Бо ибтикору ташаббуси бевоситаи ходими давлатӣ ва ҷомеашиноси варзида Абдураҳмон Шерович Қурбонов шоми 20 ноябри соли ҷорӣ, бо мақсади ҳолу аҳвол гирифтан аз ҳунарманди маҳбуби тоҷик Чиллахони Хол озиму роҳии манзили эшон гаштем. Абдураҳмон Шерович бо акаи Чиллахон дӯстони қадимианд ва аз замони донишҷӯйӣ бо ҳам ошноӣ доранд. Мо ҳам бо акаи Чиллахон аз тариқи Абдураҳмон Шерович, ки аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи илмию мадании ҷумҳурист, шинос шудем. Ҳангоми кору фаъолият дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дақиқан солҳои 2008-2009, баъзан дар ҳуҷраи кории Абдураҳмон Шерович акаи Чиллахонро вомехӯрдам ва камокон дар суҳбату гуфтугӯҳои овозхон, ки масоили адабию ҳунариро фаро мегирифтанд, ширкат меварзидам. Аз он замон бо ин шахсияти ҳунарии миллӣ ошно шудам ва гоҳ-гоҳе эшонро дар базму маҳофили адабию ҳунарӣ дучор меомадам ва ҳамин тур, бо ҳам суҳбатҳои кӯтоҳи сарироҳие доштем. Аммо суҳбату гуфтугӯҳое, ки дар ҳуҷраи кории Абдураҳмон Шерович Қурбонов дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода бо ҳузури акаи Чиллахон иттифоқ меафтод (Абдураҳмон Шерович солҳои 2007-2012 вазифаи ноиби ректор оид ба илми ДДФСТ ба номи М. Турсунзодаро иҷро мекард), ҷолиб ва омӯзанда буданд.

Ба ин тартиб, то ба хонаи акаи Чиллахон расидан, раҳораҳ бо Абдураҳмон Шерович атрофи вазъи сиҳатӣ, симои эҷодӣ, тавонмандии касбӣ, завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ, ҳунари овозхонӣ, дидгоҳи ихтисосӣ, мавқеъгирии тоҷикӣ ва ғурури миллии овозхон резасуҳбат кардем. Саргарми суҳбат шуда, надониста, ба манзили акаи Чиллахон, ки дар маҳаллаи Гипрозем ҷойгир аст, расидем. Моро писарбузурги акаи Чиллахон Давлатманд, ки ҷавонмарди дидадаро, хоксор ва самимиест, ба хушнудӣ истиқбол гирифта, ба ҳуҷраи овозхон роҳнамоӣ кард. Ба меҳмонхона ворид шудан замон, моро акаи Чиллахон, ки дар роҳаткурсии назди даромадгоҳи меҳмонхона нишаста буд,  бо оғуши боз пазироӣ кард. Акаи Чиллахон чандест беморанд ва ҳарчанд ки дар ҷараёни иҷрои тартибот-протседураи мудавоми табобатӣ каме вазн партофта бошанд ҳам,  бардаму бақувват ва руҳбаланду бағурур ба назар расиданд. Ин вазъ моро каме руҳбаланд ва хушбин сохт.

Баъди ҳолу аҳвол гирифтан ва пурсупоси муқаддимотӣ акаи Чиллахон ҷилави суҳбатро тарафи фарҳангу ҳунару адабу мусиқӣ кашида, мо-меҳмононро ба изҳори назар сари масъалаҳои умдаи адабӣ, эстетикӣ ва маданию ҳунарӣ ташвиқ кард. То он ҷо ки мо акаи Чиллахонро мешиносем, мавсуф, усулан вақтро сарфи ба истилоҳ, гапҳои бемаънӣ ва масъалаҳои хушку холӣ намекунад ва ҳамеша ҳангоми нишасту маҳфилҳо роҷеъ ба мушкилоту муаммоҳои соҳаи фарҳангу ҳунари миллӣ изҳори назар карда, таваҷҷуҳи мусоҳибонро ба ҳамин самту сӯ ҷалб месозад. Аз ҷониби дигар, акаи Чиллахон на танҳо таҷрибаи ғании овозхонӣ, балки собиқаи бойи адабию фарҳангӣ низ дорад. Ҳанӯз аз овони ҷавонию донишҷӯйӣ бо бузургтарин  овозхонону хунёгарони маҳаллию миллӣ ва намояндагони барҷастаи доираиҳои илмию ҳунарии ватанӣ бевосита ошно шуда, бар мабнои ҷустуҷӯю ковишҳои инфиродии ихтисосию ҳунарӣ муваффақияти эҷодӣ ба даст овардааст. Ба сухани равшантар, Чиллахони Хол тавассути талошу ҷонканиҳои бардавоми ҳунарӣ ва сахткӯшиҳои рӯзмарраи эҷодӣ мақому мартабаи устодӣ дар самти мусиқии ҳирфаӣ касб кардааст.

Ин аст, ки дар суҳбати ахирӣ, ки дар қолиби маҳфили адабию маданӣ шоми 20 ноябри соли ҷорӣ дар манзили  акаи Чиллахон иттифоқ афтод, чун анъана сухан аз илму маориф ва фарҳангу адабиёт буд. Устод Чиллахон пас аз мурооти таомулоту ташрифоти меҳмондорӣ ва сукути муваққатӣ, қатъи назар аз ноҷурии сиҳатию ранҷи ҷисмонӣ сари масъалаҳои ҳассоси соҳавию замонӣ, аз ҷумла: афзоиш ёфтани шумораи овозхонони кӯчагӣ; зиёд шудани матнҳои бемаънӣ дар фазои сарояндагӣ; пойин рафтани сатҳи завқи бадеӣ-эстетикӣ; авҷи кӯрзавқию безавқӣ дар доираҳои овозхонӣ; тасаллути безавқӣ дар фазои мусиқии мардумию ҳирфаӣ; бурузи буҳрони эҷодӣ дар ҳавзаҳои ҳунарӣ; тадриҷан ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдани суруду таронаҳои маҳаллию миллӣ; сарнавишти овозхонии суннатӣ; тадриҷан ҷойгоҳи каноравию ҳошиявӣ касб кардани мусиқии фолклорӣ-этнографӣ; таблиғу тарғиби нокифояи макотиби овозхонии собиқадорони санъати сарояндагии миллӣ (аз ҷумла мактаби ҳунарии устодони санъати тоҷик Акашариф Ҷураев, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Боймуҳаммад Ниёзов, Аҳмад Бобоқулов, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Иброҳим Кобулӣ, Ҷурабек Мурод, Нуқра Раҳматова ва дигарон); ташаннуҷи ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ миёни насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ ва амсоли инҳо суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом дод. Дар ҷараёни суҳбат устод Чиллахон  зимни ёдоварии устодони санъати тоҷик аз овозхони маъруфи маҳаллӣ Карими Шиш ном бурда, доир ба мушаххасоти эҷодӣ ва тарзи хониши ӯ иттилооти нофеъ дод. Аз ҷумла, акаи Чиллахон аз сафараш ба Кангурт, ки устод Убайдулло Раҷаб ҳамроҳиаш кардааст, ёдовар шуда, ишора фармуд, ки бо ҳузури мардуми маҳаллӣ дар хусуси Карими Шиш суҳбати ҷолибе анҷом додааст. Дар зимн, акаи Чиллахон дар бораи зиндагиномаи бисёре аз ҳунармандони мардумӣ, равиши ҳунарӣ ва сабку салиқаи эҷодии онҳо маълумоти фаровон дорад. Зиёда аз ин, акаи Чиллахон дар таҳлилу ташхиси муҳтавои мероси ҳунарии сарояндагони мумтози ватанию хориҷӣ дасти тамом дорад. Шеъри классикӣ ва муосири тоҷикро ончунон қироат ва таҳлил мекунад, ки кас ҳаловат мебарад. Зимни дидорбинӣ акаи Чиллахон дафтари ёддоштҳояшро пеш кашида, шоҳбаётҳоеро  қироат кард, ки мо бори аввал шунидем. Аввалан, устод Чиллахон дар қироати шоҳбайтҳо ва чанд порағазале, ки дар ҳузури мо хонд, камтарин иштибоҳи арӯзӣ, савтӣ, каломӣ, забонӣ ва услубиро эҳсос накардем ва сониян, дар шарҳу тафсири абёт маҳорати хосса ба намоиш гузошт. Бад-ин минвол, акаи Чиллахон чанд байти Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҳаким Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро, ки дар дафтарчааш сабт кардааст, таҳлил кард. Бовар кунед, бар рағми як зумра адабиётшиносони ба ном саршинос, ки аз байт-байту банд-банди ғазалиёти бузургони адаби мо маъниҳои ирфонӣ ва ба истилоҳ, осмонӣ ҷустуҷӯ мекунанд, Чиллахони Хол абёти классикӣ ва осори бузургони адабиёти миллиро дар мизони ақлу мантиқу фалсафа андозагирӣ мекунад. Ва бар он таъкид меварзад, ки вазъи замонӣ, муҳити иҷтимоию эҷодӣ ва таъсири макотиби фикрии давру замон дар бандубасти шеъри классикӣ корсозанд, бинобар ин, таҳлили  шеъри классикию муосири тоҷикро бидуни дар назар гирифтани авзои таърихӣ, мушаххасоти иҷтимоӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, равонӣ ва фалсафӣ ноқис аст. Ин аст, ки Чиллахони Хол аз зовияи меъёри мантиқӣ ба шеъри классикӣ ва муосири тоҷикӣ таваҷҷуҳ мекунад ва бардоштҳои ҷолиб ироа медорад. Афзун бар ин, маҳорати вежаи таҳлилӣ-ташхисии овозхон, пеш аз ҳама, ба сатҳи мутолеа, биниш ва таҷрибаи ӯ бастагӣ дорад. Мутолеаи фаровони адабиёти бадеӣ, осори классикӣ ва маводи ихтисосӣ сатҳи донишу биниши акаи Чиллахонро боло бурда, ҳайсияти ҳунарӣ ва маданию эҷодӣ атояш кардааст.

Ҳамчунин, зимни суҳбат бо устод Чиллахон масоили миллӣ ва ҳувиятӣ низ матраҳ гардид. Чиллахони Хол минҳайси як ҳунарманди миллӣ таърихи тоҷикро хуб медонад ва аз воқеияти садамаҳои фикрие, ки миллатро тайи таърих ба вартаи беҳувиятию бегонашавӣ кашидаанд, хуб огоҳ аст. Вақте ки  ҷилави суҳбат ҷониби  мушкилоти фикрӣ ва буҳрони фалсафию маънавӣ, ки ҷомеаи тоҷикро ба сӯйи вопасгаройӣ савқ медиҳанд, кашида шуд, донишманд ва ҷомеашиноси варзида Абдураҳмон Шерович андешаҳои ҷолиб ироа дошт. Дар баробари изҳори назарҳои ихтисосии Абдураҳмон Шерович, акаи Чиллахон ҳам ба баҳс ҳамроҳ шуда, аз сатҳи пойини ҳувияти миллӣ миёни табақаҳои иҷтимоӣ изҳори нагаронӣ карда, дар шароити ташдиди таҳдиду чолишҳои сиёсию мафкуравӣ дифоъ кардан аз манофеи миллиро шарти асосии фаъолияти қишри зиёиёни ватанӣ арзёбӣ намуд. Дар ин замина, устод Чиллахон  бо такя ба андӯхтаву мушоҳидаҳо ва бардошту мутолеаҳо, тазаккур дод, ки дар самти таҳкими раванди ҳувиятшиносии насли ҷавон ва боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ мо ҳамагон бояд фаъол бошем ва сукуту хомӯшӣ ва бетарафию саҳлангории ниҳодҳои мафкурасози иҷтимоӣ сатҳи таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва глобалиро боло мебаранд ва буҳронҳои амиқи фикрию ҳувиятиро ба дунбол меоваранд.

Бахусус, вақте ки мавзуи беҳувиятӣ ва бегонапарастии иддае аз насли ҷавону миёнсоли ҷомеа матраҳ гардид, ғурури миллии акаи Чиллахон яку якбора боло гирифт ва бо ҳарорат ба сухан гуфтан идома дод. Акаи Чиллахон  силсилаи мушкилоти зеҳнӣ – беҳувиятӣ, бегонапарастӣ, худбохтагӣ, хурофагаройӣ ва ҷаҳолатписандиро, ки даҳ-понздаҳ соли ахир баданаву бофтҳои иҷтимоиро сироят кардаанд, чун заъфу хатари ҷиддии миллат мавриди интиқод қарор дода, муқовимату мубориза бо ин навъ вабоҳои имрӯзиро рисолати қишри зиёӣ ва фарҳангии миллӣ талаққӣ кард. Зиёда аз ин, Чиллахони Хол бар мабнои хотираи қавӣ ва тафаккури мантиқӣ дар ҷараёни суҳбат аз абёти бузургони классикӣ назири Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон намунаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ мисол зада, маҳфилро гармтар намуд. Суҳбат бо ширкати акаи Чиллахон ончунон гарм гардид, ки ҳатто гузашти вақтро эҳсос накардем ва як замон дарёфтем, ки ақрабаки соат шумори 01:-ро убур мекунад. Суҳбати мо дар хонаи акаи Чиллахон маҳфили хотирмони илмию эҷодию тарбиявиро мемонд.

Ночор нисфи шаб нишастро ҷамъбаст намуда, бо акаи Чиллахон хайрухуш кардем, сиҳатию тандурустӣ хоҳон шудем ва ҳамроҳи Абдураҳмон Шерович роҳ сӯйи хона пеш гирифтем.  Бовар кунед, дар чунин маҳфиле дер боз ҳузур надоштам ва ин нуктаро бо Абдураҳмон Шерович, ки масруфи рондани мошин буд, дар миён гузоштам. Абдураҳмон Шерович, ки марди ботамкин ва дар айни замон ҷуръатманд аст, аз садоқату самимияту мардонагии акаи Чиллахон таърифу тамҷид кард ва дар рафоқат қатъиву устувор будани ӯро намунаи баланди инсонӣ донист. Дар назди бозорчаи Ҳайдарӣ (минтақаи Якум Советский) аз мошин пиёда шуда, бо Абдураҳмон Шерович хайрбод гуфтам ва ҷониби хона раҳсипор гардидам.

Раҳораҳ сари самимият ва рафоқату дӯстие, миёни акаи Чиллахон ва Абдураҳмон Шерович солиёни дарозест, бевақфа идома меёбад, фикр кардам ва бар ин ду нафар барои самимонаю содиқона пос доштани рафоқат ҳазорон офарин хондам. Ба ростӣ, дӯстию рафоқатро аз инҳо бояд омӯхт. Зинда бод, дӯстию рафоқати ҳамчунинӣ! Зиҳӣ, мардоне мисли акаи Чиллахони Хол! Зиҳӣ, модари тоҷике, ки фарзандоне назири Абдураҳмон Шерович ва Чиллахони Холро тавлид ва ба воя мерасонад. Зиҳӣ, миллате, ки чунин фарзандони баҷуръату баномус ва сарбаланду сарафроз дорад!

Нозим Нурзода,

пажӯҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь