Агар умр вафо мекард, имсол Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Бозор Собир ба синни мубораки 80 мерасид.
Бозор Собир аз камтарин шоиронест, ки дар шеъри муосири тоҷик навоварӣ карда, урфу одат ва ҷашну маросимҳои милливу мардумиро дар қолаби назм ҷой додааст. Дар ашъори ӯ қишлоқ, кӯҳсор, тавора, чашмасор барин вожаҳои рӯҳбахшу дилнавоз, ки ба мардуми тоҷик, хосса мардуми куҳистон ошно аст, вохӯрдан мумкин аст.
Аз ин ҷост, ки устод Бозор Собирро ҳамчун шоири навгӯву навҷӯ ном мебаранд ва ҳар сол ду маротиба-рӯзи таваллуд ва марг аз ӯ бо мӯя, вале бо зикри нек ёд мекунанд.
БОЗОР СОБИР-БОЗЁФТИ АСР
Воқеан, ҳамчун далели шайъӣ овардани шеъри машҳури “Зангӯлазанон гузашт борон” кофист, ки ба завқи баланд ва табъи воло доштани устод Бозор Собир қоил шавем.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор барҳақ гуфта, ки “Бозор-бозёфти аср” аст:
-Бозор ҳамчун шоир дар қарни мо, дар тасвири табиат назир надорад. Агар ин бача қишлоқӣ намебуд, агар Лоиқ қишлоқӣ намебуд, агар устод Қаноат қишлоқӣ намебуд, мо ин чизҳоро намедонистем, мо ин чизҳоро намефаҳмидем. Аз халтаи чакка сар карда, то чаппотиву гирдача, ҳама тасвири ӯ воқеиву самимианд ва бӯйи Ватан мекунанд. Шеъри “Қишлоқаки ман бӯйи чаппотӣ дорад” баландтарин нуқтаи эҷоди ӯст.
Шоир аз он сахт афсӯс мехӯрад, ки мо-ҳаммиллатон муҳаббат ва самимияти худро дар зинда будани Бозор Собир изҳор накардем ва саривақт ба қадраш нарасидем.
-Дар сӯги Бозори азиз шеъри “Гузашт шоир”-ро эҷод карда будам, ки дар китоби ғазалиётам ҷой гирифтааст. Ин шеър шаммае аз рӯзгори Бозори мост,-афзуд Гулрухсор.
СЕ УҚОБИ ОСМОНИ ШЕЪР
Осори гаронарзиши устод Бозор Собир хазинаи тиллоии адабиёти тоҷикро боз ҳам мукаммал карда, дар баланд бардоштан ва муаррифӣ кардани ин адабиёт дар сатҳи байналмилалӣ хизмати арзишманд намудааст. Беҳуда нест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, Аскар Ҳаким устодро “яке аз се уқоби осмони шеър” ном бурдааст:
-Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир-се уқоби баландпарвози адабиёти тоҷиканд, ки дар осмони беканори шеър бол зада, бо сабки хеш парвоз мекунанд.
Солҳо бо устод Бозор Собир ҳамсоя будем ва аз розу ниёзи ҳамдигар бохабар будем. Устод ҳамеша шабона эҷод мекарданд. Як воқеаи аҷиб дар хотирам нақш бастааст.
Соли 1980 китоби дуюмам-“Дар қаламрави сухан”-ро ба чоп омада мекардам ва бо он сарсухан менавиштам. Соати 4-и пагоҳӣ онро навишта тамом кардам ва мехостам, ки касе хонаду камбудияшро гӯяд. Аз тирезаи ошхона нигаристам, ки устод дар даст сатили партов, сӯйи партовгоҳ равонанд. Гуфтам, ки устод дар бозгашт як ба хона биёед, гапи муҳим дорам. Он кас бо ханда гуфтанд, ки:
-Дар 4-и саҳар чӣ гапи муҳим дорӣ. Бар замми ин, хонаи ту танг. Беҳтараш, ту ба хонаи ман биё!
Хонаи устод рафта, сарсуханро наздашон хондам. Гӯш карданд ва пасон гуфтанд:
-Сарсухани олимонаю мунаққидона, мисле, ки ҳеч эрод надорам. Аммо як чиро намефаҳмам. Чаро бо танқид машғул ҳастӣ? Сабабашро дар сарсухан навис, тамом!
Аз нав сарсухан навишта, онро дар китоб ҷой додам,-ёд овард Аскар Ҳаким. Мавсуф афзуд, ки шоирони мо ба тарзи нав шеър гуфтанро маҳз аз ин се шахсияти бузург омӯхтаанд…
БОЗОР СОБИР ВА МАКТАБИ АДАБӢ
Дарвоқеъ, аксари шоирони муосири тоҷик аввал аз мактаби адабии устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир гузашта, пасон маълуму машҳур гаштаанд. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ин нуктаро тасдиқ карда, мегӯяд:
-Агар устод Қаноат аз дасти мо гирифта, аз кӯчаи умеду орзу ба майдони адабиёт оварда бошанд, устод Лоиқ ҳар як навиштаи моро таҳрир мекарданд. Устод Бозор бошад соатҳо болои шеъри мо- ҷавонон кор карда, онро суфтаву сайқал медоданд.
Мавсуф иброз дошт, ки устод Бозор ҳамеша ҷавонони эҷодкорро дастгирӣ мекарданд:
-Вақте он кас ба маҷаллаи “Садои Шарқ” ба кор омаданд, аз 5 шеърам 4-тоашро нашр карданд, ки дар он вақт барои ман барин ҷавонони эҷодкор мояи фараҳмандӣ буд.
Боре манзумае навиштам, бо номи “Буми Ватан”. Устод онро хонданд ва зери як банд аломати савол гузоштанд. Шеърро таҳрир кардам, аммо ба он банд даст назадам. Вақте бори дуюм ба устод нишон додам, “нағз” гуфта, барори эҷод таманно карданд.
Воқеан, устод Бозор Собир ашъори классикон ва ҳамзамононро пурра омӯхта, баъд ба шеъргӯӣ оғоз карданд. Аз ин ҷост, ки шеъри устод, тоза, нотакрор ва гӯшнавоз аст.
БОЗОР СОБИР ВА ОСОРИ Ӯ
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз дар ҷодаи илм касе осори устод Бозор Собирро ба таври мукаммал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор надодааст. Муҳаққиқ ва пажӯҳишгар Абдунабӣ Сатторзода низ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳамаи корҳои тадқиқотии то имрӯз анҷомдодашуда сатҳианд ва пурра таҳқиқ нашудаанд:
-Мо бояд “Куллиёт”-и Бозорро Собирро таҳия ва нашр намоем. Зеро аз марги устод се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар ин самт ягон қадам гузошта нашудааст. Ҳастанд нафароне, ки устодро хуб мешиносанд ва аз андешаву афкораш огоҳ ҳастанд. Онҳо дар таҳияи ин “Куллиёт” хизмати босазо хоҳанд кард. Баъдан, бойгонии устодро бояд амиқ омӯхт, шояд шеърҳое бошанд, ки то ҳол рӯи чопро надидаанд.
Сатторзода дар идома иброз намуд, ки “бояд хотираҳо, ёддоштҳо ва андешаҳои ҳамқаламон, дӯстон, пайвандон ва шогирдон низ дар як маҷмӯа гирд оварда шаванд.
МИЛЛАТСОЗ ВА ВАТАНДӮСТ
Дар ашъори устод Бозир Собир ҳувияти миллӣ хеле баланд таҷассум ёфтааст. Муҳаққиқ ва пажӯҳишгар Абдулло Раҳнамо, ки даврони ҷавониаш ба нобасомониҳои солҳои 90-ум рост омадааст, ин нуктаро тасдиқ мекунад, ки мақоми баланд доштани забон, миллат, ватан, шеър, адабиётро маҳз аз осори устод Бозор Собир андӯхтааст:
-Ҳар гоҳ сухан оиди ин се шахсият равад, эҳсос мекунам, ки пеши рӯҳи онҳо қарздорем, зеро барои гиромидошташон то ҳол ягон кори мушаххас анҷом надодаем.
Устод Бозор Собир бо шеъри “Забони модарӣ”-и хеш дар таҳкими забони модарӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар сатҳи байналмилалӣ хизмати мондагор кардааст. Шеъри ӯ то ба ҳадде тоҷикӣ аст, ки тарҷума кардани он заҳмати зиёде металабад.
Муҳаққиқ афзуд, ки “замоне дар кишвари Эрон зарурате ба миён омад, то шеъри устодро баргардони хат кунем. Мо ба ҳамтоёни эронӣ бо як душворӣ мефаҳмонидем, ки фалон вожаи дар шеъри устод истифодашуда чӣ мазмуну маъно дорад”.
Воқеан, шеърҳои устод Бозор Собир бо табиати ахлоқиву иҷтимоии сирф тоҷикӣ эҷод шуда, ҳама равонанд. Аз ин ҷост, ки ашъори ӯро дар хориҷа низ меомӯзанд ва азбар мекунанд.
АЗ ДОРИ ҶАҲОН ГУЗАШТ ШОИР…
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор рӯзи марги Бозор Собирро ба ёд оварда, изҳор дошт: -Вақте ҷисми ӯ 14 рӯз дар фазо сарсон буд, аз ғояти дард, дар сӯги ӯ шеър эҷод кардам:
Аз дори ҷаҳон гузашт шоир,
Беҷону макон гузашт шоир.
Бо шӯру қиёми осиёна,
Бо сӯзи ниҳон гузашт шоир…
Сабти маросими дафни ӯро ҳар бор мебинам ва гиря гулӯгирам мекунад. Муҳаққиқ ва пажӯҳишгар Абдунабӣ Сатторзода низ умедвор аст, ки ба ин зудӣ осори парокандаи устод Бозор Собир ҷамъоварӣ шуда, маҷмӯаи “Куллиёт”, “Ёднома” ва христоматияи осори ӯ ба нашр мерасад ва дастраси олимону муҳаққиқон мегардад.
Амони МУҲАММАД