1.

Банда Абдуҳамид Самадро аз давраи донишҷӯӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар махфили адабии устод Тилло Пӯлодӣ мешиносам. Он замон дар маҳфил шахсони шеърнавис бештар фаъолият нишон медоданд. Насрнависҳо, ки суханашон тӯл мекашиданд, кам ба минбар мебаромаданд. Дар дили Абдуҳамид Самад ҳам чизе гуфтан меҷӯшид, лекин вай бештар худдорӣ мекард.

Он замон Камол Насрулло, Зиё Абдулло, Иноят Насриддин, Султон Шоҳзода ва дигарон дар қатори Абдуҳамид фаъолият доштанд. Декани факултаи филология Ҳамроқулов баъзе адибон, аз ҷумла, Файзулло Ансориро борҳо даъват мекард, ки бароямон шеър хонда, аз таҷрибаи драманависию ҳамкориаш дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳқлӣ ҳарф занад. Ӯ ҳам шеър мехонд ва ҳам аз ҳунари драмнависии худ нақл мекард. Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) барои донишҷӯён рӯзи 21-уми ҳар мохро “Рӯзи театр” эълон карда буд. Мо он замон асарҳои театрии С.Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Ф.Ансорӣ ва дигар адибони хориҷӣ, хусусан, асарҳои Шекспирро дар тарҷимаи устод Лоҳутӣ ва Силсилабону “Отелло”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Шоҳ Лир”, “Гамлет”, бисёр асарҳои мазҳакавиро бо шавқ тамошо мекардем. Чароғаке, ки дар дили ҷавонон аз маҳфил шӯълавар шуда буд, бо шунидани ашъори устодони каломи бадеъ ва таъсир аз театр аланга ба вуҷуд меовард.

Абдуҳамид Самад шояд аз чунин донишҷӯёне буд, ки ҳама чизро рӯйирост гуфтан намегирифт, суханҳое, ки дар дилаш ҷӯш зада баромадан мехост, низ худдорӣ мекард. Ӯ донишгоҳро  бо тайёрии нисбатан пухтаи эҷодӣ ба итмом расонд.

Дар замони донишҷӯӣ чизе ҷолиб навиштани Абдуҳамид Самадро дар хотир надорам. Шояд он солҳо ҷӯшу хурӯши илму адабиёт ва фарҳанг ӯро бештар ба худ мекашид. Пас аз хатм кардани Донишгоҳ, чунон ки худи ӯ борҳо гуфтааст, вай писари  рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) шуд. Ин рӯзнома воқеан ӯро дар домани худ тарбия карда баркамол гардонд. Абдуҳамид дар ин рӯзнома қариб бо ҳамаи адибони номӣ рӯбарӯ шуда, таҷрибаҳои эҷодиашонро аз худ намудаву осорашонро бамуддао омӯхта, тадриҷан ба кори нависандагӣ мепайваст, ҳамон оташи меҳру муҳаббатро, ки Донишгоҳ дар дилаш ба вуҷуд оварда буд, фурӯзон гардонидан гирифт.

Раҳбарӣ дар кас масъулияти азим эҷод мекунад. Кор ва фаъолият кардан дар “Садои Шарқ”, “Адабиёт ва санъат”, “Фарҳанг”, махсусан, ба вазифаи муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият кардан ӯро давра ба давра ба кори адабиву нависандагӣ пурзӯр мегардонд, дар назди устодони сухан раҳбарӣ кардану сухан гуфтан ҳисси масъулиятро  пурзӯр ва ӯро яке аз  шахсҳои намоёни адабиёти бадеӣ мегардонд.

Абдуҳамид Самад аз аввал дар рӯзнома ба кори эҷодӣ пайваста, ахбору мақола, баъд очерку ҳикоя навишта, тадриҷан  ба қиссаву роман гузашт ва асарҳои шоистаи замон.  таълиф кард. Худи ӯ борҳо гуфтааст, ки вай фарзанди маънавии устод Ф.Муҳаммадиев мебошад, маслиҳат ва таҷрибаҳои ӯ дар пешрафти эҷодии ин ҷавон хеле хуб мадад расондааст.

