъ ва нуфузи он дар солҳои минбаъда низ тақвият ёфт. Ҳатто филмҳои нахустине, ки беовоз буданд, дар такмилу тақвият ёфтани завқи бадеӣ-эстетикии мардум нақши калидӣ гузоштанд ва раванди бедории завқӣ-эстетикиро таҳким бахшиданд. Филмномаҳои ба навор гирифтаи Борис Кимёгаров («Дохунда» (1956), «Қисмати шоир» (1959), «Коваи оҳангар» (1961), Тоҳир Собиров «Марги судхӯр» (1966), «Субҳи нахустини ҷавонӣ» (1979), «Марди роҳ» (1982), Давлат Худойназаров, ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва матн, бандубаст ва кори коргардонӣ дар сатҳи баланди ҳунарӣ ва эҷодӣ рӯйи кор омадаанд, дар тарбия ва рушду камоли донишу фаросат, зеҳну шуур, шавқу завқи зебоиписандӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳонбинӣ ва худшиносии насли ҷавон таъсири амиқ гузоштанд.

Дар даврони Истиқлол санъати кино ва филмофарии тоҷик ба марҳилаи нав ворид шуд ва синамогарони тоҷик барои рушди неруи зеҳнии кишвар тавассути офаридани филмномаҳои мувофиқ ба завқу тафаккури тамошобини ҷавон камари ҳиммат бастаанд. Хушбахтона, синамои тоҷик солҳои ахир барои муназзам ва мукаммал кардани фазои ҳунарию фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифтааст. Филмҳои коргардони варзида Носир Саидов («Муаллим») ва Далер Раҳматов («Сафари ҳавоӣ»), ки аввалӣ, хусусияти трагедӣ-фоҷиавӣ ва дуввумӣ, характери комедӣ-ҳаҷвӣ доранд, моро ба ояндаи неки филми тоҷикӣ хушбин месозанд. Бо вуҷуди баъзе нақсу камбуд филмҳои мазкур аз лиҳози тахассусӣ: тартиби филмофарӣ; коргардонӣ; наворбардорӣ; рассомӣ; интихоби матлабу мавзӯъ ва ҳунарпешагон; диди воқеӣ; сохтани низоъу кофликтҳо ва амсоли инҳо хубанд ва умед аст, ки дар филмҳои минбаъда марзи ҳувиятшиносӣ ва худогоҳию худсозии миллӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва шиддати авзои сиёсии манотиқи шарқӣ ба хатар мувоҷеҳ аст, мустаҳкам шуда, ба василаи тамошои ин гуна филмҳо сатҳи андеша, дониш, биниш, ахлоқ, муоширату муносибат ва фарҳанги миллӣ боло рафта, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад.

Дар зимн, синамои миллӣ айни ҳол бо мушкилот ва муаммоҳои замон даргир аст, ки аз назари мо аз тариқи зайл аст:

  1. Аввал ин ки мушкилоти иқтисодӣ ва молиявӣ имкони таҳияи филмномаҳои ба талаботи замон ҷавобгӯро зери суол мебарад.
  2. Синамогарони тоҷик ба лиҳози тахассусӣ ва эҷодӣ, ғолибан аз синамогарони баъзе кишварҳо ақиб афтодаанд. Афзун бар ин, филмноманависони миллӣ ҳанӯз филмномаҳое наофаридаанд, ки дар сатҳи филмофарии замони шӯравӣ бошанд.
  3. Ба сатҳи миллӣ расонидани синамои тоҷик аз синамогарон ва масъулини соҳа ҷиддияти томро талаб мекунад. Мутаассифона, синамои миллӣ имрӯз талаботи ҷомеаро қонеъ намекунад, ниёзҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва мадании миллатро бароварда намесозад. Агар дар замони шӯравӣ филмномаҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш», ки зери коргардонии синамогари бузурги миллӣ Борис Алексеевич Кимиёгаров рӯйи навор омада буданд, сатҳи худогоҳӣ ва хештаншиносии миллиро боло бурда буданд, имрӯз филми миллиеро намебинем, ки ормонҳои миллиро инъикос намояд ва раванди худогоҳию худшиносии миллиро таҳкиму тақвият бубахшад. Синамо дар замони шӯравӣ ба сифати абзори мафкурасоз аз ҷойгоҳ ва мақоми шоистае бархӯрдор буд ва ҳукуматдорони вақт таъсири филмро ба насли ҷавон дуруст дарк мекарданд. Ин буд, ки ба он ҳамчун унсури муассири идеологӣ эҳтиром қоил буданд.
  4. Як филмномаи муассир дар таъсир ба зеҳну шуур ва тафаккури насли наврасу ҷавон ва умуман, ҷомеа аз ҳазорон китоб болотар аст. Солҳост, ки қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавассути филмномаҳои худ ба майдони мубориза ва бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ворид мегарданд ва ҷавононро ба истилоҳ, мағзшуӣ мекунанд. Аз ин хатар эмин бояд буд.
  5. Тарбияи насли нави синамогарони миллӣ талаботи замон аст. То замоне ки мо синамогари миллӣ, коргардони миллӣ, сенаристи миллӣ, продюсери миллӣ ва билохира филмофари миллиро тарбия накунем, дар бозори синамоӣ рақобатпазир буда наметавонем.
  6. Рисолати ҳар филм, новобаста аз мазмуну муҳтаво, баёни эҳсосоти миллӣ ва воқеияти таърихию фарҳангист. Тавассути синамо инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаҳо худшинос мешаванд ва дар роҳи муаррифии миллат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон гомҳои устувор бармедоранд. Синамо, қатъи назар аз он ки интернет ва васоити дигари муосири техникӣ ҷояшро танг мекунанд, дар ҷомеа эътиборашро ҳанӯз аз даст надодааст ва метавонад ба сифати абзори мафкуравӣ, ҳунарӣ ва маданӣ дар боло бурдани рӯҳияи миллӣ ва хештаншиносӣ нақши калидӣ дошта бошад.

Нуров НОДИР,

докторант PhDи ДДФСТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here