Дар васфи сарояндагоне, ки бе фонограмма суруд мехонанд, мегӯянд: «Зинда мехонад. Дар ҳақиқат Овоз дорад ӯ!». Пас, нисбат ба онҳое, ки «овоз» надоранду дар барномаҳои консертияшон бештар воситаҳои техникии тақвиятдиҳандаи овозро ба кор мебаранд, чӣ бояд гуфт? «Онҳо беҳунаранд!». Чи ҷойи шакку шубҳа, ки чунин сарояндагон аз беқувватии овоз, аз надоштани маҳорати баланди лаппишу ларзишу кашиши садопардаҳояшон ноилоҷ ба истифодаи фонограмма рӯ меоранд.  

Афзалшо Шодиев худ тарбиятдидаи мактаби устоди ҳунар шоҳсутуни санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов мебошад. Ба мисли устодаш дар толорҳои консертӣ ҳеҷ гоҳ истифодаи фонограммаро ба худ раво намебинад, ҳаргиз чунин намекунад! Ин ҳунарпешагони нотакрор, ки кайҳост бо маҳорату истеъдоди бемисли овозхонияшон дар умқи дилҳои мардум ҷо гирифтаанд, асло ба гӯл задани тамошобинонашон роҳ намедиҳанд.

Ҳар бинандаи нозуксанҷ дар суҳбату барномаҳои консертии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев иштирок намуда, ба хубӣ пай мебарад, ки на танҳо шавқу шӯри эҷодӣ, лаҳни сухан, имову ишора, ҳаракатҳо, балки танини оҳангу сурудаҳои  самимии ӯ аз  гуфтору кирдору рафтори устодони бузурги арсаи санъат  аст. Ин тақлиди сохтакорона нест, балки нишонаву ифодаи эҳтирому садоқати Афзалшо Шодиев саропо ҳунар  ба нобиғаҳои фарҳанги миллист, ки барҳақ,  на ҳар кас аз ӯҳдаи чунин пайравию дилбастагӣ ба касби пешакардааш мебарояд.  Самимият ба ҳунару эҷод дар рагу пайванди Афзалшо  Шодиев маҳкам реша давонидааст, ниҳоди ӯ саршор аз ифтихори ватандорист, дар забонаш ҳамеша гуфтори ватансароӣ, шукру сипос аз дастовардҳои даврони истиқлолият, сулҳу суботи кишвар, меҳру муҳаббат ба халқу диёр, арҷгузорӣ ба ному хизматҳои абармардони миллат аст.  Афзалшо Шодиев ҳамеша аз шукргузориҳояш аз амну амонӣ, аз ваҳдату дӯстию рафоқати халқи  кишвар, ки ба хизматҳои беамсоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногустастанӣ доранд,  ҳамеша номи ин абармарди давронро бо ифтихор ба забон меорад.

Бар замми он, ки Афзалшо Шодиев муғаннии беҳамто буда, дар «Шашмақомсароӣ» мақоми устувор ишғол намудаааст,  бо тамоми вуҷуду  рӯҳу равон ватансаро, маҳфилоро, дидадаро, хушгуфтора аст. Ҳар нафар мухлиси Афзалшо Шодиев агар ба оҳанги гуфтор, ӯ амиқ зеҳн монда бошад, дармеёбад ва шакку шубҳае намекунад, ки ватандӯстию халқдӯстии ӯ, дилбастагияш ба фарҳанги волои миллӣ, арҷгузориҳояш ба фарзонафарзандони миллат ҳама аз умқи дил мебошанд. Мусаллам аст, ки на ҳар шеър ба овози пурқувват мувофиқ меафтад. Афзалшо Шодиев барои таҳияи оҳангу сурудҳояш шеърҳоеро интихоб менамояд, ки чун чашмасорони кӯҳӣ равону пурхурӯш, аз лиҳози маонӣ пурҳикмату муассир  мебошанд.  Бесабаб нест, ки аз овову оҳангу нидоҳояш  сози дили шоирони мумтоз – Рӯдакӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Хайём, Мирзо Турсунзода, Лоиқ, Гулназар, Озарахш таровиш меёбанд, сурудаҳои ӯ дар фазои хотироти мардум чун кабутарони хушбол баландпарвозанд. Афзалшо Шодиев аз ганҷинаи ашъори суханварон байту мисраъҳоеро интихоб менамояд, ки бо назокату латофат, муассирӣ ва беназирӣ ба аз ёд карданашон ҳоҷат нест, зеро ин шеърҳо, ин сурудҳо бо як бор хондан, бо як бор шунидан азёд мешаванд ва шунаванда хоҳу нохоҳ аз худ мепурсад, ки: «Ин шеъри кист?» ва ба зудӣ дар  суроғи  муаллиф меафтад:

Гиря кардан одати мардон набуд,

Гиря кардан мардро осон набуд.

Гар бирезад мард ашки дидаро,

Дон, ки дарди ӯ дигар пинҳон набуд.

Интихоби ӯ мавзӯъҳои одаму одамгарӣ, ноҷӯриҳои зиндагӣ, нобаробариҳои иҷтимоӣ, даъват ба адлу инсоф, муруввату хайрхоҳӣ, ишқу ошиқи, мазаммати худписандиву худситоӣ, ҳарисиву сарватғундорӣ ва ғайраҳо мебошанд:

Яке бечораву танҳо, яке лабташна дар саҳро,

Яке бедард, бепарво, аҷаб дунёст ин дунё.

Яке аз одамӣ дур аст, зи сарват масту мағрур аст,

Ба фикраш, аз Худо зӯр аст, аҷаб дунёст ин дунё…

Дар эҷодиёти Афзалшо Шодиев аз ҳама бештар васфи Ватан, ситоиши Модар мавқеи босазо дошта, ӯ ин мавзӯъҳои бикрро бо шавқу завқи бемисли овозхонӣ бо ҳарорат, бо муҳаббат, бо садоқат месарояд:

Мон, ки номи ман равад аз ёд,

Номи худ номи туро хонам, Тоҷикистонам.

***

Модар фаришта буд, вале болу пар надошт,

Фарзанд буд болу параш, худ хабар надошт…

Боиси ифтихори миллати сарбаланди тоҷик аст, ки зодаи деҳаи овозадори Панҷрӯди Панҷакенти бостонӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Афзалшо Шодиев такрори нотакрорҳост, ки худ ба сатҳи нотакорӣ расида. Вай ҳамчунин барандаи мукофотҳои Комсомоли Ленинӣ (соли 1989), ҷоизаҳои Ҷумҳурии Ироқ – Semiramida» – 2000», кишварҳои Олмон, ИМА, Франсия, Италия, Россия, Эрон, Яман мебошад. Бо даҳҳо забонҳои миллатҳои ҷаҳон месарояд, берун аз ҷумҳурӣ мухлисони зиёд пайдо кардааст.  Афзалшоҳ борҳо ба ихлосмандонаш изҳор доштааст, ки «шукри беҳад, дар сафарҳои ҳунарҳои худ кишварҳои зиёди оламро тай кардаам, вале ин ҳама ҷаҳон гаштанҳову ҷаҳон диданҳо ба як қадам ниҳодан дар хоки азизи Тоҷикистон, ба як дидани ҳусни нотакрори ватану зодгоҳи муқаддас баробар намеоянд».

Барои сарояндаи нозукадо тамошобинони зиндадил, бахусус ҷавононро ба консертҳои худ даъват карда, аз ҷавонию ишқу ошиқӣ шеъру тарона нахондан маънои аз худ «рамонидани» мухлисонро дорад. Хазинаи эҷодиёти Афзалшо Шодиев моломоли чунин сурудҳо, таронаҳои ҷаззоби сурурбахшу тӯёнаанд, ки бешак, кас аз шуниданҳояшон сер намешавад:

То як тарона ҳаст, ҷавонӣ намеравад,

Як ошиқона ҳаст, ҷавонӣ намеравад…

***

Гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин,

Куҷо он косаву он косагардонӣ, ҷавонӣ рафт…

Хуш ба ҳоли хонаводаҳое, ки дар базму маъракаҳои хушҳолии онҳо Афзалшои кушодарӯю кушодагӯ дастон пеши бар гирифта, бо созу навоҳои фалакпечи худ, бо рубобу дафу чангу чағона хизмат мекунад. Хуш ба ҳоли он ҳофизи мардумдӯсти хоксору саропо тамкин, ки барои вай ҳар рӯз тӯй аст.

Тӯй дар ин хона муборак шавад,

Маҳфили шоҳона муборак шавад.

Муборак, ин ҳама  шодӣ муборак,

Муборак, хонаободӣ муборак!..

Сурудҳои Афзалшо Шодиев дар баробари  маонии баланд доштанашон саршори назокату латофат, пур аз неруи ҷаззобиятанд. Ин маҳорати сарояндагӣ бахусус дар таронаҳои халқии ӯ, ки  бо лаҳҷаи ширину шевои кӯҳистониёни шимоли Тоҷикистон суруда шудаанд, хеле муассир ба мушоҳида мерасад.

Туба мурдам, туба,

Чуба мурдам, чуба?..

***

Шишта будам ними шаб, ки тақтақи дарвоза шуд,

Омаданҳои ту ёд омад, хуморам тоза шуд…

***

Ба ҳама нозу адоят мекушӣ охир маро,

Бо ҳама ҷабру ҷафоят мекушӣ охир маро.

Овозхон ба хубӣ дарк менамояд, ки барои ҷавонони ошиқ маҳз ҳамин «сӯхтану пухтанҳо» писанд аст. Ва дар паси пардаи ҳамин ҳиссиёти дил бохтану ҷон бохтанҳои ошиқони «девона», ки ҳанӯз дарҳои зиндагӣ ба рӯяшон пурра кушода нашудаанд,  даъват ва майлу рағбат ба садоқату вафодорӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, поктиннатӣ, бунёди оилаи солим ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ниҳонанд. Нидои пурхурӯши Афзалшо Шодиев онҳоро беихтиёр ба рақсу шодмонию дилхушиҳо, ба дунёи  чун чашмасорони кӯҳӣ  софу беғашу беолуда ҳидоят месозад. Ва он гаҳ ҳофизи хунёгар дар ҳавои олами бекаронаи ишқу ошиқӣ маъмулан ба ашъори ошиқонаи шоири бениҳоят дӯстодоштании мардум – Лоиқ муроҷиат менамояд, ки барҳақ каломи таъсирбахши шоир ва овози зиндаи Афзалшо дар омехтагии ширу шакар  дилҳоро зинда медоранд.

Бе дарди дил касест, ки дилбар надоштаст,

Бе дарди сар касест, ки худ сар надоштаст.

Бадбахт он касест, ки дар арсаи талош

Як душмани ба худ баробар надоштаст.

Пӯшида нест, Афзалшо аз миёни ҳасудонаш рақибе надорад, ки бо ӯ ҳамвазну баробар бошад. Пас, ҳошо, ки ӯ аз муфлисии «душман»-и бо худ баробар хештанро «бадбахт» шуморад. Балки ӯ хушбахт аст, ки дер боз бо ҳунари волову ҳалимию хоксориву инсондӯстии худ дар дилу дидаи мухлисони беҳадду ҳисобаш ҷой гирифтааст.

Мо низ бо ихлосу самимияти беандозае, ки нисбат ба ин овозхони шуҳратёр дорем, мегӯем: «Ҳамеша шодкому сарбаланд бош, Афзалшо! Худованд аз нокомиҳо  нигаҳат дорад!!!».

Азизмурод Шарифов,

корманди Вазорати фарҳанг,

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь