Тақрибан ду ҳафта пеш аз Шоми эҷодиам, ки 14-уми майи соли 2022 баргузор гардида буд, бо ҳампешагонам дар соҳаи роҳсозӣ – Робия Умаровна Завқиева ва Мирзо Шералӣ суҳбат доштам. Зимни суҳбат Робия Умаровнаи қадрдон аз Махдуми Исмоил ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки дар маҳфилҳои «Боргоҳи Сухан», аз ҷумла дар Шоми эҷодиам, ин рӯҳонии маъруфро ҳам даъват намоям, чунки таваҷҷӯҳи ӯ ба шеъру фарҳанг, инчунин, эҷодиёти бадеӣ ва навиштаҳоям афзун аст. Зиёда аз ин, дар доираи чунин нафарон нишастан, ба суханони пурмуҳтавояшон гӯш додан, онҳоро ба навор гирифтан ва аз панду андарзҳояшон баҳра гирифтан ба нафъи мо ва ҳар бинандаву шунаванда мебошад. Ба ростӣ, аз ин пешниҳод хеле хурсанд шудам, чунки эҳтироми ман ҳам нисбат ба ин донишманди дини мубини ислом зиёд буд.

Да ин миён, дар «Боргоҳи Сухан» се маҳфил баргузор гардид. Нахустин маҳфил ба фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ортиқ Қодир бахшида шуда буд, дуюмин, ба адиби касбӣ, ё чунон ки худи эшон бо лутфи хосса мефармояд, «шоири профессионалӣ», на Шоири халқии Тоҷикистон, Абдулқодири Раҳим ва сеюминаш, базми шеъру суруди банда буд, ки ҳар ду маҳфили шеъру сухани охир дар байни ду ҳафта баргузор гардид.

Хушбахтона, Махдуми Исмоил даъвати моро пазируфта, бо вуҷуди пуркорӣ, дар ҳар се маҳфил ширкат намуд, ки ин аз фарҳангдӯстӣ ва қадрдонии эшон дарак медод.

Шоми эҷодии инҷонибро мактаббачагон – хонандагони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии «Дӯстии халқҳо»-и ба номи Бӯрӣ Каримов ифтитоҳ бахшида, бо шеърхонӣ ва суруд аз эҷодиётам хотири ҳозиринро шод намуданд.

Чун барои кушодани қисмати дуюми маҳфил ба саҳна баромадам, дар қатори намояндагони аҳли адаби кишвар, дигар меҳмонон, аз ҷумла, Махдуми Исмоилро низ дар толор дида, хеле шод гаштам. Аз дил гузарондам, ки ҳатман ба ӯ навбати сухан медиҳам.

Нахуст, аз рӯйи эҳтиром ва оини меҳмондорӣ риштаи суханро ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ ва роҳбари бахши фарҳангии ин Сафоратро, ки дар гузашта тайи 8 сол ин вазифаро ба уҳда дошт, оқои Алиризои Қазва додам. Дар интиҳои суханрониашон ба эшон ҳамчун рамзи дӯстиву муҳаббат ба Ҷумҳурии Эрони ҳамдину ҳамдил ва ҳамфарҳанг ҷомаи зардӯзӣ пӯшонида, таманнои боз ҳам густариши равобити дӯстиву фарҳангии Тоҷикистону Эронро намудем.

Пеш аз он ки  навбати суханро ба Махдуми Исмоил бидиҳам, чанд ҳарфи самимӣ дар борааш гуфтам ва ишора кардам, ки Махдуми Исмоил на танҳо намояндаи маъруфу маҳбуби дину оини мо, балки аз нафароне ҳаст, ки ба адабиёт ва фарҳанги асил алоқамандӣ ва муҳаббати хос дорад. Ин донишманди бузургро ба саҳна даъват карда, аз ҳозирин хоҳиш намудам, ки ба эҳтиромаш кафкӯбӣ кунанд ва зери кафкӯбиҳои аҳли толор аз номи маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан» ба эшон ҷомаи зардӯзӣ пӯшонидам.

Воқеан, Махдуми Исмоил як узви хеле бофарҳанг, донишманд, соҳибэҳтиром, фаъоли ҷомеа буд, ки дар тарбияи насли наврас ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани маънавиёти мардум хизматҳои арзанда кардааст. Хушбахт аз онам, ки ин руҳонии бузургро аз наздик мешинохтам, бо ӯ дар иртибот ва аз суҳбатҳояш баҳравар будам.

Дар Шоми эҷодиам эшон суханро бо ғазали Ҳофиз оғоз намуд. Дар мисраи: «Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро…», чунон ки дар халқ мегӯянд, «сари овозашро гирифтам» ва ин барои Махдуми Исмоил ғайричашмдошт буд. Эҳтиромона ба паҳлӯ, ҷониби ман нигарист. Хиҷолатзада шудам, гумон кардам, ки ба суханронии ӯ халал ворид кардам, вале аз чеҳраи пуртабассумаш ба сӯям пай бурдам, ки баръакс, ин амалам ба ӯ хуш омадааст. Баъди хатми ин ғазал Махдуми Исмоил онро ба ман бахшид ва марову аҳли толорро дуои нек дод.

Базми эҷодӣ се соат давом мекард. Вақти намози пешин ҳам шуда буд. Баъзеҳоро ҳисси гуруснагӣ фаро гирифта буд, вале бо ин ҳам, касе намехост толорро тарк кунад ва баръакс, ҳама хоҳиш мекарданд, ки маҳфилро давом бидиҳем.

Ман ба Шоми эҷодӣ бо ду эълон ҳусни анҷом бахшидам. Эълони аввал, дар хусуси Озмун барои дарёфти ҷоизаи навбатӣ дар бахши «Ҳунар» дар соли 2022 миёни ҳунармандон ва эълони дувум, на кам хуштар аз эълони аввала буд. Яъне, аз мардони толор даъват кардам, ки тамоми гулу гулчанбарҳое, ки ин ҷо азизону ҳаводорон ба банда туҳфа овардаанд, ба тамоми бонувони иштирокчӣ тақдим кунанд, то ин ки ҳеҷ як зан аз ин толор бе гул берун нашавад.

Дар охир аҳли толорро ба тарабхонаи “Ламзира”, ки дар рӯ ба рӯи «Боргоҳи Сухан» ҷой дорад, ба  хӯроки нисфирӯзӣ даъват намудам.

Ман бошам, бо баъзе аз меҳмонон бо ҳам рафта аз паси   Махдуми Исмоил намоз гузоштем. Дар сафи намозгузорон чанде аз ҳунармандон, аҳли фарҳанг, аз ҷумла меҳмонон оқои Алиризои Қазва ва Сафири Эрон дар Тоҷикистон оқои Собирӣ, ҳузур доштанд.

Ҳангоме ки аз намозгоҳ берун мешудем ва бояд ба тарабхона мерафтем, Махдуми Исмоил ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Шодӣ Солеҳ нигариста гуфт: «Ба ман китоби Бӯриҷонро бидиҳед! Ва бо мутасаддиён маслиҳат кунед, то ки ман шахсан худам дар телевизиону радио шеърҳои ӯро қироат кунам”. Ин суханони эшон аз як тараф бароям ғайричашмдошт ва аз тарафи дигар як навъ тӯҳфаи арзанде буд.

Аз хушҳолии хеш лаб газида, чизе намегуфтам. Шодӣ Солеҳ дар ҷавоб гуфт, ки, албатта, китоби тозанашрашро ба Шумо мерасонам ва сайъ мекунам, ки барои дар телевизиону радио қироат кардани шеърҳои Бӯрӣ Карим мусоидат намоям.

Дар ҳавои ин хурсандӣ оҳиста-оҳиста сӯйи тарабхона раҳсипор шудем. Мардум дар тарабхона зиёд буд, ҳама ҷойҳо аллакай банд буданд. Ҳуҷраеро барои мо тайёр карданд. Мо 8 нафар – оқои Собирӣ, оқои Алиризои Қазва, Махдуми Исмоил, Ортиқи Қодир, ман ва чанд нафари дигар гирди як дастурхон нишаста суҳбат кардем. Он ҷо шӯрбо ва оши палави тоҷикӣ оварданд. Дӯстони эронии мо изҳор доштанд, ки оши палави тоҷикӣ аз оши онҳо фарқ мекунад. Аз ин ки онҳо оши палави мардуми моро борҳо тановул кардаанд, аллакай ба он одат намудаанд.

Нишастан сари мизи пурнозу неъмат, ки ба ғайр аз хӯроки гарм ҳар гуна хӯриш, сабзавот, аз қабили помидору бодиринг ва ба қавли эрониҳо хиёр, гелосу марминҷону қулфинаю зардолу гузошта шуда буд, бо суҳбати фарҳангиён, алалхусус Махдуми Исмоил, чӣ гуворо буд.

Вақте ки аз тарабхона берун шудем, Ортиқи Қодир аз номи роҳбари театрашон Лутфуллои Давлат моро ба театр даъват кард. Махсуми Исмоил ба  ман нигариста гуфт: «Агар Бӯрӣ Карим равад, ман ҳатман меравам». Ман, ки он рӯз баъд аз маҳфил хеле хаста шуда будам ва зиёда аз ин, он рӯз маъракаи бародару хоҳарам буд, ҳарчанд пешакӣ тавассути Ортиқи Қодир аз Лутфуллои Давлат барои даъваташро пазируфта натавонистанам, узрхоҳӣ карда будам, вале ба хотири суханони эшон розӣ шудам, ки ба театр рафта,  бо ҳам намоишро тамошо кунем. Оқои сафир ҳам, бо вуҷуди серкорӣ, бо мо ҳамроҳ шуд.

Ҳангоме ки аз тарабхона ба сӯйи театр мерафтем, дар кадом  мошин нишастани ман муаммо шуд, яъне бояд бо сафир равад, ё бо Махдуми Исмоил? Оқои Собирӣ чун Махдуми Исмоил хеле одами фурӯтану мубораку бофарҳанганд. Бароям хуш буд, ки Махдуми Исмоил шахси хирадманд, боақлу  бозаковат муамморо пай бурда, гуфт, ки Бӯриҷон, шумо бояд бо сафир биравед ва дари мошинро барои ман кушод. Албатта, қимати эҳтироми чунин шахсиятҳо аз молу зар баландтар аст.

Ин ҷо ҳурмати эшон на танҳо ба ман, балки эҳтиром ба як кишвари дӯсту бародар буд.

Ҳамин тавр, бо маслиҳати ҳамдигар дар ду мошин, пасу пеш ба назди театр расидем. Ҳар ду мошин рӯ ба рӯйи театр истоданд ва дар як вақт мо аз мошин берун шудему якҷоя дохили толори театр гаштем.

Дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ он рӯз намоишномаеро, ки Ибодулло Машрабов ба саҳна гузоштаву худ нақши асосиро дар он иҷро мекард, то охир тамошо кардем. Писари ин ҳунарманд ҳам, дар он намоиш нақш офарида буд.

Дар охири намоиш ман ва ҳамроҳонам – оқои Собирӣ, оқои Қазва, Махдуми Исмоил ба саҳна баромада, суханронӣ намудем ва ҳунармандонро барои намоиши ҷолиб ва тарбиявӣ ташаккур гуфтем.

Ман тасмим гирифтам, ки китобам «Фарзанднома»-ро ба писари Ибодулло Машрабов ҳамчун як рамзи неку мондагор туҳфа намоям.

Онҳое, ки нақшҳои асосиро дар намоиш бозиданд, аз ҷумла нақши Рӯдакӣ, Айнӣ ва дигарон низ, аз туҳфаҳои ман ва ҳамроҳонам бенасиб намонданд.

Аммо ин ҷо мехоҳам боз ҳам дар бораи Махдуми Исмоил бинависам. Эшон дар театр низ суханронии пурмуҳтаво ва ҷолиб намуд. Хеле бо эҳсос ҳарф мезад, чунон ҳарф мезад, ки гӯё суханони охиринаш аз минбари баланд бошад. Аз эҷодиёти классикон шеърҳо қироат мекард, суханҳои тарбиявӣ мегуфт. Пас аз маргаш андешидам ва аз худ пурсидам: Оё ӯ аз марги хеш аллакай бохабар буд? Оё хабаре ба эшон расида буд?

Ӯ ба некӣ дар замину дар дили мо дона кишт,

Сабз андар сабз монад, умри некаш дар биҳишт…

Намедонам, хонанда бовар мекунад, ё не, он вақт ман хаёл мекардам, ки паёми охирашро аз он саҳнаи театр ба ҳамватанони хеш мерасонад.

Мо бо як хурсандӣ ва эътиқоди зиёд нисбат ба Махдуми Исмоил аз театр берун шудем ва ба эшон барои суҳбатҳои хубашон изҳори миннатдорӣ баён кардем. Ба он кас гуфтам, ки ҷои шумо на танҳо меҳробу масҷиду ҷое, ки мардуми диндор ҷамъ меоянд, балки маконе, ки одамони фарҳангӣ гирд омадаанд, ҳасту хоҳад буд. Шумо бояд минбар дошта бошед, бо мардуми хеш сухан кунед, ваъз бигӯед. Мо ба якдигар эҳтиромона даст додем  ва сӯи мошинҳо равон шудем.

Вақте ки ман дар паҳлӯи оқои сафир, дар мошини дипломатии эшон нишастам, Махдуми Исмоил боз назди мо омада, аз мо дархост кард, ки меҳмони он кас шавем. Даъвати он кас хеле самимӣ буд ва ман бори дигар ба фикр рафтам, ки ин шахс, воқеан,  хеле инсони бузургу комил ҳаст.

Мутаассифона, на ҳама кас ба қадри чунин ашхос сари вақт расида метавонанд. Раҳораҳ ман бо хушҳолӣ ба оқои сафир дар бораи ҳаёту фаъолияти Махдуми Исмоил маълумот додам. Гуфтам, ки он кас донандаи дину оини ислому миллат аст ва гузаштагони мо, фарҳанги мо, шеъру адаби моро хуб медонад.

Оқои сафир маро бо мошинаш то бинои «Боргоҳи Сухан» овард ва дар ин ҷо бо ҳамдигар хайрухуш кардем. Маслиҳат ҳам шуд, ки рӯзе бо ҳам ба хонаи Махдуми Исмоил меравем. Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Мутаассифона, баъд аз як ду рӯзи он вохӯрӣ, бо андуҳи амиқ мегӯям, ки эшон ин дунёи фониро падруд гуфт ва бо рафтани хеш моро хеле ғамгину мотамзада кард…

Аз забонаш чанд рӯз пештар ин байтро шунида будам:

Ман ғамзадаам, ҳамдами ман ғамзада авло,

Мотамзадаро суҳбати мотамзада  авло.

Ёдаш ба хайру ҷояш ҷаннат бод!

Дареғу дард, ки ин мардумон хок шуданд,

Зи теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд…

Ӯ рафт, вале суханрониҳояш дар навор ва зеҳну хотираи мо монд, овози марғуладораш дар гӯши ман то ҳол садо медиҳад…

 Хокироҳи МУҲАММАД

                  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here