Амрико. Толори бузург ва пуршукуҳ. Ҳазорон нафар дар он нишастаанд. Пешорӯи онҳо саҳнаи ҳунар аст. Саҳнае, ки беҳтаринҳоро муаррифӣ ва рӯи даст мебардорад. Рӯи саҳна торик аст. Як шуоъ аз боло маркази саҳнаро рушноӣ медиҳад. Толорро садои ҷаззобу дилангези духтараке фарогир мешавад. Ҳозирин аз ин овоз ба ваҷд меоянд ва ба якдигар чашми ҳайрат медӯзанд. Садои ин овозхони кӯчак ба авҷ мерасад. Ҳакамон ангушти ҳайрат мегазанд ва дастонашонро ба боло мебаранд. Суруд ба поён мерасад. Мавҷи кафкубиҳо баланд мешавад. Ҳамагӣ шигифтзадаву ҳайрон аз маҳорати духтараки 19-солаи тоҷик аз ҷой бармехезанд. Ҳамагӣ мехоҳанд донанд, ӯ кист, аз куҷост, ки ин гуна садои расо ва маҳин дорад…

Ин орзуву омоли тоҷикдухтар Сабрина Ҷалолова аст. Ӯ зодаи Душанбе – шаҳри ишқу муҳаббат, зебоӣ, оромӣ ва ормонҳост. Душанбее, ки саропояш оҳанг аст. Ҳар кӣ дар ин шаҳр ба дунё омадааст, табиатан оҳангсоз аст. Сабринаро низ ин шаҳр хунёгар намуд. Меҳри мусиқиро дар дилаш ҷо намуду садои ҷовидонияш бахшид. Ин садоро ношунида намешуд. Дилро ба дил раҳест ва ин садо ба умқи қалбҳои волидайн расид ва эшон ояндаи дурахшони духтари ноздонаашонро кашф карданд. Дар симояш ҳунарманди ояндадореро медиданд, ки фардо дар бузургтарин саҳнаҳои ҷаҳонии ҳунар овозхонӣ менамояду номи тоҷику Тоҷикистонро пуровоза месозад ва рӯзе ин садо соҳибномро ба минбарҳои баланд мебарад.

Волидайн Сабринаро ҳини дар мактаби миёна дар синфи 2 таҳсил доштан, ҳамзамон ба мактаби мусиқии №3 ба номи Ленин гузоштанд. Ҳамакнун ӯ бо мусиқӣ ҳарф мегуфт, қадам мезад, роҳ мерафт ва зиндагӣ мекард. Рӯзгор барояш маънои нав касб кард, либоси тоза ба бар намуд ва армуғоне аз олами ғайб гардид. Ҳафт сол дар ин ҳунаркада машқи мусиқӣ кард. Ҳафт сол оҳангу тарона ба тору пуди ӯ ҷой гирифт. Дар ин ҳафт сол ҳар ҳарфи ӯ сурудеро мемонд. Ҳафт соли ишқварзӣ ба мусиқӣ барои Сабрина чунон бигзашт, ки худ пай набурд. Дар ин ҳафт сол ӯ шефтаи оҳангҳои классикии фалак ва шашмақом гардид.

Дар ҷодаи фалаксароӣ варо устоди аввалин ва раҳнамои беназир ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Назрӣ буда. Устоди фалак дар симои ин духтараки ҳунарманд истеъдоди нодирро кашф намудаву ӯро ба шогирдӣ пазируфт. Кунун устод ба шогирд навои зиндагиро меомӯзонид ва садои ҷозибадори Сабринаи хурдсол маҳфилҳои мактабҳоро зеб медод.

Дар гоҳи мактабхонӣ мусиқии шашмақомро низ дӯст дошт, дил баст ва шайдои он гардид. Лола Азизова ва Сабоҳат Наҷмиддинова – ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон нозукиҳои ин оҳанги таърихиву ҷовидониро барои ин духтари ошиқи шайдои савту наво ёд дода, қадам ба қадам Сабринаро мақомхон мекарданд.

Таҳсил дар мактаби мусиқӣ барояш танҳо дарси сарояндагӣ набуд. Мекӯшид, навозад, навои зиндагиро, садои ошиқиро, савти хубу ҷонафзоро ва менавохт фортепианову рубобу дуторро. Садои дилашро бо асбобҳои мусиқӣ ҳар гаҳе замзама мекард, месуруд, менавохт ва хотираш шод мешуд. Ӯ акнун дарк мекард, ки мусиқӣ ҷузъе аз зиндагияш аст, бе он наметавонад зиндагӣ кунад ва ин асбобҳо барояш таскинбахши рӯҳу равон гардида буданд.

Дувоздаҳсола ё сездаҳсола буд, ки шефтаву мафтуни ҳунари овозхонии сарояндагони сатҳи ҷаҳонӣ Бйонсе, Адел, Уитнӣ Хюстон, Селин Дион ва дигарон гардид ва оҳангҳои онҳоро азбар медонисту дар маҳфилу консертҳои мактабӣ ва базмҳои оилавӣ месуруд. Дар дили кӯчакаш орзуе мепарварид, ки рӯзе номи “Сабрина Ҷалолова” низ дар баробари ҳунармандони ҷаҳонӣ садо медиҳад. Ҳамон шабу рӯз буд, ки тасодуфан дар шабакаи интернет чашмаш ба шоу-барномаи истеъдодҳо – “America’s got talent” (“Амрико истеъдодҳоро меҷӯяд”) бархӯрд ва оташаки роҳ ёфтан ба ин озмуни бонуфузи эҷодӣ дар дилаш маъво гирифт.

Ин шонс ва маҳз орзуву ормон буд, ки Сабрина Ҷалоловаро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бурд ва кунун ӯ дар Коллеҷи “Metropolitan community college”-и иёлати Небраскаи илму дониш меомӯзад ва оғози шоу-барномаҳои орзуҳояшро бо тамоми вуҷуд интизорӣ мекашад. Талош дорад, дар ин озмун на танҳо ҳунари худ, балки тоҷику тоҷистониёнро ба намоиш гузорад. Тоҷике, ки тамаддунофарин аст. Мехоҳад собит созад, ки аз насли Борбади Марвазии ромишгар аст. Борбаде ки садояш аз дарозои таърих шунида мешавад. Ӯ бовар дорад, ки ҳунарнамоӣ дар ин шоу-барнома рӯзгори ӯро рақам хоҳад зад ва варо ба марҳилаи наву номи Сабринаву Тоҷикистон дар сархатти хабарҳои ҷаҳонӣ қарор хоҳад дод. Итминон дорад, ки рӯзҳои наздик аз минбари баланд, аз кишвари сохтмонҳои осмонбӯс барои кишвари хурди Тоҷикистону мардуми шарафманди он ифтихор хоҳад офарид. Ифтихоре, ки насл ба насл қисса хоҳад шуду асло фаромӯш нахоҳад гашт…

А. Гулмуродзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь