Аксаран таассурот ва бархурд бо рақси зан яксон аст: онро чун пирӯзии хостаҳои ҷомеаи мардсолорӣ мепазиранд. Бештар маҳкум мекунанд ва дар айни замон чун василаи тафреҳ ва рамзи тобеияти зан ба хостаҳои мард истифода мебаранд. Бадтар аз ин, рақсро чун бадахлоқии ҷинсӣ тафсир медиҳанд ва дар айни замон бо ҳамин мақсад ба кор мебаранд.

Худи зан аз рақсаш чӣ бардоште дорад ва иҷрои он дар зиндагии хусусиаш чӣ нақше мебозад? Ҷомеаи мардсолор инро намепурсад, чунки ҷавоби ягона дорад: рақси зан барои дилхушии мард аст. Он дар ҳеч сурат хостаҳо ва талабҳои занро ифода намекунад. Мақоли “дар зери доираи касе рақсидан” низ ба ҳамин маъност.

Аммо зан бо рақсидан чӣ хостаҳо ва талабҳое дорад, ҳеч гоҳ ошкор нахоҳад шуд, агар худи ӯ нагӯяд. Романи “Рақси зиндагӣ” (“Livets dans”. Sirkel Vorlag, 2018) яке аз ин кӯшишҳост, ки Лутфия Бобоёрова ( Mina Boboerova ) онро ба забони норвегӣ нашр кардааст. Талошҳои нависандаро таҳсину табрик мегӯям, ки дар муддати кӯтоҳ забони бегонае омӯхт ва ба он асари бадеӣ эҷод кард. Бовар дорам, бо чунин майлу хоҳиши бузург кори эҷодиро идома медиҳад ва дар ошкор кардани ниҳоди зан ва нақши он дар ҷомеаи суннатӣ талош меварзад. Ба ҷуз ин, дар шиносоии фарҳанг ва ҷомеаи тоҷик дар берун аз Тоҷикистон ва ба забони дигар ҳамин гуна саҳмгузорӣ мекунад. Умедворам, роман ба зудӣ ба забони порсӣ низ нашр ва тақдими хонандагони тоҷик гардад.

Ба ҷуз мазмуни роман, ки мавриди таваҷҷуҳи ин матлаб аст, услуб ва санъатҳои бадеие, ки дар эҷоди асар истифода шудаанд, ҷолибанд. Нависанда санъатҳое чун баргашт, ташбеҳ ва тасвирро бештар истифода мекунад. Махсусан, баргашт ба ӯ имкон медиҳад, ки дар зимни таҷрибаи ҳаррӯза хотираеро ба ёд орад ва ҳамин гуна мавзӯъ ва бахши наверо дар роман кушояд. Ҳаёти ҳаррӯзаи ӯ дар кишвари бегонае мегузарад ва дар ҷангал, дар назди ҳавзи бузурге, ки мурғҳои обӣ дар он шино мекунанд, ҳангоме ки боди поизӣ мевазад ва баргҳои зарди дарахтон ба замин мерезанд, ёди ӯ ба гузаштаи хеле дур, 20 соли қабл парвоз мекунад. Дар ин руҷӯъ ӯ саргузашти зани ҷавонеро меорад, ки ба нахустин зарбаи бераҳмона бархурд карда буд. Нақли саргузашти қаҳрамони асар дар бораи ҷавонӣ, сахтиҳои зиндагӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти хонавода то лаҳзае давом мекунад, ки нул задани мурғобие ба пояш ва расидани парҳои қуи обиро ба зонуҳояш эҳсос кард. Ин боис шуд, ки ба як бор аз гузаштаи дур ба замони ҳол баргардад. Чунин нигориш дар саросари роман идома меёбад, ки хеле ҷолиб аст.

“Рақси зиндагӣ” бо саҳнаи рақси қаҳрамони асосӣ- Маҳин оғоз мешавад, ки ҳар саҳар, нисфирӯзӣ ва ё бегоҳ дар ҳавои мусиқие мерақсад. Ӯ “ҳангоми машғул будан ба кори хона гӯш ба садои мусиқӣ медиҳад. Гоҳе дар ҳавои мусиқӣ месарояд. Гоҳе мерақсад. Ҳангоми рақсидан чарх мезанад. Мерақсаду мечархад то охирин қуввату мадоре, ки дар тан дорад. Баъд аз он менишинад рӯйи курсӣ, ки наздики панҷараи бузург гузошта шудааст, баъд аз чунин як рақс саропои вуҷудаш аз арақ тар ва рухсораш арғувонӣ мешавад. Ба курсӣ такя дода, амиқ ва бошиддат нафас мекашад. Рӯ сӯи сақфи хона мекунад ва бо чашмони пӯшида, муддате хомӯшу беҳаракат менишинад. Дар ҳолати хомӯшӣ ашк аз чашмони пӯшидааш ҷорӣ мешавад ва рухсори баъди рақс арғувонгаштаашро мешӯяд.” Ин рақси зани чилсола аст, ки дар зери бори гарони таҷриба мерақсад. Ва рақс ифодагари он аст, ки ӯ ҳанӯз бояд мубориза барад. Дар ҳеч сурат, рақси ӯ ба хотири тафреҳу дилхушии марде нест, балки “рақси талош, рақси раҳоӣ аз ғаму андуҳ аст, рақсе, ки то охирин қувват анҷом дода мешавад ва зери обу арақ зан каме раҳо мешавад аз андуҳу ранҷ”.

Дар саросари асар, дар ҳар бахши он зан мерақсад ва бо он таҷрибаи хоси худро рӯйи саҳна меорад. Бо ин “саҳнаҳои рақс ва саҳнаҳои зиндагии ӯ бо ҳам муқоиса мешаванд ва барои ҳамин роман “Рақси зиндагӣ” ном гирифтааст.» – Худи нависанда дар муаррифии асараш мегӯяд.

Маҳин, ки бо рақсу гиря андӯҳашро таскин медиҳад, як замоне ҷавон буд ва дар мактаб бо духтарони ҳамсинфаш валс мерақсиданд. Он “рақси беғамию бепарвоӣ, муҳаббату ошноӣ, рақси ҷавонию зиндагӣ ва рақси хушбахтию шодмонӣ” буд.

Баъдан, кӯдакашро аз даст дод ва ба ҷои он лӯхтакеро Нӯшин ном карду бо он рақс мекард ва гӯё мехост фарзанди гумкардаашро бозгардонад. Ҳамрақси ӯ беҳису беҳаракат буд, намехандид, ҳарф намезад, чашмонаш беҳису холӣ буд. Ин рақс дер давом намекард, зуд хаста мешуд ва баъди он бо худояш даъво мекард, бачаашро бозпас мехост.

Ниҳоят, нависанда аз “рақси занҳо дар замини падарон” мегӯяд, ки барои шодмонии мардон анҷом медиҳанд. Занҳо, баръакси майли худ, барои дигарон мерақсанд. Он чӣ ҷомеаи мардсолор дар бораи рақс медонад ва аз занҳо талаб дорад, ҳамин аст, яъне “рақси занҳо дар замини падарон”. Ҳамин мардҳо ин рақсро аз занҳо талаб доранд ва боз ҳамин мардҳо онро маҳкум мекунад, гарчанде аз ин роман дарёфтем, ки хилофи майлу хоҳиши худи занҳо аст.

Бо ин ҳама рамзу розҳо ва тазодҳое, ки дар рақси зан нуҳуфтааст, нависанда таҷрибаҳои занонаро аз як ҷомеаи мардсолор тасвир мекунад. Таҷрибаҳое, ки ба сари як зан ва дар айни замон ба сари шаш зан меоянд. Дар роман аз мард хеле кам ёдоварӣ шудааст. Нақшҳои асосиро ҳамагӣ занҳо мебозанд. Дар ин саҳна мардҳо нақшҳои кӯтоҳ, гузаранда, ивазшаванда ва баъзан умедворкунанда доранд. Асосан дар нақши падар, дӯстдор ва шавҳар зуҳур кардаанд ва зан ҳам аз ин бештар онҳоро дидан намехоҳад. Мардҳоеро, ки аз мушкилӣ мегурезанд ва ғайб мезананд, зан фаромӯш мекунад, ки баъдтар дар Русияву саҳнаи ҷанги Сурия пайдо мешаванд. Дар ҷаҳони Маҳин аксаран занҳо ҳастанд, вале онҳо ҳам бештар раҳгузаранд. Ҳеч кадоме дар тақдири ӯ наметавонад ва ё намехоҳад саҳме ва ё таъсире гузорад. “Чӣ қадар бепарвоянд ин занҳо. Ҳоли ӯро намепурсанд, ки ин ду рӯз чӣ кор кард, чӣ қадар ҷон канд, чӣ гуна азоб кашид? Ду рӯз, ки ӯ ҷон меканд, онҳо куҷо буданд? Чаро кӯмакаш накарданд? Чаро тарсиданд, пешаш бошанд? Акнун, ки ба кӯмак ниёз надорад, атрофаш ҷамъ шудаанд.”

