Ҷавонони ошиқро “дар ҳила тар мекунанд”

Дар ФБ матни калон хонанда надорад. Ин махсусияти шабакаҳои иҷтимоист. Вале мо менависем. Чун ин барои баъзеҳо минбари ягона, барои баъзеҳо минбари серхонанда аст. Ба умед менависем, ки андешаи моро бифаҳманд, дар рушди ҷомеа саҳм дошта бошем, ба миллат хизмат бикунем. Зеро донишу таҷриба агар сарф нашавад, ба соҳибаш зарар мерасонад ва убол ҳам ҳаст, ки имкон дориву кумак намекунӣ.

Хуб, агар кумакро дархост накарда бошанд чӣ? Он гаҳ таъсири сухан кам аст, шояд ҳайф ҳам ҳаст. Вале ба ҳар ҳол менависам. Ақаллан барои дили худам.

Пешакӣ, огоҳ мекунам, ки мақсад танқид ё паст задани ҳунари Шабнами Сурайё нест, ҳарчанд ин ҷо суҳбат атрофи намунае аз эҷоди ӯ меравад. Ин гуна мисолҳо кам нестанд ва ҳар рӯз аз минбарҳои ТВ ва радиоҳои давлатӣ ҳам садо медиҳанд, чӣ расад ба магнитофонҳои мошинҳо ва Ютуб.

Мақсади ман аз ҷумла, кӯмак ба сарояндагони мост, ки ҳам маҳбубияташонро байни мухлисони соҳибфаҳм ва ҳам умри эҷодашонро биафзоянд.

Имрӯз ин ҷо атрофи як суруди Шабнами Сурайё байни мову Азиззода Азиззода баҳсаке сар зад. Ман дар ин мавзуъҳо наменависам, лекин ҳамин хел шуд. Яке, ба қавле, шуд. Тангем барин.

Пешакӣ мегӯям, ки аз мухлисони суруду мусиқӣ нестам. Аз ин рӯ, ҳарчанд ҳунари воқеии санъаткорони ҷавону шинохтаро эътироф мекунам, вале кам гӯш мекунам. Ҳатто Аҳмад Зоҳирро! Ба истиснои ягон ягон Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Кароматуллоҳи Қурбон ва Нуқра Раҳматоваро. Қариб, ки тамом. Ҳа боз Муродбек Насриддинов. Аз ин рӯ, сурудҳои Шабнами Сурайёро ҳам кам шунидаам.

Бародари гиромӣ Азиззода дар саҳифааш як таронаи ин сарояндаро гузоштааст. Чашмам афтиду боз кардам. Андак гӯш кардам, нашуд. Матн девори зеҳнам шуд. Ҳатто садои дилнишин, оҳанги марғуб ва ҳаракатҳои шинами Шабнам ба додам нарасиданд. Хуб, чизе ман гуфтам, чизе Азиззода гуфт. Баҳси беҳудае чун дар ин ҳолатҳо. Ва рафтам сари он ки ин ҷо айб дар ош аст, ё дар мош. Хулоса чунин шуд, ки на ҳама айб аз сароянда аст, ҳарчанд оқибат сангҳо ба ҷониби ӯ партофта мешаванд. Тиҷорати ҳунар айни замон бозори шадидест. Рақобатҳои баъзан аёну баъзан барои тамошобин ноаён фишорҳои худро болои ҳунармандон мерезанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки барои худи ҳунармандони ҷавон ягона роҳи даромади хуб аст. Бояд ҳар сари вақт таронаи наве дошта бошӣ, то мухлисон (сарпарастони моливу маънавият) – ро дигарон набаранду аз даҳан, ё аз нони даҳан намонӣ.

На ҳамеша сароянда матншинос аст. Ин дониши дигар талаб мекунад. Шояд касе ҳам ба сарояндагон дар мавзӯъ кори ихтисосӣ набурда набошад. Ва қабул мекунаду месарояд, он чӣ ки пайдо шуд.

Мутаассифона, ин ҷо як низоми тарҳхӯрдае нест. Ва аҷиб аст, ки касе ҳам ба ин сарояндагон намегӯяд, ки матни сурудашон ҳунарашонро хор мекунад. Онҳо ҳам сари ин фикр намекунанд, шояд, чун худашон мактаби касбии ҳунарро нагузаштаанд. Шунида будам, ки равоншод Зафар Нозим дар ҷавонӣ хеле пурғурур ва қоидашикан будааст. Вале баъдан ба суҳбати донишманде ворид мешавад ва як давра дар назди он домулло мактаби Ҳофизу Бедил ва Соибро мегузарад. Баъд аз ин на танҳо репертуар, балки олами маънавияш тағйир меёбад. Дигар дар репертуари ӯ ягон таронаи хасакӣ роҳ наёфт. Ҳол он ки аввалин таронаҳое, ки ӯро маҳбуб карда буданд, “Ай дилбар” -у “Нинойҷон” буданд…

Дар бораи матншиносии Одина Ҳошим ҳоҷати гап нест. Бале, ин бузургон ҳам худашон кӯшиданд, ҳам сензураи бадноми шӯравӣ барояшон хизмат кард.

Ҳамбаҳси ман Азиззода як далел овард, ки таронаи “Баччаи қурғанӣ” жанри этнографист, ба худи Шабнам ва ҷавонон сахт маъқул аст, пас беҳтарин аст. Бале ҳарчанд ҳоло мо дар олами сармоя зиндагӣ мекунему суруд моли бозор аст, вале рисолати асосии он, ки таъсир ба зеҳни мардум аз одам инсон сохтан аст, бояд фаромӯш нашавад. Хусусан, аз ҷониби онҳое, ки ҳунари модарзодӣ доранд. Арзишҳои волоро дар сиришти шунаванда ва хусусан ҷавонону бонуҳо, ки модаронанд, боз кардану парваридан рисолати ҳунар аст. Барои ин матн хеле муҳим аст.

Чизи тааҷҷубангези дигар он аст, дар сари ҳар кӯча чанд шоир, ё шоирнамое дорем, вале то ҳол шеърро аз сафсаттаи равон фарқ намекунем. Вақте ки ин сафсатта ҳамчун моли санъат ва ҳатто беҳтарин пешниҳод мешавад, аз ҷавонон чӣ гила, ки дар ҳар қадам дармемонанд?

Агар мағзи инсон бо сафсатта пур шавад, ин ӯро то куҷо мебарад? Миллатро танҳо бо тарғиби чакану атлас сохтану ҳифз кардан имкон надорад. Бояд тинати мардум, сиришти он бо арзишҳои воло пур шавад. Ва ин ҷо нақши суруду тарона хеле зиёд аст. Зеро оҳанг ворид шудани маъниро ба мағз осонтар мекунад, онро чун арзиш мавқеъ медиҳад ва вагарна баъди шунидани “таронае” чун “Баччаи қурғанӣ” чаро ҷавонони ошиқ “дар ҳила тар набошанд”- у ишқро, оиларо, духтари ҳамсояро нафиребанду хор накунанду озор надиҳанд.

Ин ҷо мисоли таронаи Юлдуз Усмоноваро ҳам оварданд, ки як таронаеро аз ин жанри “сафсаттаи равон” ба забони тоҷикӣ сароидаасту баъзеҳо тоқиҳои маҷозиашонро ба осмон партофтаанд, аз ифтихор. Ҳа, ҳамон, ки як сатраш “штр штр намеша” аст.

Ин мисол ҳам таассуфангез аст, касе ба ин ҳунарманд нагуфтааст, ки чӣ мехонад. Вале сарояндаҳои мо ку медонанд забонро. Мефаҳмам, ки ин ҷо насиҳату маслиҳат кор намеояд. Хосса ки дархосте ҳам нест. Касе моро намепурсад, чӣ бихонам. Вале мо ҳақ дорем, аз онҳо бипурсем, чӣ мехонед? Аққалан, ба хотири он ки фарзандону наберагони худро аз ин раванди поёнравии маънавӣ ҳифз кунем. Ба насли ҷавон, ки ояндаи мост мегӯему шиорҳо мепартоем, бояд арзишҳои волоро талқин кунем ва санъати сарояндагиро ҳамчун беҳтарин абзор истифода намоем. Даъво бе пешниҳод нотамом аст.

Пас, инак пешниҳод:

Дар Кумитаи садову симо, Вазорати фарҳанг, шӯъбаҳои фарҳангии вилоятҳо, ки консертҳо баргузор мекунанд, коршиносони фарҳангӣ ё адабӣ бояд ҷалб карда шаванд. Шояд комиссияи муштараке ташкил шавад, ё ягон нафар мутахассиси шинохта ҳамчун корманди штатӣ ба кор гирифта шавад ва ба ин тариқ ҳамаи маҳсулоти ҳунармандони соҳаи суруду мусиқӣ аз сензураи фарҳангӣ гузаронида шаванд. Ба монанди ҳуқуқшиноси ташкилотҳо, ки бе имзояш ягон ҳуҷҷат тасдиқ намешавад. Ин ҷо ҳам бе иҷозаи коршинос ягон тарона сабту паҳн намешавад.

Гумон мекунам, кори мушкил нест, зеро дар мавриди коршиноси фарҳангӣ мо ҳеҷ мушкил надорем. Донишмандону шеършиносон дар мо шукри Худо ба қадри кофӣ ҳастанд. Ин амал ҳамзамон масъулияти сарояндагонро меафзояд, завқи шеърдонияшон рушд мекунад ва шояд баъди чанд сол мо аз марази “сафсаттаи равон ё манзум” раҳо меёбем.

То он дам. Ё шояд, ҳамеша.

Сарояндагони азиз, даҳ дақиқаи вақти ягон дӯсти шоиратонро бихареду матни сурудатонро нишон диҳед. Ё андак таҳрир мекунад, ё матни беҳтар мувофиқи оҳангатон менависад. Равоншод Кароматуллоҳи Қурбон оҳангро эҷод мекарду назди дӯсти шоираш Нозирҷон мерафт. Ба ин минвол, 17 суруди аъло эҷод шудааст, ки ҳанӯз ҳам зиндаанд.

Хуб ин пешниҳод аз мо, андешаҳои дигар аз шумо.

Марям Давлатова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь