Илми эроншиносӣ таърихи зиёда аз 300 – сола дорад. Дар рушду нумӯ ва густариши илми эроншиносӣ, ба вижа риштаи илми забоншиносии эронӣ ҳиссаи олимони фаронсавӣ, инглис, олмонӣ, итолиёӣ, эронӣ, испанӣ ва муҳаққиқону донишмандону русу амрикоӣ бағоят бузург аст.
Муҳаққиқони бузурги аврупоӣ, ба ҳайси бунёдгузорони мактаби лингвистии шохаи забоншиносии ҳиндуаврупоӣ, поягузорони илми забоншиносии эронӣ низ маҳсуб меёбанд.
Мактаби забоншиносии рус дар радифи мактаби эроншиносии аврупоӣ, ки таърихи беш аз 200 – солаи пурсамаре дорад, дар густариш ва пешравии илми эроншиносӣ ҳиссаи хеле бузург дорад. Илми эроншиносии рус, ки як бахши илми шарқшиносии русӣ маҳсуб меёбад, шурӯъ аз нимаи дуюми асри 19 то кунун хидматҳои бузургу назаррасеро дар кори омӯзиши ҳаматарафаи забонҳои эронии оилаи ҳиндуаврупоӣ ба анҷом расонидаанд.
Дар авроқи заррину лозаволи илми эроншиносии ҳиндуаврупоӣ номи донишмандону муҳаққиқони беназири мактаби забоншиносии рус назири В.И. Липский, А.Л. Кун, М.М. Абрамов, Ш. Акимбетов, Б.А. Алборов, М.С. Андреев, В.В. Бартолд, В.И. Абаев, В.В. Гинзбург, С.С. Губаева, А. Гребенкин, Л.Л. Грюнберг, А.И. Дубов, К.Г. Залеман, И.И. Зарубин, А.Н. Кандауров, С.К. Караев, Э.А. Макаев, М.Е. Массон, Н.Г. Малицкий, С.Д. Масловский, А.К. Матвеев, А.А. Фрейман, Г.К. Мейендорф, Э.М. Мурзаев, В.А. Никонов, И.М. Оранский, Л.В. Ошанин, Т.Н. Пахалина, Е.М. Пещерова, Л.А. Хетагурова, С.И. Климчитский, А.З. Розенфельд, Д.И. Эйдельман, Т.В. Гамкрелидзе, В.С. Расторгуева, М.Н. Боголюбов, Л.А. Лившитс, И.М. Стеблин-Каменский, Р.Л. Неменова, А.И. Попов, О.И. Смирнова, В.С. Соколова, А.Л. Хромов, Ф. Коротков, Р.А. Капранов, Л.В. Успенская, Л.Г. Гертсенберг, М.А. Дандамаев, Э.А. Грантовский, В.О. Тюрин, А.В. Эдаков, С.Н. Соколов, В.В. Иванов, П.Б. Лурйе ва дигарон ба некӣ сабт гардидааст.
Муҳаққиқони мактаби забоншиносии Маскав ва Санкт-Петербург дар таҳқиқи забонҳои эронӣ дастовардҳои назаррасе доранд. Ба вижа, аз оғози солҳои сиюми асри гузаштаи эроншиносии Шӯравӣ хеле густариш ёфта буд.
Муҳаққиқи ҷавон ва мутахассиси риштаи забонҳои эронӣ, суғдшиноси шинохта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Н. Ломоносов, намояндаи мактаби забоншиносии Маскав ва Санкт-Петербург С.И. Климчитский аз зумраи он муҳаққиқони эроншинос буд, ки дар қатори олимони варзидаи илми эроншиносии даврони Шӯравӣ, шарқшиносон А.А. Фрейман, О.И. Смирнова, А.А. Крачковский, Е.М. Пещерова, В.А. Лившитс, Л.А. Хетагурова ва дигарон барои таҳқиқи забонҳои шарқиэронӣ, ба вижа забони суғдӣ ва яке аз лаҳҷаҳои ба тасодуфи таърихӣ боқимондаи забони суғдӣ- забони суғдии мардуми водии Яғноб, аз тарафи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС ба Тоҷикистон фиристода шуда буданд. Ба Тоҷикистон омадани ҳайати бонуфузи олимони шарқшиноси рус, ба вижа эроншиносон, ба ҳамон давра рост омада буд, ки дар марзи Тоҷикистон воқеаи аҷибе рух дода буд, ки диққати тамоми олимони риштаи забоншиносии ҳиндуаврупоии ҷаҳонро ба худ ҷалб карда буд. Соли 1932 дар марзи Суғд, дар охирин истеҳкоми куҳии охирин ҳокими Суғд – Деваштич, воқеъ дар куҳи Муғ (назди деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнии имрӯза) аз ҷониби Ҷураалӣ ном шубони маҳаллӣ як сабад дастхатҳои аҷиби суғдӣ, ҳамроҳ бо дигар асбобу лавозимоти рӯзгор бозёфт карда шуда буд.
