Саодат аз мафҳумҳои шуури ахлоқӣ буда,чунин ҳолати инсонро ифода мекунад, ки бо эҳсоси қаноатмандии ҳастии инсон, пуррагӣ, дорои маъно будани он ва анҷом додани таъйиноти инсонии он мувофиқат менамояд. Саодат ҳамчун орзӯ шакли эмотсионалии идеал буда, дар тафовут аз он на саъю талошҳо, балки анҷом додан ва амалӣ гардонидани онҳоро ифода мекунад. Мафҳуми саодат на танҳо ин ва ё он ҳолати конкретии субъективии инсонро ифода мекунад, балки тасаввуротро дар бораи чи гунагии зиндагии инсон дар бар мегирад, ки барояш бояд лаззату ҳаловат бахшад. Аз ин рӯ, вай дорои табиати меъёрӣ-арзишӣ буда, вобаста аз шарҳу баёни таъйинот ва маънои зиндагии инсон мазмуни он фаҳмида мешавад. Мафҳуми саодат дорои табиати таърихӣ-синфӣ мебошад: ғуломдор, феодал, деҳқон ва дигарон ба он маъноҳои гуногун медоданд, ки бо шароит ва манфиатҳои ҳар кадоми онҳо мувофиқат мекард. Саодат дар тӯли таърихи шуури ахлоқӣ маънои духура дошт: аз як ҷониб, саодат ҳамчун ҳуқуқи фитрии инсон эътироф мешуд ва ахлоқи синфи ҳукмрон онро ҳамчун ҳадяи илоҳӣ барои накӯкориҳо мавриди назар қарор медод. Рӯҳониён саодати инсонро бо охират вобаста медонистанд. Аз ҷониби дигар, баъзан саъю талошҳо бар саодати заминӣ қонунӣ ҳисобида мешуд ва дар ин ҳолат саодат на танҳо мукофот барои накӯкориҳо, балки сарчашмаи он дониста мешуд. Умуман саодат яке аз арзишҳои ахлоқии ҳар як инсони алоҳида мебошад. Дар таърихи фалсафа ва дар амалияи ҳаётӣ бо шарҳу баёнҳои зиёди он вохӯрдан мумкин аст.

Ҳамчунон ки қаблан ёдовар шудем, ҳанӯз дар ахлоқи Юнони Қадим таълимот дар бораи саъю талоши одамӣ ба саодат бо номи эвдемонизм ба вуҷуд омада буд. Демокрит саодатро ҳамчун ҳолати махсуси рӯҳ медонист, ки дар мутаносибӣ, ҳамоҳангӣ, беҳаяҷонӣ, беғаразӣ ва мутавозинӣ ифода меёфт.

Баъдан дар ахлоқи мутааххир киникҳо чунин фаҳмише ба назар мерасад, ки маънои саодатманд будан бе шавқу рағбат будан ва бетафовут будан ба ҳама арзишҳо, «зистан тибқи табиат», мустақилият ва оромиро ҳифз намуданро дошт. Барои Эпикур саодат аз лаззат бурдан (ҳолати махсуси рӯҳ, оромии хайрхоҳона, беизтиробӣ, беҳаяҷонии рӯҳ) иборат буд.

Дар таълимоти масеҳӣ мафҳуми саодат маънои сирф маънавӣ гирифта, бо ваҳйи илоҳӣ алоқаманд мешуд, ки бо саодати заминӣ робитае надошт.

Дар давраи Эҳё принсипи қонунии ахлоқӣ аз нав саъю талош барои саодати заминӣ эълон шуд. Аммо принсипи эвдомонизм дар ахлоқи материалистҳои фарансавии асри XVIII бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Саодати инсонро онҳо ҳадафи ниҳонии ҷомеа ва ҳар гуна навъи фаъолияти одамон эълон менамоянд. Саъю талош барои ба даст овардани саодатро онҳо ҳамчун ҳадяи табиат шарҳу баён намуда, ба даст овардани онро дар ҳаёт татбиқ намудани таъйиноти аслии инсон мефаҳмиданд.

Ҳамин тавр, аз ҳама бештар намунае ба чашм мерасад, ки саодат бо ягон хайр, ки дар доираи он шарҳу тавзеҳ меёбад, яъне бо ба даст гирифтани он ва эҷодкорӣ мувофиқат мекунад.

Андешаҳои дигар ҳам вуҷуд доранд: барои он ки инсон саодатманд бошад, ӯ балки бояд ахлоқӣ, шахсияти худкифоя бошад, ки аз дигарон бо сифатҳои муайяни ахлоқиаш фарқ намояд. Барои ҳамин инсони саодатманд ҳаргиз ба рафтори ношоиста ва бад даст нахоҳад зад, вагарна ӯ эҳсоси саодатмандиро аз даст медиҳад. Ҳанӯз Арасту қайд намуда буд, ки хайр – роҳ ба сӯи саодат ва дар айни замон унсури таркибии вай мебошад.

Саодат равиши бомароми ҳаёти инсонӣ ва қаноатмандии субъективӣ аз ин равиш аст. Аз сабаби он ки саодат сифат ва муносибатро умуман ба олам тавсиф медиҳад, онро метавон ҳамчун маҷмӯи эҳсосоти мураккабе, ки дар он таассуроти мусбӣ нисбат ба таассуроти манфӣ афзалият доранд, муайян намуд. Унсурҳои асосии ин маҷмӯи эҳсосот қаноатмандиҳо хоҳанд буд. Қаноатмандӣ ва ё лаззату ҳаловатбарӣ – таассуроти одии психологӣ мебошанд, ки дар он баҳодиҳии мустақим ва мусбии ягон амалу рафтор, ҳодиса ва ё вазъият татбиқ мегардад.

Аммо чунин рафторе, ки маҳз ба хотири қаноатмандӣ анҷом дода мешавад, ба рафтори ҳайвонот низ хос мебошад. Дар психикаи инсоноид ба таассуроти қаноатмандӣ системаҳои нисбатан мураккаб ба кор медароянд. Яке аз онҳо шодиву сурур мебошад. Шодиро метавон ҳамчун ҳолати рӯҳии байни қаноатмандӣ ва саодатмандӣ муайян кард. Якчанд тафовути шодиву сурур аз қаноатмандӣ вуҷуд дорад.

Аввалан, онҳо аз назари давомнокии таассурот фарқ мекунанд. Шодиву сурур нисбат ба қаноатмандӣ одатан дертар идома меёбад, зеро вай баҳои мусбии на танҳо таъсири фаъолонаест, ки дар замони ҳозира ҷорӣ мебошад, балки тааҷҷуб аз таъсироти мусбии оянда ва ҳифзи таассуроти гузашта сурат мегирад.

Дуввум, шодӣ аз қаноатмандӣ аз рӯи сатҳи ҷалбшавии шуур фарқ мекунад. Майдони шуури инсон дорои вусъати муайян мебошад ва он чизе, ки дар маркази он қарор дорад аз он чизе, ки дар гирду атроф вуҷуд дорад, метавонад тамоман муқобил бошад ва ин зиддиятро маъзулу ҷудо кунад. Масалан, метавон ҳолати шодии рӯҳро ҳифз намуда, дар худи ҳамон вақт ноқаноатмандии ночизеро низ аз сар гузаронид, масалан, захми начандон аламовари хароши буттаи гулро эҳсос кард.

Саввум, шодӣ аз қаноатмандӣ аз рӯи фаъолнокии субъект болотар меистад. Қаноатмандӣ аксаран таассуроти ғайрифаъолона аст, ҳарчанд ки он ҳамчун натиҷаи амали фаъолонаи инсон пайдо шуда бошад ҳам. Ҳифзи шодӣ наметавонад фаъолнокии субъектро истисно намояд, зеро вай таассуроти лаҳзагӣ набуда, ба гузашта ва оянда дахл дошта, дар бисёр қисматҳои шуур тақсим мешавад.Ҳамин тавр, шодӣ дар тафовут аз қаноатмандӣ, ташаккулёбии низоми нисбатан мураккаб ва комили баҳодиҳӣ ва маҳз мансубият ба арзишҳоро дар назар дорад.

Арзишҳои ҳаётӣ ҳамон ҷанбаҳои ботинӣ ва зоҳирии фаъоли инсонро меноманд, ки вуҷуди онҳо эҳсоси шодиро ба вуҷуд меоварад. Аз рӯи анъана ба арзишҳои асосии ҳаётӣ чунин унсурҳоро дар бар мегирад: саломатӣ, сарватмандӣ, озодӣ, обрӯй ва нуфуз (эҳтироми атрофиён) ва ғ. Чунин одат шудааст, ки ин арзишҳои ҳаётиро ғайрирасмӣ ё иловагӣ меноманд. Ин чунин маъно дорад, ки муҳимияти онҳо дар ҳолати набуданашон бештар дарк мешавад.

Барои комилтар шудани манзара бояд ба ин рӯйхат арзишҳои ғайрирасмиро илова кард: муҳаббат, эҷодиёт, иззату икром.

Саодат ҳолатест, ки дар раванди ба дастоварии арзишҳои ғайрирасмӣ ва ҳифзи арзишҳои привативии ҳаётӣ пайдо мешаванд.

Мубоҳисаҳо дар бораи саодат – кӯшишест барои тасвир намудани ҳолати идеали беҳтарини инсон. Саодат натиҷаи интегралии ҳаёти ахлоқӣ мебошад. Вай бар эътироф намудани манфиатҳои чӣ ҷамъиятӣ ва чӣ манфиатҳои шахсӣ асос меёбад. Аз ин рӯ, саодат ба касе муяссар мешавад, ки ба амали манфиатовар ва бо ҳаёти хайрхоҳона машғул аст.

Бояд таъкид кард, ки саодат на сокиту ором, балки мутаҳаррик аст, вай на танҳо дар музаффариятҳои ба даст оварда, балки дар худи саъю талош ба сӯи ҳадаф, дар мубориза ба муқобили мушкилоти ба вуҷудомада мебошад. Вуҷуд надоштани мушкилот боиси беташвишӣ мегардад. Аммо барои ба даст овардани саодат малакаи инсон дар бораи қаноатманд шудан бо ёфтаҳои то ин лаҳза ба дастомада нақши муҳим мебозад. Саодат на дар уфуқҳо, балки дар ботини инсон қарор дорад: дар муносибати инсон ба олам, ба қобилиятҳои дарк ва мутаассир шудан аз воқеият аст.

Зиёева З. И.,

ходими калони ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь