Маъмулан, доир ба шахсиятҳои фидокори миллӣ хеле кам менависему мегӯем, ҳол он ки муаррифии боиставу шоистаи чеҳраҳои матраҳи илму фарҳанги миллӣ вазифаву рисолати мост. Хушбахтона, бо насли миёнсоли донишмандону зиёиёни фидокори миллӣ бо шумули Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобиддин, Абдусабур Озод, Усмон Камолиён, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифзода, Меҳр Собириён ва дигарон ошно ҳастам ва аз ҳузури эшон дар суҳбату нишастҳои илмию фалсафӣ зиёд баҳраҳо бурдаам. Яке аз дӯстони фарзонаи банда, ки дар борааш, воқеан, мебояд китобу ёддоштҳо навишт, Нуриддин Шаҳобиддин аст.

Нуриддин ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии муосири миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди бозсозии фикрӣ, нақди мунсифонаи фалсафӣ, нигариши илмӣ ва ҳувиятсозии миллӣ гомҳои устувор бармедорад. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии ӯ дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ мавсуфро миёни ҷомеаи маданӣ, муҳити донишгоҳӣ ва фаъолони иҷтимоӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст. Афзун бар ин, Нуриддин аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳои ватание маҳсуб меёбад, ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Грайсфалди Олмон таҳсил намуда, рисолаи доктор (Phd)-ро дар мавзуи “Зардушти таърихӣ ва Зартушти Ничше” ба забони олмонӣ сарбаландона дифоъ намуда, дараҷаи илмии дуктури фалсафаро дарёфт кардааст (соли 2010).  Пас аз муддате бо тавзеҳу иловаҳо рисолаи мазкурро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор дод (ниг.: Шаҳобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихӣ (Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин). -Душанбе: Дониш, 2015. -235 с.). Таҳқиқоти илмие, ки Нуриддини Шаҳобиддин дар Олмон дар робита бо шахсияти Зардушт ва таъсири андешаю афкори ӯ ба симоҳои дараҷаи аввали фалсафаи урупоӣ, минҷумла Нитше анҷом додааст, кори илмии аллома Иқболи Лоҳурӣ (манзур рисолаи илмии “Сайри фалсафа дар Эрон” аст)-ро, ки ибтидои садаи бист анҷом дода буд, ба хотир меоварад. Гузашта аз ин, назарот ва матолиби ҷиддии фалсафии Нуриддин дар ду монографияи ахирӣ (таваҷҷуҳ шавад ба монографияҳои илмии: Шаҳобуддинов  Нуриддин.  Дар  сапедадами  озодандешӣ. -Душанбе, 2018. -288 c.; Шаҳобуддинов  Нуриддин.  Метафизикаи Ибни Сино. -Душанбе, 2020. -252 саҳ.) инъикос ёфтаанд, ки аз густурдагии андеша, фарохии дид ва мавқеъгириҳои вежаи миллӣ ва фалсафии вай дар қиболи мушкилоти фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ дарак медиҳанд.

Нуриддин маҳсули омӯзишҳо, мутолеаҳо, андӯхтаҳо ва таҷрибаҳояшро дар қолиби матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир сохта, пайваста мекӯшад, ки бар мабнои донишҳои фалсафӣ ва дидгоҳи илмӣ ишколу муаммо ва уқдаву костиҳои фикрию равонӣ ва ҳувиятию фарҳангии моро решашиносӣ намуда, роҳҳалҳое дар ин замина пешниҳод намояд. Аз сӯйи дигар, Нуриддин, ки дар ҳавзаҳои илмӣ-фалсафии урурпоӣ таҷриба андӯхтааст, талош меварзад, ки равобити илмию фалсафӣ бо донишмандону файласуфони урупоӣ  таҳкиму тақвият ёфта, майдони мабоҳиси фалсафӣ бо ҳузури файласуфони муосири ватанию хориҷӣ густурда гардад. Барои татбиқи ин гуна иқдом, дӯсти донишманди мо Нуриддин Шаҳобиддин профессори Донишгоҳи Грайфсвалди Олмон Вернер Штегмайерро, ки аз ҷумлаи файласуфон ва ничашиносони маъруфи ғарбӣ ба шумор меравад, ба Тоҷикистон даъват кард ва 16 июни соли 2017 профессори олмонӣ дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи маҳфили вежаи илмӣ-ихтисосӣ сари мавзуи “Пиёдасозии фалсафаи ориентатсия аз ҷониби Фридрих Нитше” гузориши ҷолиби илмӣ ироа кард. Гузориши илмии профессор Штегмайерро, ки ҳудуди зиёда аз 40 дақиқа идома ёфт, Нуриддин Шаҳобиддин ба забони тоҷикӣ дар сатҳи баланди илмӣ тарҷума кард.

Дарвоқеъ, дӯсти донишманди мо Нуриддин Шаҳобиддин аз ҷумлаи файласуфони ангуштшумори миллист, ки даҳсолаҳои ахир дар фазои илмию фаннӣ ва фалсафию мадании тоҷик ҷавлон мекунад. Талошу ибтикороти Нуриддин Шаҳобиддин дар заминаи ҳадафгузинӣ, мавқеъгирӣ, наққодӣ, ояндабинӣ ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурустҳисобӣ қобили таҳсину офаринанд.  Мақола ва матолибе, ки то ин замон аз Нуриддин интишор шудаанд, ба муҳимтарин мавзуъ ва масоили фикрию ҳувиятӣ ихтисос ёфтаанд ва файласуф бо такя ба донишҳои илмӣ ва тасаллут дар фалсафаи имрӯзи ғарбӣ фарҳангу маънавиёти моро ба лиҳози илмӣ-ихтисосӣ ба истилоҳ, ташхису ревизияи мунсифонаи ихтисосӣ мекунад. Ба ин тартиб, Нуриддин ба ташхису ревизияи ихтисосӣ костиҳои фарҳангу маънавиёти мо, ки дар бисёр маворид боиси заъфу инҳитоти фикрию маърифатию ҳувиятию ахлоқиамон тули таърих гардида, аз ҳар ҷиҳат роҳи пешрафту таҳаввулотро боздоштаанд, на аз рӯйи ҳавою ҳавас, балки аз рӯйи ҳадафи мушаххаси миллӣ ва самтгирию ориентатсия-ояндабинии илмӣ даст мезанад. Бинобар ин, он чи ки дар қолиби матолиби фейсбукии файласуф бо шумули “Замини корамнашуда”, “Ҳузури беҳузури мо дар равандҳои ҷаҳони муосир”, “Дар лобалои андешаҳо”, “Ситорае дар тирашаби зеҳниятҳо” ва амсоли инҳо рехта шудааст, маҳсули андеша, назар, дидгоҳ, ҷаҳоншиносӣ ва назарияпардозиҳои мунҳасир ба фарди Нуриддин дар қиболи мушкилот, муаммо, уқда ва костиҳои фикрию ҳувиятию зеҳнии мост.

Нуриддин Шаҳобиддин тамоми таҳаввулоту пешравию тараққиётро ба вуҷуду ҳузуру нуфузи озодандешони воқеӣ (на дурӯғин) ва ибтикороти созандаи зиёиёну рӯшангарони миллӣ иртибот медиҳад. Нуриддин ин воқеиятро гӯшзад мекунад, ки маҳз ҳаракати озодандешии урупоӣ ва маорифпарварии фаронсавӣ дунёи Ғарбро тағйир дода, роҳро барои рушду тараққиёти минбаъдаи башарӣ ҳамвор намуд. Дигар ин ки Нуриддин меъёрҳои шинохти шахсияту ҳайсият ва ибтикороти шахси озодандешро дақиқ карда, дар ин замина изҳор медорад: “Озодандеш, оне ки масъулияти андеша кардан дар мавриди сарнавишти миллатро дар сар дорад, ҳамон вақт асолатнокии худро нишон медиҳад, ки агар сари андешаҳо ва арзишҳои воло андеша намояд ва дар муносибат бо онҳо тасмимгирӣ намояд. Агар “озодандеш” ба тафсири воқеаҳо мепардозад ва бо фактҳои таърихӣ худро машғул медорад, он гоҳ ӯ аз бемоягии худ дарак медиҳад. Таваҷҷуҳи ҳамаи озодандешони боасолати башариро дар ҳар давр маҳз идея ва арзишҳои воло ба худ ҷалб намудааст ва, ба ибораи дигар, онҳо ҳамеша бо таърихи фикри башар сару кор гирифтаанд, на бо таърихи хушки воқеаҳо” (ниг.: Шаҳобиддин, Нуриддин. Озодандешии фаронсавӣ ва озодандешии тоҷикӣ – манбаъ: https://khovar.tj/2019/02/vopasgaroyon-fajlasufi-marufi-to-ik-nuriddin-sha-obiddinov-hudro-bosmach-nomidani-iddae-az-ozodandeshon-ro-i-domi-asrimiyonag-a-idai-bemorgunai-din-tangnazar-taassub-bemoyag-va-benavogii-andesha-meno/).

Ҳамин тариқ, дӯст ва шарикдарси донишгоҳии мо Нуриддин Шаҳобиддин (бо Нуриддин Шаҳобиддин ифтихори ҳамсабақӣ дорам ва ҳангоми таҳсилоти донишгоҳӣ аз дастгирию кумакҳои зиёди ин дӯсти беғараз файзёб гардидаам ва як умр аз эшон миннатдорам) файласуфи миллиест, ки сари мушкилоти миллӣ ва решашиносии уқдаву печидагиҳои фикрию равонӣ ва ҳувиятию фарҳангии ҷомеаи тоҷик тамаркуз мекунад ва барои раҳоӣ аз қайдубанди хурофазадагӣ, таассубварзӣ, ҷаҳолатписандӣ, ифротгаройӣ, тундравӣ, хушкандешӣ, буҳувиятӣ, бегонапарастӣ ва худбохтагӣ, ки асрҳои аср миллатро аз масири донишу огоҳӣ ва рушду тараққӣ боздоштаанд, ҷаҳду талоши фаровон меварзад. Мутаассифона, кам касоне аз ҷумлаи зиёиёну донишмандон ба матолиби Нуриддин таваҷҷуҳ мекунанд ва фаразан, агар таваҷҷуҳ ҳам намоянд, назароташро ё нодида мегиранд ва ё дидаву дониста аз баҳси созанда канор мекашанд ва худро чун бетараф ба намоиш мегузоранд, то ин ки аз радди маърака шудан эмин бимонанд. Чун Нуриддин ҷасурона бо мушкилот ва арзишҳои таҳмилӣ бархурди ошкорои ҳирфаӣ мекунад, ногузир эътирозоти тунди гурӯҳҳои мутаассибу хурофотию фурсатталабро, ки лаҳза ба лаҳза шуморашон меафзояд, ба бор меоварад. Аксари зиёиён бо вазъ хӯ гирифтаанд ва сукуту хомӯширо дар баробари мавҷи чолишҳои фикрию ҳувиятӣ авло медонанд. Қисмати дигари зиёиён побанди хурофотанд ва масоилу муаммоҳои рӯгорро дар асоси хурофадовариҳо арзёбӣ менамоянд. Мунтаҳо, ин аст воқеияти талхи мо, ки бо он ҳамагӣ хӯ гирифта, ин тарзи зиндагӣ ва шеваи тафаккурро интихоб карда, аз он мисли ин ки розием.

Дар зимн, бетарафию тамошобинӣ солҳост, ки дигар ба кори рӯзмарраи артиши бузурги  донишмандону зиёиёни мо табдил ёфтааст, то ҷое ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ду мулоқоти ахирӣ (мулоқоти 9 март бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва дидори 30 май бо аҳли илм ва маорифи кишвар) ба ин падидаи номатлуби ахлоқӣ – бетарафию тамошобинии аҳли зиё махсус таваҷҷуҳ намуда, аз қишри зиёии мамлакат бо шумули олимон, донишмандон, муҳаққиқон, омӯзгорон, шоирон, нависандагон, адибон ва амсоли инҳо давъват карданд, ки бетараф набошанд ва дар баробари ҳассосиёти замон ва ташаннуҷи хурофазадагию хушкандешӣ сукут наварзида, барои сохтмони ҷомеаи донишбунёду хирадмеҳвари миллӣ аз тамоми имконоти эҷодию фикрӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ истифода бубаранд. Албатта, донишмандону зиёиёни ватание дар симои Ҷамолиддин Саидзода, Комил Бекзода, Исомиддин Шарифзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Номвар Қурбон, Меҳрдод Субҳонӣ, Фирдавс Ниёзӣ, Беҳрӯзи Забеҳулло, Меҳр Собириён, Зоҳири Сайфулло, Фирдавси Мадё, Рустами Нур ва дигарон дорем, ки на танҳо ба сарнавишти миллат бетараф нестанд, балки барои боло бурдани сатҳи бедории фикрӣ ва худогоҳию хештаншиносӣ пайваста талош меварзанд. Кош, сафи ин гуна шахсиятҳо аз ҳисоби артиши бузурги зиёиёни ватанӣ афзояд ва хирадмандию фарзонагӣ меъёри зиндагии миллӣ қарор бигирад. Табиист, ки хирадмандию фарзонагӣ ба мо зарфияту қудрат мебахшад ва давоми моро дар ин кашмакашҳою бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ таъмин месозад. Ба қавли шоир:

Пас, хирадмандӣ бувад моро давом,

Миллат аз фарзонагӣ ёбад мақом.

Хулоса, нигоришот ва ибтикороту иқдомоти Нуриддин дар заминаи бедории фикрӣ ва боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ ҳадафмандона ҳамчунон идома доранд ва ростӣ, мо-дӯстон аз вуҷуду ҳузури фаъоли ин шахсияти батамом миллию фалсафӣ ифтихор мекунем.

Нозим Нурзода, пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь