(Дар ҳошияи китоби Холиқзода А. Ғ. “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” Душанбе “Эр-граф” 2021. 585 саҳ.)
Муҳаққиқи тавоно, олими аз сидқ ба таҳқиқ назардошта доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дар баррасии масоили муҳими миллию ҳуқуқии замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муваффақтарин пажуҳишгарон буда, перомуни афкору ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фалсафӣ ва динию мазҳабӣ силсилаофаридаҳое доранд, ки дар ростои дарки манофеи давлати миллӣ таҳия шуда, масири худшиносии миллиро ҷиҳати тарбияти комили насли баъдии давронсоз ҳамвор менамоянд.
Мо дар нигоштаҳои қаблӣ ҳанӯз чанд сол муқаддам устод Холиқзодаро барои таълифи китоби “Андешаи давлати миллӣ” (соли нашр 2013), асари гаронмоя, ба василаи тақризе таҳсин гуфта, то ҷойе мафҳуми давлати миллиро аз дидгоҳи худшиносию динӣ дар мабнои китоби мазкур мухтасар ташреҳ низ дода будем – (“Давлати миллӣ” дар масири худшиносии миллӣ ва динӣ”, рӯзномаи “Миллат” № 26 (461), 02.07.2014) . Ва аз нуқтаи назари усули тадқиқот китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” давоми мантиқии назариётест, ки дар таҳқиқҳои гузашта, эшон заминаҳои боэътимоду густурдаро андар боби таъбирҳои “давлати миллӣ”, “андешаи миллӣ” ва амсоли ин бо шарҳи муфассал манзури доираи васеи мутоилакунандагон гардонда буданд, яъне асаро ҷиҳати такмили дониш дар масири худҷӯйию хештаншиносӣ барои пажуҳишгарону донишандӯзон фароҳам оварданд.
Муаллиф вуруд ба китобро аз дастури пурмазмуну ҳикматомези Пешвои муаззами миллат аз тариқи зайл оғоз мебахшад:
“Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад”.
Минбаъд муҳтавои меҳварии китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” дар доираи тафсири бо мароми ғояи фавқи Пешвои миллат дар дувоздаҳ боб ба таври муфассал баён мешавад. Тақвияту таъйиди сухани хешро нигорандаи китоб дар “Муқаддима ва ё омилҳои эҷоди асар” бо таъбирҳо – зернавиштҳои ҳадафманд – “Эҳсоси масъулият”, “Мо насли интихобшудаи таърихем”, “Миннатдорӣ” ва “Муроҷиат ба хонанда” идома дода, ҳадафи навиштани асари мазбур бо эҳсоси дарки манфиатҳои миллӣ ва давлат, масъулияти насли имрӯзу фардо дар пасманзари ҳаводиси пуршӯру шарри олам ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат – ҳифзи арзишҳою ормонҳои миллӣ аз ин омилҳои хатарзои ҷаҳони муосир, изҳори арзи эҳтиром ба шахсиятҳои донишманду ҳамназари соҳаву ҳамшуғл, бартарӣ наҷустан дар баёни андешаҳои хеш перомуни масоили мавриди назар аз бародарони арҷманду хушбин ва орзуманди бо сабурию дироят, аз қавли шоири донишманде, назар духтан ба ҷусторҳои эшон мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст, дар ин муқаддамот.
Дар боби нахуст – “Сабақи таърихӣ ва истиқлоли миллӣ” зермавзуъҳои “Истиқлол ва шукргузорӣ дар ҳикмати давлатдорӣ”; “Сабақи талхи таърихӣ ба озодагони бепарво чӣ мегӯяд?”; “Ба қадри неъмат касе мерасад, ки лаззати бенеъматиро чашида бошад”; “Масъулияти азими давлатсозӣ – ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати халқ аст”; “Сабақбардорӣ аз таърих ва рафъи бетарафӣ” тарҳи ғояи асар ба таври шигарф матраҳ шуда, изҳори назари тоза аз шукргузории неъмати бебаҳо – Истиқлоли давлатӣ оғоз меёбад ва ҳамзамон, бо истифода аз усули қотеи таҳқиқи масоили илмӣ ҷиҳати ташреҳи мушаххасу саҳеҳи муҳтавои кул далелҳои ошкору возеҳ барои шарҳи ин боб оварда мешавад.
Дидгоҳи хосу назари таҳқиқии муаллифи китоб ба мазмуни ғаври истиқлоли миллӣ дар шароити муосири рушди соҳибихтиёрии давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар ибтидо дар баробари ҳифзу густариши зербинои ҳуқуқии истиқлолият, вазоифи муҳимми давлатсозиро дар партави ғояҳои олии сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини одилонаи ҳуқуқу озодиҳои инсону равнақи рукнҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, дарёфти мақоми ҳуқуқии тоҷикон дар низоми байналмилалӣ, ҳифзи арзишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии таърихи миллат, таъмини заминаҳои ҳуқуқии рушди иқтисоди миллӣ, рақобати озоди иқтисодӣ, таъмини ҳокимияти одилонаи судӣ, коркарди асосҳои ҳуқуқии таъмини шароити арзандаи зиндагии ҳар шахс, рушди фарҳанги миллӣ тасаввур намуда, таъйид менамояд, ки назария ва амалияи рӯзномаи мактабҳои нави илми ҳуқуқ иборат аст аз татбиқи бо мароми ин тадбирҳо дар ҷомеаи мардумсолорӣ (саҳ. 21-22).
Муаллифи асар то ба нуктаи мақсуд расидани хонанда – фаҳми дурусту мантиқии мафҳуми “мафкураи миллӣ” ва “ҳуқуқ” рӯйиҳамрафта сабақ гирифтан аз таъриху шукргузорӣ аз истиқлоли давлатиро дар омилҳои худшиносӣ, дифоъ аз арзишҳо ва ормонҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба баҳогузории муҳаққиқону мутафаккироне чун Вамбери – пажуҳишгари маҷорӣ, Жан Пол Ру -(Фаронса), Ҳеродоту Белинский намуда, бо ишораи огоҳмандона барои сабақомӯзӣ ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ сухани фасеҳи хешро бо матлабу мақсади бархурдорӣ аз мазомини фасли мазбур, саҳифаи таърихро бори дигар ёдрас намуда, баёнияҳоро аз шеърҳои Лоиқи бузург ва аз сӯйи дигар, бо вуруд ба таърихи миллат ақидаҳои нобро рӯйи саҳифа оварда, эҳтимоми Пешвои миллатро дар бунёди давлати миллии тоҷикон дар як марҳилаи таърихӣ бо фаронигарӣ баён намуда, билохир масъулияти азими давлатсозӣ, ҳифзи истиқлолияту ваҳдати халқ, нуктаҳои ормонии рушди миллат, қадршиносии ниёгон, ҳикмати созандагии Пешво, ғизои илмии таҳкими истиқлолият ва амсоли ин андешаҳои фасеҳро дар боби аввал ба қалам медиҳад (саҳ. 25-56).
Мафҳуми мафкураи миллӣ, андешаҳо роҷеъ ба худшиносии сиёсӣ, ҳуқуқи инсон, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, озодиҳои шахсӣ, масъулият ва демократия, соҳибихтиёрии халқӣ, заҳролудшавии арзишҳо ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи иҷтимоӣ дар бобҳои дуюм ва сеюми китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” бо вусъати назар мавриди таҳлилу баррасии жарф қарор гирифта, маънии таҳқиқ возеҳу бармало баён шудааст. Фарзи мисол, ҷиҳати тафсири мафҳуми “мафкура” пеш аз шарҳи мафҳуми мазбур чандин саволҳои мутобиқ ба мантиқу мазмуни истилоҳи мавриди назар матраҳ мешаванд, ки баъдан ҷавоби қотеъонаи бо тафсил хонандаро қонеъ мегардонад. Бад-ин минвол, менигарем ба мақулаи донишманди муҳтарам – муаллифи китоб, перомуни мафҳуми “мафкура”. “Мафкура бо падидаҳои шуур – ақл, идрок, фаросат, фаҳм; тафаккур – фикр кардан, андеша кардан, фикр; дарк – дарёфтан, сарфаҳм рафтан ва фаҳмидан дар бештари мавридҳо дар қаробат шарҳу тавзеҳ ёфта, бо ин унсурҳои абстрактӣ дар алоқамандии тарафайн қарор дорад, вале дар муносибат ба онҳо бештар нақши хулосавӣ ва ҷамъбастиро иҷро менамояд. Мафкураи сиёсӣ ва психологияи сиёсӣ рукнҳои муҳимми шуури сиёсӣ маҳсуб мегарданд. Мафкура тавассути ин унсурҳои ақлонӣ ташаккул меёбад, рушд мекунад ва истифодаи мақсадноки онҳоро барои ҳадафҳои худ ногузир мегардонад” (саҳ. 58).
Бо чунин тафаҳҳус матлабу маънии мафҳуми мафкура идома ёфта, бо ишора ба ақоиди олимону муҳаққиқини ватанӣ – Г.Н. Зокиров, Р.Ш. Сотиволдиев, Э.С.Насриддинзода ва хориҷӣ – А. Дестюг де Траси, К. Маркс ва дигарон муаллифи асар ба ин натиҷа мерасад, ки эҷоди мафкураи тавонои миллӣ мубтанӣ бар маданияти ҳуқуқӣ, бояд сурат гирад. Ва таъкиди нақши мафкураи сиёсӣ ҳамчун омили рушду суқути давлатҳои бузург қобили қабул ва мулоҳизаву тасмимгирист, ҷиҳати татбиқи дастури Пешвои миллат дар самти арҷгузорӣ ба арзишҳои меҳварии рушди мафкураи солим дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд (саҳ. 61-63).
Дар бобҳои зикршуда дар заминаи консепсияи давлатсозии Пешвои миллат, ба ҳайси як донишманди нуктасанҷ А.Ғ.Холиқзода ақоиди дақиқу равшанро андар шарҳи мафкураи солиму худшиносии сиёсӣ ба риштаи таҳқиқ мекашад ва дар ростои тафсири матлаби фавқ ҷойгоҳи мафкураи солими миллиро ба сифати пайвандгари сиёсати давлат бо халқ бармешуморад ва зимнан баъд аз ҷусторҳои баситу гаронмоя дар такя ба фикрҳои олимону муҳаққиқини сатҳи ҷаҳонӣ андешаҳои амиқи хешро дар зермавзӯъҳои “Нобаробарии борони раҳмати мафкураҳои сиёсӣ”; “Оид ба нобаробарии маҳдудиятҳо дар мизони ҳуқуқи инсон”; “Тарс ва мафкураи миллӣ”; “Оид ба сарчашмаҳои тарс ва оқибати он”; “Маҳдудияти ҳуқуқӣ ва мувозинати тарси иҷтимоӣ”; “Эҳсоси эътиқодмандӣ ҳангоми татбиқи маҳдудиятҳо ва усулҳои ҷустуҷӯи мафкураи солимдар ин қабил қазияҳо”; “Оҷизиҳои ақли инсонӣ дар коркарди мафкураи солим дар васати муноқишаи озодӣ бо маҳдудиятҳо” рӯйи саҳфа меорад, ки хатти пайвасти мантиқии матлаб гувоҳи барҳақи андешакории муаллифи асар маҳсуб меёбад.
Андешасанҷии муҳаққиқ бо дарназардошти пешорӯйи халқи олам қарор гирифтани пандемияи коронавирус “СOVID-19” аз дидгоҳи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва психологӣ ба исбот мерасонад, ки дар чунин як шароити фавқулода, ки табиат ба сари мардуми дунё бор мекунад, танҳо мафкураи миллӣ қодир аст, ки мувозинати ақидаҳои гуногунро таъмин намояд ва дар ин самт онгоҳ мо муваффақ мешавем, ки силсилатаъкидҳои Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёти воқеӣ ба таври бояду шояд татбиқ намоем.
Масъалаҳои ҳуқуқии ташаккули мафкураи миллӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ (шарҳи мавзуъ аз муаллифи китоби мазбур – Холиқзода А. Ғ.), ки дар зимни мавзуи баҳс – Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ дар бобҳои баъдӣ – “Озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва мафкураи миллӣ”, “Таърих ва шаклгирии мафкураи миллӣ”, “Оид ба рукнҳои ташаккули мафкураи миллӣ”, “Миллати сиёсӣ ва андешаи миллӣ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд, ҳини баёни андешаҳо, муаллиф дар такя ба саҳеҳтарин мадракҳо матлабро бар пояи воқеият арзёбӣ намуда, паҳнои ақидаҳо (нигоштаҳои – Холиқзода А.Ғ. – шарҳ аз муаллифи мақола) хонандаро аз мақсади асл бархурдор менамояд. Дар мабноификрҳои болозикр баррасии муаммоҳои идоракунии низоми давлатдорӣ аз назари сиёсию ҳуқуқӣ баҳогузории воқеӣ шуда, бо ёдкарди ҳаводиси олам ақидаҳои сиёсатмадорону олимони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро қиёс намуда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии мамлакатамон аз мақоми бузурги Пешвои миллат сухан мегӯяд, ки ин иқдомҳои наҷиб барои ҳифзи Тоҷикистон ҳамчун давлат сипар шудаанд (саҳ. 104-107).
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки мафҳуми “мафкураи миллӣ” ва “ҳуқуқ” ҳамчун дарунмояи тадқиқот аз назаргоҳи вижаи муаллиф дар ҳар як боб талқин шуда, рисолати азими давлатсозӣ ва ҳифзи он бо суханҳои росиху рафъати мулоҳиза баёни воқеъ ёфта, ҳамзамон озодиву соҳибихтиёрӣ, шаклгирии мафкураи миллӣ ва пояҳои рушди он ва андешаи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти бархурди фикрҳо дар ҷомеаи муосир ва раванди сибғаи сиёсӣ таҳлили дурусту боитминон ёфтааст ва ин андешасиголии нигоранда мақбули табъи ҳақбини аҳли фаҳм аст.
Аз сӯйи дигар, ҳини баррасии масоили мубрами давру замон, ки дар боло пешниҳод гардиданд, муаллифи асар дар такя ба тақозои воқеаҳои сиёсию иҷтимоъба нуктаи зерин мерасад: “Чун халқу миллатҳои ҷудогонаи пешгом маҳз тавассути мафкураи солим тавониста истодаанд мақоми худро дар олам устувор созанд, пас ба субъектҳои дигари байналмилал низ зарур аст ба ин компоненти маънавӣ ба таври бояду шояд назар намоянд…” Баъдан меафзояд, ки “… ба сифати чунин мафкураи муттаҳидкунандаи муҳофиз иддае аз кишварҳо метавонанд модели андешаи давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократияро интихоб намоянд…” (саҳ. 277-278).
Ниҳояти фикри муҳаққиқ дар паҳнои ақидаҳои марбут ба андешаи миллӣ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо ин буда, ки ҷомеаи муосир ниёз ба идеологияи солими ҳуқуқӣ ҳамчун василаи муҳаррики мафкураи сиёсии рушдёфта дорад ва дар ин замина ба таври қатъию хастанопазир пажуҳиш кардани мутахасисин амри зарурию талаби замон аст.
Дар бобҳои “Мафкураи ҳуқуқӣ ва давлати миллӣ”, “Андешаи миллӣ, забон ва худшиносӣ”, “Давлати миллӣ ва ташаккули андешаи миллӣ”, “Чашмандозе ба хазинаи фарҳанги ҳуқуқии миллат”, “Андешаи миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ”, “Шарҳи чанд масъалаи дигари миллӣ аз назари ҳуқуқ”, “Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ: Сарҳади озодӣ, адолат ва манфиатҳо” оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, психологияи ҳуқуқӣ, навъҳои намудҳои идеологияи ҳуқуқӣ…, мақоми забон дар мафкураи миллӣ, давлати миллӣ ва муносибати он ба дин… чашмандози мутафаккирона ба ганҷинаи фарҳанги ҳуқуқии миллӣ ва амсоли ин ғояҳои чорасоз баҳси пурмазмун сурат мегирад, ки ангезаи аслианд барои бозсозии ҷиддии ҷомеаи муосир дар ҳоли вазъи имрӯза. Ва хидмати илмро барои инсон бо суханони академик Фарҳод Раҳимӣ таъйид намудаанд, ки ин ишора сарчашмаи инкишоф аст, дар ҳама давру замонҳо ва бе тардид шоистаи арҷгузорист аз ҷониби доираи васеи хонандагон.
Бидуни шак, тадқиқоти густурдаеро, ки олими маъруф ва шахсияти нексират Холиқзода Абдураҳим Ғаффор роҷеъ ба масоили ҳуқуқии ташаккули мафкураи миллӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ анҷом додаанд, риёзати шоққаи чандинсолаи эшонро бозтоб намуда, афкори хоссаву рангинашон перомуни мавзуи мавриди таваҷҷуҳ қарордошта, дар доираи иқтибосоте, ки аз соири донишмандони ватанию бурунмарзӣ андар боби мавзуи матраҳ шуда пешкаш мегардад, бо тафсири пурмуҳтавою қавли шаффоф ақидаи мустақили наққодона ва ҷусторҳои паҳновар сареҳан муҷаллост, ки таҳсин ба чунин иродату эҳтимом.
Мақсади муаллифи рисолаи пурмуҳтаво ин буда, ки дар ҷаҳони пурихтилофу сермоҷаро барои ҳифозати манфиатҳои миллӣ дар раванди давлатсозӣ бояст, ки аз мафкураи солими миллӣ кор гирифт ва ба таъбири дигар дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар кулли ҷабҳаҳои ҳаёт он гоҳ муваффақ мешавем, ки тафаккури насли имрӯзу фардо дар мабнои мафкураи солими миллӣ рушд намояд. Ва ҳамин пайкори нобу созанда муаллифи китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ”-ро водор намуд, ки барои татбиқи дастури Пешвои миллат камари ҳиммат баста, мулоҳизаҳои арзишманди хешро дар ихтиёри хонандагони муҳтарам гузорад.
Иноят ба мавзӯъҳои миллӣ дар шароити кунунӣ амри табиист, зеро масири худшиносии миллӣ гузаргоҳи наҷот аст, дар замоне, ки аз сӯйи дастандаркорон ғояҳои ҷаҳонишавӣ тарғибу ташвиқ мешаванд, ҷиҳати вожгун намудани арзишҳою ормонҳои миллии дигар қавму миллатҳои мутамаддин. Ҷодаи раҳоёбӣ аз ин партгоҳ ҳамин таъкиди Пешвои миллат аст – таҳияи Консепсияи мафкураи миллӣ, ки устод Холиқзода бо табъи хуршедҳуш, ҳуши ковишгарию эҳсоси қалбии хеш ва азми росих даст ба ин кор зада, комёб шудаанд.
Воқеан, бо як сухан нуктаҳои зиёди пурмуҳтавои тадқиқоти мазкур дар ин мақола мавриди арзёбӣ қарор нагирифтаанд, зеро маҷоли ин мухтасар имкон фароҳам наовард. Ва зикри як пешниҳоди мушаххас умед дорем, ки аз ҷониби масъулин пазируфта хоҳад шуд.
Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки беҳтарин иқдом аст. Ҳамзамон, бо эҳтимоми мақомоти роҳбарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” барои магистрон – хизматчиёни давлатӣ аз рӯйи чаҳор ихтисос ифтитоҳ ёфта, унсурҳои вижаи давлатсозӣ дар мушкилтарин марҳилаи таърихӣ, ҳифзи давлатдорӣ бо арзишҳо ва ормонҳои миллӣ тадрис мешаванд.
Тадбирандешиҳо бо мавқеъ ва саривақтӣ буда, аҳамияти муҳимми илмию тарбиявиро соҳибанд ва дар истинод ба ин иқдомоти муфид ба ҳайати муҳтарами дастандаркорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром пешниҳод мегардад, ки дар заминаи китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” барномаи мукаммал таҳия намуда, бо дарназардошти мубрамияти ғояҳои таълифоти ёдшуда, он ё таълим дода шавад ва ё тибқи муҳтавои меҳварии китоб семинарҳои омӯзишию мақсаднок роҳандозӣ шаванд, барои донишандӯзону пажуҳишгарони илмҳои инсонпарварӣ. Ва бо дарназардошти зарурати таълими мудовими мафҳумҳои “мафкураи миллӣ”, “давлати миллӣ” ва амсоли ин маъниҳои нишонрас, ҷиҳати дарки мафҳуми “ҳувияти миллӣ” дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми ҶТ мавзуи фармоишӣ – илмии “Тадқиқи омилҳои пастшавии сатҳи маънавиёти наврасон ва роҳҳои педагогии пешгирии он” тайи чанд соли охир татбиқ шуда истодааст, ки тавассути семинарҳои омӯзишӣ ва мақсаднок дастандаркорон аз ин китоб ба таври васеъ истифода менамоянд.
Ниҳоят, хидмати устод Абдураҳим Холиқзода дар таҳлил ва баррасии масоили мураккабу тақдирсози миллат мондагор аст, хосса дар шароити ба истилоҳ баҳамоии тамаддунҳо. Дар чунин раванди хатарзо ақоиди гаронарзиши китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” барои доираи васеи хонандагон дастури худшиносист…
Меҳриддин ҒИЁСӢ,
мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи АМИТ