Офарин ва сад офарин ба касе, ки омӯзгориро пеша карда, як умри азизи хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони ҷомеа менамояд ва бидуни камтарин подошу таваққуъе дар масири хидмат ба миллат бурдборонаву сабурона, вале ҳадафмандона гом бармедорад. Махсусан, дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, ҳассосиёти имрӯзӣ, печишҳои мафкуравию ҳувиятӣ, пойин рафтани сатҳи донишу биниши фардию ҷамъӣ, тасаллути ҷаҳолату хурофоти мазҳабӣ ва билохира ташаннуҷи буҳронҳои ахлоқию фикрӣ ба кори самараноки омӯзгор сахт ниёз пайдо мешавад. Тасаввур кунед, агар дар ин ҳолату вазъи ҳассоси мафкуравию иҷтимоӣ омӯзгор бетарафу бетафовуту тамошобин бошад, чӣ оқибати фалокатборе ҷомеаро мунтазир хоҳад буд, чун рӯзи равшан маълум аст. Мусалламан, раҳоӣ аз қайдубанди мушкилоту муаммоҳои фикрию равонӣ ва ҳувиятию маданӣ танҳо ба дасти қишри омӯзгор ва тими омӯзгорони донишманду бовиҷдону бошахсияту баиродаву ҷуръатманд имконпазир хоҳад буд.
Дар феҳристи омӯзгорони пурҷасорату бошахсияту бомаърифати миллӣ устод Шукруллоҳи Файзӣ қарор доранд, ки умри бобаракати худро сарфи ҳирфаи омӯзгорӣ карда, дар ин ҷодаи мушкилписанди зиндагӣ бардамонаву устуворона қадам бардошта, бо талошу ибтикороти шахсию эҷодӣ ва ба истилоҳ, нӯги қалам нони ҳалол хӯрда, унвони пуршарафи “Устод”-ро сазовор гардидаанд. Новобаста ба солмандӣ (устод 12 августи соли ҷорӣ ба синни мубораки ҳаштод қадам ниҳоданд) устод имрӯз ҳам дар паҳлуи насли нави омӯзгорони замони соҳибистиқлолӣ қарор гирифта, дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонони деҳотӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Устод Шукруллоҳи Файзӣ 12 августи соли 1944 дар деҳаи Пашори ноҳияи Тавилдара (ҳозира ноҳияи Сангвор) ба дунё омада, рӯзгори наврасиро дар муҳити маҳдуди кӯҳистон паси сар карда, нимаи дуюми солҳои панҷоҳуми садаи бист бар асари сиёсати муҳоҷирати шуравӣ ба ноҳияи Панҷ кӯч баста, дар Хоҷагии дастҷамъии Якуми май иқомат ихтиёр карда, сарнавишти минбаъдаи худро ба ин минтақаи дурдасти ҷануби Тоҷикистон пайванд медиҳад. Устод рӯзгори сахти фазои пасазҷангии вақтро аз сар гузаронида, бо сахтиҳои рӯзгор дасту панҷа нарм карда, дар муҳити тоқатфарсои замон обутоб ёфта, таҷрибаи зиндагӣ андӯхта, аз пирони давр сабақи шарафу мардонагӣ гирифта, худро сӯхтаву сохта, соҳибкасбу соҳибмартаба гардида, то ба дараҷаи як шахсияти матраҳи маданию маърифатии минтақавӣ расидааст. Чун аз замони кӯдакию бачагӣ бо кори вазнини зиндагӣ хӯ гирифта, бо пастию баландиҳои рӯзгор одат карда, ҷисману руҳан бақувват гардид, қисматро ба даст гирифта, умури минбаъдаи рӯзгорро худ танзиму барномарезӣ кард ва ба қавли шоир, “сарнавишташро ба дасти хеш бинвишт”.
Баъди хатми мактаби миёна барои сохтани як зиндагии ҷадид озими Кӯлоб мешавад ва ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи педагогии Кӯлоб дохил шуда, ба муҳити мадании ин минтақаи фарҳангӣ, ки дар домонаш ҳазорон маорифпарвару рӯшангари миллиро тарбият намудааст, ворид мегардад. Таҳсил дар Донишкадаи педагогии Кӯлоб, иштироки фаъол дар маҳфилу чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва ошноию ҳамкорӣ бо шахсиятҳои варзидаи мадании минтақавӣ дар зиндагии инфиродию ҷамъиятии устод тағйироти куллиеро ба вуҷуд овард ва ӯро миёни доираҳои фарҳангӣ минҳайси ҷавони серғайрату пурҷасорати кӯҳистонӣ муаррифӣ намуд.
Айёми донишҷӯйӣ, дар баробари хониши аъло, устод дар мусаввирӣ низ маҳорати тамом касб карда, бо чирадастии фавқулода байни шарикдарсону устодони Донишкадаи педагогии Кӯлоб соҳибобрӯ гардид. Ҳунари мусаввирӣ бо диққати хаёл ва табиати нозуки шахс иртибот дорад ва нафаре, ки бо ин ҳунару ҳирфа сари кор мегирад, ҳатман бояд тахайюли рангини фардӣ, диди тозаи бадеию эстетикӣ ва назокати эҷодӣ дошта бошад. Мушаххасоти эҷодию ҳунарие, ки ба як мусаввиру наққош хос аст, дар шахсияти устод Шукруллоҳ зуҳур кардааст. Кулли портрету нақшу аксу тасвироте, ки маҳсули қалами сеҳрофарини устод Шукруллоҳанд, аҳаммияти баланди бадеию эстетикӣ доранд, чаро ки бо диққати хаёл, таваҷҷуҳи хос, ҷиддияти тамом ва андешаи борик офарида шудаанд. Утоқи кории устод Шукруллоҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо резакориҳои ҳунарию тасвирии мавсуф чунон зебо ороставу пероста шудааст, ки аз завқу салиқаи баланди эҷодиаш дарак дода, тамошобину бинандаро ба ҳайрат меоварад. Утоқи кории омӯзгори хушсалиқаву соҳибзавқи музофотӣ хонандаву бинандаро мутаҳаййир месозад: фазои тадрисӣ кушодаю барҳаво; ҳама ашёву таҷҳизот мураттабу ҷобаҷо; овезаву тасвирҳо гӯё; лавҳаву гӯшаҳо муҷалло; аёниёти дарсӣ назаррабо; муҳити корӣ дилкашу дилоро. Ҳар як лавҳаву гӯшаву тасвиру аксу айёнияти утоқи кории устод дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 аз рамзу маънии махсус бархурдор буда, хонандаву бинандаро, бегумон ба фикр кардан вомедорад. Тамоми меҳмононе, ки ба муассисаи таълимии №5 ташриф овардаанд, ҳатман аз утоқи кории устод Шукруллоҳ дидан карда, ба маҳорату малака ва ҳунари тасвирофаринию муаллимии устод қоил шудаанд.
Устод ҳанӯз дар замони донишҷӯйӣ бо адибони маъруфи тоҷик устодон Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода аз наздик ошно шуда, сазовори эҳтироми онон қарор гирифтааст. Ҳангоми иштирок дар Озмуни умумиҷумҳуриявии мусаввирони вақт (солҳои шастуми асри бист), ки бо ширкати шахсиятҳои баруманди илму адаби мамлакат баргузор гардида буд, бо пешниҳоди лавҳаи “Хандаи адиб”, ки аксу ваҷоҳати пуртабассуми устод Мирзо Турсунзодаро фаро мегирифт, Шукруллоҳи ҷавон сазовори шоҳҷоиза шуда, бо Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатӣ, шахсияти бонуфузи миллию фаромиллӣ устод Мирзо Турсунзода бевосита ошно гардида, аз дасти он арбоби матраҳи давлатию ҷамъиятӣ ҷоизаи махсуси ҳакамонро дарёфт кардааст. Устод Турсунзода аксу тасвири пуртабассуми худро дар лавҳа-тасвири “Хандаи адиб”-и Шукуруллоҳи ҷавон дида, сахт мутаассир гардида, мусаввирро ба наздаш хонда, падарвор аз рухсорааш мебӯсад ва ҳазорон таҳсину офаринаш мехонад.
