Суҳбат бо адиб ва рӯзноманигори хушному хушсалиқа Латофат Кенҷаева (Сабрин) дар арафаи Рӯзи Модар ва Иди Матбуоти тоҷик.
– Нашр шудани девони «Азони ишқ» ба Шумо, ҳамаи мухлисони таронаи шево ва ошиқон муборак бошад, устод!
– Ташаккур аз шумо!
– Ман, ки аввалин шахси бо соядаст «Азони ишқ» гирифта ҳастаму онро ба пуррагӣ хондам, мехостам дар ибтидо як андешаи худро равшан созам. Чун унвони ҳар боби девонро шабеҳи як тарона дарёфтам, суолам ин аст, ки магар ба як ҷумла ҳам метавон тарона гуфтан?
– Нозук дарк кардаед. Тарона барҳақ, каломи пуротифа, маънии зебо ва эҳсоси мағзбарангезест, ки дона- дона чида мешаванд. Шеър агар шаддаи зебост, тароШеър агар шаддаи зебост, тарона донаҳои зеботар аст. Ҳарфе набояд такрор, вожае набояд берӯҳ, сухане набояд ноҷо, ҷумлае набояд орӣ аз гудози ҳавас ва шааф бошад. Тарона ин аллаи пурҷозибаи модар, ниёиши ошиқи шабзиндадор, дуои сабзи пир, қадами хуҷастаи баҳор, хандаи сафеди барф, ашки андӯҳи тирамоҳ, қудрати ишқи Ватан ва Яздони пок аст. Тарона бояд маънии пок ва тозаро дар навишт мунакис созад, яъне ҳамсони оина на танҳо чашм, балки дилро Хам дида тавонад. Тарона соҳибхонаи дил аст, ки ҳама розу асрораш хонад. Санъати эҷод ва ифшои тарона ҳам аз маҳорат бармеояд, ки маънии бикрро дар суханбозии камтар ҷой диҳад. Бори таронаро як ҷумлаи равону содаи сафедгуфта ҳам кашида метавонад. Хуб, чанд ҳамгуна:
«Китоби ҳарфи умре, ки бе ишқ аст, касе намехонад»
«Поктарин таҳорат- такрори номи модар аст»
«Марги модар барои мо афсона аст, ки бовар намекунем»
«Хар кӣ худро шинохт, Худоро мешиносад»
«Мисли абрӯ ҳамабин бояд буд, то болонишин гарӣ»
– Аз онҷо ки медонам, охирин китоби таронаҳои шумо «Оҳи гусаста», нашри «Адиб», соли 2003 ба хонанда расид. Фосилаи бист соли интизориро барои ҳаводорон ва муштоқони таронаро чӣ гуна арз мекунед?
– Эҳ агар умри одамӣ ин қадар кӯтоҳ намебуд, чӣ корҳое ба сомон додан мумкин буд. Ё ки шояд ба назари ман чунин менамояд, ки корҳои азими муфид ва амалҳои савоб кӯҳ-кӯҳ нигарони моянд, вале ҳеҷ ба яке намерасем.
Талошҳои одамизод барои ба даст овардани мояи зиндагӣ гуногунанд. Яке пайи ҷамъ кардани сарвату мол аст, яке дар ҷустуҷӯи ганҷи илму дониш. Яке хидмати мардум мекунад, то ризқ ёбад, дигаре ин таматтӯ ройгон мебарад.
Ин бист соле, ки мегӯед, ба анҷоми корҳои зиёде сарф шуд ки заруртар аз таронанависиям буд. Лек ишқи тарона дили маро лаҳзае танҳо танҳо нагузоштааст. Менавиштам, гоҳи сафар, гоҳи шодию ғами худ. Ҳар куҷо фурсат меёфтам, дар поварақе, дафтаре, порпи қоғазе, гоҳо гӯшаи рӯзнома ё китобаке садафҳои рози бурунпартофтаи дил ёднавис мешуд. Аз ҳукми шоҳи вақт гурехтан натавон.
Баъдан таҳрири сахти таронаҳо пеш омад. Санги таронаҳоямро борҳо ва борҳо суфта мекардам, он хурдтару хурдтар мегашт. Вақте ба шаклу ҷило дилхоҳ медидам, як- як рӯнавис мешуд. Сабр дарахти ранҷ аммо мевааш ширин аст.
– Аз ин бармеояд, сабки Сабрин дар навишти тарона сабки ороста ва перостаи худ аст?
