Бо номи арҷманди шоир Ворис солҳои хеле пештар ошноӣ доштам, чун яке аз журналистони овозадори ҷумҳурии азизамон ба шумор меравад, аммо аз он ки дар ин баробар шоири вижа ва соҳибмасире низ ҳаст, инак, тули панҷ – шаш сол тариқи расонаҳои интернетӣ огоҳ шудам. Ашъори ин шоир далели донишу ҷаҳонбинии вусъатноку густурда ва андешаҳои рӯшану созандаи ӯст. Дар мавриди шеър андешаҳо ва назарҳо мухталифанду тазод низ доранд. Яке суханони дорои танҳо низому мазмунро, яъне назмро шеър медонад, дигаре ашъори ороста аз ҳамаи санъатҳои адабӣ, ашъоре ки ҳар мисраи мармузаш дорои маонии зиёдро шеър медонад, яке ашъори суннатию қадимро дӯст медорад, дигаре ашъори сабукро муосир медонад. Яке шеъри “мудерн” – ро наҳ мезанад, дигаре шеъри суннатиро қафомондаву каламоташро “архаистӣ” – ву нолозим мешуморад.

Ман андеша дорам, ки ҳар як калимаи забонамонро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ин, пеш аз ҳама, вазифаи шоир аст. Имрӯз калимаҳои ноби тоҷикӣ на танҳо аз гуфтугӯи мардум зиёд хориҷ мешаванд, балки андешаи шоирон ҳам дар панҷоҳ шаст калима мечархаду халос. Ин ҳатман ба камбағалии луғавии забон мусоидат мекунад, ки ин асоси аз байн рафтани он хоҳад буд. Ман ҷонибдори онам, ки тамоми шаклҳои шеърӣ бошанд, тамоми сабкҳо бошанд, аммо шеър шеър бошад ва мазмуну бадеияти олӣ дошта бошад. Камбағалии луғавии забони шоир далели заъфи ҳунарии ӯст. Бинобар ин, пеш аз ҳама, андешаи шоир ва шеъри ӯ бояд ганҷури ҳамаи калимаҳои забони миллат бояд бошад. Ман фикр намекунам, ки ба шеър ворид кардани чанд калимаи байналхалқӣ ба нав шудани шеър мусоидат намояд. Албатта, истифодаи калимоте, ки дар замони мо истифодаашон роиҷ аст, бояд дар шеър бошад, аммо, пеш аз ҳама, андешаи шоир бояд муосир бошад. Рисоят ва посдории ҳамаи аркони шеър бояд бошад, то сухан ба мақоми шеър шудан бирасад. Ҳамеша ман дар муқаддимаи мақолаҳое, ки дар маърифати шеъри шоирон менависам, андешаҳои умумии худро дар бораи шеър низ, ёдовар мешавам.

Ашъори шоир Ворис бо дониши фароху густурдаи шоир,  бо бадеияти дурахшон, бо андешаҳои муосир бо ғановати луғавӣ ва риояти ҳамаи талаботи илмии шеър тарҷеҳ дорад. Вақте ашъори ин шоирро мутолиа менамоед, пайравии ӯро ба касе аз шоирони пешину муосирон мушоҳида наменамоед. Муваффақияти асосии шоир дар ҳамаи адвор нотакрорӣ ва сухани худро гуфтану муқаллиди касе набудани ӯст. Хушбахтона, аз ин фазилатҳои асосии шеър ашъори Ворис комилан бархӯрдор аст.

Писандидагии ашъори ин шоир, пеш аз ҳама, дар бадеият ва бозёфтҳои шоиронаи фаровону нотакрорӣ ва тозагии андешаҳои ӯст, ки ба ин на ҳар шоир муваффақ мешавад. Ворис таносуби суханро моҳирона риоят мекунад ва сухани ӯ мантиқу мазмуни зиёде сари ҳар мисраъ дорад.

Ашъори шоири тасвиргаро, шоири орифмашраб Ворис бештар дар қолаби шеъри нимоӣ суруда шудааст ва  ҷилои ҳунари шоирияш маҳз дар ин қолаби шеърӣ  дурахшон аст.

Шоир кӯшиш кардааст, ки ҳаргиз назми хушку сухани умумӣ нагӯяд, зеро маълум мешавад, ки ғурури шоирияш ба тақлиду сирқоту пайравӣ иҷоза намедиҳад. Ин олитарин муваффақияти шоир ба шумор меравад.

Ашъори Ворис бо он ки ҳар мисрааш мамлу аз бозёфтҳои ноби шоирона аст, дар хотираҳои хос нақши рӯшан мегузорад. Вақте хонанда кӯшиш мекунад бозёфтҳои шоиронаи сухани Ворисро баршумурад, сарҳисоби хешро гум мекунад, зеро ҳар мисраъ пур аз тозагиву бесобиқагист. Албатта, шеъри бадеияти олидошта ҳамеша дар авҷу арш хоҳад буд ва на ҳар шоир ба сурудани нотакрорӣ муваффақ мешавад. Шеър маҳак ва намоди ҷаҳонбинӣ ва донишӣ шоир аст. Аз ашъори Ворис бармеояд, ки ӯ  ба роҳи шеър мусофир аз рӯи ҳавас ва шуҳратхоҳӣ нест, балки мехоҳад ашъораш дар ҳар вожа чароғи ирфон дошта бошад, ки тавонад инсонҳоро ба сӯи зебоиву некиву ишқ, адабу маданият раҳнамоӣ кунад. Шеър ва шоир он гоҳ хушбахт аст, ки барои инсонҳо рӯшаниро раҳнамо бошанд. Ҳамин рисолати муқаддасро ашъори Ворис хеле латифу боназокат ба субут расондааст. Маърифати ашъори Ворис он гоҳ ба дасти фикри хонанда меояд, ки ӯогоҳии комил аз ҳамаи аркони адабиёт дошта бошад ва хӯшае аз хирвори ҳамаи шоирони мутақаддиму муосир бардошта бошад. Мунаққиди донишманду беғаразе ҳам бояд то тавонад ҳақиқати ашъори ин шоири зебосухану шигарфҳарфро тафсир бикунад. Хушбахтам, он донишеро, ки тавонад гавҳари садафи вожаҳову таъбироти шоирро дарёбад, дорам. Агар ба дурустӣ тавонем, ашъори Ворисро маърифат бикунем бояд беғаразона иқрор бишавем, ки яке аз шоирони муваффақ ва хоси адабиёти муосири мо маҳсуб мешавад.

Ман шеърро дар назми вожагону радифу қофия намебинам, ҳарчанд асоси сурати шеър ҳамин назму радифу қофия қолабу мисли ин аст. Ман ашколи шеъриро мисли садафе медонам, ки гавҳари он маънову бадеияти сухан аст, ки шоир ҳунармандона меофарад. Борҳо ашъори шоир Ворисро калима ба калима бо ҷиддияти том мисли як фан, мисли як дарс хондам ва дарёфтам, ки ӯ аз бузургворӣ хоксор аст, воқеан, дар ҳунари шоирӣ ба ҷое расидааст, ки кам касон мерасанд. Ҳарчанд мехостам ашъори ворисро калима ба калима, таъбир ба таъбир бозёфт ба бозёфт шарҳ диҳам, аммо ин имконро иқлими як мақола надорад, зеро ба ҳар мисрааш лозим меояд, талмеҳ ба талмеҳ, ташбеҳ ба ташбеҳ, киноя ба киноя, шумора ба шумора шарҳ навишт. Ин ҷо танҳо ба овардани абёти интихоб аз ашъори ин шоири муқимии иқлими руъёҳо, рангҳо, хобҳо, афсонаву ҳақиқатҳои бисёр латифу ширину зебо мурур бикунам ва андешаҳои хешро ба чанд ирфони мавзуъ, бозёфт, зебоишиносӣ, шарҳи лафзу маъно иктифо биварзам:

Суроғамро садо кардам:

Чи ёд аст ин,

Ки саршори ҳузури ӯст.

Шоир ин ҷо гуфтааст, ки ёдҳоямро фаро хондам, ёдҳое ки пур аз ҳузури туст аммо чи шоирона ва нотакрор ширину зебо гуфтааст ин матлабро. Садо кардани суроғ оё таъбиру бозёфти шоиронае бад – ин зебоӣ собиқа дошт? Агар дошт ман нахонда будам.

Садои қоматамро силсила мечидам.

Ки дар оинаи ҳар кадоме

Акси зебои сароишро

Нишаста будам.

Дар ин пораи шеър шоир гуфтааст андешаҳоямро ҷамъ мекардам аз парешониҳо ва зебоиро месароидам. Ин зебоӣ метавонад ишқ бошад ё шукр, ё зикр. Ин матлабро низ чӣ шоиронаву нотакрор гуфтааст. Садои қоматро силсила чидан, яъне ҷамъу гири андешаҳо барои гуфтани шояд сароиши зеботарин шеър.

Давр васфи муқаддасоте чун  Модар, Меҳан ва Миллат ашъори мутавасситу ба таври  умумӣ гуфташуда фаровонанд, бо вуҷуди ин, ки ин мавзуъҳо пуршеъртарин мавзуъҳо мебошанд, боз ҳам шеъри оливу нотакрор хеле кам дар ҳазорсолаи адабиёт ба назар мерасад. Ворис ҳам нотакророна модарро васф кардааст:

Модари ман

Ҷонамози баргҳоро тоза мекард

То малоик рӯ зи боғи мо натобад.

Модари ман

аз раҳи худ хор мечид

То ки мо хорӣ набинем

Чодари номуси дунёро ба сар дошт…

Модари ман

Дар миёни  гургҳои кӯҳ

Гургаке дошт, гурги кокулдор

Пуштибонаш галаи гургон

Ҳам мазори Чилтани Хӯчилдиёр.

Модари ман

Дар ҳиҷоби розҳо печида мерафт

Мисли Моҳи осмон

дар гулхани шарму ҳаё месӯхт.

Чеҳраи имони ӯ покиву иффат буд.

Модари мушти пари ман

Чун кабӯтар

Дар ҳавои сабзи имон

болу пар мезад

Ӯ ба мо парвози покиро сабақ медод.

Дар ин шеър тамомии сифатҳои олии модар ва бонуи тоҷик наққошӣ шудааст Ин тоблуи мармузест, ки бояд ҳамаи рангҳояшро шинохт то ба маърифати тасвир бирасӣ.

Ворис ашъорашро бо зеботарин рангҳо ва рамзбортарин  андешаҳо ороста мекунад ва ин амвоҷи ранги баҳам печида, ки маърифаташ  ба осонӣ даст намедиҳад, андешаҳоро ба вазишу худсозӣ мебарад:

Бо сукути нури марҷонҳо

То ба он сӯе, ки соҳил нест

То ба уқёнуси бепоёни шаффофе.

Сукути нури марҷонҳо, сӯе ки соҳил нест, уқёнуси шаффофи бепоён  ишора ба абадият аст, ишора ба иқлими берақамиву бесоатист, ки хеле зебо шоир ба андешаи мо ҷилва медиҳад.

Ҳар шабе бори гуноҳамро кабӯтарвор

Ман ба ғоре мекашонам.

Кашидани бори гуноҳ кабӯтарвор ба ғоре чи тасвири тозаву ғайримунтазира аст. Ворис шоирест, ки андешаҳои фалсафию илмии худро ба канори шеър мекашад. Вақте рамзу рози арзу тули вақту фазоро, суръати шитоби сооату ивазшавии рангҳои фаслро, хислатҳои гургонаи ботини инсонҳоро дар як шеъри кӯтоҳ ишора мекунад, ман ба ҳунари шоирии ӯ ва дониши қомусвори ӯ қоил мешавам:

ЧАРО

Чарое ҳаст

ва дар он чаро моҷарое

Яъне

Ба ҳар куҷо бингарӣ чаро дорад

Аммо

шумо ҳамин шаш ҷиҳатро мешиносед.

Чарои шумо дандонҳои сиёҳу зарде

дорад

Ва бӯе, ки аз он мерӯяд.

Оҳуе

рӯи шонаи сангест

Чашме ба устухонаш чаро дорад

Доси чарогаре ҳаст

дар дасти чаро

Моҳ,

Хуршед,

Замин чарандае ҳастанд.

Об низ боғро чаро дорад.

Фаслҳо чарогарони устоданд.

Вале поктарин чаро зимистонист.

Чаро чарое дорем?

Оё чароро чарое ҳаст?!

ПАРВОЗ

Салом кабӯтарони боми андеша

Қосидони шуур,

ки номаи сарнавишти шеъри ман

Ба зери пар ниҳодаед

Раҳо шавед ба боғсори осмони дил

Ба каҳкашони мисраъҳои нур.

Раҳо шавед,

ба ҳафт сӯи арши зиндагӣ

Ба шарфаҳои болатон садо кунед

Ки боғсори бениҳояти самои дил

Бо насими он ошно шавад.

Пар оваред

ба шаҳри вожаҳои ҷовидон

Ки дар ҷаҳони он

шуур шеър медиҳад

Ва шеър боғ мешавад.

Ба шохсори он, ки лонаҳост

Мақоми ишқбозии шумост.

Салом,

Ба тухми лонаҳо

Ба чӯҷаҳо, ки бол медиҳад

Ва аз диёри вожагони ишқ

Дубора фол медиҳад.

Ин шеърро мукаммал ба хонандаи ин мақола пешниҳод намудем ва сайрашро ба кӯчаҳои рамз ба худаш вогузор кардем, чун шарҳу маънии ибораҳо, вожаҳо тул хоҳанд кашид.

Ман чун як хонанда ин мақоларо барои маърифати ашъори Ворис шоири тасвиргаро ва мусофири дунёи зебои шабеҳаҳову рамзҳо хеле ноқис медонам, сӯи тафсири ҳар шеъраш дар алоҳидагӣ мақолаҳои зиёдеро офаридгор хоҳад буд. Ин хӯша аз хирвор нур аст, ки пораҳои писандидаи хотири хешро ба хонанда эҳдо бикунем ва аз Ворис барои ин ганҷури маъно ва дунёи ношиностарину зеботарин рангҳо дар вожа сипосгузор бошем. Ростӣ, ҳайратзада ҳам ҳастам, ки чаро шоиреро ба чунин иқтидори ҳунарӣ то имрӯз чунонки бояд нашинохта будаем.

Вақте қиём кардам

Соат фосилаеро навохт.

***

Ханӯз, ки зиндагӣ рӯшан аст

Бояд биравам

Ба он авҷи рӯиш

Ки моҳияти ҳар нафас,

ҳар нигоҳ,

ҳар бӯ

ва ҳар кӯрро бишносам.

Рафтане ба содагии парандае муҳоҷир,

***

Омадане дошт

То гулҳоро бибӯяд

Пеш аз бӯсаи суҷуд.

Табассуме дошт,

маст

Ва дар ҳарири сапеда

Худоро садо мекард.

Тулуе буд:

Шаб дар сапеда

Моҳ дар Хуршед.

***

Оё ҳамеша зимистон буд?

Оё ҳамеша сарду карахт мемонем?

***

Чароғи гиря ба даст

Андуҳ омада буд.

***

Биё-биё, азизи дилам, хешро бияндозем

Ба мавҷи оташи ишқе, ки додрас дорад.

***

Чашмҳоям дар шаб

Сояи хамзадаи зиндагиро менигарад.

***

Медонам,

даравгаре ҳаст

Сонияҳоро дарза-дарза мебандад.

Адибаи ХУҶАНДӢ,

шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь