Дар чопхонаи ҶДММ “Бебок” китоби нави рӯзноманигори тоҷик Ҷумъахон Сайидалӣ бо номи “Пири фалаксароён” ба нашр расид. Китоби мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70-солагии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 40-солагии ҷамоати Дашти Гулҳо ва солгарди рӯзи таваллуди устод Одина Ҳошим бахшида шудааст. Тасмим гирифтем порае аз ин китоби тозананашрро пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонем.

ИМТИҲОНСУПОРИИ УСТОД ОДИНА

Соли шастнуҳум як гуруҳ, аз ҷумла устод Одина Ҳошим, Валӣ Зариф ва чанд нафари дигар барои дохил шудан ба шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб меоянд. Вақти имтиҳонсупорӣ устод Одина билет мегирад. Дар он ду савол аст. Саволи якум ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқодири Бедил ва саволи дувум таърифи калима. Устод, ки мехоҳад ҷавоб диҳад, муаллим Иззатулло Тамлихоев, ки хеле ҷиддӣ буд, мегӯяд, ки наздаш нишинад. Вале, устод хоҳиш мекунад, ки назди ёвари ӯ муаллими ҷавон Файзулло Абдуллоев (маъруф ба Файзуллои Сомонӣ) ба саволҳо ҷавоб диҳад. Муаллим розӣ мешавад. Устод ба ҳарду савол ҷавоб дода, мунтазири Тамлихоев менишинад, ки ба кадом коре аз синф берун баромада буд.

Муаллим ба синф баргашта, якбора мегӯяд:

– Одина, ку гап зан, ин барои худат «Ҷингилак, мӯй дорӣ» нест, инро имтиҳони дохилшавӣ ба институт мегӯянд, ба саволҳо ҷавоб гуфтан даркор. Канӣ, бигӯ, ки калима чист…

Устод, ки бори аввал ба чунин муносибат рӯ ба рӯ мешавад, худро гум накарда, дар ҷавоб:

– Муаллим, таърифи калима он тараф истад, аз ғазалиёти Ҳофизу Бедил то шом базм меороям.

Тамлихоев аз ин посухи устод завқ карда, ба ёвараш мегӯяд:

– Баҳои чанд гузоштӣ?

– Баҳои аъло, муаллим.

– Ман розӣ.

ЗАҲМАТИ ИНТИХОБИ МАТНИ СУРУД

Устод Одина ҳар вақт, агар ғазалеро барои оҳанг бастан интихоб мекард, ҳатман назди мӯйсафеди донишманду фозил – бобои Маҷид ба деҳаи Файзободи ноҳияи Москва меомад. Бобои Маҷид донандаи хуби ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ ва дигар саромадони адабиёт буд ва куллиёти ҳар кадомро дар як ҷомадони бузург нигоҳ медошт. Ҳарду ҳатман матни бо ҳуруфи кириллӣ чопшударо бо матни аслӣ муқоиса ва ҷойҳои тағйирдодашударо ислоҳ мекарданд. Баъди аз назари ин марди фозил гузаронидан, устод ба ғазал оҳанг баста, ба мардум пешниҳод мекард.

ДАВЛАТИ САР

Устод Одина Ҳошим бо муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи Москва шодравон Темур Маҷидов, ки аз муаллимони донишманд ва хушзавқу хушлибос ва намунаи даҳҳо нафар зиёӣ буд, дӯстии наздик дошт.

Генерал Ҳабибулло Маҷидов, бародари Темур Маҷидов ба хотир меорад, ки боре якҷоя бо устод аз ноҳияи Москва ба Кӯлоб сафар мекунанд. Дар роҳ муаллим ба тоқии устод назар карда, пешниҳод мекунад, ки аз баҳри он гузарад, вақте шаҳр расиданд, барояш тоқӣ ва курта харидорӣ мекунад. Муаллим ваъдаашро иҷро мекунад, вале вақти баргаштан устод боз ҳамон тоқиро ба сар мегузорад. Муаллим ба ин кори устод эрод мегирад. Устод дар ҷавоб:

– Мегӯянд тоқӣ давлати сар аст, онро партофтан хуб нест. Беҳтараш, ба хона бурда, ягон ҷо мегузорам.

ҲАНГОМИ САБТИ СУРУД

Дар як маҳфиле, ки суҳбат атрофи бобои Одина мерафт, ҳунарманди азизу маҳбуб Ҷамшед Исмоил ба генерал Ҳабибулло Маҷидов аз як саргузашташ бо пири фалаксаро чунин ёдовар мешавад:

– Бояд якчанд ғазали ба тозагӣ оҳангбастаи устодро сабт мекардем. Сабт дар ошёнаи якум сурат мегирифт. Барои коре ба ошёнаи дувум баромадам. Вақте ба ҷои сабт баргаштам, аҳволи устодро дида, дар ҳайрат шудам. Бо тамоми ҳастӣ месуруд ва ҳис намекард, ки касе дар атрофаш истодааст ё касе равуо дорад. Вале, чизе, ки маро ҳайратзада кард, ин буд, ки устод дар тан на либоси расмӣ, балки либоси хонапӯшӣ дошт. Пас аз анҷоми сабт аз устод пурсидам, ки чунин аҳволро бори аввал аст мебинам. Устод бо оҳанги ҷиддӣ гуфт:

– Ростӣ, бо ин либосҳо натавонистам табъи дил ин ғазалҳоро сароям, нафасам тангӣ кард, ноилоҷ тағйири либос кардам.

МИННАТДОРӢ

Устод Одина пас аз фалаксароии маъруфаш, ки дар Теҳрон то ҳол аз он ёд мекунанд, меҳмони Муҳаммадризои Шаҷариён мешавад. Пас аз бозгашт, устод аз меҳмондорӣ ва шукуҳу шаҳомати кӯшку ҳавлии мизбон ёдовар мегардад:

– Дову даскаи Шаҷариёнро ки дидам, дар ҳайрат шудам. Ин мо гашта будастем-да… Лекин ману Раҳматуллоро яккуртаӣ туҳфа кард, миннатдор шудем.

ҲАДИСИ СӮХТАДИЛӢ

Муҳаммадризои Шаҷариён, овозхони шинохтаи эронӣ, пас аз зиёрати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб ба ноҳияи Москва ба дидорбинии устод Одина меравад. Устод ин дидорро ба ҳамнишинони худ баъдтар чунин қисса мекунад:

– Дарвоза кушода шуд, Шаҷариён бо гуфтани ин мисраъ по ба ҳавлӣ гузошт:

Даъвии сӯхтагӣ пеши ман, ай лола, макун.

Ман, ки назди кат ба истиқболаш мебаромадам, мисраи дувумро гуфтам:

Мешиносад дили ман бӯи дили сӯхтаро.

Як вақт буд, Шаҷариён назди дарвоза афтиду ман дар пои кат.

РАНҶИШИ УСТОД ОДИНА

Аввали солҳои навадум. Устод Одина Ҳошим маҳфилорои маъракаи дӯсташ Шариф Маҷид аст. Дар он шабурӯзҳо Ҳабибулло Исматов ва бародараш Ҷумъахон Сониев, ки аз хешовандони наздики соҳибтӯй мебошанд, устодро ҳамроҳӣ мекунанд.

Агарчи устод дар ду рӯзи маъракаороӣ хушҳол менамуд, шомгоҳон озурдахотирии ӯ аз назари ҳамроҳонаш пинҳон намемонад. Онҳо бо пурсишҳои батакрори худ устодро ором намегузоранд, ӯ ин ҳолаташро чунин шарҳ медиҳад:

– Дар ин шабу рӯзе, ки вазъи кишвар ноором аст, рӯзноманигорон менависанд, ки гӯё ман тарки Ватан карда, ба Афғонистон кӯч бастанӣ бошам. Аз ин навиштаҳои бебунёди онҳо сахт ранҷидаам ва дар хонае, ки дар деҳаи Нимдараи Дашти Ҷум сохтаам, рафта зиндагӣ мекунам. Бовар дорам, онҳо ҳатман ба суроғам мераванд ва агар аз омаданашон бохабар шавам, ба болои сари онҳо санг ҷар хоҳам кард.

«СПАСИБА»-И УСТОД ОДИНА БА САЙДАМИР ЗУҲУРОВ

Устод шаби дувумро ҳам дар хонаи Ҷумъахон Сониев дар Душанбе гузаронида, тамоми шаб танҳо атрофи эҷодиёти устод Лоҳутӣ суҳбат мекунад. Дар рафти ғазалхонӣ гоҳо аз дидагонаш ашк мерезад. Аз пуштибонии устод Лоҳутӣ устод Айниро дар солҳои сиюҳафтум бо қаноатмандӣ ёдовар мешавад. Меҳмонон он шаб ҳамагӣ ду соат мехобанд. Субҳи барвақт, пас аз наҳорӣ устод ба Ҳабибулло Исматов рӯ оварда, мегӯяд:

– Рафта Сайдамир Зуҳуровро як «спасиба» мегӯяму баъд баромада меравам.

Эҳтимол устод аз хидмати Сайдамир Зуҳуров, ки дар шабу рӯзи барояш вазнин масъулияти ҷонишинии сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллиро дар собиқ вилояти Кӯлоб бар дӯш дошт, дертар хабардор шудааст ва тасмим гирифтааст, ки барои сипосгузорӣ ба ҷойи кор ё ба хонаи ӯ равад.

СУҲБАТИ БУЗУРГОН

Абдушукури Раҷабзод, корманди собиқадори Энсиклопедияи Миллии Тоҷик борҳо шоҳиди суҳбати устодон Одина Ҳошим ва Нодир Шанбезода шудааст. Ба гуфти ӯ, устод Одина ҳар вақт ба пойтахт меомад, ҳатман ба дидори устод Шанбезода ба ин даргоҳ ташриф меовард.

Рӯзе устод дари Раҷабзодро боз карда, пас аз саломуалейк мепурсад:

– Домулло Шанбезода ҳаминҷоянд?

Раҷабзод устодро хайрамақдам гуфта, ҳуҷраи паҳлуро нишон медиҳанд, ки домулло Шанбезода онҷо менишастанд.

Ҳамон шабурӯз девони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯшишу эҳтимоми устод Шанбезода ба табъ расида буд ва ин амал боиси хурсандии устод Одина гардида буд.

Ҳарду кони ғазалу шеъру тарона буданд ва соатҳо суҳбат мекарданд. Онҳоеро, ки иштирок дар суҳбати бузургон барояшон насиб гардидааст, аз ҳарду сабақи бузурги маънавияту одамият гирифта, то ҳол он рӯзҳоро бо ифтихор ба ёд меоранд.

ЯК ШӮХИИ УСТОД ОДИНА

Назар Саймуминов умри худро сарфи омӯзгории мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ карда, солҳои зиёд бо сабукрави худ устод Одина Ҳошимро ба маъракаҳои мардум ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ бурда овардааст.

Ӯ қисса мекунад, ки боре нисфишабӣ, вақти аз шаҳри Қӯрғонтеппа баргаштан, дар роҳи Калининобод-Данғара устод ба нишастгоҳи қафо менигарад, ки ҳар се навозанда хобидаанд. Ӯ ин ҳолатро дида, як каме ханда карда, шӯхиомез ба муаллим мегӯяд:

– Тасаввур кунед, ки дар ҳамин соати сеи шаб дар ин роҳи пурпечутобу ваҳмнок гуруҳи роҳзанҳои ниқобпӯш пеши роҳи моро гирифта, ба ман муроҷиат мекунанд, ки «рафиқ Ҳошимов, ку, халтаи пулро барор!». Ман ба онҳо ҷомаву тоқӣ мепӯшонам, вале онҳо боз исрор мекунанд, ки халтаи пулро барор. Дар ин ҳолат аҳволи мо бо ин хоболудҳо чӣ хоҳад шуд…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь