Ман аз овони донишҷӯйӣ бо Панҷакент шиносоӣ ва бо панҷакентиён дӯстиву рафоқат доштам. Муҳамадӣ Юнусов, Шариф Қосимов, Нуриддин Шарифов, Мурод Муҳамаадиев аз Панҷакенту Марғедар солҳои шастуми садаи гузашта дар бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд шарикдарсони ман буданд. Баъдтар аз Моғиён Маҳкам Тӯлабоев, Раббимқул Қурбонов, Муҳаммадқул Мӯсоев, Ашраф Афзалов, Ҳамроқул Норқулов, Аминҷон Мутрибов, Мавлонқул Қурбонов, Баҳринсо, Нозима, Хайринисо, Ҳафиза ва дигарон аз шаҳри Панҷакент шогирдонам буданд. Ба туфайли таъсиси шӯъбаи ғоибона дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки фаъолияти омӯзгории ман дар ҳамон ҷой оғоз ёфта 58 сол бардавом буд, чандин ҷавонмардон ҳамчун Абдувалӣ Ализода, Раҷаббой Сӯфиев, Асадуллоҳ Мутрибов, Шайхсафо Бобоев, Давлатшоҳ Облоқулов ва дигарон, ки бо гузоришҳои таблиғотии банда оиди таъсиси шӯъбаи ғоибона ба забони тоҷикӣ ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд омада на танҳо соҳиби маълумоти олӣ шуданд, балки бо ман риштаи дӯстию бародарӣ пайвастанд. Ба қавле “об гарм кунем бо ҳам медидем”, яъне ягон тӯю маъракаҳои мо бе иштироки ҳамдигар намегузашт. Солҳои 60-уми асри гузашта мо писарчаи акоям Назирҷонро тӯйи хатна карданӣ шудему аз рӯйи таомули ҳамон вақта аз дуру наздик дӯсту ошноҳоро ба тӯй хабар кардан лозим буд. Падарам шахси ҷаҳондида буду дар ҳар гӯшаи давлати шӯроҳо, бавижа дар Душанбею Хуҷанд, Истаравшану Панҷакент дӯсту ошноҳои зиёде дошт. Ҳар боре ки дӯстони панҷакентии ман ба хонаи мо меомаданд, бо онҳо соатҳо суҳбат карда, аз хотираҳои солҳои ҷавонии худ, рафтуомад бо дӯстони панҷакентияш суханронӣ мекард. Ӯ ҳангоми рӯйихати тӯйхабарро тартиб додан дар қатори дӯстони панҷакентии ман номи чанд нафар аз дӯстони худро низ ҳамроҳ карда гуфт, ки ҳамон Усто Сироҷ ҳофизро ки хабар мекунӣ, гӯй ки Искандару Темурро ҳамроҳ гирифта биёрад. Тӯйхӯрони мо аз овози ҳофизони хушхони панҷакентӣ баҳраманд шаванд. Падарам мегуфт, ки оби Самарқанд аз болотари кӯҳистони Фалғар оғоз ёфта ба Панҷакент расида Зарафшон мешаваду ба шаҳри Самарқанд файзу баракат оварда дар Бухоро рафта зар мерезад. Лекин Зарафшон танҳо обу зар не, одамони он ҷой ба мо шеъру тарона, суруду мусиқӣ ҳам меоваранд. Мана, дӯстони зиндаёди ман Ҳоҷӣ Абдулазизу Туғрали Аҳрорӣ! Чӣ сӯҳбатҳое доштем мо! Сад дареғ, ки барвақт рафтанд онҳо. Ҳоло навбати ана ҳамин ҳофизони хушовоз, ки нафасашон чун ҳавои кӯҳистонашон тоза. Шояд бо ҳамин таъкиди падарам буд, ки Усто Сироҷ Сафарови Моғиёнӣ, ки ба туфайли амакзодааш Раббимқул Қурбонов, ки шогирди донишгоҳи мо буд, бо вай шинос шуда будем, ки вай ба тӯйи мо бо ҳамон дӯсташ – ҳунарпешаи машҳури панҷакентӣ Искандар Бобоев ташриф овард. Он вақтҳо тӯйҳои хатнасур дар Самарқанд рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар хонадони соҳибтӯй, дар суфаҳои лаби ҳавзу майдонҳои васеи рӯйи боғҳавлиҳо мегузашт. Баландгӯяку микрофон набуд он вақт. Ҳофизон бо дутору тамбӯр ва доира байни мардум дар атрофи ҳавз давр зада суруд мехонданд. Тӯйи мо серодам буду ду рӯз давом кард. Рӯзи шанбе баъди ба охир расидани рӯзи корӣ аз соати се ва рӯзи якшанбе аз саҳарӣ то бегоҳӣ. Ана ҳамин ҳофизони панҷакентӣ ду рӯз чунон хидмат карданд, ки барои шунидани овози онҳо тӯйхӯрҳои ошро хӯрда бархестанашон лозим буда соатҳо нишаста аз сурудуҳои ҳофизон кайфу лаззат мебурданд. Кӣ онҳоро хеста рав мегӯяд? Сурудҳо аз ғазалҳои Рӯдакӣ, Ҳофиз, Шамси Табрезӣ, Камоли Хуҷанди, Саъдӣ, Навоӣ, Фузулӣ, Бедил, Машраб ва ва аз ҳама бештар аз Туғрали Аҳрорӣ. Яке доирадаст монда шуд магар, ки шербачаҳои Самарқанд аз шаҳр рафта Бадрӣ доирачии машҳурро пайдо карда омаданд.

