Маҷмуаи новеллаҳои Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) “Марде, ки паранда шуда буд” чор новеллаи ишқиро дар бар мегирад. Ин мавзӯи абадӣ ва мавзӯи аслии адабиёт аст. Дар ин маҷмуа он зебоиҳое, ки ба ишқ хос аст, он инсониятҳое, ки ба ишқ хос аст ва он нафосате, ки ба ишқ хос аст, бо ҳунари басо аҷиб, бо сухани басо зебо, бо муҳаббату шинохти ҷавонӣ тасвир ёфтаанд.
Ҳамчунон дар ин асар он макру фиреб он ранҷу азоб ва мушкилоте, ки ба сари ошиқон омаданаш мумкин аст, падидор мегардад. Асарҳои шомили китоб аксаран воқеияти зиндагии тоҷиконро, махсусан мардуми деҳнишинро дарбар мегирад, аммо тарзи эҷод аҷиб аст. Вай бештар хобу хаёлро ба ёд меорад, ки инсонро ҳар замон ба худ мекашаду бехуд мекунад. Чун дар хаёл персонажҳои марказии асарҳо парранда мешаванд, дар биёбон бӯстонро мебинанд, моҳро ба даст меоранд, аз вақт пеш ба балоғат мерасанд. Ва ин дурӯғ нест, шояд аксарияти мо чунин ҳолатҳоро, ё шабеҳи онҳоро дар хобу хаёламон дидаем ва дар ин асар, ҳангоми хондани он боз ба ҳамон ҳолатҳо рӯ ба рӯ мешавем.
Абдурофеъ ин асарро чунон навиштааст, ки наметавонам бо дили пур онро наср гӯям ва ё онро назм ҳисоб намоям. Воқеан, дар он қофия нест, дар он вазн нест, аммо дар он нафосати шеър аст, бӯйи шеър аст ва таъми шеър аст. Ин дар бисёр ҳолат ба назар мерасад, пеш аз ҳама дар худи матн, дар худи мавзуъ ва дар ҳалли мавзуъ.
Мавзӯи ишқ, фарқ надорад, ки кадом ишқ – ишқи зиндагӣ, ишқи инсонӣ, ишқи хонадон, ишқи фарзанд, хуллас ишқ, ба маънои куллаш, худ берун аз нафосати шеър маъно надорад. Дигархелтар гӯем, шеър ба ишқ маъно медиҳад ва ё баръакс ишқ аст, ки шеърро ба вуҷуд меорад ва ин китоби Абдурофеъ ҳамин маъноро таъкид мекунад. Матни китоб ҳам ҳамин ошиқиро ифода мекунад, зеро гарчӣ дар он калима ва ибораҳои содаву одии ҳаррӯза истифода шудаанд, аммо онҳо чунон саф кашидаанд, чунон пайиҳам омадаанд, ки хонанда дар диди аввал гумон мекунад, инг шакли ношинос аст, ин вожаи ношинос аст. Ҳол он, ки ин тарзи корбурди аҷиб аст ва сухани дили инсонро Абдурофеъ ба тавре баён кардааст, ки фақат дар ҳолати махсус ба ин шакл андеша кардан, ба ин шакл сухан гуфтан ба мардум хос аст. Ба ин маъно новеллаҳо рӯзгори инсонро дар ҳолати хос дар бар мегиранд ва маҳз дар чорчӯби ҳамин ҳолат, ҳам сухан, ҳам маъно ифода меёбад. Яъне хонанда ҳам мисли муаллиф ба умқи воқеаи тасвиршаванда ғарқ мешавад. Аксаран дар асарҳои ин китоб воқеа аз номи шахси якум гуфта мешавад ва ин асарро муассир мекунад, ҳатто чизҳои ғайритабии он ҳам мавҷуд менамояд, зеро усули навишт чунон аст, ки гӯянда, ё фикркунанда худаш дар андеша қатъӣ не, гумонҳояшро, шубҳаҳояшро мегӯяд. Бинобар ин ҳам як фикр метавонад дар чанд ибораи кӯтоҳ ё ҷумлаи содда такрор шавад. Масалан, дар “Афсонаи маҳтобӣ” зиндагии инсон, рӯз ва рӯзии инсон дар қолаби талоши ишқ ифода меёбад. Ҷавоне ба духтаре дил мебандад ва духтар як шарт мегузорад – ба ман моҳтобро тӯҳфа меорӣ, фарқ не, кадом моҳтобро, аз ҳаво, аз замин, аз об, муҳимаш, моҳтоб бошад. Садоқати ишқ дар он аст, ки ин ҷавон наандешидаву напурсида ки, чи гуна моҳтобро овардан мумкин аст, ба ҷустуҷӯи моҳтоб мебарояд.
Нависанда сарсониву саргардонии қаҳрамони худро, ки дар суроғи моҳтоб аст, бисёр зебо ва бисёр табиӣ тасвир мекунад ва дар дили хонанда шубҳа намемонад, ки адиб дурӯғ намегӯяд. Дар суроғи моҳтоб вай, аз ҷумла ба даште меафтад, ки гиёҳ надорад ва тасодуф дар биёбони беканор ба бӯстоне мерасад, ки як инсони дигари монанди вай сарикоргумкардае аз танҳоиву ночорӣ, бо меҳнати ҳалоли солҳои дуру дарози бекасӣ ин бӯстонро, дар дили дашт бунёд кардааст. Ӯ, ки тоҷир будааст ва аз корвон мондааст, бо оби эҳтиётии он, бо меҳнати ниҳоят душвор ин боғро сохта ва ба бахташ аз дили биёбон ҳам чашмаи об пайдо шудааст, умри худро ба ин васила ба некӣ гузаронидааст. Ин ҷавони ошиқ ҳам ҳамроҳи вай дар ин боғ монда ва баъди сари он боғбон – вақте боз тани танҳо монд, орзуи ба назди маҳбубааш бозгаштанро, бо дили ноумедшуда, амалӣ кардан мехоҳад ва ногоҳ чашмаш ба ҷӯйи об меафтад ва дар даруни об маҳро мебинад. Хурсанд мешавад, ки ба орзуяш расидааст, ба назди маҳбубаи ҷонаш, ки ӯро нигарон аст, бо сари баланд бармегардад. Ба ин умед беихтиёр даст ба ҷӯи об сӯи маҳ мебарад ва вақте ба об менигарад ва дар он як мӯйсафеди бегонаро дида, тааҷҷуб мекунад ва ба зудӣ аз олами хаёл ба олами ҳастӣ бармегардад, дарк мекунад, ки ҳам моҳ ва ҳам мӯйсафед ин фиреби назар аст, акси об аст, сароб аст. Мӯйсафед- ин чеҳраи худаш буд. Қаҳрамони Абдурофеъ дарк мекунад, ки дар суроғи моҳ умрашро бохтааст, умраш ба охир расидааст ва дигар зарур намедонад, ки ба зодгоҳаш бозгардад. Ба ин шева, ин новелла, достони зебои ишқӣ аст, аз як тараф садоқате, ки ба он духтар дар ҷавонӣ дошт ва барои вай ба суроғи моҳ баромад ва аз ҷониби дигар ин муҳаббати зиндагист, ки инсон танҳо ба ишқу одоби дӯстдоштаи ҳаёт умр мебинад. Умр ишқ аст ё ишқ умр аст, Абдурофеъ ҳардуи инро дар пайванди ҳамдигарӣ суроғ мекунад ва дар ҳарду ҳолат ҳам ба зебоӣ мебинад.
Рабизода нависандаи бисёр дақиқбин, назокатшинос, покдил ва баинсоф аст. Ба зиндагӣ аз ҳар ҷиҳат нигоҳ мекунад, то ки ҳақиқати онро ёфта бошад ва дар навиштаҳояш чизҳое ифода мешаванд, ки ба ин ё он сабаб муносибати вайро ба ҳаёт, фаҳмиши қадимиҳоро нисбати одаму одамгарӣ, нисбати ишқу оиладорӣ, боварӣ, ҷаҳл ва фиреб, забон ва дил ифода мекунад. Масалан, дар новеллаи “Парвоз ё марде, ки парранда шуда” адиб хаёли аҷиберо ба ҳақиқат мекашад. Марде, ки зиндагии осуда дошт ва аз рӯзгораш розӣ буд, рӯзе селаи парандагонро мебинаду нияти парранда шудан мекунад. Вақте паранда мешавад, боре нигоҳ мекунад, ки ҳамсараш аз хона баромад, дар дилаш шавқе пайдо мешавад, ки канӣ бифаҳмам, ин хонуми ман, дар суроғи ман ба куҷо рафтанист. Аммо зан ба як хонаи ношинос медарояд ва дар назди тиреза паранда менишинад ва мебинад, ки занаш бо марди бегона ишқварзӣ мекунад, бегонаро азиз медорад, хушкорӣ ва хушсуханӣ мекунад. Албатта, мурғмард аз ин дидан хеле ва хеле озор меёбад ва қарор медиҳад, ки ҳолатро ба духтараш маълум кунад. Духтарашро дар тафреҳгоҳ бо дугонаҳояш мебинаду худро ошкор намекунад, меояд ва аз сӯҳбати вай бо дугонааш мефаҳмад, ки духтараш дар ишқ маъшуқаи гули чандин ҷавон аст. Инро фаҳмида, хеле озурда мешавад. Акнун умеди охирини вай дар ин озордидаҳои рӯзгор, писари танҳояш мешавад. Аз писараш, ки ба вай тамоми ҳастиашро додааст, мехоҳад мадад ҷӯяд вале аз суҳбатҳову воқеаҳо танҳо онро мефаҳмад, ки писараш на дӯстдору меросбари падар, балки дӯстдори молу мулк ва боигарии ӯст. Пайрави зиндагии осону бемеҳнат аст.Охирин умедаш ҳам баръабас меравад. Ин фоҷеаи зиндагии инсоне, ки хоҳони ҳаёти покиза буд. Ин қиссаро дар чорчӯби мавзуи азалии падарон ва фарзандон таҳрир карда бошад ҳам, ба ҳадде сабки саҳнасозии асарҳои мифологии тоҷикро низ дар мулоҳиза гирифта, ривояти пандомез сохтан хостааст ва аз ин рӯ аз ҷараёни имрӯзаи адабиёти ҷаҳонӣ, махсусан дар саҳнасозӣ пайравӣ кардааст. Ба ҳар ҳол, натиҷагирӣ ва мақсадаш таблиғи одоби ноби тоҷикӣ-меҳнати покиза аст.
Ин асар ҳам тамсил шудааст. Ин лаҳзаҳои аз зиндагӣ гирифта, ин афсонаи дар ҳақиқати зиндагӣ мавҷуд буда, ба нависандаи покандеш имконият медиҳанд, бе суханҳои пандгӯӣ, бе маслиҳату насиҳат, балки танҳо бо истифодаи тасвири воқеаҳо дар бораи инсонӣ ва инсонгарӣ сухан гӯяд. Ин ҳам ишқ аст, зеро зиндагӣ бидуни мавҷуд будани ишқ ва муҳаббати поки байниҳамдигарии инсонҳо фиребанда ва дурӯғ аст ва маънои худро гум мекунад. Он чи тасвир мешавад, аз зиндагии инсонҳо, аз одоби баъзеҳо бармеояд, адабиёт аст, биноан дар он ҳама чизро, ё воқеаи бисёрро ба сари як тан, як хонадон овардааст. Мисле, ки дар афсонаҳо мешавад.Нависанда дар тасвираш аслан панд медиҳад, ки дар ҳар куҷо, ки ҳастӣ, дар замин, дар осмон асли худро фаромӯш накун, имону одоби худро ҳифз намо, аз худ марав, қадри хонадонатро дон. Ин маъно тамсил шудааст, аммо нависанда бо таҳрири худ маҳдуд намонда, дар хотимаи он таҳти унвони “Ба ҷои пасгуфтор ё хулоса” бо ҷумлаҳои оддӣ ҳикмати қиссаашро гуфтааст. Яке он аст, ки Мурғ шавад, гоҳе то имкон биёбад, аз осмон ё канора наззора бикунад рӯзгори худашро, зиндагии атрофиёнашро”. Ба андешаи ман дар ин новелла адиб хонандаашро ба ҳушёрӣ, ба ҳифзи покизагӣ ҳидоят мекунад. Зеро маҳз ба ҳамин дар бораи ҳаёти хонадорӣ, дар бораи ҳаёти шахсӣ, дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ сухан гуфтан мумкин аст, дигар ҳама чиз лофу дурӯғ аст.
Қиссаи “Ҳандалак ё таъми духтарак” аз навиштаҳои бисёр зебо ва ширини ин китоби Абдурофеъ аст. Адиб, дар навиштаҳояш ҷумлаи шикастаи кӯтоҳро истифода мекунад, ин имкон медиҳад ба баъзе суханҳо, ба баъзе тасвирҳо чанд бор бозгардад. Ин қолабест, ки эҳсосро бармеангезад. Ба ҳақиқат майл мекунонад ва руҳро навозиш медиҳад. Воқеа аз рӯи диду шинохти ҷавони ҳанӯз ноболиғ қисса мешавад. Ҳама воқеаҳо барои вай дар қолаби тафаккури наврасӣ фаҳмост. Гумон мекунад, хандаи равшан нишони зебоист, гумон мекунад одамон бадбахтии касеро донанд ҳам, барои пешгириаш талош намекунанд. Аммо вақте, ки бадбахтӣ рӯй дод, миён мебанданд, ҳамдардӣ мекунанд, мотам мегиранд. Дар фаҳмиши вай “Ту зеботарин духтарӣ” гуфтан, олитарин сатҳи изҳори муҳаббат аст. Зеро дар асл эҳсоси ӯ аз ишқи ҷавонӣ не, аз меҳру муҳаббат ва дилсӯзии инсонӣ, махсусан садоқату ҳақиқати кӯдакона бармеояд. Ин маъно дар лаҳзаҳое ҳам ифода меёбад, ки падару модараш “чаро дер омадӣ” намегӯянд, намегӯянд, ки “Чаман ҳамроҳи дигарон аз саҳро барнагашт”. Шояд байни худ “ҳайф гардид, он духтар” мегуфта бошанд. Ва “Дилам таҳ зад.”Наход чунин шуда бошад” аз дил андеша мекардам.Чаро наистода будам бари Чаман? Чаро наистодам то даме, ки бархезаду биёяд ҳамроҳам?.. Яъне биёяд ба деҳкада, ё биравад ҷониби ҳандалакзор, яъне сӯи зиндагиву кори ҳамарӯза…Чаро наистодам бо вай то охири охир?”
Ин новелла саропо бо ҳамин навъ хаёли кӯдакона, ёди як рӯзи зиндагӣ, ва таъсири воқеаи он ба диди инсони наврас тасвир шудааст.
Новаллаи “Муҳаббат ва ҷавонмардӣ” аз қиссаҳои дигар зиёдтар таваҷҷӯҳро ба одаму одамгарӣ, покизагии ахлоқ ба инсондӯстӣ ҳидоят мекунад. Муаллиф Фаридунро ба ҳайси қаҳрамони марказии асар муаррифӣ мекунад, аслан асар ба ҳаёти вай вобаста аст. Аммо дар ҳақиқат ба сифати қаҳрамони ҳақиқӣ сангтарош таборуз мекунад. Асар достони мардонагӣ ва ошиқӣ ва инсонии ӯст. Ҳақиқати қисса ин аст, ки Фаридун дар зиндагӣ ду дилдода дошт: Ҷайҳун ва аспаш. Асп ӯро борҳо аз марг наҷот дода буд. Ҳамчунон Фаридун бо ин аспаш ҳамчун бузкаши тавоно шӯҳрат ёфта будааст. Ҷайҳун бошад, духтаре, ки ҳушу ёди ӯро бурдааст. Аммо падари духтар як шарт доштааст: “ту аспатро ба ман медиҳӣ, ман духтарамро ба ту”. Фаридун албатта ин шартро наметавонист пазирад. Зеро асп умеди зиндагиаш буд. Баъди сафаре мефаҳмад, ки Ҷайҳунро ба як ҷавони деҳаи дигар ба шавҳар додаанд. Фаридун ба асп савор шуда ҷониби он деҳ меравад, то Ҷайҳунро наҷот диҳаду бо худ барад. Зеро итминон дорад, ки аз ин арӯсӣ Ҷайҳун хуни ҷигар асту кӯмаки ӯро беқаророна интизорӣ мекашад. Дар сари рӯи деҳа ваю аспаш ба маҷрои дарёи дамида меафтанд. Онҳоро сангтарош наҷот дода ба хонааш мебарад ва нигоҳубин мекунад. Баъд мефаҳмад, ки ин мард шавҳари Ҷайҳун аст. Аз марди сангтарош Фаридун мефаҳмад,ки ин ҳама некиаш фақат адо кардани қарзи инсонӣ аст. Нияти дигар надошт. Ва боз ҳамчунон мешунавад:”Дӯстдорӣ ихтиёрӣ. Ягон кас нафари дигарро маҷбур карда наметавонад, ки варо нағз бубинад. Ман ҳам Ҷайҳунро дӯст медоштам. Вале Ҷайҳун …имрӯз ҳамроҳи ту…гар рафтан бихоҳад…пеши роҳашро намегирам…Вай ҳар ҷо ки хушбахт бошад… ин хушбахтии ман.” Ҳолати дигарро нависанда чунин менигорад “Баъд овози гиряи Ҷайҳун баромад.”
Фаридун то пеши асп, аз он ҷо то аз деҳа бадар шудан, аз он ҷо то сари кӯҳ назди харсанги калон рафтан оқибнигарон рафт, Аммо Ҷайҳун наомад. Ҳаждаҳ соли дигар Фаридуни аспсавор назди ин харсанг омада ба деҳа хира мешуд, баъд ду сол пиёда омад. Дигар наомад. Сирри наомаданашро сангтарош дарк кард ва соле ду моҳ дар паҳлуи харсанг хайма зад. Маълум шуд, ки Фаридуни савори аспро хаккокӣ карда буд.
Аз ростӣ ин асарро қиссаи ишқу муҳаббати инсонӣ донистан мумкин аст. Аслан ҳамин эҳсос дар маъноии ҳамаи навиштаҳои адабии ин китоб ҳувайдо аст. Ба ифодае асарҳои ин маҷмуа суруди зиндагианд, ки ба дарди кас дар ҳама ҳолат, ҳам дар шодию ҳам дар ғам мехӯранд, малҳам мешаванд.
Асарҳои ба маҷмуа воридшуда мавзуъ ва замони муайянеро дар бар нагиранд ҳам, аз мӯҳтаво ва муҳити тасвиршуда дарк кардан мумкин аст, ки ҷавҳари онҳо ба замони ташаккули маънавии насли ҳамсоли адиб, таҷрибаи рӯзгори онҳое мувофиқ меояд, ки имрӯз нафақа мегиранд. Аммо мавзуъ ҳамоно аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Дар назари ман менамояд, ки аксари персонажҳои асосии аз байни занҳо интихобшуда чандон дар талоши зиндагӣ фаъол нестанд. Ҳамчунон дар ин асари зебо гоҳе дар пайравии замона тасвирҳои муҷаррад ҳам ба чашм мехӯранд, ки онҳоро бо иффати тоҷикона сохтан, барои халқу хонандаи мо бештар муассир ва фаҳмо мебуд.
ИБРОҲИМ УСМОН, профессор