Мо охирҳои баҳори соли ҳаштодум яке аз аввалин қиссаи ӯ “Баъд аз сари падар”-ро дар  Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ баррасӣ кардем. Он замон донишмандони муътабар М.Шакурӣ, Р.Амонов, А.Сайфуллоев, Ҷ.Бақозода, Ҳ.Шодиқулов ва дигарон ба асар баҳои ҳақиқӣ ва арзанда дода буданд. “Баъд аз сари падар” асари лирикии психологӣ шинохта шуда, муносибати тағоро ба ҷиян ва ҷиянро ба тағо шоиста нишон медод. Баъд асарҳои дигари ӯ “Паррончакҳо (1983), “Пиёлаи шикаста” (1986), “Аспи бобом” (1986), “Косаи давр” (1987), “Майдон” (1989), “Акаи ошиқ” (1992), “Шаҳдрези садо” (1997), “Талош” (2002), “Санги маҳак ва тарозуи ҳунар” (2013)  навишта шудан гирифтанд. Устод Шакурӣ он замон ба қиссаи “Баъд аз сари падар” маҳфил ороста, дасту дили ин ҷавони саҳибқаламро гарм ва фаъол гардонда, ба роҳи васеи эҷодиёт ҳидоят карда бошанд, имрӯз акнун Носир Салимӣ ҳамчун раҳбари идора дар атрофи романи хеле пурмӯҳтавои ӯ “Гардиши девбод” (2011, 2015) маҳфил ороста, ба ин роҳ муносибати нақди адабӣ ба адабиёти бадеӣ, пайванди Академияи илмҳоро бо Иттифоқи нависандагон қувват додан ва фаъол гардонидан мехоҳанд.

2.

“Гардиши девбод” романи сиёсию иҷтимоӣ ва ёддоштист, пуропур аз ахлоқи ҳамида ва панду андарз иборат мебошад. Дар он хосиятҳои лирикӣ, психологӣ, фалсафӣ ва  ин гуна ҳодисаҳоро зиёд мебинем. Нависанда дар роман инқилоб, сиёсати замони шӯравӣ, ҷангҳои дувуми ҷаҳон ва шаҳрвандиро дар ду қисм нишон дода, аслан   сиёсати коммунистиро аз баъзе ҷиҳатҳо маҳкум мекунад, зеро халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷиконро парешон гардонд. Аз “омад-омади кофирон” ва ҷабри инқилоб 2 миллион нафар аз Мовароуннаҳр ба кишварҳои бегона паҳну парешон шуданд. Солҳои сиюм таҳти унвони “кулак” мардуми доро ва донишмандони китобхон ба Сибиру Қазоқистон бадарға шуданд.

Умуман, инқилоби сиёсии солҳои бистум ва даҳшати солҳои сиюм  то панҷоҳум, табартақсими ҷуғрофии Осиёи Миёна дар романи “Гардиши девбод” бо сухани бадеӣ хеле хуб ба тасвир расидааст. Хонандагон аз ин китоб  худогоҳӣ ва худшиносии миллиашонро пурқувват мегардонанд.

Пештар, устодон С.Айнӣ, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Ф.Муҳаммадиев ва дигар нависандагон ин сиёсатро ба манфиати Ҳукумати Шӯравӣ ҳал карда, таърихи дуру дарози ҳазорсола ё чандҳазорсоларо нишон дода бошанд, Абдуҳамид Самад ба ҷуз ин сифати нависандагони пешин бадкориҳои сиёсати замони шӯравиро ҳам як-як нишон дода, дар баробари дарду алам чароғи дили инсонҳоро дармегиронад, дар лабонашон табассум ва дар  мардум руху димоғи тоза ҷилвагар месозад. Бояд гуфт, ки халқ дар баробари ғурбату ҷанг, душвориҳои зиндагӣ сулху салоҳ ва шукуфоӣ низ доштанд, нависанда ба ин ҷиҳат зиёд диққат дода, дар баробари зимистони сард баҳори нозанинро низ сабзу гулгун нишон медиҳад. Ӯ аз ҳукумати Ленин, сиёсати шахсии Сталин бо эҳтиром ёд мекунад.

Ин тазоди сиёсию иҷтимоӣ ҳамеша дар рухсораи роман мавҷ зада, аз фалсафаю ҳикмати зиндагӣ зиёд мисолҳо меорад. Дар романи нави Абдулҳамид Самад сиёсати замони шӯравӣ, ҷанги бузурги ватанию ҷанги шаҳрвандӣ  аз дид, меъёр ва арзишҳои нави замони Истиқлол таҳқиқ ва баррасӣ мегардад.

Чун сухан аз дарду доғ равад, ба мазмунҳои ишқӣ ҷой намемонад, лекин нависанда дар он миён бо як қисм рубоӣ ва ҳазлу шӯхиҳо дар хонаву ҳавлӣ ва саҳроҳои меҳнатӣ, меҳру муҳаббати поки инсониро нисбат ба фарзандон ва шахсони наздик ифода менамояд. Хусусан, шӯхиҳои Мирак дар бораи занҳои шавҳарашон ба ҷанг рафта, ҳусну андоми онҳо ва баъзе сармастиҳои занон дар лабони хонанда табассум падид меорад. Ё рашки шавҳар (Шодӣ) ба  шахси бегонаи ба хонааш меҳмоншуда сабаби шармсор гардидани худи ӯ шудааст.

Ҳаёти иҷтимоии одамон шӯрангез, пурталотум, зиддиятнок ва пур аз мухолифатҳои руҳию маънавӣ ва зиндагонист. Хонанда аз дарду ранҷи сиёсати замони шӯравӣ ҷон дар ҳалқ зиндагонӣ кардани мардумонро хусусан дар деҳот бо чашми сар мебинад. Падарону бобоён даҳшати Сибиру Қазоқистон дида несту нобуд шуда бошанд, фарзандон дар ҷанги фашизм талаф шуда, ягон-ягон маъюбу маслух баргаштаанд. Онҳое, ки ба мисли Некном, Мирак, Сифат, Дилёб дар ақибгоҳ камари ҳиммат баста, бо ҷону дил хидмат менамуданд, шӯру шарари ҷанг, душворию дахшати онро бо сухан, (шеъру рубоӣ, мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, ҳикмату зарофати сухани мардумӣ) бисёр нарму нафис ва лаззатбор ифода мекунанд. Дарду доғи зиндагӣ, хусусан, ба дасти мардум расидани хати сиёҳи фарзандон (Зариф) дилу ҷигарашонро пора мекард (Сифат), арзуҳояшонро бар бод медод. Воқеан, даҳшати ҷанг ва талаф шудани фарзандон дар ақибгоҳ фоҷиаҳои сахт ба миён оварда, хешу таборонро гоҳ ба номуродӣ мерасонданд.

Зарофату латофати сухани нависанда ибратомӯз мебошанд, ӯ ғурбату дардро гоҳ бо суханҳои нарму навозишкорона мепӯшонад, дар дили мардум ҳисси башардӯстӣ, муносибат ба зиндагониро меафзояд. Мо  медонистем, ки Абдуҳамид дар роман хеле зебою пурмаъно сухан мегӯяд. Таҷрибаи тӯлонии нависандагӣ, бафурсат аз худ кардани таъриху сиёсат, ҷанги шаҳрвандӣ имкон додааст, ки вай ба таъриху зиндагӣ воқеъбинона назар андозад, ҳақиқатҳои воқеии дирӯзу имрӯзро бо тамоми сифатҳояш дарк карда, рӯйи коғаз оварад.  Нависанда сол то сол таҷриба гирифта, маъниву мазмунҳои пуробуранг ба вуҷуд оварда, ба дунёи дили инсонҳо даромада, суханҳои ширадор ва пурмағз эҷод менамояд. Мулоҳизаҳои пурҳикмату ибратомӯз ҳамеша дар нӯки забони ӯст. Халқияти осор, мардумшиносии  адиб як сабаби ба авҷ расидани камоли эҷодии ӯ гардидааст. Вай ба дилу маънавиёти халқ даромада, бо  образу персонажҳо пурназокат сухан мегӯяд. Шираву шарбати маънавиёти халқ ба лаҳни зебою гуворои нависанда қуввату мадор афзуда, суханҳояшро тоза ва дилкаш мегардонанд. Романро як асари бебаҳои халқию фолклорӣ низ шинохтан мумкин аст.

Устод Мирзо Турсунзода адибонро дар миёни халқ сафарбар карда, ҳамеша таъкид менамуданд, ки аз халқ омӯзанд. Ҳикмату саховати халқ беинтиҳост. Халқ хазина ва кони сухан мебошад. Аз халқ маъниҳое гирифтан мумкин аст, ки дар ягон китоби гаронбаҳо дида намешаванд. Нависандагон ҳамеша бо халқ бошанд ва аз халқ сарбаландона омӯзанд. Ба таъкид сухан гуфтани устод Турсунзода ҳанӯз фаромӯш нашуда, дар   роман пурра риоя шудааст. Абдуҳамид Самад дар миёни халқ зиста, маъниҳои тоза пайдо карда, дар роман ба муваффақиятҳои калон нойил шудааст. Лаҳни халқӣ дар  асар ширадору лаззатманд оварда шудааст. Агар устод Айнӣ гуфта бошад, ки нависандагон лаҳҷаҳои халқиро дар асарҳои бадеӣ кам истифода кунанд, ин адиб образу персонажҳои халқиро фаровон кор фармуда, саросар аз забони шифоҳии деҳотӣ устокорона истифода намуда, халқро раҳбару раҳнишондиҳандаи давру замон нишон додааст.

3.

Роман, хусусан китоби дуюм пур аз образҳои бадеист. Асарҳои бадеии таърихӣ  одатан образу персонажҳоро зиёд талаб мекунад. Асар аз Дилёб оғоз шуда, бо Раҳматшоҳ ба охир мерасад. Мо дар қисми аввали роман бо симоҳои барҷастаи Некном, Мирак, Сифат, Гавҳар, Нурбахш, Комилбой, Домулло Латиф, Абдураҳими Сӯфӣ, Заъфарон шинос шуда бошем, ки ҳама сифатҳои олии инсонӣ доранд, онҳо аз дигарон бо феълу амалҳои шоистаи инсонӣ фарқ менамоянд, дар мулоҳизаву андеша гӯё  аз даҳонашон дурру гуҳар мерезанд. Дар қисми дуюм ҳам бо бештар аз 80 образу персонаж рӯбарӯ мешавем, ки  як қисм аз китоби аввал давом кунад, дар қисми дувум бештари образу персонажҳо кам нақши хотирмон дошта, зуд аз хотир фаромӯш мешаванд. Муаллиф дар қисми аввал бафурсат, саросема нашуда, бамуддао образҳоро ба таҳқиқ гирифтааст, аммо дар қисми дуюм ба ҷурми саросемагӣ, ки роман мабодо нотамом монад, “намурда ин асарро ба охир мерасонда бошам?” образу персонажҳоро мисли қисми якум равшан ба таҳқиқ нагирифтааст, зудкорию басуръат навишта шудани асар шояд дар ҳамаҷониба таҳқиқ нашуда мондани  як қисм образу персонажҳо шудааст.

Устод Айнӣ дар охирҳои умр, дар 6 соли зиндагонии худ дар баробари масъалаҳои зиёди дар пеш истода, аз се кори муҳимму бахайр якеро ҳам ба охир нарасондаанд, зеро раҳбарони Ҳукумати Тоҷикистон дар замони пиронсолӣ ба ҷуз сустии саломатӣ донишманди мумтозро ба ҷою манзили нав кӯчонида, сарвари идораи калони илмӣ гардонида буданд. Абдуҳамид Самад ҳам дар қисми дувуми ин роман, ки 6-7 сол мегузарад, бо саросемагию шитобкорӣ баъзе образу персонажҳоро ҷиддӣ ба таҳқиқ нагирифтааст. Шояд ба пуррагӣ омӯхта нашудани  ҷанги шаҳрвандӣ, ҳам шитобкорӣ қисми зиёди образҳоро баркамол нагардонидааст. Барои он ки образу персонажҳо баркамол шаванд, гаштаю баргашта онҳоро ба таҳқиқ гирифта, дар сурати аз паҳлӯҳои гуногун санҷидан образҳои китоби дуюм ба образҳои китоби якум баробар ва мувофиқ шуда метавонистанд.

Асарҳои таърихӣ образу персонажҳоро зиёд парвариш медиҳад, зеро адиб дар ин гуна асар бо шахсиятҳои гуногун рӯбарӯ мегардад. Устод С.Айнӣ дар асари таърихии “Ғуломон” беш аз 500 образу персонаж истифода карда буд. Абдуҳамид Самад ҳам дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бо симову чеҳраҳои гуногун рӯбарӯ шуда ё аз дигарон шунидаю омӯхта, нав-нав образу чеҳра ва персонажҳо эҷод менамояд.  Лекин образҳои манфии мисли гургбачаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун образҳои типпӣ маълум нашуда мондаанд.

Ҳарчанд ки дар ин байн баъзе образҳои мусбат ба мисли  Наиму Насим, Абдукарим-амак, Рустами вовчик, Зикамоҳ, Шодии баландкаш, Мухтору Моҳистон, Раҳматулло хотирмон мебошанд, аслан дар ин қисм задану кӯфтан, куштан, баъзе амалу осори мисли моҷароҷӯёна дида шуда, шарафу номуси инсон зуд-зуд коста мегардад. Нависанда ба воқеаҳои мухталиф саргарм шуда, бо шахсҳо ва чеҳраҳои гуногун рӯбарӯ мешавад. Устод Абдуҳамид Самад ҳанӯз дар авҷи фаъолияти эҷодӣ буда, моро ҳамеша бо асарҳои наву тоза шод ва масрур мегардонад.

Шоҳзамон РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here