Маро як вазъият сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамчун фарҳангшинос мушоҳида карда истодаам, ки тамюли нохуше нисбати фарҳангу ҳунари мамолики Ғарб оғоз ёфтааст. Чанде пеш таносуби фарҳангу ҳунари оммавӣ (“massa cultura» ё дар форсӣ «фарҳанги тӯдаӣ», русӣ «массовая культура”) ва фарҳангу ҳунари асил, ашрофӣ, ҳунари муаллифӣ (“elite culture», «arthouse”) тарзе сурат гирифта буд, ки фарҳаг ва ҳунари “arthouse”, ба истилоҳ қонугузори рушди фарҳангу ҳунари оммавӣ буд. Аз он сабаб, ки ҳунари “arthouse” асарҳои авангардӣ, навовар, фестивалӣ ва пешсаф тавлид мекард. Ҳама бозёфҳои “arthousе” баъдтар моли фарҳанг ва ҳунари оммавӣ мегардид. Яъне “arthouse” бунёдӣ, калидӣ, сарчашмавӣ буд барои асарҳои оммавӣ. Аммо ҳаводорони ин сабк мисле, ки ҳунари тӯдаӣ дорад, зиёд набуд. Ғолибан дӯстдорони “arthouse” таҳти рӯшанфикрон ва интеллектуал буданд.
Алъон дар тамддуни имрӯзаи Ғарб тамоюли парастиши фарҳанг ва ҳунари оммавӣ бештар ба чашм мерасад. Яъне ҳунари муаллифӣ, элитарӣ, ашрофӣ, ки пештар аз он ҳунари оммавӣ ғизо мегирифт, нуфузи худро аз даст дода истодааст. Ин падида боиси нигаронист. Муҳиму ташвишовар ин аст, ки шарқиён, ки ғолибан одати тақлид кардани ғарбиёнро доранд, дер накарда, ба Шарқ низ ворид шудани ин тамоюли ношоям чизи ғайри чашмдошт нест. Яъне ба фарҳанги мо шарқиён, ки бо тамаддуни пурмаънии ирфонӣ, ашрофӣ, нозуктабиату шеъргуна фарқ мекардем, ворид шудани чунин сифати омиёна таҳдиди ғайримусбӣ хоҳад буд. Аллакай нишонаҳои он дар сару либос ва санъати РЭП, ки ҷавонони мо мепарастанд, мушоҳида карда мешавад. Хулоса, дар пеш моро метавонад вазъияте интизор шавад, ки дар он маънӣ ғалат, рафтор ғалат, гуфтор ғалат буда бошад…
Аз Парвардигор илтиҷо мекунам, ки моро аз ин хатар дар паноҳаш нигаҳ дорад.
Вале чи тавре ки дар урфият мегӯянд, ба умеди Худо нашаву буттаро муҳкамтар дор.
Яъне чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ҳар ташаббуси навини артхаусиро, ки ғизо аз суннатҳои фарҳанги асил мегирад, мебояд дастгирӣ кард.
Филми нави коргадони ҷавон Муҳиддин Музаффарӣ «Дов» («Фартуна»)-ро, ки баъди саргардониҳои зиёд ва побанди таҳияи филмҳои оммабин шуданаш ва ниҳоят ба сабки элитарӣ майл карданаш, боиси дастгирист.
Муҳиддин маро ҳамчун тамошобин бовар кунонд, ки фазои моддиву маънавии филм ба фазои солҳои 90-и асри гузашта, аниқтараш фазои соли 1993 мувофиқ аст. Сохтакорӣ дар фазосозӣ ҳис нашуд. Ҳатто дар чунин ҷузъиёт – садо додани гуфтори ҳамондавраинаи диктори машҳури телевизион ва радиои тоҷик Рафоат Абдусаломова кӯшиши фазосозии филмро шаҳодат медиҳад. Ман, ки овози пешинаи Рафоат Абдусаломоваро ёд дорам, бори дигар кӯшиши дақиқан фазосозии коргадони ҷавонро дар филм эҳсос кардам. Ин ташаббус барои ман барин тамошобини солхӯрда, ёддоштҳои ширинеро ба хотир меоварад. Ин ҳиссиёт ширинии ширини давраи ҷавониро ба ёд меорад.
Вале ин дарк барои тамошобини давраи пасошӯравӣ, барои тамошобинони насли нав арзише надорад. Барои тамошобини хориҷӣ низ ҳам чунин. Вале мани тамошогари солхӯрда, барои ин ширинии даври гузашта, ба Муҳиддин бисёр ташаккур мегӯям. Овози диктори онвақта гӯё меҳмони ҷони ман шуд. Маро дилшод кард, руҳ бахшид. Овозаш каме хаставу пирона ба гӯш мерасид. Вале дар ҳар сурат овози апаи Рафоат рамзи замон шуд.
Яъне Муҳиддин ба ҳадафи худ расид, вай модели давраи солҳои 90-умро бо ҷузъиёташ барқарор кард. Дар филми бо модели артхаус сохта шуда, чунин фазосозӣ аҳамияти якумдараҷа дорад. Дар чунин асар тамошобин бояд боварии комил дошта бошад, ки воқеъияти дар экран инъикосшаванда сохтакорӣ надорад.
Дар филмҳои артхауз бар хилофи филмҳои оммавӣ, ки қаҳрамонҳояшонро ба типи мусбию манфӣ табақабандӣ мекунад, персонажҳо мисли одамони воқеӣ тасвир мешаванд. Ин зайл персонажҳо ҳам рафтори хуб ва ҳам зиштро содир мекунанд. Дар вуҷуди онҳо ин ду сифат ва сифатҳои дигар омезиш ёфтааст, синтез шудааст. Танҳо тамошобин дар маҷмӯъи рафтори персонажҳо онҳоро ҳамчун образҳои мусбӣ ва ё манфӣ арзёбӣ мекунанд.
Махсусан, қиссаи дӯстии ду қаҳрамони асосӣ – Қаҳҳор ва Маннон дар ҳамин радиф хеле табиӣ ба чашм мерасад. Дар филмҳои оммавӣ одатан қиссаи қаҳрамонон ва сужа бо саршавии филм пешгӯӣ карда мешавад. Тамошобинони қиссаи қаҳрамонҳои филми «Дов» ва сужаро пешгӯӣ карда наметавонанд. Фақат аз саршавии қиссаи лотерея тамошобин ба муносибатҳои ин ду дӯст нигарон мешавад. Саҳнаҳои доду гирифти лотерея калидӣ аст. Тамошобини кунҷков тахмин мекунад, ки маҳз ҳамин чиз минбаъд тавлидгари муаммову тазодҳо шуда метавонад…
Тазоди ду рафиқ аз кадр ба кадр афзоиш ёфта, ниҳоят ба фоҷеа табдил мегардад. Яъне темпоритми филмнома пайваста шадидтар мегардад ва ба кулминатсия ё нуқтаи баландтарин мерасад.
Сабаби конфликти дӯстон нафақат лотерея, нафақат дар олами ботинии онҳо нуҳуфта, балки дар вазъияти иҷтимоӣ низ ҷой дорад. Қаҳҳор ва Маннон маҷбуранд, ки аз корхонаашон қисмҳои эҳтиётиро дуздида, ба корчаллон бифурӯшанд, маҷбуранд, ки дар сурҳо суруди омиёна хонда, пул кор кунанд ва ба ҳамин восита талаботи рӯзгорашонро таъмин гардонанд. Ин ҳама бидуни табиати фитрии онҳо рух медиҳад. Хусусан, ин чиз комилан мухолифи идеалу орзӯҳои Қаҳҳори ростқавлу поксиришт буд, ки покиза зиндагӣ кардан мехост. Мусиқии асилу ҳирфаиро дӯст медошт. Мехост дар ҳамин соҳа кору фаъолият намояд. Мутаассифона, ташвишҳои рӯзгор ва сустиродагии худи ӯ даст надод, ки ба орзӯяш расад. Аз ин рӯ, мехост, фарзандаш, ки гӯё дар консерваторияи Москав мехонд, ҳофизи касбӣ шавад, умеди падарашро амалӣ созад. Ба ӯ пайваста пул мефиристонд, телефонӣ ӯро насиҳат мекард…
Мехоҳам ихчам, мухтасаран арзишҳои ҷолиби “Дов”-ро таъкид кунам. Ба андешаи ман, маҳз ҳамин ихчамӣ имкон медиҳад, ки бурду бохти филм ва коргардонро барҷаста муаррифӣ бинмоем. Ҳамин кутоҳгӯӣ нуктаҳои муҳими бадеият ва эстетикии асарро ошкор месозад. Кутоҳбаёнӣ бидуни каломи дароз мағзи гапро мегӯяд ва дар интихоби нуктаҳои мухталифу муҳим орӣ аст. Ва инак:
Навоварии Муҳиддин Музаффарӣ дар услубу жанри артфилм сурат гирифтааст. Ҳатто сужетҳои маъмулии пешина, масалан, муносибати бобо ва набера, дар ҳолату мантиқан тоза пешниҳод шудааст, самимӣ ва пур аз меҳр аст муносибати бобову набера;
Чеҳраҳои шинохта, ки дар филмҳои пешинаи Муҳиддин нақш меофариданд, дар “Дов” ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан дигаргуна ба чашм мерасанд. Инҷо саҳми режиссёр ва нақши грим ва чеҳрасозӣ назаррас аст;
Аз тавони ҳунарии Абдулмӯъмин Шарифӣ маълумот доштам, лекин бозии Салоҳиддин Шукурзода (дар титрҳои филм Шукуров) маро дар ҳайрат гузошт, балки мафтун кард. Ҳар ду натанҳо хеле табиӣ, боварибахш бозӣ мекунанд, балки нақшҳои худро ҳамчун шахсиятҳои воқеӣ, зинда тасвир менамоянд;
Диалогҳо бофтаву сунъӣ нестанд;
Дар филмҳои пешинаи Муҳиддин панду насиҳат бисёр буд, аммо дар “Дов” мақсаду таманнои муаллифро тамошобин баъди дидани филм худ хулоса мекунад. Ин яке аз дастовадҳои коргардони ҷавон ба ҳисоб меравад. Ва ин чиз яке аз шартҳои асосии артфилм ҳам аст;
Масъулияти эҷодгари артфилм дар он аст, ки ҳиссу тафаккури тамошобинро фаъол намуда, ӯро ба масъулияти мустақил андеша рондан биоварад. Яъне маънии асари артхаус ҳамон вақт комилу пурра мегардад, ки агар тамошобин бо ҳиссиёту дарки ақлии хеш онро ҳусни анҷом бахшад, ниҳоят мустақил, бидуни насиҳату интерпретатсияи муаллиф арҷгузори филм гардад. Муҳиддин ҳамин шартҳои артхаузро риоя кардааст;
Бе шак, ин филм ба фестивалҳои байналмилалӣ бояд пешниҳод шавад. Аз ин рӯ, хуб мебуд агар ба чунин паҳлӯҳои асар Муҳиддин эътибор медод: баъзе саҳнаҳои рамзӣ, ки барои тамошобини тоҷик арзиш доранд, дар хориҷа гум мешаванд. Баракс, он арзишҳое, ки барои тамошобини тоҷик муқаррарӣ менамоянд, дар хориҷи кишвар маънии дигар пайдо мекунанд. Хусусан, этнография, ҳувияти миллии мо ҳатман боиси таваҷҷуҳи махсуси хориҷиён хоҳад шуд;
Саҳнаи ҳашар, хархашаи дар он рухдода ҳамчун рамзи аз байн рафтани суннатҳои хуби пешинаи падарсолории тоҷик маънидод мешавад;
Маълумоти ғайричашмдошти писари хурди Қаҳҳор, ки гӯё дар консерваторияи Москав таҳсил мекарду татбиқкунандаи орзуи дерина ва амалинашудаи падар буд, дар асл дар бозори Москав аробакашӣ мекардааст. Ин тазод яке аз сабабҳои шиддаттарин шикасти руҳии Қаҳҳор гашт;
Умуман, ҷаҳони пур аз рамзу романтикии Қаҳҳор, бо патефону дирижёрӣ карданаш, муҳаббат ба мусиқии асил доштааш барои тамошобини андешаманди хориҷӣ писанд меояд. Ё дӯстӣ ва садоқати содалавҳона ва покизаи Қаҳҳору Маннон, ки барои ғарбиён арзиши қариб гумшуда аст, таваҷҷуҳи тамошобини берунаро бедор менамояд;
Монтаж, мусиқӣ ва кори оператор – ҳама ба як мақсад равона шудаанд, сохтани тамсили воқеии Тоҷикистони соли 1993…
Хуллас, филмро дӯст доштам. Он эродҳое, ки дар рафти муҳокимаҳо ироа шудаанду дар китоби пасипардагии “Дов” ишора гардидаанд, шахсан ман ҷиддӣ намешуморам. Филм ҳамон вақт ҷолибият пайдо мекунад, ки агар бинандаро бетараф нагузорад. Филми хуб бояд катарсис дошта бошад. Ман гиристам дар саҳнаҳои охирини филм аз дардҳои қаҳрамонон, хусусан аз дардҳои Қаҳҳор. Филм дили маро гарм кард бо парастиши арзишҳои одӣ ва асили башардӯстона. Муҳиддин тавонистааст дар ҷузъ кулро нишон диҳад, ба воситаи ҳаёти персонажҳои мушаххаси миллӣ рӯзгори умуман инсонро инъикос намояд. Ман дарёфтам ва хушнуд аз онам, ки бо ин ҳама тазоду рамзҳо Муҳиддин огоҳ ва шарик будани худро бо ғаму шодиҳои миллат бе ҳеч худнамоӣ собит кардааст…
Албатта, дар муқоиса бо артфилмҳои класикии ҷаҳонӣ ин асари Муҳиддин Музаффарӣ кашфиёти баланд нест. Вале барои худи коргардон ва барои ман ин дастоварди муҳим аст. Ва ман Муҳиддинро ва худамро бо ин пешрафт табрик мекунам. Умед ҳаст, мо дар оянда асарҳои аз ин ҳам олитари ин коргардони ҷавонро бубинем;
Вале ман наметавонам гӯям, ки Муҳиддин ҳамеша бо сохтани артфилм машғул шавад. Асари хуби касбӣ – ба истилоҳ “тиҷоратӣ” низ метавонад дастоварди хуб бошад, ба шарте, ки агар бо завқи баланд ва ҳирфияти олӣ таҳия шавад.
Вале асри хуби муаллифӣ дар фарҳанги башар ҳатман падидаи мондагор хоҳад буд…
Саъдулло Раҳимов,
профессор