– Намедонам. Ин дар ҳукми хонандаи закӣ ва ҳаводорони тарона, маънишиносону ошиқони сухан аст.
– Таронаҳои худро азёд медонед?
– Оё боғбон ҳосили тамоми себҳояшро шумурда метавонад? Онрро аз лаззату рангу ҳусн фарқ мекунад. ва пеши чашм меорад.
– Дар адабиёти тоҷик тарона аз жанри насрии нав ва баҳсбарангез аст. Чаро бонувони эҷодкори мо бештар ба он таваҷҷӯҳ кардаанд?
-Тарона саропо ҳарфи ишқ аст. Ин эҳсоси поку мубарро ва мӯъҷизабахшо аз дили зан зеботар метаровад, гӯӣ қатраҳои зулол аз дили чашма. Тарона- ифшои нирӯи ишқи осмонист, ки замин, зиндагиро зебоӣ бахшида. Ва дили ошиқи зан, заррабони муҳаббатрези ӯ ҷуръати офаридани зеботарин тарона дорад. Бо тарона хилваттарин ногуфтаҳои дил мегӯяд. Чун ишқ худ истеъдод аст.
– Чаро девони таронаҳояятон «Азони ишқ» унвон гирифтааст?
– Хуштарин савти дунё субҳгоҳон савти азон аст, ки моро ба ниёишу омурзиш, ба муноҷоти Худованд, ба намоз мехонад.
Агар жарфотар ба рози дил гӯш диҳем, ҳамин савти оромиш ва роҳатбахш, азони дилро мешунавем.
«Бонги наҳифи заррабони дили маро мешунавӣ?
Бишитоб, ай ошиқи ман.
Азони ишқ мехонад»
– Овозае дар ёди ҳамзамонони шумо мондааст. Мегӯянд касе таронаву шеърҳои шуморо дуздидаву ба номи худ чоп кардааст. Рост аст?
– Ин гуфтаҳо воқеият дорад, аммо намехоҳам ба он баргардам. Гунаҳу савоб фарзи зиндагист. Дар зиндагӣ бегунаҳу бехато касе нест. Посухи ман як тарона буду бас.
«Эй оне, ки дардҳои дили маро дуздидаӣ, оё хушбахтӣ?
Давои онро ҳам бигир, ки аз ман аст»
– Таронаҳои «Азони ишқ» баҳри кӣ суруда шудаанд? Магар сахт ошиқ будед?
– (Механданд) Чаро будам? Ханӯз ҳам ошиқам. Вагарна дили маро муаззини ишқ шуданаш муборак намебуд.
Ошиқам. Имрӯз ҳам, фардо ҳам. Ошиқи мард, ошиқи инсон, ошиқи табиат, ошиқи Ватан, ошиқи Худованд. Бе ишқ чӣ мебуд На зиндагӣ, на хуршед на оби равон на шапалакҳои рангинболу на шукуфаи бодам, на ашки борон, на ёсамини хандаву сурур.
Ва ҳамин таронаҳост, ки овои бовар медиҳанд:
«Худоё!
Рӯйи амвоҷи ишқ гаҳвораи нозам додӣ…
Як замон тифли бегаҳвора ва бемодар будам, ки ба ёд овардӣ?»
«Дар ин сарои ваҳм рӯҳи ҷовидонаи шеър аст, ки бебок аз оғӯши Хуршед меояд.
То сӯзонтар ба Ишқ ибодат гузорам…»
«Барфи сафед мерезад. Магар ёди равшани туст?»
«Қадаҳи шаби ғамгин аст чашмони ман. Аз шароби ғами қ лабрез кардам.
Ҷуръати мастӣ дорӣ?»
– Яке аз бобҳои девон «Дасти дуо сари гаҳвора» номида шудааст. Модаратонро хоб мебинед?
– Ман аз модар яксола ятим монда рӯяшро ба зеҳн надорам. Гоҳ-гоҳ ба хобам меояд. Ҳамон замон мехоҳам рӯяш бинаму оғӯш бигирам, нопадид мешавад… Ва хештан ба азони дил тасалло медиҳам.
«Модаро, шабеҳи кистӣ?
Шабеҳи ман, духтарам, ё баҳори сабзпайкар, ки ҳар сол ба суроғи ман ояд.
Гум мезанад дил ба ёди дидорат.
Бигӯ, пас чӣ сон ба суроғат оям?»
«Худоё! Модари дигарон маро модар шуданд.
Модари маро баҳри кӣ бурдӣ?»
– Ҷое мегӯед: Тарс- надоштани имон аст» Оё шумо тарс надоред?
