Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС (1941-45) дар таърихи башарият яке аз ҷангҳои даҳшатнок ба шумор рафта, бештар аз 15 халқҳои ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Олмони фашистӣ бархостанд. 22-юми июни соли 1941 Фармони Раёсати Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи сафарбар намудани мардону ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ интишор дода шуда буд. Тамоми халқи шӯравӣ ба ҳимояи Ватан бархост. Рӯзи аввали ҷанг бештар аз сад нафар сокини шаҳри Сталинобод ба Комиссариати ҳарбӣ ариза навишта, хоҳиш намуданд, ки онҳоро ба сафи Артиши сурх шомил созанд. Аз соли 1941 то 1943 аз Тоҷикистон қариб 100 ҳазор нафар ва то моҳи майи соли 1944 214696 нафар ба ҷанг фиристода шуд, ки ин 15% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медод. Умуман аз Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 290 ҳазор нафар иштирок дошт. Намояндагони ҳамаи 15 ҷумҳурии ИҶСШ дар муборизаи умумӣ бар муқобили фашизм саҳми бузург гузоштанд. Қисмҳои ҳарбии фашистӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба муқовимати шадиди ҷузъу томҳои Артиши сурх рӯ ба рӯ гардиданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз давом кард. Дар мубориза ба муқобили ишғолгарони фашистӣ қариб 27 миллион нафар қурбон шуд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Нерӯи тавонои мардум руҳи «шикастнопазири» душманро шикаст. 8-уми майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. 9-уми май Рӯзи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид.
Дар ин мақола панҷ филми беҳтарине, ки ба муносибати Ҷанги Бузурги Ватани бахшида шудааст, нигошта мекунем.
1.Зане аз роҳи дур (женщина издалека)
Зане аз роҳи дур – филми ҷангӣ, драмавӣ бадеӣ буда, с.1978 дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз тарафи коргардони тоҷик Тоҳир Собир таҳияву пешниҳоди тамошобинон гардидааст. Инчунин дар офаридани ин филм сенариянавис, наворбардор ва ҳунармандони рус низ саҳми худро гузоштаанд. Аз ин рӯ, с.1979 дар киностудияи Маскав низ пешниҳоди мардум мегардад. Тамошобинон ва муқарризон ин филмро хуб қабул намуданд. Дар нақшҳои асосӣ: Ҳошим Гадо, Ирина Калиновская, Ситора Алиева, Соҷида Ғуломова, Дилбар Умарова, Юрий Дедович ва ғ бозӣ намуданд. Сужаи филм чунин аст:
Соли 1930 духтари Украинӣ – Даря ба як сарбози тоҷик издивоҷ намуда, ба деҳае, ки дар ҶШС Тоҷикистон ҷойгир аст, барои зиндагӣ кардан мекӯчанд. Онҳо духтарчадор мешаванд, ки номаш Лайло аст. Дере нагузашта Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз мешавад ва Садриддин барои дифои ватан ба ҷанг меравад. Ҳангоми таркиши минаҳо шавҳари Даря-Садриддин дар ҷанг нобино мешавад. Духтурон саъйю кӯшиш мекунанд, то ки қувваи биниши ӯро баргардонанд. Мутаасифона, ҷарроҳии духтурон хуб паси сар намешавад, аммо онҳо мегӯянд, ки эҳтимол аст, қувваи биниши у баргардад. Даря аз ин фоҷиа хабар ёфта, ба фронт меравад ва шавҳарашро ба хона бармегардонад. Ҳамсараш боварии комил дошт, ки якрӯз Садриддин шифо меёбад. Ҳаминтавр, бо саъйю талоши ҳамсараш қувваи биноии Садриддин бармегардад. Аслан ин филм бо забони русӣ омода шудааст, баъдтар дар идораи дубляжи филмҳои муассисаи давлатии телевизиони “Сафина ” ба тоҷикӣ тарҷума карда мешавад. Шакли пурраи филмро метавонед аз шабакаи иҷтимоии Ютуб тамошо кунед.
2.Бист рӯзи бе ҷанг (двадцать дней без войны)
Охири соли 1942 дар вақти ҷанг нависанда, мухбири пешқадами рӯзномаи “Красная Звезда” Василий Николаевич Лопатин (Юрий Никулин) барои сафари корӣ ба майдони ҷанг Кавказ меравад. Сипас, бо фармони сармуҳарири рӯзнома роҳро дур намуда, ба аёдати оилаи марҳум, ҳамкораш – Рубцов ба Тошканд меояд. Зиндагии осоиштаи инҷо барои рӯзноманигор аҷиб менамуд ва ӯ одат накарда буд. Дар ин бист рӯзи рухсатӣ, ӯ дар вақташ барои маслиҳатдиҳӣ дар киностудияи Тошканд аз рӯйи очеркҳояш дар филм, иштирок мекунад. Соли нави мелодии 1943-ро дар Тошканд ҷашн мегирад. Бо ишқи фаромӯшнашавандааш вомехӯрад яъне бистрӯзро бе ҷанг мегузаронад.
Ин филми драмавӣ, бадеӣ ва ҷанги с.1976 аз ҷониби коргардон Алексей Герман ва сенариянавис Константин Симонов ба навор гирифта шудааст. Юрий Никулин, Людмила Гурченко ва дигарон бо малакаи касби нақш офаридаанд. Тарафдор ва мухлисони сершумор дорад.
3.А зори здесь тихие (с.1972)
Соли 1972 филми бадеӣ, ҷангӣ аз ду қисм иборат буда, айёми душвории Ҷанги Бузурги Ватаниро нишон медиҳад.
Дар ин филм оид ба тақдири панҷ духтари фидокор ва сарфармондеҳи онҳо, ки дар замони ҷанг бо 16 деверсанти Олмон меҷанганд, оварда мешавад. Ин воқеъа моҳи июни с.1942 дар Карелия рух медиҳад. Мавзуи филм қаҳрамони ва корнамоиҳои одамони одди инъикос карда мешавад, ки ба шӯҳрат, мукофот нигоҳ накарда, дар замони ҷанг барои ватану миллати худ, бар зидди Олмони фашисти мубориза мебаранд. Женя Комелькова, Рита Осенянина, Соня Гуревич, Галя Четвёртак, Лиза Бричкина- қаҳрамонҳои филм буда, вазифаи онҳо баландии ҳавопаймои душманро муайян карда, бар муқобили Олмониҳо оташ мекушоданд. Мутаассифона, ҳар яки онҳо оҳиста-оҳиста дар ин ҷанги хонумонсӯз вафот мекунанд. Филми мазкур ба мо, эҳтироми зиндагии одамизод, ҷасорат, фидокорӣ, қадри дӯстӣ, ба хотир овардани мероси таърихии ватанро меомӯзонад.
Ҳамчунин с. 2015 ин филмро дубора ҳунармандони дигари асили рус нақш меофаранд.Ҳар ду филмро метавонед аз саҳифаи иҷтимоӣ ютуб тамошо кунед.
4.Филми “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор“
11-уми августи соли 1973 намоиши филми телевизионии “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор” оғоз гардид.
Филм дар бораи ҳаёти ҷосуси шӯравӣ, ки дар Хадамоти амният (СС) кор мекунад, ба истиқболи гарми тамошобинон дучор гардида, баъди се моҳ намоиши такрории он ба роҳ монда шуд. Филми бадеии «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» дар бораи хизмати шоёни разведкачии советӣ дар соли 1973 ғуриши момоқулдуроқ (тундар)-ро мемонд, ки бо садояш одамонро аз берун ба хонаҳо ҷо мекард.
Драмаи ҳарбӣ дар бораи разведкачии советӣ, ки дар эшелони олии давлати натсистии Германия мақом ёфта буд, қисса мекард. Намоиши филмро дар арафаи иди Ғалаба – 9-уми май ба нақша гирифта буданд, аммо ба андешаи сиёсӣ, ки дар он рӯзҳо роҳбари Иттифоқи Советӣ Леонид Илич Брежнев ва Республикаи Федеративии Германия сафари расмӣ дошт, намоишро мавқуф гузоштанд.
Серияи 1-уми филми мазкурро тамошобинон 11-уми августи соли 1973 диданд. Ва он ба зудӣ дар саросари ҷумҳуриҳои умумииттифоқӣ маъруф гашт. Бо талаби сершумори мардум намоиши такрории силсилафилми телевизионии «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» пас аз 3 моҳ ба вуқуъ пайваст.
Муаллифи сенария Юлиан Семёнов, режиссёр Татяна Лиознова, композитор Микаэл Таривердиев, оператор Пётр Катаев мебошад. Дар нақшҳо: Вячеслав Тихонов, Леонид Броневой, Олег Табаков, Юрий Визбор, Ростислав Плятт, Евгений Евстигнеев, Василий Лановой, Екатерина Градова, Николай Прокопович, Леонид Куравлёв.
Албатта, ин филм дар миёни омма маҳбубияти хос пайдо намуд. Ҳар дафъаи намоиши такрорӣ одамон бо шавқи беандоза тамошо мекарданд.
5.Маро интизор шав (жди меня с.1943)
Филми бадеӣ, драмавӣ ва ҷанги 22-ноябри с.1943 аз рӯйи асари Константин Симонов рӯйи экран омадааст. Худи муаллифи сенария ҳамеша дар вақти ба наворгиии филми мазкур ҳузур дошт. Ҳавонаварде бо номи Ермолова бо ду дӯсташ – журналист Миша Вайнштейн, лётчик Алексей Панов ба ҷанг мераванд. Ҳамсари Ермолова Лиза ӯро интизор мешавад. Лиза ба душвориҳо нигоҳ накарда, дар корхонаи саноати кору фаъолият мекард. Аз ҳамсараш ягон хабаре ҳам намешунавад. Ермолова бо дӯстонаш ваъда медиҳанд, ки пас аз пирӯзи зинда монда, бо ҳамдигар вохӯранд аммо ҷанг барои тақдири ин дӯстон нақшаҳои худро дорад. Дар яке аз парвозҳо ҳавонавардон ба садама гирифтор мешаванд аммо хушбахтона наҷот меёбанд. Лиза намедонист, ки дар яке аз ҷангҳои ҳавоӣ, ҳавопаймои шавҳараш ба мушкили дучор мешавад. Ермолов ба дусти журналисташ-Вайнштейн навореро, ки душманонро дар майдони парвоз сабт кардааст, барои ба қисми ҳарби равон кардан, медиҳад. Ермолов ба ҳамсараш як нома менависад: Интизор шав, бармегардам. Дӯсташ аз пеши ҷангал, ки Ермолов дар онҷо истода буд, дуртар мерафт, ки овози тирпарониро мешунавад. Вайнштейн фикр мекунад, ки дӯсташ аз дунё гузаштааст ва ба ҳамсари Ермолов Лиза ҳодисаро мегӯяд. Лиза ба ин хабар бовар намекунад ва интизор мешавад.Интизориҳои ӯ бефоида набуданд. Пас аз ҷудоии тӯлони Ермолов ба назди ҳамсараш бармегардад. Филми мазкур 87 дақиқа давом медиҳад. Ин филми бадеӣ бозгӯи садоқат, вафодори дар ишқ ва дӯсти мебошад.
Таҳияи Маҳина Орзуева