Дар рамзкушоии навиштаҷоти рӯи папирусҳо ва пустнавиштаҳои хатти суғдӣ саҳми муҳаққиқи суғдшиноси ҷавон С.И. Климчитский дар радифи олимони машҳури давр А.А. Фрейман, М.Н. Боголюбов, О.И. Смирнова, В.А. Лившитс ва дигарон хеле калон аст.
Диққати муҳаққиқи ҷавони суғдшинос С.И. Климчитскийро бештар забони суғдии мардуми водии Яғноб ба худ ҷалб карда буд. Баъди он, ки дар тарҷума ва ташреҳу маънидоди матнҳои суғдии макшуф аз Қалъаи Муғ барои осонии кори муҳаққиқон чанд нафар аз мӯйсафедони бо ақлу ройи суғдизабони яғнобии водии Яғноб ҷалб шуданд, таваҷҷуҳи муҳаққиқ С.И. Климчитскийро забони суғдии нави дар водии Яғноб вуҷуддошта ба сӯи худ кашида буд. Дар рафти ташхиси лингвистӣ ва тарҷумаи вожаҳои суғдӣ мӯйсафедони яғнобӣ ба муҳаққиқон вожаҳои ошноро пайдо карданд, ки ин то ба ҳол дар забони суғдии мардуми водии Яғноб мавриди истифода қарор доранд, ки аз даврони суғдии қадим (давраи миёнаи таърихӣ) то ба имрӯз тағйири маъно накардаанд.
Муҳаққиқи ҷавон С.И. Климчитский ба ҳайси муҳаққиқи забони суғдӣ ва дигар забонҳои шарқиэронӣ, барои ба таври амиқ ва густурда омӯхтани забони суғдии нав, яъне забони суғдии водии Яғноб ва муносибати он бо забони суғдии асл аз тарафи Институти шарқшиносии АИ СССР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки базаи илмии АИ СССР ба ҳисоб мерафт, фиристода шуда буд.
Дар тӯли фаъолияти наонқадар тӯлонии хеш С.И. Климчитский ба тамоми минтақаҳои яғнобнишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ноҳияҳои Айнӣ (водии Яғноб), Варзоб, Ҳисору Шаҳринав, Ғончӣ (имрӯза ноҳияи Деваштич – деҳаҳои Каҷровут, Падровут – Пушти Отхона, Қалъчаи Арбоб, Навобод) ва атрофу акнофи шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) сафарҳои илмӣ ташкил намуда, маводи фаровони лаҳҷа ва зиёда аз 300 номвожаҳои ҷуғрофии суғдиро ҷамъоварӣ мекунад. Ҳамчунин, дар рафти сафари илмӣ ба С.И. Климчитский ва ҳамсафари ӯ Л.А. Хетагурова муяссар гардид, ки оид ба эҷодиёти шифоҳии яғнобиёни суғдзабон дар жанрҳои мухталифи фолклорӣ маводи зиёде ҷамъоварӣ намоянд.
С.И. Климчитский афсонаҳои яғнобиро бо афсонаҳои дар соли 1927 аз ҷониби ҳайати экспедитсияи илмии Донишгоҳи давлатии Осиёи миёнагии аз ҷониби муҳаққиқон Кал, Александр Кун ва Акимбетов ҷамъоваришуда, муқоиса карда, менигорад, ки аз нигоҳи тематикӣ ва мавзӯъбандӣ афсонаҳои яғнобӣ бо афсонаҳои тоҷикӣ ва аз нигоҳи мазмун бо баъзе аз афсонаҳои шуғнонӣ хеле монанд мебошанд. Дар рафти экспедитсияи соли 1927 муҳаққиқон наздики 40 афсонаи яғнобиро навишта гирифта буданд.
Соли 1933 С.И. Климчитский аввал ба Бадахшон сафари илмӣ анҷом дода, маводи зиёде аз фолклор ва забони забонҳои мардуми маскуни Помир – забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва язгуломӣ гирдоварӣ менамояд.
Соли 1934 дар давоми се моҳи фасли тобистон ҳини экспедитсияи илмии хеш муҳаққиқ С.И. Климчитский бо ҳамроҳии Л.А. Хетагурова тадқиқотҳои ҷолиб анҷом дода, дар рафти ин сафари илмии хеш оид ба этнография, фолклор ва забону фарҳанги мардумии водии афсонавии суғдиёни асри 20 маводи фаровоне гирдоварӣ мекунад.
Натиҷаи сафар мушоҳидаҳо ва андешаву хулосаҳои хешро С.И. Климчитский дар чанде аз мақолаҳои илмии хеш, ки осори арзишманди басо илмию бунёдии ин муҳаққиқ дар илми забоншиносии эронии даврони Шӯравӣ ба шумор мераванд, ба қалам додааст.
Таҳқиқотҳои илмие, ки муҳаққиқ С.И. Климчитский дар риштаи илми забоншиносии эронӣ, ба вижа дар риштаи илми яғнобшиносӣ дар умри хеле кӯтоҳи худ анҷом додааст, ба сифати осори илмии бунёдӣ ва сарчашмаи таҳқиқ барои муҳаққиқони минбаъдаи риштаи суғдшиносӣ ва ҳамзамон яғнобшиносӣ, мисли А.А. Фрейман, М.Н. Боголюбов, О.И. Смирнова, А.Л. Хромов, В.А. Ливщитс, П.Б. Лурей, С. Мирзозода, Б. Ализода, Г. Негматзода, Б.Б. Тӯраев ва дигарон хидмат кардаанд.
Аз муҳаққиқи варзидаи забонҳои эронӣ, алалхусус донандаи забони суғдӣ ва суғдии яғнобӣ (суғдии нав) С.И. Климчитский асарҳои бузурги калонҳаҷм боқӣ намонда бошанд, ҳам аммо панҷ асари илмӣ, панҷ мақолаи илмие, ки аз ӯ дар риштаи илми суғдшиносӣ ва яғнобшиносӣ боқӣ мондаанд, худ гувоҳи онанд, ки ин муҳаққиқи пуркор мисли рафиқи ҳамқалам ва ҳаммаслакаш шодравон устод Лутфуллоҳ Бузургзодаи тоҷик, дар ҷавониаш аллакай мавқеи худро дар байни бузургтарин олимони риштаи забонҳои эронӣ пайдо кардааст.
Соли 1937 дар шумораи 6 маҷаллаи илмии бонуфузи эроншиносии Шӯравӣ «Записи института востоковедения Аканемии наук СССР» ду асари воқеан илмии С.И. Климчитский бо номҳои «Ягнобско – согдийские соответствии» ва дигаре «Название Согдианы в топонимике Таджикистана» ба табъ расидаанд, ки ин асарҳо асарҳои комилан илмие мебошанд, ки ба илми забоншиносии эронӣ инқилоби фикрие ба вуҷуд овардаанд.
Муҳаққиқ С.И. Климчитский тобистони соли 1934 ҳамроҳи Л.А. Хетагурова ба водии Яғноб тавассути роҳи Сталинобод – Куктеппа – ағбаи Анзоб сафари илмӣ анҷом дода буд, ӯ тамоми деҳаҳои Яғноб – аз деҳаҳои Марғтумайн то деҳаи Кансе ва аз он ҷо тавассути ағбаи Дарғи Заҳматобод ба ағбаи Хушекат убур карда, баъдан тавассути деҳаи Далёни Боло тамоми деҳаҳои аслан яғнобинишини доманаи Қаторкуҳи Куромос (Туркистони баъдӣ) дидан карда, баъдан аз шаҳри Самарқанд дидан мекунанд, ба воситаи Фаробу Моғиён ба самти Сталинобод гузашта сафари илмии худро анҷом медиҳанд.
Муҳаққиқ С.И. Климчитский натиҷаи сафари дар соли 1934 ҳамроҳи Л.А. Хетагурова анҷомдодаи хешро, ки хеле сафари дурудароз буд, дар се асари бунёдии илмӣ, яъне дар се мақолаи хеш бо номҳои: «Секретный язык у ягнобцев и язгуломцев», «Ягнобцы и их язык», «Ягнобская сказка» ҷамъбаст мекунанд, ки ин се мақолаи ҳаҷман калони илмии ӯ дар ҷилди дуюми маҷмӯаи илмии базаи Тоҷикистони АИ СССР соли 1938 ба нашр мерасанд.
Асарҳои муҳаққиқ С.И. Климчитский барои муҳаққиқони минбаъдаи суғдшиносӣ ва яғнобшиносӣ ба сифати арзишмандтарин тадқиқотҳои бунёдии илми забоншиносӣ хидмат кардаанд ва то имрӯз асарҳои дар як умри кӯтоҳ таълифнамудаи ӯ қимати худро гум накардаанд ва дурдонаҳои ганҷинаи бебаҳои бойгонии тиллоии илми тоҷикро ташкил медиҳанд.
Бо амри тақдир С.И. Климчитский бо ҳамроҳии забоншиноси тоҷик Л.Бузургзода ба ҶБВ даъват мешаванд ва соли 1942 Л.Бузургзода ва соли 1943 С.И. Климчитский дар ин ҷанги хонумонсӯз яке дар марзи Беларусия ва дигаре дар марзи миёни Русия ва Украина ҳалок мегарданд. Ёдашон ба хайр. Агар ин ду донишманди пуркору пурзаҳмат дар қайди ҳаёт мебуданд, илми забоншиносии тоҷик хеле рушду нумӯъ мекард. Бале, ин байти Хоҷа Ҳофиз тасаллои дили мост, ки мегӯяд:
Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Тӯраев Б. Б. (Бузургмеҳр),
номзади илмҳои филология