Занҳо дар вақти мушкилӣ аз тарс ғайб мезананд ва чун мушкилӣ бо “хости Худо” рафъ шуд, меоянд ва ҷашн мегиранд. Ҳатто аз ҷаноза ҳам фурсати суру нишот пайдо мекунанд. Барои ҳамин ҷанозаро ҳам чун тӯй меороянд. Онҳо мушкилиро чун “хости Худо” қабул кардаанд ва бо чунин шинохт худро оромиш медиҳанд. Ба мушкилӣ ва мусибат чун ба имконият менигаранд ва ҳамин гуна худро аз дами марг ва худкушӣ раҳо месозанд. Ба назар мерасад, ки зан дар чунин муҳити “рустоӣ” гирифтори чорчӯбаҳои сахти хонаводагӣ, мазҳабӣ ва нангу ном аст, дар оила нафари баъдӣ маҳсуб мешавад ва ҳеч ҳарфе барои гуфтан надорад. Аммо худи ӯ дар чунин вазъияташ камтар аз дигарон саҳм надорад. Ҳамин аст, ки як бахши роман “Хости Худо” ном дорад.

Бо ин ҳама, зан дар симои Маҳин қурбонӣ ва ё ақаллан итоаткор нест, ончуноне ки дигарон аз ӯ интизор доранд. Ӯ хоҳишҳо ва талабҳои худро дорад. Яке ҳатман ишқ аст, дигаре баъди мактаб дар донишгоҳ таҳсил кардан. Барояш шавҳар кардан бе ин хоҳишҳо ҷабре аст, ки зан аз ночорӣ ва дар зери фишор мепазирад. Аммо дар ҳамин ҷабр ҳам зан худ тасмим мегирад: ӯ хостгорҳои падарро рад мекунад ва хостгори худро мепазирад. Гарчанде ин мардро дӯст надошта буд, интихобаш кард, чун ваъдааш дод ба шаҳр барои хондан мебарад. “Мақсади ман ҳам таҳсил кардан аст.”- Ӯ шавҳар карданашро чунин тафсир медиҳад. Духтар дар издивоҷи иҷборӣ барои худ имконият меҷӯяд.

Ҳамин гуна, ҳар зане, ки рӯйи саҳнаи зиндагӣ меояд, бо мушкилоти худ ба танҳоӣ дастбагиребон мешавад ва агар лозим омад, ба танҳоӣ маргро мепазирад. Модар, қаҳрамони дигар, ягона зане аст, ки барои худ зиндагӣ намекунад. Худро барои Маҳин мебахшад ва чандин духтари дигарро аз худкушӣ наҷот медиҳад. Бар хилофи суннатҳои русто ва қаҳри шавҳар, ки аз ин суннатҳо об мехӯрд, ӯ бо духтари саркашаш буд ва инро бо хомӯшии худ ифода мекард.

Алорағми ин ҳама, занҳо мерақсанд. На ҳамеша ба майлу хоҳиши дигарон, балки бо хоҳиш ва ниёзҳои фардии худ: “Дидӣ, ки зиндагӣ он ҷашне набуд, ки интизорашро доштӣ, вале чун омадӣ, пас дилбарона бирақс ва ҷашне бисоз барои худат, ҷашне омехта аз суруру шодмонӣ бар алайҳи ғаму дард ва ҳасрату андуҳ…”

Файлсуф,

Ҳафиз Бобоёров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь