Ба ифтихори 100-умин солрӯзи  Устод  Муҳаммад

Чӣ хуш бошад, ки баъд аз рӯзгоре,

Ба умеде расад умедворӣ.

Орзуи деринаи ман буд, ки ба Тоҷикистон, ин сарзамини ишқу зебоӣ ва меҳру меҳрварзӣ, ба ин манзалаи хуршед биёям ва гавҳари ҳамзодамро аз наздик бубинаму бирасам. Хурсандам, ки бахт ёрам кард ва ба орзуи деринаи хеш расидам.

Ростӣ, ба чӣ забон метавон аз ин сафари пурхотира сухан гуфт. Сафаре, на маконе аз иқлиме ба иқлими дигар. Балки сафаре аз хеш бар хеш, аз ҷон ба равон то равони ҷон, аз миҳане ба миҳане, аз имрӯз то куҷоҳои дирӯз ва деру ҳамеша.

Тоҷикистон барои ман зиёратгоҳе хоҳад буд, аз ин пас, ки ба дидори дилҳо, ки дар он сӯи марзҳо хаёлӣ даст хоҳад ёфт. Тоҷикистон Қоф хоҳад буд ва ман чун паррандаи кӯчак дар он ба хушоӣ хоҳам расид, тоза хоҳам шуд ва аз сарчашмаҳои ҷовидонии таърихи ватанам-сероби Тоҷикистон. Ӯ аз ин пас, барои ман қиблагоҳе хоҳад буд, ки рӯ ба он хоҳам истод ва аз ғаму ғурбат хоҳам нолид, то он замоне, ки дубора ба умеди дидори дуборааш бирасам.

Ва ман сипосгузорам аз баргузоркунандагону дастандаркони ин ҷашнвораи ҷаҳонӣ ба ифтихори бузургчеҳраи олами хуниё Борбад, ки бо кӯшиши зиёди Раиси муҳтарами кумитаи тадорукоти ин Ҳамоиши илмию ҳунарӣ, устоди бузургвор, академик Муҳаммад Осимӣ ва ёвари ишон, дӯсти ҷавону пурифтихори ман доктор Аскаралӣ Раҷабзода. Ин ҷашн мо ва эрониёни муқими Амрикову Аврупоро ба сарзамини аҳуроии Тоҷикистон баҳам оварданд.

Барои ман мояи ифтихор буд, ки дар бузургтарин кохи ҳунарии имрӯз, Кохи Борбад азизони тоҷик барномаи консертии маро тарҳрезӣ карданд ва ҳар боре ба толор менигаристам чашмони пурмеҳру равшанибахши тоҷикони азизро дида, гӯё ман худро дар биҳишти афсонаӣ мепиндоштам, воқеан ин саҳнаҳоро бо чашми дил бояд дид ва эҳсос кард. Ман эҳсос мекардам, ки гӯё Борбад бо мо буд ва мегуфт: дуруд ба тоҷикон, поянда бод Тоҷикистон, ки маро аз қаъри таърих аз нав рӯи саҳна оварданд! Дуруду сипос менамоям аз устоди гиромӣ Муҳаммад Осимӣ ва дастандаркорони ҷашни Борбад. Ман дар толорҳои хурду бузурги мамолики Аврупову Амрико, Ховар барномаҳои ҳунарӣ гузоштаам, вале барномаҳои Кохи Борбад барои ман оливу ҳамеша киром хотир, мондагор хоҳанд буд. Муҳаббати тоҷиконро ман муддати як моҳ бо чашми дил дидам.

Сафари мо ба Самарқанди азизу армонии ман ва кӯи Дарвоз таҳти раҳнамоии устоди бузургвор Муҳаммад Осимӣ таърихию хотирмонтарин дар зиндагии ману меҳмонони ҷашни Борбад буданд.

Ба умеди дидори дубора бо тоҷикону Тоҷикистони азиз, ки орзуи ҳамешагии ман аст.

Муҳаммадризо Шаҷариён, ш. Душанбе, 30-уми опрели 1990

Таҳияи профессор Аскаралӣ РАҶАБОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь