АЗ ФИЛМИ ҲУНАРИИ “ХОБИ СУРХ”
Шоми 16 май дар кинотеатри “Ватан” маросими нахустнамоиши филми ҳунарии “Хоби сурх” баргузор гардид.
Тавре аз иттилои сомонаи “Тоҷикфилм” бармеояд, филм дар ин муассиса таҳия шуда, нақшҳоро Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Меъроҷиддин Бобиев, Таҳмина Раҷабова, Қандил Тоиров, Аъзам Розиқ, Қурбон Собир, Зарпарӣ Хушвақт, Ғолиб Исломов, Мирзовалӣ Фозилов ва дигарон офаридаанд. Муаллифу коргардони филм Соҳибёр Толиб, филмбардор Шӯҳрат Қурбонов, продюссер Маҳмадсаид Шоҳиён, оҳангсози филм Иқбошо Завқибеков мебошанд.
Перомуни достони филм дар сомонаи “Тоҷикфилм” чунин овардаанд: “Филми “Хоби сурх” аз рӯзгори пирамарде ҳикоят мекунад, ки дар гузашта сарбози шӯравӣ дар Афғонистон буда, дар айёми пирӣ ба бемории руҳӣ гирифтор шудааст. Пас аз ду соли табобат дар бемористон писари бузургаш пирамардро ба хона меоварад. Пирамард мухлиси Карл Маркс буда, орзу дорад, ки низоми шӯравиро барқарор кунад, вале бо чунин хаёлпарастӣ дар хонавода ҳамандеш намеёбад ва азияти танҳоӣ мекашад. Филм гуфтугӯи наслҳо, парастории волидайн, арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар, илму маориф ва дигар масоили рӯзро дар худ ғунҷонидааст”.
Дар маросими нахустнамоиши филм бо даъвати коргардон Соҳибёр Толиб иштирок кардам. Роҳбарияти “Тоҷикфилм”, коргардон, ҳунармандон ва ҳамаи дастандаркоронро барои таҳияи чунин як филми диданӣ ва андешазо табрик мегӯям. Он шакле, ки филм ривоятсозӣ мекунад, нишонаи ҷасорати бузурги дастандаркорон аст.
Азбаски аз ҳунари синамо фарсангҳо дурам, даъвои арзёбии нақшофарии ҳунармандон, сохтусоз, ороиш ва дигар паҳлуҳои ҳунарии филми “Хоби сурх”-ро ба худ иҷоза намедиҳам. Ёддошти мазкур ҳаргиз нақди синамоӣ нест ва бояд ин хел пазируфта нашавад, зеро чунин ният надоштам ва надорам. Ин навишта бардоштҳои як тамошобин аст, ки дар гармогармӣ баъди нахустнамоиш иншо гардид. Инак, мулоҳизаҳоро ба таваҷҷуҳи Шумо пешкаш мекунам:
Бардошти якум, руҳияи пасомуосирии филм. Агар аз рӯйи мактаби пажуҳишии постмодерн ё пасомуосирӣ ба равандҳои муҳити атроф нигарем, хеле аз хулосаҳои собит, пешфарзҳои ғолиб ва падидаҳои “бебаҳс”-ро ба чолиш мекашад. Ба вижа, агар дидгоҳи дигар ва то ҷойе ҷойгузинӣ барои шинохти равандҳои гузашта ва имрӯза корбурд шаванд. Аз ин рӯ, баррасии маҷмуи арзишҳо, боварҳо ва анъанаҳои пештара ва имрӯза, бахусус барои ҷомеаҳое, ки аз як низоми арзишӣ ба низоми арзишии дигар қадам ниҳоданд, ҳассосу баҳсбарангез мебошад. Чун ба ҷаҳонбинии зиндаи мардум дахл дорад, қисмеро “хурсанд” ва дигаронро “ошуфта” мегардонад. Агар аз рӯйи равиши пасомуосирӣ ба муҳтавои филм нигарем, филмсозон тавонистаанд, хеле аз баҳсу баррасиҳои охирро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон ба назар мерасад, дар достони филм ҷой диҳанд. Муҳимтар аз ҳама то ҷойе тавозун риоя шуда, ба тамошобин “натиҷагириҳои осонҳазм” пешкаш намегардад, балки ӯро ба андешидан водор мекунанд.
Бардошти дуюм, паёмадҳои ҷаҳонбинии канорарав. Пирамард дар ҷаҳони андешаҳои худ зиндагӣ дорад, дидгоҳҳои дигаронро таҳаммул намекунад ва омода нест, то воқеияти рӯзро бипазирад. Дар натиҷа, дар муҳити хонаводаи ӯ, яъне худаш, се писараш, сунҳораш ва наберааш мо муқобили ҳам будани ҷаҳонбинии гуногунро мебинем:
Падар дар ҳасрати Шӯравӣ аст, ҳеҷ як андешаро ба ҷузъ дидгоҳи худ қабул надорад;
Писари бозоршинос дар сероҳӣ менамояд: ҳам рузгорро таъмин мекунад; бо дарк нагардидан аз ҷониби бародарон ва ҳамсараш бинобар сабаби аз бемористон ба хона овардани падараш рӯ ба рӯ аст; ҳам “девонагиҳо”-и падарашро “мебардорад”;
Писаре, ки пизишк аст, хеле “муосир” ва “амалгаро” менамояд, бародари бозоршиносашро аз паёмадҳои эҳтимолии ҳузури падар дар хонаводааш огоҳ мекунад, равоншиносро барои ташхису табобати падараш меорад ва аслан ҷаҳонбинии падарро қабул надорад (мисол: гуфтугӯйи ду бародар перомуни нақши модарашон дар тарбияи онҳо. Яъне мегӯяд, ки агар модар намебуд, мо чизе намешудем…). Ҳамчунин, падар нисат ба ӯ назари мусбат надорад ва гунаҳкори ду сол дар бемористони рӯҳӣ буданаш меҳисобад;
Писари хурдӣ як андоза дингаро менамояд, падарро ба назди мулло барои “хондан” мебарад, пайваста тасбеҳаш дар дасташ аст ва ҷаҳонбинии падарро аслан қабул надорад. Ниҳоят, дар фурудгоҳ боздошт мешавад, девона мегардад ва ба бемористони руҳӣ меафтад (ҳамон маконе, ки падараш табобат мегирифт). Образи писари хурдию ҷаҳонбинии ӯ бо назардошти “ҳасрат”-ҳои падараш дар филм васеъ бозкушоӣ нашудааст. Аз рӯйи кейсҳои ифротишавӣ дар паҳнои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар кишварамон ҳаминро метавон гуфт, ки баъзе нафарони ба сафи гуруҳҳои даҳшатафкан рафта, дар чунин хонаводаҳо бузург шудаанд. Яъне, фарзанд баъди ба воя расидан ба сӯйи муқобили ҷаҳонбинии падар ё хонавода меравад. Шояд ин мавзуъ арзандаи таҳияи филми алоҳида бошад, чун ба решашиносӣ, осебшиносӣ ва дарки сабабу омилҳои ифротишавӣ низ мусоидат мекунад;
Сунҳор, ё ҳамсари писари бозоршинос хеле “нозук” ва ҳисобӣ бо хусураш перомуни ғайривоқеӣ будани ҷаҳонбинии ӯ баҳс мекунад, талаб дорад, ки пирамард арзишу боварҳои худро ба наберааш таҳмил накунад. Сунҳор дар филм шахсест, ки эҳсоси баланди пешбинии падидаи эҳтимолии манфиро дорад. Ин ба омили модарӣ ва дар ғами ягона писараш буданро ба намоиш мегузорад;
Набера – “қурбонӣ”-и натиҷаи ҷаҳонбинии канорарав дар як хонавода аст, ки дар охири филм вафот мекунад (нафаҳмидам, ки ӯро куштанд ё худкушӣ кард). Набера аслан бо пирамард, яъне бобояш баҳс намекунад, вале бо тамоми вуҷудаш нишон медиҳад, ки ҷаҳонбинӣ, кирдору рафтору гуфтори ӯро қабул надорад.
Бардошти сеюм, афсурдагии муҳити хонавода бо сабаби муқобили ҳам будани ҷаҳонбиниҳо. Як паёмади манфии ҷаҳонбинии канорарав боиси дар ин хонавода набудани оромӣ ва густариши рӯҳияи афсурдахотирӣ гаштааст. Азбаски пирамард тавони қабули дигар шудани замона, дигар будани бовару арзишҳои аҳли хонавода ва то ҷойе бебозгашт гардишхурии “чархаи таърих” надорад – барои ҳам худаш ва ҳамаи пайвандонаш мушкил эҷод мекунад. Дар филм перомуни тарзи берунравӣ аз муҳити афсурдагӣ роҳкоре пешкаш намешавад. Шояд ин як паҳлуи қавии филм ҳам бошад, чун тамошобинро ба андешидан водор месозад.
Бардошти чорум, истифодаи моҳиронаи арзишҳои зинда ва зеҳнияти худӣ. Филм саропо пур аз истифодаи зеҳнияти худӣ аст, ки муносибату эҳтироми писар ба падар, сунҳор ба хусур (сунҳор ҳамеша баъди танқиди андешаҳои хусураш узр мепурсид, ва ҳамила буданашро сабаб меовард)-ро ба намоиш мегузорад. Як мисоли он гуфтугӯйи писари бозоршиноси пирамард бо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ перомуни аризадиҳӣ баъди марги фарзандаш аст, ки мегӯяд: “ман боз писар (фарзанд) ёфта метавонам, вале падари дигар надорам”. Ҳамчунин, дар филм шикастани ривоятҳое ба назар мерасад, ки дар офаридаҳои пештараи синамои ватанӣ ба назар мерасид. Яъне, дараҷаи инсони “муосир”, “дурандеш”, “аҳли фаҳм” ва ғайра буданро бештар бо кадом забон гуфтугӯ кардани нақшофарон ифода мекарданд. Дар филми мазкур ин тамоюл комилан ба назар намерасад, ки бешубҳа як падидаи мусбату воқеӣ аст.
Бардошти панҷум, ривоятсозии мусбати худсолории кишвар. Дар достони филм перомуни ин мавзуъ “натиҷагириҳои пешакӣ” қариб, ки ба назар намерасад ва аҳамияту зарурати андешаи худсолории кишвар “таҳмил” намегардад. Аммо баъди тамошои филм то чӣ ҳад муҳим будани ҳамин андеша шакл мегирад. Ҳамзамон, зарурати амалии худро дур гирифтан аз баҳсҳои сунъӣ ва ғайриқобили кор нишон дода шуда, паёмади манфии ҷаҳонбинии канорарав низ шиносоӣ гардидаанд. Агар ба ибораи содда бигӯем, аксар вақт барои шиносоии ривояти заруру муҳим аз тафсир ва ё мисолҳои “мусбат” ва “манфӣ” кор мегиранд. Албатта, вақте перомуни як раванд ё падида ба мухотабон “се паҳлуи мусбат” ва “се паҳлуи манфӣ” пешкаш шавад, табиист, ки ҳеҷ яке аз онҳо “зарар”-ро интихоб намекунад ва аз пайи “фоида” меравад. Дар филм ривоятсозии мусбати худсолории кишвар дар асоси на хулосаҳои “сиёҳу сафед”, балки бо назардошти рақобатпазир буданаш дар шароити имрӯза пешкаш гардидааст.
Натиҷагирӣ. Ҳамаи ҳунармандон дар филм бисёр олӣ нақшофарӣ карданд. Ҳунарпешаи шоистаи кишвар устод Исфандиёр Ғуломзода бисёр олӣ нақш бозиданд. Ҳамаи дастандаркорон, ба вижа коргардон Sohibyor Tolibро бо таҳияи филми диданӣ бори дигар табрик мекунам. Агар андешаҳои овардаам малоли хотири касе шуда бошад, пешопеш узр мепурсам. Худо кунад, ки шумораи чунин филмҳои ватанӣ боз бештар гардад.
Шералӣ Ризоён