Хотирмонаш он буд, ки ҳамон рӯзи тӯй чанд кас аз дуру наздик ин ҳофизонрро ба тӯйи худ кабар карда, ҳатто рӯзи тӯяшонро бо тақвими онҳо муайян карда гирифтанд. Минбаъд ҳам мухлисони зиёде ба мо омада муроҷиат меакарданд, ки ташрифи ҳамон ҳофизонрро ба тӯяшон ташкил намоям. Виҷдонан гӯям, он вақт ҳамчун имрӯза ба ҳофизон барои хизмат дар тӯй фалон миқдор доллару сӯму сомонӣ баҳо гузоштан ва ё нарх мондан набуд. Соҳиби тӯй чизе ибро бинад, ҳамонро медод. Баъзеҳо аз ман мепурсиданд, ки ҳаққи хизмати инҳо чанд аст? Ва ман (бештар падарам) шароити соҳиби тӯйро дида, ба чӣ миқдор розӣ кардани ҳофизонро мегуфтем. Маро низ насиб гардидааст, ки бо адибони маъруфи тоҷик Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Гулназар, Абдурофеъ Рабиев, Исмоил Зарифӣ, Иброҳими Наққош, Одили Нозир, Афсари Сармад, овозхонони машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Хосияти Зарафшонӣ, Афзалшоҳи Шодӣ ва боз бисёр дигар адибону ҳунарпешагони тоҷик, ки аксар аз саргаҳи Зарафшонанд, ошноӣ дораму эҷодашонро пос медорам. Дар қатори ана ҳамин санъаткорон Искандару фарзанди ӯ Олим ҳам ҳастанд. Гап дар сари он аст, ки ҳамин Искандар Бобоеву Сироҷ Сафаров гули сараи сабади тӯйҳои Самарқанд буданд. Баъд ҳамин анаъанаҳои онҳоро ҷияни Сироҷ Сафаров – Баён Обоқулов, писари Искандар – Олим Бобоев давом медоданд. Олим Бобоев овози ба худ хосе дошт, ки ба як маъно замину замонро меларзонд. Ман чанд бор дар тадбирҳо сурудҳои Олимро шунида будам, лекин як сурудани ӯро ки дар тадбири ҷамъбастии Рӯзҳои адабиёт ва санъти Тоҷикистон да Ӯзбекистон дар Самарқанд рух дода буд, ҳеҷ аз хотир бароварда наметавонам. Баъди ором шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва танаффуси ҷандсола муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳтар шуду тобистони соли 1998 Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст. Иштирокчиёни даҳрӯза нахуст дар Тошканд вохӯриро ифтитоҳ намуда, баъд ба се грурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳе ба Хоразму Қароқалпоқистон, гурӯҳе ба водии Фарғона ва гурӯҳи дигар ба Самарқанд ташриф оварданд. Дар ҳар гурӯҳ олимону адибон ва аҳли ҳунар буданд. Ба гурӯҳи Самарқанд аз олимон Мӯсо Диноршоеву аз адибон Мӯъмин Қаноат ва Ӯлмас Ҷамол сарварӣ мекарданд. Дар ҳайати гурӯҳи ҳунар ҳамин Олим Бобоев, ки ҳамон вақтҳо таърифаш ба радио ва телевизилон баромада буд, низ ҳамроҳӣ мекад. Ману писарам Наврӯзҷон ҳамчун журналистони масъули Ширкти симо ва садои вилояти Самарқанд се рӯз дар ҳамаи тадбирҳое ки дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанду Ургут ва Тайлоқ шуда гузашт, бо онҳо ҳамроҳӣ доштем ва дар ҳама ҷой сурудҳои Олим Бобоев бо кафкӯбиҳо истиқбол мешуданд. Билохир тадбири ҷамъбастии Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар Самарқанд шуда, баъди тадбири тантанавӣ зиёфат дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Афросиёб” созмон дода шуд. Маро насиб гардид, ки бо ҳамин Олим Бобоеву Ӯлмас Ҷамол ва боз чанд нафар аз иштирокчиёни даҳа атрофи як миз нишинем. Дар ҷараёни рафти зиёфат низ базми суруду тарона дар авҷ буд. Вақте ҳофизи овозадори ӯзбек Марям Сатторова, ки суруди “Қурбон ӯламро” бо ғазали Фузулӣ дар оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулови аслан панҷакентии Самарқандӣ шуда оғоз карда, ба авҷ расонид, Олим Бобоеви мо аз сари миз рост шуду гӯё давоми ин сурудро ба забони тоҷикӣ бошад, бо шеъри “Он зулфи парешон”, ки бар ғазали Бедил бо ҳамин оҳанг месуруд бо овози марғуладори танҳо ба худаш хос якбора бо авҷи баланд давом дод. Чӣ мегӯед, ки гӯё тамоми толор ларзида рафт, меҳмонони сари миз ба ваҷд омаданд. Чӣ тавр бе ҳеҷ хел огоҳию маслиҳат ҳофизи тоҷик суруди хонандаи ӯзбекро давом дод. Сипас зери кафкӯбиҳои аҳли толор Олим ба тарафи саҳне ки он ҷо микрофону баландгӯякҳо буданд рафта бо ҳамон Марям Сатторова ин сурудро ҳамчун дуэти ширу шакар давом доданд: яке ба ӯзбекӣ, дигаре ба тоҷикӣ бандҳои ғазалҳои Фузулию Бедилро месуруданд. Ҳама ба ин санъати ҳофизи хушовози тоҷик қоил монда буданд. Барои ман Олим Бобоев ана ҳамин тавр ҳамчун овозхони нотакрор ба хотир мондааст. Афсӯс ки ӯ оламро барвақт тарк кард.

Равонаш шод бод!

Ба қарибӣ хабардор шудам, ки ба хотири ин ҳофизи зиндаёд Қасри Фарҳанги Панҷакентро ба номи ӯ гузоштаанд. Барҳақ арзанда ва ҷавоби ҳақиқӣ ба гуфтаи шоир: “Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист!”

Ёдаш ба хайр ҳофизи халқӣ Олим Бобоеваи зинданомро!

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,

профессори Донишгоҳи байналмиллалии технологии Самарқанд, Корманди Шоистаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь