Тоҷикистон, зи туям, ту зи манӣ,
Ту маро ҷону танӣ, ҷону танӣ.
Ҷӯрабек Муъмин
Солҳо боз шеъру мақолаҳои устод Ҷӯрабек Муъминро дар рӯзномаву маҷаллаҳо мехонам, аммо бори аввал аст, ки маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи «Атрборон» (2016) фарочанг овардам ва мавриди мутолиа қарор додам. Инак, мехоҳам, ки мулоҳизаву таассуротамро аз ин маҷмӯа иброз намоям. Агарчи медонам, ки дар ин кор андак таъхир намудам, аммо, ба қавли Низомӣ:
Ба арзи бандагӣ дер омадам, дер
В-агар дер омадам, шер омадам, шер.
Маҷмӯаи шоир бо шеъри «Файзобод» шуруъ мешавад. Ин шеърро метавон ба масобаи як навъ муқаддимаю катиба ва дарунмояи ашъори шоир дар ин китоб пазируфт, зеро қариб тамоми шеърҳо ин маҷмӯа ба тасвиру тавсифи Тоҷикистон, ки Файзобод яке аз гӯшаҳои хушманзари он маҳсуб мешавад, бахшида шудаанд. Воқеан, васфи зодгоҳ, шаҳр, кишвар дар адабиёти мо суннати қадима дорад. Бухороситоии устод Рӯдакӣ ба ҳамагон маълум аст:
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Шерозситоии Саъдиву Ҳофизу Урфиро дар осорашон хондаем. Ба қавли Ҳофиз:
Агарчи Зиндарӯд оби ҳаёт аст,
Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.
Хулоса, адибони мо аз Рӯдакӣ сар карда то устод Айнӣ дар осори хеш зодгоҳу шаҳру мамлакати худро васфу ситоиш намудаанд ва аз меҳру муҳаббати хеш ба кишварашон хабар додаанд. Аммо ин мавзуъ дар асри гузашта, ба вижа дар замони истиқлол, густариш меёбад ва ба яке аз мавзуҳои муҳим ва калидии адабиёт табдил меёбад, зеро халқи тоҷик фақат баъд аз ҳазор сол ба истиқлолияти миллӣ комёб мешавад. Ба қавли яке аз муҳаққиқони хориҷӣ – Алиасғари Шеърдӯст, «агар бигӯем, Ватан бунмояи аслии шеъри шӯравии сотсиалистӣ буд, сухан ба газофа нарондаем. Ағлаби маҷмӯаи шеърҳо бо ашъори меҳанӣ оғоз мешуданд. Шеъри Тоҷикистон низ аз ин қоида мустасно набуд. «Шоирони наслҳои гуногун, ба усулбҳои гуногун ба мавзӯи ватан аз паҳлуву ҷиҳатҳои гуногун наздик шуда, ҳар кадом мазмуну ғояи баланди ватандӯстиро бо тарзу саликаи хоси худ ифода намудаанд. Дар ҳар шеър сухану садои махсус аст».
Оре, ҳамин гуна фазои бози ватанситоӣ дар асри гузашта ва замони истиқлолият устод Ҷӯрабек Муъминро водоштааст, ки шеъри «Файзобод»-ро, ки рамзи ватандорию ватандӯстист, дар оғози маҷмӯаи хеш ҷой бидиҳад:
Ҳеҷ шаҳре мисли Файзобод ҳуснобод нест,
Ҳаст зеботар аз ӯ, афсӯс, Файзобод нест.
Номи ӯро файзу обу бод зебо кардаанд,
Дар ягон ҳарфу сухан ин гуна хуб эҷод нест…
Дар ҳавояш бӯи мушку анбари мулки Хутан,
Не, ғалат кардам, Хутан ин қадр мушкобод нест…
Аз Фаридун ёдгорӣ дорад ин шаҳри куҳан,
Подшоҳеро, ки дар султониаш эрод нест.
Муҳимтарин вижагии шеъри Ҷӯрабек Муъмин, ки дар ин маҷмӯа омадааст, забон ва баёни содаву равону мардумии ӯст, ки аз суннати шеъри содаву равони устодони суханамон (Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ, Эраҷ Мирзо, Баҳор, Лоҳутӣ, Юсуфӣ, Турсунзода, Қаноат, Бозор, Лоиқ…) сарчашма мегирад ва ӯро ба масобаи идомадиҳандаи шеъри эшон ба хонанда муаррифӣ менамояд. Шоир дар корбурди калимаю вожагон ва таркибот завқу салиқаи хоси худро нишон медиҳад. Лиҳозо, мо дар ашъори ӯ на танҳо ба вожагону таркиботи китобиву меъёрию мардумӣ, балки худсохтаи шоир низ рӯ ба рӯ мешавем. Вожагону таркиботе мисли «мушкобод», «ҳуснобод», «чинори ваҳдат», «як куҳи эътибор», «доми зарар», «ҳузуристон», «мактабхонаи ақли замон», «мушти муттаҳид», «аспи ҳиммат», «гиряи осмон», «хандаи барқ», «хирмани абрҳо», «чени хат», «лаби анорӣ», «абри нигаҳи баҳор», «баҳори гулҷӯш», «барқасд», «доруиспанди ориёӣ», «сабзнигоҳ», «сабзин», «шоми алам», «гулханда», «бачаҳалок», «чутка», «бехтани гап», «кутали умр», «бозори маънӣ», «кирми инсоф», «ангушти лутф», «марғзори маънӣ», «хомхаёл», «ғамгӯр», «ғурбати сардор», «нигоҳи гулнигоҳ», «банди ҷон», «ҷангали умр» ва ғайра.
Дигар, Ҷӯрабек Муъмин шоири ҳамовоз бо воқеияти замон аст. Лиҳозо, рӯи тарҳҳои шоирони пешин шеър гуфтанро намеписандад. Ӯ ҳар оина аз мавзӯоти куҳна, радифу қофияҳои корхӯрда дурӣ меҷӯяд ва бештар ба тарсими мавзӯоти доғи рӯз мепардозад, зеро ӯ фарзанди рӯзгори хеш аст.
Ба қавли Нодири Нодирпур, ки мегӯяд: «Ман шоири насли хешам… Дӯст медорам, ки он чӣ аз ин даврон эҳсос мекунам, дар забони роиҷи ҳамин даврон таҷаллӣ кунанд… Ман агар хубам ё бад, агар шоире тавоноям ё шоири нотавон, ҳар кӣ ҳастам ва ҳар чӣ ҳастам, шоири насли худ ва рӯзгори хешам».
Бад-ин маънӣ, Ҷӯрабек Муъмин ҳар чӣ ки мегӯяд, тозаю табиию самимӣ мегӯяд ва ба набзи замон, ба дарди замон ҳамовозу марҳам мешавад, яъне ӯ ниёзи мардум ва рӯзгорро бароварда месозад. Шеърҳои «Кохи ваҳдат», «Ватандорӣ», «Тоҷикистон – модари ҷон», «Тахту бахтам ватанам», «Пуштибони ман туӣ, эй Тоҷикистони азиз», «Ватанам, ҷону танам», «Ватан дар риштаи ҷон аст», «Тоҷикистон, исми ту моро ғазалхон кардааст», «Ифтихори миллат», «Тоҷикистон – ишқи ман», «Шукрона», «Тоҷикистон – ҳарфи ширин», «Пойтахти зебанда», «Душанбе», «Атри Ватан», «Роғон барои миллат майдони нангу ор аст», «Ҳамтан ба Роғон мешавем», «Тан пур аз Ватанбод», «Хумори зодгоҳ» ва ғайра шеърҳое мебошанд, ки дар ҳамин руҳия иншо шудаанд ва шоир дар онҳо ваҳдату якпорчагии миллат, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёну беолоиши худро ба Ватан, миллат ба намоиш мегузорад. Лиҳозо, аз ҳар вожаву таркиб, аз ҳар мисраву байту порчаи он бӯи ҳақиқату саодати як нафар шоири ҷоннисору дилдодаи Ватан ба машом мерасад. Худи шоир дар ин маънӣ хеле хуб гуфтааст:
Талъати дар оини миллат вафодори асил
Як нафар аз шоирони ҷоннисори миллат аст.
Ногуфта намонад, ки «ман»-и шоир дар ин маврид «мо»-ро ифода мекунад ва «мо»-и шоир «ман»-ро, зеро шоир ҳамчун ҳар фарди огоҳу масъул, худшиносу ходогоҳ на танҳо орзуву ормони худ, балки халқашро дар ашъораш мутаранним мешавад ва аз номи халқи бузургвораш месарояд:
Мо халқи ташнаҷони деринтизори ваҳдат,
Чун субҳи нав дамидем баъди қарори ваҳдат.
Сар бар фалак кашида дар пеши халқи олам,
Имрӯз сарбаландем андар диёри ваҳдат…
Осон ба даст н-омад сулҳу ризоияти мо,
Сад пешпо бихӯрдем аз гиру дори ваҳдат.
Моро хирад расонид бар шаҳди сулҳкомӣ,
Будем мардумони зору низори ваҳдат…
Ваҳдат барои миллат як кӯҳи эътибор аст,
Бар арш мерасонем ин эътибори ваҳдат…
Бекинаем, з-ин рӯ, ёрони мо зиёданд,
Ҳамҷону ҳамтан астем бо созгори ваҳдат…
Як мушти маҳкам астем бар рағми душмани худ,
Дар дасти мост имрӯз чархи мадори ваҳдат…
Дар ҳақиқат, тавре ки шоир қайд мекунад, мардум шаҳди ваҳдати миллиро, ки аз дасти гуруҳҳои манфиатдор, мансабталабу гумроҳу беҳувият халалдор гардида буд ва онро дер боз интизор буданд, охируламр чашиданд. Аммо ин ваҳдат, ба қавли ӯ, ба осонӣ ба даст наёмадааст, барои он фарзандони огоҳу баному баори миллати мо ҷоннисориҳо карданд. Онҳо на танҳо миллати парешони моро ба ҳам оварданд, балки кишварро аз хатари нобудӣ раҳо карданд. Албатта, дар ин роҳ хидмати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бинобар ин, шоир ҳамин хидмати камназир ва таърихии сарвари давлат, «омӯзгори ваҳдат», «Исмоили сонӣ»-ро дар шеъри «Ифтихори миллат» ба таври табиӣ ва боварибахш муҷассам сохтааст:
Тоҷикистон, номи некат ифтихори миллат аст,
«Дӯст медорам туро» – мардумшиори миллат аст…
Мардумони рӯйи олам эътирофат кардаанд,
Шуҳрати оламшумулат эътибори миллат аст.
Ҷовидон мемонад ин давлат ба истиқлоли худ,
Чунки Исмоили Сонӣ ғамгусори миллат аст…
Халқ ӯро Қаҳрамони Тоҷикистон кардааст,
Халқпарвар, подшоҳи номдори миллат аст.
Одамиятро аз ӯ мебояд омӯзем мо,
Дар футувват беназиру хоксори миллат аст.
Пешвою раҳнамои дар садоқат устувор
Ҳамчу Исмоили Сомонӣ ҳисори миллат аст…
Ҷӯрабек Муъмин асосан дар шаклҳои шеъри пешин сухан мегӯяд. Аммо ҳаргиз аз забону баёни куҳан ва ташбеҳу истиороти печидаву дур аз зеҳн кор намегирад. Ба санъатгарию тасвири маҳз дода намешавад. Хаёлбофӣ намекунад, зеро ӯ шоире нуктагӯю мазмунофарину воқеъгаро аст. Бинобар ин, гуфтораш самимиву содаву гуворо мебошад. Каломи ноошно, номаънус, печидаву гунг дар осораш ба чашм намерасад, резакориҳои шоирона, ки шоирони санъатгаро мекунанд, барояш бегона аст, зеро вай шоири паёмрасон, гӯяндае заминӣ, ватандӯст, ваҳдатсаро, хоксор, мулоҳизакор, санҷидагӯ, баландҳиммат ва донишманд аст. Ошиқонаву риндона ҳарф мезанад, эҷод менамояд. Агарчи ӯ аз осори пешиниёну ҳамзамонон (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Юсуфӣ, Турсунзода, Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор) бохабар аст, аммо ашъораш нишон медиҳад, ки вай аз гузаштагон бештар ба Камоли Хуҷандӣ ва аз ҳамзамонон ба устод Бозор алоқамандӣ нишон медиҳад. Чунончи:
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ дод гар мискин Камол,
Ман бимирам дар ғарибӣ бо таманнои Ватан.
***
Гоҳе ғазал нависам аз сӯзи ишқи сӯзон,
Чун устод Бозор ман достон надорам.
Воқеан, як бахши маҷмӯаи шоирро ғазал ташкил медиҳад. Fазалҳои ӯ чун соири ашъораш содаву равон ва дур аз такаллуфу печидагӣ мебошанд. Шоир дар ғазалҳояш ишқи поки инсониро тараннум мекунад. Тасавуфу ишқи ирфонӣ дар онҳо роҳ надоранд. Ҳар чӣ ҳаст, ҳама заминӣ аст. Яъне ишқи байни марду зан, ки хеле самимонаву ошиқонаву шоирона васф мешаванд. Ба масал:
Дар рӯи нозанинон ҷойи нигоҳ намондаст,
Зеро ҳазор чашме ӯро чашида бисёр.
Албатта, дар бисёре аз ғазалҳои шоир баёни шоирона бо баёни олимонаву ҳакимонаву ахлоқӣ тавъам омадаанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки Ҷӯрабек Муъмин шоири масъул ва ҳамсадо бо рӯзгор аст. Бинобар ин, дар ғазалҳояш на танҳо мавзӯи ишқ, ки асли ин навъи шеърӣ аст, балки мавзӯоти дигарро низ мегунҷонад ва ба ҳамзамонони хеш як навъ дарси маънавию иҷтимоию ахлоқӣ медиҳад, зеро, ба қавли худи шоир:
Шеър агар аз ҳикмати даврон тиҳист,
Инчунин ашъор бар дил мезанад.
Шеъри Ҷӯрабек дорои вижагиҳои зиёд мебошад. Мо дар ин нигориши мухтасар асосан ҷанбаҳои иҷтимоию ахлоқию маънавии шеъри ӯро мавриди баррасӣ қарор додем. Таҳлил ва нишон додани ҷанбаҳои дигари шеъри ӯ, ба вижа ҷанбаи ҳунарии он, кори оянда мебошад.
Ҷамолиддин САИДЗОДА