Лаҳзаи дигари мондагоре, ки дар зиндагии инфиродию эҷодии устод Шукруллоҳ нақши калидӣ доштааст, дидору мулоқот бо Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода аст. Устод Улуғзода барои ҷамъоварии маводи зарурӣ ҷиҳати таълифи романи “Восеъ” ба минтақаи Кӯлоб сафари эҷодӣ анҷом медиҳад ва бо тавсияи устодони Донишкадаи педагогии Кӯлоб Шукруллоҳи ҷавон, ки аз ҷумлаи донишҷӯёни баҷуръату масъулиятшиносу донишманд маҳсуб мешуд, ҳамсафари Улуғзода интихоб мешавад ва устодро дар ҷустуҷӯҳои илмию эҷодӣ кумак менамояд. Муддати чанд моҳ Шукруллоҳи ҷавон устод Улуғзодаро дар ковишу ҷустуҷӯҳо кумак карда, маводи заруриро пайдо менамояд ва дар хидмати нависандаи маъруфи миллӣ вомегузорад. Аз ҳамсафарӣ ва муколимаи самимию ихтисосӣ бо устод Улуғзода Шукуруллоҳи ҷавон як ҷаҳон тасаввуроту донишу маърифат пайдо менамояд ва таҷрибаи илмию эҷодиашро тавсеъа мебахшад. Аснои ҳамсафарӣ Шукруллоҳи ҷавон аз маҳорати нависандагӣ, сабки вежаи эҷодӣ, салиқаи таҳқиқу ҷустуҷӯҳои адабӣ, шеваи бозшиносии ҳаёту эҷодиёти мардумӣ, тарзи вожагузинӣ, фазилати суханшиносӣ, дидгоҳи бадеию эстетикӣ, мавқеъгирии миллӣ, дониши илмию ихтисосӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафии устод Улуғзода баҳраманд мегардад ва самараи ҳамкорию ҳамсафарӣ бо ин фарзонаи миллат дар зиндагии минбаъдаи ҳирфавию эҷодию омӯзгории устод Шукруллоҳ таҳаввулоти сифатиро ба вуҷуд меоварад. Дар ҷараёни тадрис, ҳангоми ироаи мавзуи дарсӣ ва гоҳо замони руҷуъи лирикӣ ҳатман хотироту ёддоштҳояшро аз ошноӣ бо бузургони миллӣ ва шахсиятҳои номии ватанӣ бо хонандагон дар миён мегузорад ва аз тариқи ин василаву приёми таълимӣ сатҳи худогоҳию худшиносии шогирдонро боло мебарад.
Ба ин тартиб, устод Шукруллоҳи Файзӣ пас аз хатми Донишкадаи педагогии Кӯлоб ба макони иқомат (ноҳияи Панҷ) баргашта, дар мактаби миёнаи умумии №5-и ноҳияи Панҷ ба таълиму тадрис машғул мешавад ва то имрӯз дар ин даргоҳи маърифатӣ муваффақона фаъолият мекунад. То имрӯз аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Дарси ӯ сода ва хушку холӣ нест, балки фарогири ҳазору як маънию мафҳум ва рамзу роз аст. Дар як дарс забонро бо адабиёт, адабиётро бо таърих, таърихро бо ҷуғрофиё, ҷуғрофиёро бо зистшиносӣ, зистшиносиро бо табиатшиносӣ, табиатшиносиро бо ситорашиносӣ, ситорашиносиро бо риёзӣ, риёзиро бо ҷомеашиносӣ, ҷомеашиносиро бо фарҳангу маънавиёти башарӣ тавъам меомӯзонад. Тавассути як дарси устод хонанда ҳазору як маънии дигарро мефаҳмаду меомӯзад. Як мафҳум, як калима, як ҳарф ва як ҳиҷоро бо кулли ҳастӣ ва низоми зиндагии инсонӣ пайванд медиҳад ва дар бастагӣ бо вуҷуду ҳузури башарӣ ба ҷилва медарорад. Нақшу тасвирҳое, ки аз сеҳри қалами устод таровида, синфхонаи муҷаҳҳази ӯро музайян месозанд, на танҳо баёнгари вазъу ҳоли зиндагию рӯзгори шоирону нависандагону адибону бузургони адабиёту фарҳанги миллатанд, балки ифодагари сарнавишти пурпечутоби инсонҳои фарҳехтаанд, ки ба хотири ояндаи дурахшони башар худро сӯхтаву сохтаанд. Ин аст, ки кабинету синфхонаи устод осорхона-музейеро мемонад, ки дар он нигораву экспонантҳо ҳамагӣ понарамаю манзараи гӯёи тоҷикро ба намоиш мегузоранд ва ҳаводиси рӯзгори миллатро хеле зебову муҷалло бозтоб медиҳанд. Ба ин маънӣ, устод омӯзгорест, ки ҳасту будашро ба дарс ва объекти тадрис – хонанда мебахшад. Ин аст, ки дарсҳои устод муассир, хотирмон ва умедбахшанд. Умедро ба ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик меафзоянд ва ҷуръату ҷасоратро дар баробари ҷаҳолату нодонию беадолатию хушкандешӣ таҳкиму тақвият мебахшанд. Устод тайи фаъолияти омӯзгорӣ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар заҳмат мекашанд ва тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ машғули хидмат ба мардуманд.
Қомати баланд, пайкари қавӣ, қадди расою зебо, ваҷоҳати хос, тамкину тавозуъ, ғайрату ҳамият, ҷуръату матонат, самимияту отифат, шукӯҳи шахсият ва билохира симои боғурури миллии мунҳасир ба фарди устод Шукруллоҳ худ ба худ сиришту табиату моҳияти ҷисмонию руҳонии ин муаллими муаллимони ноҳияи Панҷро бармало мекунанд.
Талошу ибтикороти созандаи устод Шукруллоҳи Файзӣ ҳанӯз замони шуравӣ аз ҷониби масъулини расмии соҳавӣ қадр гардидаанд. Устод дар замони шуравӣ ду маротиба мукофоти соҳавии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон”-ро сазовор шуда, сипосномаву ифтихорномаҳои зиёди мақомоти марбутаи давлатиро соҳиб гардидааст. Ҳамчунин, тайи фаъолияти пурсамари маърифатию омӯзгорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ устод Шукруллоҳ мукофоти давлатӣ – Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфт намудааст. Ба ин маъно, фаъолияти ин марди наҷиб ва инсони ба тамоми маъно маданӣ ба мактабу маориф маҳдуд нашуда, соири соҳаҳои иҷтимоию маданиро фаро гирифтааст. Ин аст, ки устод Шукруллоҳ дар доираҳои маданию маърифатии минтақавӣ ва ҳатто берун аз он маъруфият дорад.
Устод Шукруллоҳи Файзӣ боре ҳам даъвию талвосаи мансабу ҷоҳ накардааст ва агарчи ӯро барои пазируфтани мақому мансаб зиёд ташвиқ намудаанд, аммо ӯ напазируфтааст ва хидмат ба фарзандони кишварро аз тариқи муаллимӣ шарафу номуси ватандорӣ донистааст. Воқеан, ҳалолаш бод!
Зиҳӣ, омӯзгороне, ки монанди устод Шукруллоҳи Файзӣ умри худро вақфу сарфи огоҳию саодатмандии фарзандони миллат мекунанд. Зиҳӣ, озодамардоне мисли устод Шукруллоҳи Файзӣ, ки тамоми умр дар хидмати миллат қарор гирифта, бидуни подошу аҷре ифои вазифаву масъулият мекунанд. Бо истифода аз фурсати муносиб 80-умин солгарди умри устод Шукруллоҳи Файзиро шодбош гуфта, барояш сиҳатӣ, тандурустӣ, тамонмандии ҷисмию эҷодӣ, болидахотирӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоем. Дар воқеъ:
Баҳорат, устодо, бехазон бодо,
Мақомат ин замин не, осмон бодо.
Ба рағми гумшавӣ, гумномиҳои давр
Хушо, номи накуят ҷовидон бодо!
Ҷашни мелод фархундаву хуҷаста бод, устоди гиромӣ!
Пас, оре, эй муаллим, худ ҷаҳон ҳастӣ!
(табрикоти манзум ба ифтихори ҳаштодсолагии муаллими варзида ва шахсияти мадании ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон устод Шукруллоҳи Файзӣ)
Аҷаб коре кунад ақли батадбират,
Фурӯзон ин макон аз нури танвират,
Бигардад бар муродат чархи тақдират,
Сухан тағйир дода сабки тақрират,
Қалам боло бибурда сатҳи таъсират,
Кашад лавҳи ҷавонӣ хомаи пират,
Тавони хомаи тези фарогират
Намоён аст дар ҳар нақшу тасвират,
Дар имло, дасти таҳрират,
Баёни шарҳу тафсират.
Ба расму роҳу ойини сазоворӣ,
Ба урфу суннати неки мададгорӣ,
Ба насли нав ту бо ихлосу солорӣ,
Муаллим, медиҳӣ дарси ватандорӣ,
Ки то миллат раҳад аз зиллату хорӣ,
Ки то миллат раҳад аз ҳар гирифторӣ,
Ки то ёбад раҳо аз нанги ночорӣ,
Алайҳи хоби роҳатмасти такрорӣ,
Кашӣ фарёди ҳушёрӣ,
Занӣ сад бонги бедорӣ!
Пас, оре, эй муаллим, худ ҷаҳон ҳастӣ,
Пас, оре, як ҷаҳони бекарон ҳастӣ,
Фузунтар аз замину осмон ҳастӣ,
Фаротар аз Масири Каҳкашон ҳастӣ,
Пас, оре, аз хирадмандӣ нишон ҳастӣ,
Ҷаҳолатро яқинан хасми ҷон ҳастӣ,
Хушо, насли азизи ҳар замон ҳастӣ,
Хушо, насли карими қаҳрамон ҳастӣ,
Баҳори бехазон ҳастӣ,
Пас, оре, ҷивидон ҳастӣ!
Нозим Нурзода