Дунёи пур аз назокату латофати шеъри шакарини форсии оҷикӣ тӯли сад соли охир дар қаламрави назми оламгири Ориёӣ, тавониста, ки бо шукуҳу шаҳомати хоси хеш соҳиби ҷойгоҳи шоистаи суханварӣ бигардад. Агарчанде, ки шеъри оламгири тоҷик беш аз ҳазор сол, бо номи пурифтихори устод Абуабдуллоҳ Ҷаъфар  бини Рӯдакии Самарқандии Сомонитабор, бар  қалби беш аз садҳо миллион порсибунёдони олам пайғоми меҳр овардааст. Шеъри замони пуршукуҳи Истиқлоли давлатӣ, ки бунёдашро устодони варзидаи каломи бадеӣ Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо ва даҳҳои дигар дар киштзори маъонӣ гузоштаанд, боғи ҳамешабаҳори маърифати миллиро сарсабзу хуррам намудаанд. Шоирони соибэъҷози тоҷик, устодон Бозор Собир, Ашӯр Сафар, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Қутбӣ Киром, Ҳадиса Қурбон, Гулрухсор Сафиева садҳо муштоқону шефтагони сухани ноби назми оламгири тоҷикро ба майдони назокати суханварӣ оварданд. Адиби хушзавқ ва хушкаломи тоҷик Сафар Амирхон аз зумраи он адибонест, ки бо самимият ва муҳаббати зиёди суханварӣ дар ин қаламрави маънихезу маънирез гомҳои устувори хешро гузошта. Китоби ашъори шоир, ки ба номи «Пайғом» бо ибтикори шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб ва шоиру муҳаққиқи шинохта устод Муҳтарам Ҳотам дар нашрияи Адиб рӯи чоп омадааст, миёни хонандагони сершумор соҳиби эътибори баланд гардидааст.

Хонандаи тоҷик ба ашъори шоир ҳанӯз оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта аз тариқи маҷаллаву рӯзномаҳои кишвар ошно гардида, шеъраш миёни аҳли маънӣ ва дӯстдорони шеър мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Субҳи пурсаодати Истиқлол, ки дар ашъори шоир ҷойгоҳи пурэътибореро касб намудааст, бар ашъори шоир накҳату назокати хосае бахшидааст. Он гуна, ки шоир фармуда:

Ифтихори мо зи Истиқлоли мост,

Аз сафои бахту аз иқболи мост.

Соҳибистиқлолу соҳибдавлатем,

Мурғи дунёи фараҳ ҳамболи мост,

Шукри ободии даврон мекунем.

Шукри хоки Тоҷикистон мекунем.

Ҷонфидо чун Коваи оҳангарем,

Сарбадорон дар дифои кишварем.

Парчами нанг аз ватандорӣ ба каф,

Шуҳраташро аз фалак боло барем.

Ҳамчу фарзанди вафодори Ватан,

Дар дифояш бигзарем аз ҷону тан.

Мулки худро боғу бустон мекунем,

Сабзу хуррам чун гулистон мекунем.

Бо сарафрозиву бо азму талош,

Зиндагии хубу шоён мекунем.

Ҳамин истиқбол намудан аз Истиқлол ва ҷоннисор будан дар роҳи ормонҳои худшиносии миллӣ, шоирро ҳамқисмати ватанаш намуда, бо як самимият ва муҳаббати ватандорӣ қалби хонандагонро саршор аз меҳри Ватан намудааст. Дар боли орзуҳои ватандорӣ аз гузаштаи пурифтихори худ аз сафаҳоти рангини «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ёдоварӣ намуда, қаҳрамониҳои Коваи оҳангарро  ливои ватанхоҳон намуда, садоқати Сарбадорон ё худ Сафедҷомагонро дар роҳи ҳимояи Ватан ва Истиқлоли давлатӣ  сутудааст. Ин тасвири шоир хонандаро дар боли муҳаббати ватандори вориди таърихи пурифтихори меҳан намуда, ифтихори ватандориро дар қалби онҳо зиёд менамояд. Ҳамин суннати аҷдодии ватанхоҳиву ватансозӣ муҳаббати хонандаро ба Ватан афзун намуда эътибори шоирро миёни  хонандагон баланд менамояд. Ҳар сатри пур аз муҳаббати ватандории шоир гувоҳи садоқати ӯ ба ҳар як ваҷаб хоки диёр мебошад. Мавқеъ ва мақоми иттиҳоду якпорчагӣ ва дӯстиву баҳамоии мардумони Тоҷикистон дар маркази тасвирҳои шоир қарор гирифта, бо самимияти зиёд дӯстиро бақои давлат ва миллат ном бурдааст. Онгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳояш бо мардум ба таъкид аз боби дӯстӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ ва баҳамоии мардум мегӯяд, ин таъкид аз ҷониби шоир сари ҳар сатр дастгирӣ ёфтааст. Чунончӣ, шоир дар шеъри «Баҳори дӯстӣ» овардааст:

Сарфарозем аз баҳори дӯстӣ,

Дар самои беғубори дӯстӣ.

Роҳи фардоро мунаввар кардааст,

Офтоби пурбори дӯстӣ.

Ҳамдилӣ оварда дунёи вафо,

Аз шукуҳу эътибори дӯстӣ.

Тоҷикистон рашки сад гулшан шуда,

Аз нумуи навбаҳори дӯстӣ.

Аз азал бо ҳам қарину ҳамдилем,

Балки ҳастем аз табори дӯстӣ.

Дил Самарқанду Бухоро мебарад,

Холи ҳиндуи нисори дӯстӣ.

Марҳабо эй дӯстони меҳрубон

Бар Душанбею Ҳисори дӯстӣ.

Сарфарозӣ аз дилу ҷон мекунем,

Дар ҳавои ифтихори дӯстӣ.

Баъд аз ин то авҷи гардун меравад,

«Нағмаҳои чангу тори дӯстӣ».

Халқи тоҷик, ки табиатан оини созандагӣ ва муҳаббати дӯстиву бародариро дар сиришташ мепарварад бо зумра халқҳои олам дӯст ва хеши наздик гардидааст. Шоири шаҳири миллат, Қаҳрамони халқи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода, ки бо силсилаи шеърҳои ба дӯстиву бародарӣ бахшидааш «Силсилаи шеърҳои қиссаи Ҳиндустон» номгузорӣ шудааст, ҳанӯз замони Шӯравӣ бо садҳо забони мардуми Шӯравӣ тарҷима гардида миёни тамоми мардуми собиқи Шӯравӣ соҳиби эъҷози баланд мебошад. Шоири дардошно Сафар Амирхон, ки парвардаи замони пурифтихори Шӯравии инсонсолор мебошад, дӯстиву муҳаббати ватандорӣ дар ашъораш мақоми хосаеро касб намудааст. Манзараҳои зебои диёр, табиати афсункор ва олами пурмӯъҷизаи кишвар дили шоирро ба шӯр оварда, баҳори гулбасару гул ба домони Ватани азизаш мурғи илҳомашро баландпарвоз намуда, бо нағмаи ҳазор ово ва оҳангу замзама мегӯяд:

Чун чеҳраи ту баҳор омад хандон,

Гулчеҳраву гулнисор омад хандон.

Дар домони кӯҳу пушта гулхезӣ бин

Рухсора чу лолазор омад хандон.

Гулбасти ҳазорранг дорад бар тан,

Бо зам-замаи ҳазор омад хандон.

Шуд кокули чашмаҳои кӯҳӣ пурчин,

Ҳар нахл шукуфабор омад хандон.

Гул дар бару, гул дар кафу, гул дар домон,

Шукрона, ки навбаҳор омад хандон.

Бо тоқии гулдӯз ба Наврӯзи Ватан,

Навошиқи пурхумор омад хандон.

Ҳамин замзамаҳои наврӯзи диёр ва шукуфоиву сарсабзиҳояш мурғи илҳоми шоирро ба парвоз оварда қаламроҳи эҷодашро муаттар гардонидааст. Тасвири кӯҳу пуштаҳои сабзпуши диёр, чаҳ-чаҳи мурғакони ошиқи баҳор, дамидани сабза ва гулбасар гаштани ниҳолу дарахтони боғҳо ашъори шоирро сабз андар сабз намуда, хонандаро мафтуни тасвирҳо менамояд. Он гуна, ки шоир дар шеъри «Гулбарги тари сабза» овардааст:

Оинаи Наврӯз аст шабнам ба сари сабза,

Хуршед шавад хандон дар чашми тари сабза.

Рақсанд сафедорон дар роҳу хиёбонҳо,

Аз хандаи гул хандад шому саҳари сабза.

Рахшон чу гули дӯғӣ ҳар қатраи боронаш,

Ҳар сунбули навруста дорад асари сабза.

Гулқолии сабз инҷо, сад болини сабз инҷо,

Чашмат нашавад кандан, аз бому дари сабза.

Дарё таги пул хандад, себаргаву гул хандад,

Ку дида гули қоқу пеши назари сабза.

Синҳор нигаҳ дорад, ру ҷониби шаҳ дорад,

Ду дида ба раҳ дорад, пурсад хабари сабза.

Гулҷӯши баҳор омад, сабзинанигор омад,

Бо чашми хумор омад, сайри гузари сабза.

Ҳамин зебогии тасвир, ки варақи эҷоди шоирро ҳазорранг намудааст, қалби хоса хонандаро ба шӯр оварда, ӯро вориди чамани сабзқабо менамояд. Чаманистони сабзи андешаҳои шоир қолии гулдору гулбадомони баҳорро пойандози чашму гӯшу ҳуш намуда, дар боғи ҳусн ба меҳмониаш мехонад. Бо чашми дил ва нигоҳи пурмуҳаббати андеша вориди ҷаҳони розҳои шоир гардида, аз тасвирҳояш маҳви тамошо мешавӣ.

Шоир ин маҷмуаи мукаммали ашъорашро дар шаш дафтар муратаб сохта, дафтари аввалро бо номи «Гулбазми баҳор» бо фарогирии 68 таронаи сабз андар сабз манзури хонандагон гардонидааст.

Дафтари дувум бо номи «Ёди рафтагон» фарогири ҳафт шеъри шоир буда, ин дафтар ёдҳои ширини шоир дар пиромуни зиндагӣ ва рузгори аҳли ҳунар, ки ба эҷодиёти шоир таъсири хосаи хешро расонидаанд ҳикоят менамояд. Дафтари саввум бо номи «Сурудҳо» фарогири ҳашт шеъри шоир буда, онҳо ҳукми тарона ё худ чакомакро дошта дар ҳавои замзамаҳои мардумӣ руи саҳфа омадаанд.

Дафтари чаҳорум бошад фарогири 34 ғазал буда, хонандаро вориди гулбоғи розҳои шоир менамояд.

Дафтари панҷум бо номи «Базми Хуршед» манзури хонандагон гардида фарогири 65 шеъри шоир мебошад. Ин дафтар ангораҳо ва бардоштҳои шоир аз хирмани пурбори умр мебошад.

Дафтари шашум бо номи «Гулбарг» фарогири рубоиву дубайтӣ ва чаҳорпораҳо буда, ба хонанда, аз талошу ҷоннисориҳои шоир дар қаламроҳи эҷод ҳикоят менамояд. Ин маҷмуаи ашъори шоир дар қалби хонандагон ва ҳаводорони ашъораш соҳиби ҷойгоҳи хоса буда, ҳамчун «Пайғоми меҳр» ва ҳадяи Наврӯз тақдими онҳо гардидааст.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

Р.S. Чун муждаи баҳори ҳафтодуми милоди шоирро боди хотираҳо ба ёди мо овард, ӯро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок ба ӯву хонадони покмаҳзараш сиҳатмандиву сарбаланди дархост намуда, умед бар он дорем, ки қалами эҷодаш шаҳдрез бошаду рӯзгораш шакаршикан.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here