Вақте ҳунари эҷодкорӣ ва шунаванда, қабули аввалини мусиқӣ мафҳуми консептуалӣ ва бадеӣ доранд, яъне ҳеч сароянда то ба ин сабк иҷро намудану ба ин сатҳ нарасонидааст. Воқеист, ки дар ҳунари эҷодию иҷроӣ ва иҷрои фардии боҳунарона як имзои беназире вуҷуд дорад. Ин ҳунар бояд саршор аз санъати асил, услуб ва равия, дар тағйироти сохти ҷамъиятӣ, диди зебоӣ, бадеӣ ва фурӯнишонии фанатизми динӣ  таъсиргузор бошад.

Санъати шеър набояд ба василаҳои сиёсӣ ҷудо шавад, балки арзишҳо ва зарфиятҳои санъати асилро инъикос намояд. Ҳамин эътимодмандӣ ва қобилияти ҳунармандони навовару дорои сабки хос, рангорангии эҷоду иҷро ва шеворо рӯи саҳна меоваранд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки толори классикӣ саршор аз ифодаҳои беназири бадеию  асари намоишӣ гувоҳӣ медиҳад, яъне дар баробари он санъати эҷодию иҷроии тоҷик ва  мардумони Осиёи Марказӣ саршор аз вижагиҳои муассири бадеӣ аст.

Аз қадимулайём эҷодкорони бузургу баном осорашон ба ду, се ва зиёда миллатҳо тааллуқдошта, аз ҷумла бо офаридаву маҳораташон дар  мусиқӣ ва санъати саҳнавии кишварҳои Авруосиё рӯи саҳна омада, шуҳратёр шудаанд.

Саёд-Навои бузург ва нотакрор (Арутин Саядян, 1712-1795)- сарояндаи халқҳои арман, Озарӣ ва гурҷӣ ҳамчун чеҳраи шинохта ва эътироф шуда аст. Ӯ дорои истеъдоди нотакрори эҷодию иҷроӣ, дар жанрҳои гуногуни  шеър ба ин забонҳо асарҳои нодир офаридааст.

Ё худ сарояндаи нотакрор Ботир Зокиров (1936-1985), ки бо истеъдоди шевои худ ном баровардааст, зиёда аз даҳ таронаҳои миллӣ, композиторон Мутал Бурҳонов, Сайфӣ Ҷалилро дар жанрҳои мураккаби мусиқии Осиё ва Аврупо иҷро кардааст.

Ба назари ман, Ҷӯрабек Муродов бо барномаи ғании эҷодию иҷроии байналмилалӣ ва тафсирҳои хоси худ дар радифи ин ҳунармандон қарор дорад. Суруди ӯ «Ман фарзанди ду халқ» аз рӯи анъанаи вайроннашавандаи ширу шакар, силсилаи сурудҳо ва оҳанг аз ӯзбекӣ эҷоду иҷро кардааст. Ӯ ҳамчун шаҳрванди фахрии шаҳрҳои бонуфузи Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Нурато, бо консертҳои муваффақи худ дар Ӯзбекистон дар қалби шунаванда-мардум ҷо гирифтааст. Сабаби ин маҳбубият дар он аст, ки Ҷӯрабек Муродов фаъолияти ҳунарии худро ҳамчун сароянда дар нимаи дуюми солҳои 50-и асри гузашта, махсусан, ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд) оғоз кардааст.

Баъдтар ӯ бо сарояндаи пуровозаи ӯзбек Таваккал Қодиров (1926-1996) шинос шуд. Сониян Ҷӯрабек Муродов бевосита аз шогирдони вафодори Таваккал Қодиров гардид. Ҳамкории ӯро бо ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Таваккал Қодиров, профессор Султоналӣ Маннопов дар суҳбат бо Ҷӯрабек навишта: “Вақте, ки ман дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил мекардам, устодам ба гастролҳои зиёд меомаданд. Ман консертҳояшонро бесаброна интизор будам. Мо баъзан бо дӯстон чипта харида наметавонистем. Ҳар ҷое, ки дар толор менишастам, қаламу дафтар бо худ гирифта, номи сурудҳоеро, ки хондаанд, менавиштам.

Вақте, ки устод суруд мехонд, тамошобинонро мафтун мекард. Азбаски ман низ мухлис будам, сурудҳои устодро барои худ менавиштам. Пас аз консерт ман  интизор шуда,  назди дар меистодам. Рӯзе, ки дасти устодро даст гирифтам, аз ман хушбахттар касе набуд. Баъзан назди оина истода худамро дар саҳна мисли устод (Таваккал) рафтор кардан, бо табассум ба тарафи тамошобинон суруд хонданро машқ мекардам. Баъдтар мо устоду шогирд шудем.

Ман  сурудҳои устодро иҷро кардаам ва одобу муоширатро аз санъаташон омӯхтам, маслиҳатҳо гирифтаам. Ин суҳбатҳо то охири умри устод идома ёфтанд. Замоне, ки (13-уми апрели соли 1986) вафот карданд, баъди чанд рӯз ба Фарғона омадам ва соатҳо дар хонаашон нишаста гиряву фотиҳа кардам. Хотирашонро ҳамеша дар ёд дорам. Устод Таваккал Қодиров дар ҳақиқат як санъаткори ивазнашаванда ва азиз аст…”.

Суоле пеш меояд, ки чаро Ҷӯрабек Муродов, ҳофизи ӯзбек Таваккал Қодировро устоди бевоситаи худ қабул кард? Ба назари ман, овоз, тембр, диапазони васеъ ва репертуари сароянда, ки дар тӯли эҷодиёти худ азхуд кардааст, аз мавҷудияти падидаҳои умумияти эҷодию иҷроии мусиқӣ аст.

Бояд гуфт, ки дар замони шӯравӣ дар “барномаҳои консертӣ” тавсияшавандаи “аз боло”, ки на шеваи иҷрои онҳо, ҷаҳонбинию тафаккури озодашон, матни шоирони интихоб кардаашон сурат мегирифт, лекин гоҳо ҳам мешуд, ки онҳо бештар аз назми халқӣ таронаю сурудҳои худро дар байни омма бидуни биме тарғиб мекарданд.

Махсусан, ба шунавандагони ӯзбеку тоҷик, аз қабили «Ӯшайди-ку», «Шунчамидӣ?»,”Тановор”, «Гуллола», “Фарғона тонг отгунча”, «Ёр десам»-и Таваккал Қодиров, «Дилбараш», “Ману парвона”,“Илтимос”, «Ишқи ҷонон»,”Ду халқам”, «Мушкил аст», “Дилписанд”, «Гули садбарг»-и Ҷӯрабек Муродов писанду маҳбубият доштанд ва ин таснифоти дилчасп аст, ки ба дили  шунавандагони  ӯзбеку тоҷик ҳар ду халқ роҳ ёфтаанд.

Гузашта аз ин, дар барномаи иҷроии Таваккал Қодиров ва Ҷӯрабек Муродов дар баробари таронаҳои  тоҷикию ӯзбекӣ, аз ҷумла таронаҳои ҳамешапазирандаи «Тановор», «Муноҷот», таснифоти сарояндаю бастакорони номӣ Содирхон Бобошариф (1847-1931) «Ушшоқи Содирхон», Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасул (1852-1936) «Ушшоқи Самарқанд», «Бозургонӣ», «Ферӯз»-и Муҳаммад Раҳимхони Сонӣ-Ферӯз (1845-1910) мавқеи хоса касб кардаанд.

Пайдост, ки ин сарояндагон бо таронаҳои рангомезу ниҳодан равону мусиқивори халқӣ, асарҳои бар пояи мусиқии устодонаю мураккабтаркибро (мақомӣ-классикӣ) дарбар мегиранд, басо рангомезу тароватбахш иҷро намуда ва ин таснифот ба ин равиши мусиқивору пазирандаи иҷроӣ кам андар кам дар ин сатҳ иҷро мешаванд.

Дар маҷмӯ метавон гуфт, ки устод Таваккал Қодиров ва шогирди содиқаш Ҷӯрабек Муродов, бешак, устод, сарояндаи дорои сабки хосу нотакроранд ва дар навбати худ инсони камназиранд.

Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон бисёриҳо аз консертҳои Ҷӯрабек Муродов дар кишвари мо бо як эҳтиром ба санъати баланди иҷроияш ҳамеша ба забон меоранду ёд мекунанд, ҳар сурудашро мунтазиранд. Шабакаҳои телевизионии маъруфи  Ӯзбекистон “Маҳалла”,”Севимли” ва ғайра пайваста намоишҳои овозхонро дар силсилаи “Сурудҳои умрбод”, “Мусиқий гулдастаси”пахш мекунанд.

Хушбахтона, вақте, ки бо Ҷӯрабек дар зиёрати маҷмааи марқади Баҳоуддини Нақшбанд дар як суҳбати кӯтоҳ вохӯрдам, шоҳиди он будам, ки ин сарояндаи маҳбуби халқҳои мо чӣ қадар хоксор ва таҳаммулманд аст.

Устод Ҷӯрабек Муродов классик, сарояндаи пурҳунар зиёда аз ним аср аст, ки бо таронаҳои махмалин ва аҷибаш дилу дидаи мардумро пок месозад. Зиёда аз ним аср аст, ки садо, маҳорати нотакрории иҷроии ӯ тасвиргари мероси баргузидаи шеъру мусиқии тоҷику ӯзбекро на фақат дар мамолики Осиёи Марказӣ ва берун аз он манзури шунавандагон менамояд. Сарояндаи камназир устод Ҷӯрабек бо ганҷҳои қадимӣ ва умумибашарии адабиёту санъати тоҷику ӯзбек иртиботи зеҳнӣ дорад.

Фаъолияти эҷодию иҷроии сарояндаи классик аз ду сарчашмаи ғании адабию бадеӣ оғоз мегирад, ки яке аз истифодаи эҷодии ашъори классикӣ ва мероси фарҳангии мардумӣ, дигаре — такяҳои эҷодӣ ба мероси мусиқии касбӣ ва мардумӣ мебошад. Устод Ҷӯрабек сарояндаи классику боҳунар, эҷодкор ва иҷрокунанда, устоди анъанаҳои устодонаи эҷодию иҷроии дирӯзу имрӯзи хеш мебошад.

Устод-сароянда намунаи ҷустуҷӯи эҷодии шоирони тоҷику ӯзбек барои баёну иҷрои хуб буда, бо диди баланди сарояндагӣ ва фазои бадеию эстетикӣ ҳамсону пайваста аст (Таваккал Кодиров ва дигаронро дар фаъолияти хеш ба таснифи эҷодии тасрифи мавзӯӣ таваҷҷуҳи хоса  намудааст).

Санъати Ҷӯрабек дар  ҳунари иҷроӣ як санъати табиии боҳунарона аст. Агар ба рангорангӣ ва тавоноии ин шеваи иҷроиш дар санъати мусиқии садаҳои XIX ва ибтидои садаи бистум такя кунем, масалан, шоҳасарҳои устоди маъруфи мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850-1936) «Гулузорам», “Бозургонӣ” дар иҷрои сарояндагони бисёре ба иҷро расида, аммо дар сабки иҷроии бисёре аз сарояндаҳои тоҷик ҷанбаҳои дохилии равонӣ ва бадеии асарҳо (бо ашъори тоҷикӣ) ба таври гуногуни мусиқӣ иҷро шудаанд. Дар иҷрои ин асарҳо дар санъати эҷодӣ ва иҷроии Ӯзбекистон ҳам сарояндаҳои касбӣ ва ҳам овозхонҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ карданд. Аммо кори ҳунарии Ҷӯрабек саршор аз кайфияти хоси мусиқианд.

Вазифаи ҳар як ҳунарманд ин аст, ки тавассути рушди бадеии осори босифат арзишҳои абадиро эҳё ва ба ҷомеа боҳунарона муаррифӣ намояд. Ҳифз ва рушди идомаи таърихии мероси маънавӣ танҳо тавассути фаъолияти пайвастаи ҳунармандони боистеъдод ва масъулиятшинос имконпазир мегардад.

Донишу омӯзиш, фарҳанг, шеъру мусиқӣ беҳтарин осори тахайюлот ва бадеӣ ҳастанд — ин ҳама барои зуҳури арзишҳои бадеию зебоишиносӣ  басо заруранд. Умед аст, ки дар ин самт мавқеи ин устоди мусиқӣ, эътибори шоистаи эҷодию иҷроияш боз ҳам равшантар мегардад.

Ҷӯрабек дар дарси маҳорат, фаъолияти эҷодию  иҷроии боҳунаронааш ин нуктаи муҳимро барои рушди мусиқӣ хеле боарзиш медонад ва ин паҳлӯи санъати иҷроии ӯро бояд мунаққидони тахассусманду воқеъбини мусиқӣ ва адабиёт таҳқиқу илман асосманд намоянд ва ин арзишҳои хосу муҳими овозу маҳораташро дар ҷамъият равшан намоянд.

Устод Ҷӯрабек аз равшантарин ситораҳои санъати иҷроии тоҷик дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI мебошад. Агар ба санъати иҷроии устод Ҷӯрабек бодиққат назар афканем, бояд онро бо услуби иҷрои устодони пешқадами санъатамон дар муқоиса таҳқиқ намоем.

Агар рассом асар эҷод карданӣ бошад, бояд ба тамошобинон ҳадафи худро фаҳмонад ва агар таҷрибаи нав ё тарзи нави пешниҳоди мусиқиро дар фазои фарҳангӣ пешниҳод карданӣ бошад, кораш бояд равшан бошад. Ба ин маънӣ метавон ба чунин натиҷа расид, ки дар санъати мусиқӣ синфхона-мактаби иҷроии пурбори Ҷӯрабек эътирофшуда аст ва ин вижагиҳои рангомези иҷроии ӯро низ бояд шинохту омӯхт.

Устод Ҷӯрабек дар тӯли фаъолияти худ шоҳиди таҳаввулоти сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, дар бисёре аз ҷашнвораҳои бузурги ҳунарӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи кишвар ширкат варзида, намояндаи хушбину тарғибгари босуботи арзишҳои фарҳангии миллист. Зимни ин устоди мусиқии халқҳои (тоҷику ӯзбек) мо чун меросбар ба манфиати фарҳанг содиқ монда ва дар радифи ситораҳои дурахшону бонуфузи Шарқу Ғарб шомил шуда  аст. Аз ин нуктаи назар устод Ҷӯрабек санъаткори беназири фазои санъати сарояндагии олишони имрӯзи мо аст.

Тӯхтасин Ғафурбеков,

профессори  Консерватоияи давлатии Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here