– Агар имони ман қавист ва бо ман аст, на! Тарс танҳо аз Худованд дорам, ки барои кадом гунаҳ ё хатои надониста содиршуда ғаазаб куунад.
– Бешак дар зиндагӣ сабуред, ки Сабрин тахаллус гирифтед. Ҳамин тавр?
– Сабр беҳтарин неъмати фармудаи Офаридгор таст. Ба ҳар ғами ба сар омада сабр кунӣ, поёнаш шодист. Ҳар нобарориро сабр барор диҳад. Сабр рақиби андӯҳ аст. Ба сабр метавон душманро дӯст гардонд.
Сабр суханро низ дар оташи таҷриба бипазонад, ҷаззоб ва дилрасу созанда гардонад. Ҳамин сабр маҷӯаи ғазалҳои маро дар 60- солагӣ ва девони таронаҳоямро дар 70 рӯй ба хонанда бикшод. Яъне ба он бовар, ки «Дабири нуктагирамро набошад ҳадди таҳрирам»
– Қариб дар ҳама жанрҳои бадеӣ шеър, бозию чистону муаммо, афсонаю ҳикоя ва қисса, ғазалу тарона, ҳаҷвулатифа навиштаед. Дар кӯлвори эҷоди шумо ягон жанри дигаре ҳаст?
– (Табассум мекунад ва даме сукут меварзад.) Дар зеҳни худ чанд мавзӯъҳои даргири ҷомеа ва фоҷеаҳои зиндагӣ дорам. Умр вафо кунад, роман хоҳанд шуд.
– Дар як тарона нигоштаед: « Некӣ давои ягонаест ба ҳама дардҳо ва кушояндаи бадбахтиҳост» Дар подоши некӣ бадӣ дида бошед?
– На як бору ду бор. Оне, ки некӣ мекунад, барои худ мекунад. Бадӣ низ ҳамчунин.Ба ин хотир бадӣ кардаҳоро бахшидаам. Бадию хусумат, нафрату ғайбату ҳасадро дар дилнигоҳ доштан, оинаи дилро зангор баста наст. Дили зангзада то куҷо бирасад?
– Солҳои тӯлонии умр роҳбар будеду ҳастед, адиби шинохта, кстоди як зумра ҷавонони боистеъдод, модари дилсӯзу бибии ғамхор низ. Ба ман аҷиб аст, ки бипурсам, бо ин ҳама серкорӣ ҳоло ҳам китоб мехонед?
– Ҳазрати Муҳаммад пайғамбар (с.а.в) оё таъкид накарда буданд: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ!» Хондани китоб- гирифтани дониш аст. Он ба вақту синнусол марзе надорад. Мехонам.
– Кадом китобҳоро вақти наздик хондед?
– «Занони Сабзбаҳор»- и Гулрухсор, «Тысяча сияющих солнц»-и Холид Ҳусайнӣ, «Гулнор ва оина»-и Раҳнаварди Зарёб, Ситораҳои сари танӯр»- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва китобҳое, ки «Истиқбол» ба нашр омода кардааст.
– Дар ниҳоят, ба ҷавонони таронанавис маслиҳат ва дуои шумо.
– Оне, ки завқ ва истеъдод ба эҷоди тарона дорад, бояд аз хотир набарорад, ки сухан муқаддас аст. Онро ҳтиром боя два ҳар сухани пучу бемағз, ҳар вожаи обшуставу беранг дар қолаби тарона намеғунҷад. Иншои сӯзу гудози ошиқӣ, баёни ғаму олами дар дил рӯ зада, агар он сирф шахсист, ҳанӯз тарона нест.Тарона ҳам чун як жанри зебову гиро бояд ба дарди ҷомеа хӯрад, ба дили мардум нишинад, ба зиндагӣ дар кӯлфату шодӣ ҳамово бошад, бори замона бардорад. Тамоми санъати бадеӣ дар тарона наққошӣ мешавад. Ва чун мағз-мағзи тарона ишқ аст, бояд об аз иффату покӣ ва наҷобату зебоӣ бихурад, ба ҳарири сабоҳату нозукӣ ва нармӣ бипечад. Тарона танҳо дар оташи танӯри эҳсоси баланд нони хушрӯ шавад.
Таманнои ман он аст, ки суханро бояд эҳтиёт намоянд, то сабз монад.
– Ташаккури зиёд устоди гиромӣ барои суҳбати ширину гуворо…
– Шод бошед…
Суҳбаторо Сайидо Шарафӣ