Юнус Юсуфӣ аз он нависандагони фаъоли типи нав аcт, ки ба насри тоҷикӣ тағйир ва таҳаввули тозае ворид карда, барои ба пояи сифатан тозае ворид омадани он кӯшиш ба харҷ додаанд. Моҳияти ин дигаргунии кайфӣ иборат аз он аст, ки носирон, онҳое ки ки аз солҳои 80-ум, хосса нимаи дувуми он ба эҷодкорӣ пардохтаанд, аз оғоз ба ҷӯяндагии ҳунарӣ дар заминаи адабиёти модерни ҷаҳон, бахусус Ғарб пардохта, аз ҳирфакорӣ кор гирифтаанд, ки ба сухани адабӣ тасвиркорӣ ва маъниофарӣ бахшид, балки тору пуди ривоят (таҳкия)-ро тағйири ҷиддӣ дод. Дар ин замина ҷӯяндагиҳои шаклу сабки ба адабиёти тоҷикӣ, хосса насри он ҷараён гирифт. Саҳми Юнус Юсуфӣ дар ин росто хеле назаррас мебошад ва ӯ аз нависандагонест, ки дар ин навгароӣ тавонистааст роҳу равиши хоссе пеш гирифта, дарунмоя ва шаклу сабки тасвири худро шакл бидиҳаад. Ин барои худшиносии як нависанда хеле муҳим мебошад ва на ба ҳар қаламкаше даст медиҳад. Юсуфӣ дар ин ҷараён роҳи ҷӯяндагию пӯяндагии лозимаро бо эҷоди ҳикояву румон ва қиссаҳои марғуб анҷом додааст.

Ин ҷустору ибтороти эшон дар маҷмуаи «Киштии Нӯҳ» ва хосса румони ҳамноми он ба хубӣ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд дар романи мазкур нияти аслии нависанда баррасии бадеии мавзӯъи ҳифз кардану дӯст доштани табиат аст, аммо дар асл он асари инсондӯстонаест, ки дар маркази он инсон ва муносибати вай ба муҳити гирду атроф, зиндагии танготанги инсон ба табиат, ки ба ҳамдигар тавъам ҳастанд ва шинохти табиату эҳтиёти он ба инсон ва зиндагии иҷтимоиву ахлоқии он вобаста ба тасвир омадаанд.

Воқеаҳои асар дар Фиркат ном деҳаи дурдасти кӯҳистон мегузаранд ва зоҳиран он аз оламу одам барканор аст, вале дар тасвири нависанда деҳа аз дар маркази рухдодҳои олами имрӯза аст. Ва масъалаҳои асар ва сарнаишти қаҳрамонҳои асосии он ба ин зидду нақизҳои зиндагии муосир иртибот мегиранд, ки ба вуруди тарзи муносибатҳои нав ба миён омадаанд. Ҳатто андешаву афкор ва кайфияти равонии бошандагони он байни олами афсонаву боварҳо ва судҷӯии дунёи нав, миёни манфати шахсӣ ва дастурҳои ахлоқии солиму асили инсонӣ ҷараён мегиранд, ки ин ҳама моҳияти низоъ ва бархурдҳоро дар асар муайян кардааст. Ба ин маънӣ набард барои сиҳатии маънавию ахлоқии ҷомеа, ҳифзи табиат дар баробари бадгуҳариву манфиатҷӯӣ ва табоҳкорист.

Аслан, ин масоил ва пароблемҳо зодаи зиндагии кунунии мо ҳастанд, ки ба роҳи арзишҳои тозаи иҷтимоиву иқтисодии даврони бозаргонӣ ворид омадаем, вале онҳо ҳанӯз шакл нагирифтаанд ва дар амалу муносибати мо, дар тафриқаи неку бад ҳадду андоза гоҳе номуайя мебошад. Ба ин маънӣ кӯшиши Юнус Юсуфӣ дар шинохти ҳолу ҳавои маънавӣ, ахлоқӣ, иқтисодиву иҷтимоии рӯзгори кунунӣ то андозае амали аввалқадам, ҷолиби диққат ва сазовор ба дастгирист. Нависанда ин муаммову масоилро на ба таври умумии набарди неку бад ба миён мегузорад, балки мавзӯъ бештар дар атрофи мушкилоти дӯст доштану ҳифз кардани табиат ва масъулияти одамон дар ин ҷараён мечархад ва мушаххас мешавад. Ба ин маънӣ, масъалаҳои рӯзмарра баръакс ба таври табиӣ бо ҳастии инсон, набарди неку бад пайванд хӯрада, мазмуну моҳияти тоза, мушаххас ва таърихиву рамзӣ касб менамоянд. Гумон мекунам, ки унвони румон “Киштии Нӯҳ” низ ба ҳамин маънист ва воқеаву мушкилотро бо тасаввуру бовар, ривояту асотир, ки ҳақиқатҳоро дар шакли таъмимӣ ва аз ин ҷо муассир фаро гирифта, дар зершуури инсон ба сурати куҳанулгӯ (архитайп) ҳамеша ҳузур доранд, намудор месозад. Чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки нависанда гуфтан мехоҳад: наҷоти инсон ва сиҳҳати табиатро ҳамзистии ин ду, ки байни ҳам иртиботи танготанг дорад, таъмин мекунад, балки, зиёда аз он, муносибат ба табиат меъёри санҷиши хубу бад будани одамон бояд башумор ояд.

Қаҳрамони аслии румон Меҳафрӯзи Озар дар андешаву амал ва кору зиндагӣ, ормонҳои худ ин ҳамаро ғунҷоиш додааст ва ҳамзамон бисёр аз суннатҳои маънавию ахлоқӣ, фарҳангӣ, устураиву ривоятӣ ва бовару эътиқодотро бо худ дорад. Зиндагии ӯ низ оганда аз масъалаҳоест, ки дар рӯзгори кунуни рӯх доданашон имкон дорад ва сатҳи гуногуни иртиботи замониро дар худ фаро гирифтааст. Вай зодаи кӯҳистон аст ва хеле бармаҳал падарро аз даст дода, тарбияи ӯ ба дасти модар мондааст. Бо ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар донишгоҳ идомаи таҳcил менамояд ва ба мамониатҳои ду хонадон нигоҳ накарда, бо духтари шаҳрнишини ҳамтаҳсилаш Гулафшон, хонадор мешавад. Онҳо ба деҳа баргашта, ба тадриси кӯдакон машғул мешавад, то он даме ки вай бо Нори Нард, барои таҳқираш муаллими кӯҳансол Шодони Шаҳидро, даст ба гиребон шуда, тарки мактаб мекунад. Албатта, ин эътироз ва тарки касб кардан омилҳои дигар ҳам доштааст ва ба сатҳи пасти мактабу маориф низ иртибот мегирад. Минбаъд моҳияти зиндагии ӯро бунёди боғ дар Гулмайдон ва мушкилоти вобаста ба он муайян мекунад. Аммо ҳалли ин мушкил кори осоне набудааст, зеро, аз як тараф, сахтиҳои бунёди боғ дар бағали кӯҳ, ва аз ҷониби дигар, нияти онҳое ки ба бунёди боғ ва ҳифзи табиат мамониат эҷод менамоянд, иҷрои корро ғайриимкон кардаанд. Мураккабӣ ва ҳассоияти масъала то дараҷаест, ки дар он ниҳодҳои хориҷӣ ва манфаатҷӯёни дохилӣ ҳамдастанд, ки дар муқобили онҳо истодагарӣ кардан кори сода нест. Аммо Меҳрафрӯзи Озар ба дурустӣ ва ҳақиқати амали худ бовар дорад ва дар ин мақсад истодагарии ҷиддӣ зоҳир мекунад. Натиҷа чунин шуд, ки вай дар ҷараёни ҳамин талоши мақсаду ормонаш фавтид.

Муҳимтарин ҷиҳат дар хислати Меҳрафрӯзи Озар содиқ будан ба дастурҳои ахлоқии худ аст ва ӯ аз онҳо дар ҳеч ҳолат даст намекашад, исёнгар асту бо беадолатиҳо созиш ва муросо карда наметавонад. Ин амали ӯ, бахусус дар давроне, ки судхоҳиву манфаатҷӯӣ бар арзишҳои солими ахлоқӣ доранд боло мегиранд, замоне ки дар муқобил қувваҳои тавоное чун пул ва ниҳодҳои бозаргонӣ ҳаст, дар шароите ки қудратҳои ҷаҳонӣ бо ҳар роҳ ба кишвар сар медароранд ва барои онҳо аксаран ҳадафҳои иқтисодиву гиополитикиашон аз манфаатҳои миллати дигар авлотар аст (албатта, аз онҳо истифода кардан лозим ва хуб аст, балки аз ин гузир нест, аммо ҳушёрӣ, дурандешӣ ва ояндабиниро аз даст набояд дод), масъала ранги дигар мегирад; ватандӯстӣ, манфаати миллии ҷомеа, сиҳҳати ахлоқ, фарҳангиву маънавии он, муҳити зист ва тавозуни табиат ба масъалаҳои ҳассос табдил меёбад. Ба ин маънӣ паёми нависанда дар румонии мазкур хеле доғу имрӯзӣ ва серсадову пурмаънӣ мебошад.

Қаҳрамони румон инсони худнигар аст, дар вазъи ҳамешагаии рефлексия қарор дорад, яъне вай амал ва ҳолоти худро ба таҳлил мегирад ва барои онҳо масъулият ҳис мекунад. Як бахш аз андешаҳои онро ангора, афсона ва устураву ривоят ташкил намудаанд. Чунки ба қавли ӯ руҷӯъ ба гузаштаҳои дур ба одамон, хосса тарбияи талабагон хеле муҳим аст, зеро “кӣ будани обову боборо ба ёдашон расонад ва ахгари афсурдаи одамгарию мардию далериро дар ниҳоду бунёдашон аз сар равшан гардонад”. Аслан Юнус Юсуфӣ ба устура ва ривоят таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорад ва аз онҳо дар асарҳои худ, хосса румони “Шинак” бамариду боҳунарона ба кор гирифтааст.

Аммо дар “Киштии Нӯҳ” онҳо мазмуну моҳияти мушаххас ва сермаъное дорад. Ба қавли Шодони Шаҳид – иштирокдори асар – “Афсонаву ривоят забони табиат аст, обову бобои мо ин забона мефаҳмиданд, бо табиат гап мезаданд, шарики ғаму андӯҳу шодию нишоташ буданд, худро фарзанди табиат медонистанд, ба ӯ дастдарозию ситам намекарданд, ба подош, табиат ҷавҳари одамият дар ниҳодашон по барҷо месохт, виҷдонашона бедору нахли меҳру садоқату самимият дар замини дилашон сарсабз медошт, андешаи рост гуфтану рост рафтану рост кардана, пайвастану ногусаста дар мағзашон меандохт, кӯтаҳи гап Одам месохт…” Ҳоло аз номбар кардан ва баррасии ривоятҳо сарфи назар карда, ҳаминро меафзоем, ки теъдоди онҳо хеле зиёд аст ва онҳо ҳама дорои донишу бовар ва панду андарзе ибртомӯз ҳастанд. Аммо ҷиҳати ҷолиби диққат ва сазовор ба таъкид он аст, ки ин ҳама ангораву ривоёт ба тору пуди румон ба таври табиӣ созвор омада, чӣ дарунмоя ва чӣ ҷанбаи бадеиву имкони поэтикии онро ба маротиб афзудаанд.

Дар бораи мазиятҳои ҳунарии румон сухан карда, сохтори хоси онро низ  қайд кардан лозим аст. Нақли ровӣ дар румон байни донои кул (нависанда) ва такя ба сухани қаҳрамон сурат мегирад. Вале ривоят асосан аз забони нависанда аст, ки ҳатто гаҳ-гоҳе аз равиши таҳкияи асосӣ берун рафта ва воқеаҳоро худ пешопеш тавзеҳ медиҳад. Аммо андешаҳои қаҳрамони аслӣ низ хеле мустақил мебошанд ва ба ривоятгарии румон шакли дусадоӣ бахшида, сабаби афзудани имконияти тасвир ва ғанои тоза пайдо кардани муҳтавои он гардидаанд. Хосса вақте ки қаҳрамон ба нақли ривояту устура мепардозад, мустақилияти садои вай бештар ба мушоҳида мерасад ва метавон гуфт дар маҷмӯъ нақли нависанда дар румон дусадост. Чунин тағйир ва истифодаи ҳамзамон ва шаклҳои мухталифи таҳкия низ дар насри муосир ба нудрат ба назар мерасад. Ва боз воқеаҳои асар ҳарчанд дар маҳдудаи замони воқеӣ ҷараён доранд ва ҳатто гоҳо нависанда вақти ҷараёни воқеаҳоро дақиқ зикр мекунад, аммо дар румон вақту фазои афсонаву асотир низ мавқи муҳимме дорад, ки дар натиҷа масълаҳо дар чанд буъд – дар заминаи ҳақиқатҳои сурреолистӣ, таърихӣ ва кунунӣ мавриди баррасӣ ҳастанд. Чандлоя будани таҳкия ва вақту фазо нишонаи ҷиддияти Юнусӣ сари ҳирфакорӣ дар эҷод аст, ки дар насри тоҷикӣ хеле кам ба мушоҳида меояд.

Ниҳоят, дар бораи забони румон метавон гуфт, ки он равон, муҳкам ва тасвирӣ буда, на танҳо бозгӯи одии воқеаҳо нест, балки бори маънӣ мекашад. Зиёда аз он, тарзи баёнаш табиӣ ва бар асолати забони форсии тоҷикӣ бунёд ёфта, ба тақвияти ин асолат ва сиҳатии он мусоидат хоҳад намуд. Ҳамин нуктаро бояд таъкид кунем, ки ин масъаларо дар мавриди забони ҳар нависандае наметавон гуфт, яъне Юнус Юсуфӣ нависандаи соҳибзабон аст ва тасаллут комил бар вожаву иборот ва ҷумалот дорад. Зоҳиран ҳама бо забони адабӣ менависанд ва дар сухан камбуди дастурӣ ва сарфиву наҳвӣ надоранд, гӯё нақл ҳамвор ҷараён мегирад, вале дар таҳкия ҳама чиз муқаррарист, таҳрику ғаное дар он нест. Аммо дар навиштаҳои Юсуфӣ забон ҳамроҳи тасвир тавлид мешавад ва ба матни воқеаву ҳолати қаҳрамон ва фикри таҳлилии вай иртиботи танготанг дорад. Инак: “Меҳарӯз чашми рӯз кафидан ҳамон аз хоб хест, ба ҷангал омад, хеле гашт, бурси дилхоҳро ёфт, як он нигоҳ ба давру бар андохт, бисмиллоҳ, гуфт ва табар ба тана зад. Ҳамон гуна, ки путк аз тани ғут канор меҷаст, табар ба шаст пас гашт, дарде сахт то мағзи устухони китфаш рафт. Вай бо кафи дасти чап банди дасти ростро дошт ва чанде кӯшид кай ба бағли Зар овардани табарро ба ёд орад, мурод ҳосил нагашт… Табар ба душвор танаро пай мекард, вале парахае аз он ҷудо намегашт, кор пеш намерафт. Мардро андеша ба сар омад, ки ин ҷо аз обу хоку сангу дарахт ҳама бар зидди ӯ исён кардаанд ва пайдост, ки мехоҳанд ноумед гардонидаву аз бағали Зараш ронанд. Аламе талх дар дилаш нишаст, хашме гарм дар чангаш овард, кафи дастҳоро ба оби даҳан нам кард, зери лаб “ҳама дунё ба муқобилам хезад ҳам, ман оба аз ун санг мегузаронаму боға месабзонам” гуфт ва бо зӯри дучанд табар ба дарахт задан гирифт”.  (с. 90). Ин намуна метавонад баёнгари чигунгии таркиби сухани нависанда бошад, ки аввалан аз фикру андешаҳои қаҳрамон иборат аст ва моҳияти амали онро ба хубӣ ифода мекунад; сониян, дар он тағйири ҳолат, ки дар ҷараёни амал ба миён омадааст, низ мушоҳида мешавад; ҳамчунин аз як вазъ ба вазъи дигар гузаштани ҷараёни андеша вай ба мушоҳида мерасад; ниҳоят натиҷае, ки ӯ аз ин ҳама расидааст, иброз шудааст. Нависанда барои тасвири ин ҳама сохтори дастурии хоси ҷумлаҳоро ба кор мегирад, вожаву таркибҳои дақиқ меёбад, аз тасвиргарӣ, маҷозу истиора, ташбеҳ ва луғоти нобу фаромӯшшудаи классикӣ ва вожаҳои сараи мардумӣ низ зиёд ва бомаврид истифода мекунад.

Ба эътибори ин ҳама мизият ба чунин натиҷа метавон расид, ки румони “Киштии Нӯҳ” ва дар маҷмӯъ таълифоти Юнус Юсуфӣ дар сатҳу савияи болои насрнависии ҳирфаӣ таълиф шуда, дар насри тоҷикӣ саҳифаи тоза ва масарратбахш бо сабку равиши нав ба шумор меоянд, ки аз бисёр ҷиҳат самти ҷӯяндагиҳои ояндаи ҳунарии онро муайян менамояд ва муаллифашон, бешубҳа, сазовор ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.

Абдухолиқи Набавӣ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь