Аз дафтари хотира

Мо, хонандагони мактабҳои миёнаи солҳои 50-и асри сипаригашта шумораҳои навбатии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал»-ро бо бетоқатӣ интизор мешудем. Дар ин чаридаҳо хонандае бо исму насаби «Р. Ёров» аз ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) хабару мақола, лавҳаву ҳикояҳои хурдакак менавишт ва мо аз он фахр доштем, ки ин хабарнигор бо эҷодиёти адабиаш ноҳияи моро муаррифӣ менамояд.

Сухани шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода «коми тоҷикро бо шеър бардоштаанд» ба ман низ таъсир карда буд, ки қариб ҳар рӯз шеър менавиштам ва мехостам дар пайравӣ бо Р. Ёров дар матбуоти марказӣ офаридаҳоям чоп шавад. Қасд кардагӣ барин аз ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳо ба як мазмун ҷавоб мегирифтам: «Бисёртар мутолиа кунед ва донишатонро сайқал диҳед».

Хушбахтона, соли 1964 яке аз дӯстонам хабар овард, ки ҳамон Р. Ёров ба рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод» ба сифати котиби масъул ба кор омадааст. Аз шодӣ пару бол бароварда, дафтари шеърҳоямро таги каш карда, ба ҳузураш шитофтам. Ба пешвозам ҷавонмарди қадпастаки хандонрӯе бо мӯйи сари ғабдала хест ва бо лаҳни ширин, ки гӯё мо кайҳо шинос бошем бо овози нарм гуфт:

– Марҳамат. Гузашта шинед ва худро муаррифӣ кунед?

Аз чунин пазироӣ шердил шуда, дар рӯ ба рӯяшон нишастам ва бе ҳеҷ қилу қол дарҳол ба сари мақсад омадам.

– Шеърҳо…, ъэ, чанд шеърамро, – ва аз шарм дигар чӣ гуфтанамро надонистам.

– Дафтари шеъратонро овардед? – бо табассуми ба худаш зебанда онро аз дастам гирифта, болои миз гузошт. – Ман хоҳиш кардам, ки худро шиносонед. Ному насабатон?

– Зариф, – саросема ҷавоб гардондам. – Ғуломов. Зариф Ғуломов.

– Зарифҷон, – соҳиби дафтари корӣ қадре сукут карданд. – Шеърнависӣ заҳмати зиёдро талаб менамояд. Шахсе шоир шуда метавонад, ки беш аз шаст ҳазор мисраъ шеърро азёд донад ва истеъдоди модарзодӣ дошта бошад. Ин офаридаҳоятро бо диққат мехонам ва пас аз як ҳафта ҷавобашро медиҳам. Имрӯз панҷшанбе – ҳа?

– Ҳа, имрӯз панҷшанбе, – бо калаҷумбонӣ тасдиқ кардам.

– Панҷшанбеи дигар аз тақдири эҷодиётатон огоҳ мегардед, –  ва мизбон даст барои хушбошӣ дароз кард.

Ҳафта ба назарам сол намуд. Рӯзи таъиншуда бо дили пурҳаяҷон ба наздаш даромадам. Бо ҳамон табассуми латиф пешвозам гирифт. Такопӯи қалбамро ҳис намуд, ки аз натиҷаи хулосааш дарҳол маро огоҳ накард. Суҳбатро аз ҳолу аҳволпурсӣ, кору бори омӯзгорӣ ва мавзӯъҳои дигар оғоз намуд. Пас аз он ки ҳамчун равоншинос боварӣ ҳосил кард, ки ҳаяҷони қалбам паст шуд, ба сари мақсд омад.

– Зарифҷон, хафа нашав, аз ту шоир намебарояд, – ва дафтарамро ба пешам гузошт. – Ту худатро ба наср бизан. Оянда нависандаи хубе мешавӣ.

Воқеан ҳамин ҷумларо дар яке аз намоишҳои телевизионӣ, ки бо Мирзо Шакурзода дар мавзӯи бурду бохти насри муосир сурат мегирифт, ба забон оварда буд.

Онро кушода ҳуш аз сарам парид. Ягон мисраъе набуд, ки устод ислоҳ надароварда бошад. Дар ҳошияҳои дафтар эроду дархостҳояш бешумор буданд. Пеши чашмҳоямро сиёҳӣ гирифт. Бо азоб қомат бардоштам. Ӯ маро то дари баромад гусел намуд. Ба хона омада, аз қаҳру ғазаб дафтарро ба гӯшае партофтам. Як ҳафта аз алам ба қаламу коғаз даст назадам. Суханони котиби масъул чун путк дар гӯшам садо медод: «худатро ба наср бизан».

Дар охир аз рӯи маслиҳаташ лавҳачае дар бораи духтари яхмосфурӯш навиштам. Ин дафъа бо ранги рӯи парида ба наздаш даромадам ва хомӯшона варақро дароз кардам. Зуд хонд ва аз ҷояш парида хест. Давида маро ба оғӯш гирифт ва хурсандона эҳсосоти дилашро баён кард.

– Гуфтам – ку. Аз ту нависанда мебарояд. Ана, ин гапи дигар. Ҳафтаи оянда ин лавҳача аз тавлиди нависандаи нав хабар медиҳад. Ҳоло ман туро бо иштиёқмандони адабиёт шинос менамоям, – ва аз дастам гирифта ба утоқи дигар даровард.

Тақрибан ҳашт нафар ҷавонон ба пешвози устод аз ҷой хестанд. Баъдан маълумам гардид, ки устод ҷавонони болаёқатро дар маҳфили адабӣ гирд оварда будааст ва солҳо пас аз байни онҳо ду тан, ман ва Эшмуҳаммад Донохонов бо кӯшишу заҳматҳои котиби масъули рӯзнома ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудем.

– Шинос шавед, нависандаи оянда Зариф Ғуломов, – ва маро дар курсӣ шинонда, машғулияти аввалинашро оғоз бахшид.

– Насиҳати якум, – устод ба мо муроҷиат намуд, – бисёр китоби бадеӣ хонед. Махсусан, асарҳои Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис, Ҷалол Икромӣ ва роману қиссаҳои адибони ҷаҳонро мутолиа намоед. Насиҳти дуюм. Ба қоидаҳои имлои забон диққати ҷиддӣ диҳед. Ҷумлабандӣ ва баёни фикр аниқ, кӯтоҳ ва сода бошад. Соданависиро аз сардафтари адабиёти муосирамон Садриддин Айнӣ омӯзед. Насиҳати сеюм ва охирин. Ҳеч гоҳ шитоб накунед. Дар назди монеаҳо, сангарҳо ва мушкилиҳо руҳафтода нашавед. Ва аз ҳама асосӣ аз мувафаққияти аввалин саргаранг ва аз худ наравед. Нависандаи хуб пеш аз ҳама хислати хоксорӣ дорад. Агар ҳамин се пандамро риоя кунед аз шумо дар ҳақиқат адиби писандида мебарояд.

Зиндагиам чунин сурат гирифт, ки боз чандин бор бо устод вомехӯрдам ва ӯ маслиҳатҳои муфидашро аз ман дареғ намедошт. Пайваста роҳи эҷоиётамро зери назорат мегирифт. Ҳатто маъракаи ҷашни ҳафтодсолагиамро дар ноҳияи Колхозобод гузаронда, дар муаррифии қиссаи «Исёни Назир»-ам бевосита иштирок намуда, нисбати ду офаридаам тақризи пурмуҳтавое навишт.

Инак, аз марги бемаҳали устод чанд соле сипарӣ гашт. Ҳар гоҳе, ки ба бинои боҳашамати Иттифоқи нависандагон, ки устоди равоншодам чандин соли умрашонро дар ин қасри адабӣ баҳри рушду нумӯъи адабиёт сарф карданд, қадам мегузорам, ҳамон панду андарзҳояшон пеши хотир меояд ва аз Худованди карим талаб дорам, ки хонаи охираташ обод ва руҳашон шод бошад.

Зариф ҒУЛОМ,

адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь