«Ман Ато Ҳамдам, дар оила як фарзанд будам. Атои Худовандӣ барои волидайнам ва ҳамдами ягонаи онҳо. Ва ҳамчунин бояд ҳамдаму ҳамнафаси зиндагӣ мешудам… Ин, албатта, осон набуд».

Навогарӣ ва суханварӣ

Ато Ҳамдам шӯъбаи навогарии омӯзишгоҳи касбиро хатм намуд.

Баробари ин дарёфта буд, сухан ҳам навост ва суханварӣ бошад навогариро бимонад.

Балки бо сухан он чизҳоеро ифода кардан мумкин, ки бо ягон чизи дигар имкон надорад.

Аз ин боис риштаи суханшиносӣ ва суханофарии Донишгоҳи олиро низ хатм намуд. Суханвар шуд, ки андар сухан низ ҳиссу наво омезиш хӯрдааст.

Ва баъди суханвар шуданаш чӣ рӯй дода буд?

Дар китоби мусоҳибаҳои «Гули ишқ ва зодаи ишқ» Хуршеди Атовулло аз забони Ато Ҳамдам чунин омадааст:

«Баъд чун 28 сол доштам, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») таъин карданд. Рӯи аввал ҳамаро ба дафтари кориам даъват намуда, гуфтам: «Бо ҳукми тақдир аз имрӯз иборат ҳамроҳ кор карданамон лозим мешавад. Бароям андешаи он, ки «ман роҳбар ҳастам» бегона. Яъне баробари Шумо ҳастам ва барои он омадам, ки аз Шумо биомӯзам ва Шумо низ, гар зарур бидонед, чизе аз ман бигиред…» Баъдан донишҷӯён ва журналистони баистеъдоди ҷавонро низ ба идораи рӯзнома ба кор даъват намудам, ба мисли Қиронбек Шарифзода, Сайидалӣ Сиддиқов, Мардони Муҳаммад, Ато Мирхоҷа, Салими Айбзод, сипас Додоҷони Атовулло, Низоми Қосим, Абдуфаттоҳ Воҳидовро…

Обуначиёни мо то 150 ҳазор расиданд ва рӯзнома барои фурӯш ҳам мебаромад, яъне ададаш қариб 200 ҳазор буд, ки чунин теъдодро ягон бор ягон рӯзномаи ҷумҳур надошта…

Сипас маро ба Кумитаи Марказӣ даъват намуда, рӯирост изҳор намуданд: «Шумо ҳуқуқ надоред аз рӯзномаҳои асосии ҳизбии ҷумҳурӣ мисли «Тоҷикистони Советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Совет Тожикистони» зиёдтар чоп кунед».

Намедонам ин супориши шахсии котиби якуми Кумитаи Марказӣ буд, ё каси дигар, ки дар шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи Кумитаи Марказӣ гуфтанд: «бача аз ҳад нагузар!»

Ва таъкид намуданд: «Медонем, имрӯз шумо ҷасурона фаъолият доред, лек обунаи рӯзномаатон зиёд шуда истодааст. Обунаи рӯзномаи Шумо аз ҳамон андозае, ки Кумитаи Марказии мо муайян кардааст, бояд нагзарад». Хуллас, гар лаҷоми моро намекашиданд, теъдоди чопи рӯзнома, бе ягон шаку шубҳа ба 300 ҳазор мерасид…

Лек, он солҳоро ёд меоварем, ки аз ҳисоби даромади рӯзномаи мо дигар рӯзномаҳо фаъолияту зиндагӣ мекарданд, аз қабили «Коммунист Таджикистана», «Комсомолетс Таджикистана». Лек ба мо имкон намедоданд маблағҳои рӯзномаи худамонро ягон зарра истифода барем».

«Баробари ин, бояд таъкид кард: мо медонистем: дигар бо тарзи даҳ-понздаҳ соли пеш фаъолият кардан мумкин нест ва тарзи нави корбариро аз бар намуданамон лозим меояд… Ва ҳамин тавр низ кардем ва ман ҳамчун сармуҳаррир ин масъулиятро ба дӯш гирифтам, дар натиҷа рӯзномаи мо дар ҷумҳурӣ асосӣ мегардид…»

Фақат сармуҳаррири суханвар бо журналистони дақиқназари суханофар рӯзномаро ба ин поя ва ба ин дараҷа бароварда метавонистанд…

Албат дар соҳаи суханварӣ ва суханофарӣ роҳбарӣ кардан осон нест ва мушкила ва гиреҳҳои зиёду пурпечи худашро дорад.

Вале дами роҳбари нашриёти «Адиб» таъин гаштани Ато Ҳамдам коре шуд, ки то ҳанӯз ба чашм нарасида буд. Яъне соле то як миллион сум барои чопи китобҳо ҷудо мешуд аз ҷониби давлату ҳукумат.

Ато Ҳамдам, ки ҳашт сол дар бару паҳлуи сарвари давлат, дар идораи иҷроияи раиси кишвар кору фаъолият карда буд ва мушовири калон маҳсуб мешуд, доири афзудани чопи китобҳо бо худи сарвари кишвар дар машварату маслиҳат мешуд ва таваҷҷӯҳи хосаи роҳбари давлатро ба осори эҷодкорон эҳсос менамуд ва такя ба ин амалҳое анҷом медод ва нақшаҳое ба пеш мегузошт.

Акнун нашриёти «Адиб», ки вай сарвараш буд, соле то сад китоб ба нашр мерасонд ва ин давраи аз ҳама шукуфои чопи китобҳо ва давраи нумӯи чашмрасу дигари адабиёти тоҷик буд.

Ато Ҳамдам ҳамчун сарвари нашриёт ба коллективе, ки амсоли ҳайати эҷодии «Комсомоли Тоҷикистон» сохта шуд, такя менамуд ва хосатан ба муовини худ доир ба чопи китобҳо Фарҳоди Карим, ки ҷавонмарди талошгар, чораҷӯй, мушкилкушо, пешрав ва роҳкушо буд…

Бояд, акнун, тазаккур дод: баъди аз сарварии нашриёти «Адиб» ба кори дигар гузаштани Ато Ҳамдам ва муовини ӯ Фарҳоди Карим чопи китобҳо камаш даҳ баробар кам гардиданд, ки ин боиси таассуфи зиёд аст…

Чеҳраҷӯӣ

Ато Ҳамдам на танҳо эҷодгарӣ мекард, балки чеҳраҷӯӣ низ дошт.

Ва ин ба чӣ маънӣ буд.

Барои ба асли ин расидан аввал як далели таърихиро ёдовар мешавем.

Яъне вақте ки муҳаққиқу тасвиргару чеҳрасоз ва антрополог-ҳайкалтарош ва Сант –Питербург, яъне Герасимов Михайил Михайлович аз рӯи устухон ва косахонаи баъди 1100 сол ёфташудае симои як азизи миллати тоҷикро сохтан ва барқарор кардан мехост, ҳама дар хайрат буданду мунтазирӣ мекашиданд.

Аз хираду дарку илму истеъдоди Герасимов чеҳраи аслии Одам-уш-шуаро, яъне Абӯабдуллои Рӯдакӣ – сардафтари адабиёти оламгири форсу тоҷик эҳё гардида буд.

Ин ҳангома ва хушҳолии беҳаде шуд барои миллат.

Яъне бузургвори мо чи чеҳраи асл дошт, ки тавонем дид. Ва он бошад чеҳраи бузурги миллат, чеҳраи қадими вай ба шумор мерафт.

Баробари ин ёдовар мешавем, то ин замон аз бузургони таърихи чандҳазорсолаи мо сурате, тасвире, ё андому чеҳрае то замони мо нарасида, ғайри чеҳраю андоми чанд нафари башумору каме.

Аммо чӣ қадар мехостем чеҳраи бузургони давлатдор, уламои ҷаҳоншинохта, қахрамонони батадбиру ройи миллатро бештар бубинем, то аз ҳашамашон ҳашаме ёфта бошем ва хотирамон нурбора ва ҷасорату нерӯямон афзуда бигардад. Хоса чеҳраи ҷасоратмардони миллӣ чӣ қадар зарур буданд барои эминии мо, барои ҳиси дифогарӣ ва эҳсоси ҳуҷумгарии моро барафзудан… Яъне мисли чеҳраҳои аслии Спитамон, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик…

Масалан ҳамон Спитамони диловару номвар…  Спитамон, ки вайро Искандари Мақдун дар ҷасорату ҳунару айёрии (тактикаю стратегияи) ҳарбӣ баробари худ медониста ва таъкид менамуд: баъзан аз ин ҷиҳатҳо пешвои суғдон аз ман ҳам мегузарад, фақат шумори лашкараш аз лашкари ман басо кам аст, вале дар ин ҳолат низ зуд-зуд зарба мезанад ба артиши ман.

Искандар ҳамеша чеҳраи ҷасур ва фаттоҳу зираки ин пешвои суғдонро аз наздик дидан мехост…

Баъд замоне расид, ки чанд ҳамқавму ҳаммиллати ҷинояткору хиёнаткори худи ҳамин Спитамон сари варо бурида, барои рақибон оварданд.

Искандари Мақдун ба он нигариста, фармон дода буд: «Аз рӯи чеҳраи Спитамон чеҳраи асли ӯро рӯбадор бикунед, яъне қолаб бигиред. Якто неву чанд қолаб бигиред».

Искандар ақида дошт чеҳраи чунин инсон ба оянда бояд расад, хосатан ояндаҳои дуртаре.

Яке аз чунин қолабчеҳраи Спитамонро ба ватанаш Мақдун низ фиристода буд, то бубинед чӣ каси пурдилу ҷасуроратманд маро аз басе пешравиҳои маро борҳо монеъ шуда.

Чунин буд дар таърих.

Баъдан аз асари тӯфону гидбоду бозиҳои пурпечи таърихи чандҳазорсола дар Мовароуннаҳр, яъне Осиёи Миёна қолаб-чеҳраҳои Спитамон нопадиду гум шуданд.

Пас наход дидани чеҳраи асли он ҷасурмарди миллат, яъне Спитамони диловар дигар насиби тоҷикон нашавад?

Ҳамин афсусу дареғ ҳамеша вуҷуди моро чангол мезад.

Ато Ҳамдамро низ беқарор медошт, хосатан даме ки бо нависанда Леонид Чигрин доири Спитамон асари бадеӣ-таърихӣ ба миён оварданӣ мешуданд.

Ин андеша, дар ниҳоят Ато Ҳамдамро то Македонияи қадим бурд, яъне то зодгоҳи Искандари Мақдун.

Дар басо мавзеъҳои таърихӣ ва осорхонаҳои ин ҷо даробаро карда.

Ҳанӯз касе намедонист, дарёфти чеҳраи қаҳрамони номвари миллат маҳз ба ҳамин Ато Ҳамдами тоҷик муяссар мешавад.

Яъне яке аз ҳамон қолабчеҳраҳо дарёфта шуд, ки бо фармудаи худи Искандари Мақдун амалӣ гардида, баъдан аз Суғдзамин ба он ҷо фиристода шуда.

Ин аз беҳтарин ва саратарин бозёфтҳои хотирмон гардид. Балки бозёфти муқаддасе буд.

Ва ин бозёфт дар кишвари мо бояд ба сархати ҳама хабарҳо ва сарнамоиши ҳама намоишҳо қарор мегирифт.

Вале ҳоло низ ин бозёфтро ба пуррагӣ халқи мо фарогир нагаштааст ва то ҳади даркорӣ ташвиқ накарда ва пайкарасозон ва тасвиргаронаш онро ҳанӯз онро таҷассум насохта, аз рӯяш расмҳо ва пайкараҳо насохтаанд.

Ин ҳамаро, албат ба виҷдону фаҳму дарки ҳаммиллатон мегузорем, вале баробари ин ба таърихҷӯйе, тарихёбе, таърихнависе ва чеҳраҷӯйе ва чеҳраофаре мисли Ато Ҳамдам ҳамду сано мегӯем.

Охир ин чеҳраи Спитамон чеҳраи худи Ато Ҳамдам низ маҳсуб мешуд. Чеҳраи ҷӯяндагӣ, чеҳраи ёбандагӣ, чеҳраи ватанхоҳӣ ва милатсозӣ. Чунон ки чеҳраи Спитамон чеҳраи ҳар як тоҷики дигар ҳам шуморида мешавад.

Ато Ҳамдам баъд доири Сптитамон намоишнома низ ба миён оварда тавонист. Ва чунон ки аз эҷодкардаҳои ӯ «Мазҳакаи халқии Сафар Махсум» дар озмуни ҷуҳуриявии «Парсту 93» ба гирифтани шоҳҷоиза ва дар озмуни байналмиллалии «Наврӯз-93» (дар Ашқобод) ба дарёфти ҷоизаи аввал сазовор гардид, намоишномаи «Спитамон» низ номвар шуд. Зеро Ато Ҳамдам яке аз драматургони пештози кишвар маҳсуб меёбад ва дар асоси намомшномаи театрии вай дар хориҷа филми бадеӣ низ рӯи навор омад ва муваффақ гардид ва он дар кинофестивали байналхалқии «Дидор» низ дар намоиш буд…

Ҳамкорӣ

Доири ҳамдиливу ҳамкорӣ зиёди зиёд мегӯем. Хоса мехоҳем ҳамкориҳо афзунтар бошанд. Хоса ҳамкориҳои эҷодӣ.

Аммо на ҳама вақт ин муяссар мегардад.

Аммо Ато Ҳамдам як гӯшаи ин ҳамкории эҷодиро ба миён оварда буд ва ин ҳамдилии эҷодиро сохта тавониста буд.

Яъне Ато Ҳамдами тоҷик бо Леонид Чигрини белорус чунин карда.

Онҳо ҳамдигарро боз аз он ҷиҳат мефаҳмиданд, ки ҳарду то ҳаде ҳамзабон низ буданд. Яъне Ато Ҳамдам тоҷики Ҳисору Леонид Чигрин тоҷикзабони Конибодом. Зеро Леонид дар он шаҳр аз волидайни белорусӣ ба дунё омада, миёни тоҷикон зиста чунон тоҷикӣ ҳарф мезад, ки ҳама гумон мекарданд тоҷики асл бошад. Доири падару модараш низ гумон мекарданд аз қавми тоҷиканд.

Аз миёни тарҷумонҳои ғайритоҷики мулки мо, ки ба русӣ мегардонданд, ягонтошон мисли Леонид Чигрин намедонист тоҷикиро, хосатан бо ҳама нозукиҳош ва шеваҳош. Ва ҳеҷ тарҷумони ғайритоҷик мисли Леонид Чигрин ин ҳад ифтихори тоҷикӣ надошт ва онро бо кору амали чандинсолааш пайваста исбот мекард.

Ва Леонид Чигрин ҳамчуни синамогари беҳамто буд.

Чун доири мулки тоҷик навиштаҳои зиёди дигар ба миён овардан мехост хампаҳлӯяш як таконбахши дигар, қувватдеҳи дигар, ҳамфикре ва ҳамилҳоме зарур буд ва хосатан касе, ки барои чоп шудану зинда мондан ва ба оянда расидани ин навиштаҳо илоҷгарӣ ва саҳмгузорӣ карда тавонад.

Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин чунин идеалро дар шахси якдигар дарёфта буданд.

Ҳарду батааммул, батамкин, басабру пурбардор, баандешаву дурбин шуморида мешуданд. Натиҷаи ин ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ ва эҷодгарӣ асарҳои зиёди хотирмон ва андешапарвар ва таконбахш ва миллатсоз ба миён оварда буд. Яъне дукаса силсилароманҳои таърихии «Асрори кӯҳан» -ро дар даҳ китоб рӯи варақ кашиданд. Аз ин силсила романҳои «Зиндагиномаи Чжан Тсян, ё Шоҳроҳи Абрешим», «Садди Сугдӣ», «Венетсиягии дӯстдори Помир оид ба саргузашти Марко Поло дар мулки Помир», «Озар аз Истаравшан, ё шамшери Спартак» ва басо дигар китобҳо буданд.

Ва китоби «Роҳи Абрешим»-и онҳо чунон маълуму машҳур гардид, ки то ба дасти шахси аввали давлати азими Чин – Тсзян Тсзин расид ва ӯ онро дар тарҷума бо забони чиноӣ мутолиа карда, чун боре донист, дар ҳайати ҳукуматии аз Тоҷикистон ба Пекин омада яке аз муаллифони ин китоб низ ҳузур дорад, ба ӯ зеҳн монда, самимона афзуда буд: «Пас Шумоед Ато Ҳамдам, он чеҳраи дидании тоҷикон?»

Хоксори зиндагӣ

Бо ҳама ҳашами эҷодӣ ва корҳои роҳбарӣ Ато Ҳамдам хоксори зиндагӣ будаву чунин монда ва гӯянд, ки дигар нашавад.

Зиндагие, ки сода аст, вале асли ҳама чиз аз ин зиндагии содаю оддӣ сар занад.

Ато Ҳамдам мисли зиндагӣ содаю оддист ва мисли зиндагӣ самимиву пок.

Пас ин шахси заминӣ, журналисти номвар, тарҷумон ва драматурги шинохта, сарвари тарҷибаандӯхта ва ҳоло мудири бахши драматургияи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, аъзои ҳамраисии Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои ИДМ ва Балтик, узви Иттиҳоди адибони Белорус Ато Ҳамдам бигзор ҳамеша зинда бимонад ва кору фаъолияти пурмаҳсули худашро рӯи ин замини гардон мудом идома бахшида тавонад…

Шераки ОРИЁН,

дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ.

Аз редаксия: Ҳайати эҷодии нашрияи “ Фараж” устод Ато Ҳамдамро бо зодрӯзашон муборакбод намуда, комёбиҳо таманно дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь