Ба истиқболи Рӯзи Фалак
Ҳамакнун, баъди хомӯшии тӯлонӣ, ки ба хотири омӯзиш ва таҳқиқотҳои нав онро ихтиёр намуда будам, лозим донистам, ки перомуни ин сурудаи мардумӣ чанд ҳарфи тозаеро манзури гӯшу ҳуши хонандагон ва муштоқони он гардонам.
Дунболи ин овои малакутӣ ва лаҳни пурсӯзу пургудоз ва пурмуҳтавои аз жарфои ҷони гӯяндаи он, ки ба фалакҳо печидааст, меравем ба қарнҳои хеле куҳан. Сароғоз ин сӯзро «Най» ҳикоят бинмуда. Гӯйё, ки аз вуҷуди «Най» мешунавем ин ово…
Оҳи заҳрандуди ман рӯзе барояд бар фалак,
Осмон сурох гардад бар замин резад малак.
Ин ҳамон сӯзи тани заҳматкашидааст, ки тоби шуниданашро вуҷуди хокӣ надошта, арши фалак аз он меларзад ва ҳатто эҳтимоли сурох гаштану бар замин рехтани малакро дар гӯшҳои мо мерасонад. Охир тамоми шаҳомат ва бузургии сурудаи фалак ҳамин будаву ҳаст, ки беш аз ҳазор сол боз ин овои малакутӣ, аз Шарқ бархоста диққати тамоми муҳаққиқини ховаршиносиро ба худ ҷалб намудаву дилфиребиаш то ҳанӯз мавриди баҳсҳои ҳама маҳофили лаҳншиносӣ, сабкшиносӣ ва савтшиносӣ гардида. Банда то ин нигоштаҳо замони побарҷоии собиқ Иттиҳоди мардумсолори иҷтимоии Шӯравӣ солҳои 1988 – 1989 аз тариқи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» шаш гуфтае доштам андар пиромуни ин сурудаи Балхиёни қадим. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки торихи беш аз сеҳазорсолаи фарҳанги Балхиён ҳанӯз мавриди баҳсҳои доманадори ховаршиносони ҷаҳон қарор гирифта. Сурудаҳои Балхиён дар ҳама замон ҳукми ояҳои осмониро доштанд, ки танҳо хоси он мардум буда мардумони олам ин сурудаҳоро бо унвони «Таронаҳои орифони Балхӣ» мешинохтанд. Чун андар нигоштаҳои пешин аз оҳангҳои орифонаи ин сурудаи дунёи розҳои малакутӣ гуфтае доштем, ин бор ба такрор зарурате надорем. Пас ин бор вориди дунёи тозаву рангинхаёли сурудаи мардумии Фалак хоҳем шуд. Банда бо арзу сипоси бепоён сар пеши руҳи бузургони Балхи қадим фурӯ меорам ва аз Яздони пок омӯрзиши арвоҳи неки онҳо меҳоҳам.
Ва он нидои пурсӯзӯ гудозе, ки аз жарфои ҷон бадар меояду ба само то ба фалак мепечад; аввал ово, баъдан садо, сониян нидо ва солисан бо фалак ҳамнавою ҷур мегардад, пайғоми ҷони пурҳасрати хокиёнро ба офаридгори онҳо мерасонад. Гӯяндаи ин дарднома бо қалби садпораю реш- реш аз ноҳақиву нокомиҳои рӯзгор ва дарди фироқу ҳасрати ҷонсӯзи ҷудоӣ шеване дорад, ки банд-банди устухони ӯро (ба таъбири Балхиён) ба фарёд меоварад.
Андар зинаи аввал, ки мо онро ово номидаем, фалак ба сӯзу гудози бепоён бо забони дил суруда шуда ба гӯши ҷон шанида мешавад. Ин замзамаро танҳо гӯянда шанида метавонаду бас. Ва шояд ба такрор онро зери лаб то замоне, ки дархури муродаш ҳосил нагардад, замзама намояд. Чун баъди такрорҳои зиёд ва интихобҳои бепоён ба умқи интихоб даррасид бехабар вориди фиғони пурсӯзу гудоз мешавад. Ин садо саропои вуҷудашро фаро гирифта, манзараи сурудаи замзамакунандааш пеши чашмаш аён гардида дар сайронгоҳи диёри афсонавии орзуҳо мусофир мегардад. Ин мусофират ӯро мебарад дунболи орзуву хиёлҳои олами рӯҳонӣ ва мебарадаш то он ҷое, ки ҳушу рӯҳи ӯ онро ба чашми дил бубинад. Дар ин сайронгоҳи олами рӯҳоният дар посухи сӯзу фироқи бепоёнаш нидоеро мешунавад ба гӯши ҷон аз олами малакут. Чун аз шунидани ин нидо ташнагӣ мешиканад аз овою садою нидо мерасад ба олами лоязолӣ. Саропо ҳулул мегардад. Ин ҳамон дунёест, ки ҳама гузаштагонаш онро сутудаанд. Ва ҳамон дунёест, ки пок асту беолоиш. Дунёест, ки осудагии ҷонҳо. Ҷаҳонест ҳазорранг ва ҳазороҳанг. Ҷаҳони розҳои малакутӣ. Ин аст, ки гӯяндаи фалак, дар сайри фалак, дар боми фалак, дар диди малак худро мепайвандад ба он дунёи розҳову руъёҳои бепоёни олами ҳастии хокиён. Ин ҳама шӯру исён ва шевану фарёдҳои ҷонсӯзи гӯяндаи Фалак натанҳо олами хокиён, балки дунёи рӯҳониро ба шӯр оварда, касро ҳамроҳи он гӯянда, дар боли орзуҳо мебарад дунболи олами кавну макон. Чӣ дунёи пурфасона ва олами ҷовидонае дорад ин сурудаи дур аз назарҳои муҳаққиқини мардумшинос монда. Қаламрави ин сурудаи воқеан мардумиро мо беҳуда Балхи қадим наномидаем. Қаламрави Балхи кунунии давлати исломии Афғонистон ба ҳамҷоягии Бадахшони давлати исломии Афғонистон ва Бадахшони собиқи Шӯравӣ ва як қисмати навоҳии ҳамсарҳад бо давлатии исломии Афғонистон монанди ноҳияи собиқ Даштиҷам (ҳоло Шӯробод), Чӯбак (ҳоло Ҳамадонӣ) ва чанд навоҳии вилояти мухтори Бадахшон, Фархор. Ин қаламравест, ки ин сурудаи мардумӣ дар ин мавзеъҳо торихи беш аз ҳазорсола доштаву дорад. Ин сурудаи мардумӣ он қадар зиёд андар жарфои суннатҳои ин мардум ҷой гирифтааст, ки пиру барнои ин мавзеъҳо номи гӯяндаҳои зиёди ин сурудаи суннатии мардумиро зиёд дар ёдҳо доранд. То инқилоби болшевикӣ миёни мардуми ҷануб ва ҷанубу шарқи Тоҷикистони имрӯзи (Бухорои Шарқии қадим) ва давлати исломии Афғонистон он қадар иртиботҳои фарҳангӣ зиёд буд, ки мислашро ҳич замоне ёд надорад.
Ҳар сол оғози соли нави Ориёӣ (мутобиқ ба 21 моҳи март) тӯли як ҳафта ҷашнҳои суннатии Соли Нав-Наврӯзи Ориёӣ баргузор мешуд, ки андар ин ҷашнҳо ҳунармандони маъруфи ҳарду соҳили Омӯ баҳсҳои зиёду доманадори фалакхонӣ мекарданд. Ҳанӯз як қиссаи воқеиро аз ҷадди бузургвор дар хотир дорам, ки гувоҳи рӯшани то бар фалакҳо маъруфият доштани ин сурудаи мардумӣ мебошад.
Он гуна, ки дар таърихномаи Нодиршоҳи Чағонӣ оварда шудааст: «Наврӯзи охири садаи 19 дар диёри зебоманзари афсонавии Дашти Ҷам ҳунармандони зиёде аз ҳарду соҳили Омӯ ҷамъ омада, як базми ҷамшедии Фалакхонӣ ба миён омад. Базмро мири Бадахшон, мири Хоҳон ва мири Балҷувон ихтиёрдорӣ доштанд. Ин базм се шабу се рӯз давом кардааст. Аз Афғонистон Муҳаммад Ато, Султон Муҳаммад, Зиёдуллои Бадахшӣ, Ҷалолиддини Бадахшӣ, Абдуллои Роғӣ, Сайдалами Роғӣ ва чандини дигар ҳузур доштанд. Дар ин базм ҳунарманди маъруфи Дашти Ҷам Муҳаммад Лиқо дастболо гардида, шӯҳрату шони ҳунарманди Дашти Ҷам дар Бухорои Шарқӣ овозадор мегардад. Ва Муҳаммад Лиқо ба тӯҳфаҳои зиёди мири Балҷувон сазовор гардида, чанд қитъаи замин низ дар қаламрави Дашти Ҷам ба ӯ тақдим мешавад. Ин овоза то ба гӯши зимомдори Бухоро мерасад. Ва шӯҳрату шони мири Балҷувон дар Бухоро хеле зиёд гардида, то ба охири салтанати Амир Олимхон ҳама маҳфилҳои суннатии Наврӯзи Бухоро, бо иштироки мири Балҷувон ва ҳунармандони Хатлонӣ нуру зиё дошт». Ин аст, ки андар қаламрави Бадахшони ҳар ду соҳили Омӯ ва Хуталон ин суруда зиёдтар маъруфият пайдо намуда, барои ин мардум лаҳнҳо ва зарбҳои Фалак чун набзи зиндагӣ дар иҷроиш мебошад. Ва ҳама зарбҳо ва оҳангҳои руҳнавози ин лаҳни орифона дар тору пуди мардуми Бадахшону Хуталон ҷойгоҳи пурарзиши хешро дошта, ин суруда дар ин қаламрави савтхезу савтрез чун суннати абоӣ соҳиби арҷу эҳтиром мебошад.
Ростӣ, банда хеле мутаҳайир аз он ҳастам, ки бархе аз гӯяндаҳои таронаҳои мардумӣ, ки онҳо танҳо ва танҳо гӯяндаҳои ҳавасӣ ҳастанд, на ин ки касбӣ, дар боби ин сурудаи мардумӣ ин қадар ҳадс мезананд, ки худро масхараву дигаронро шарманда месозанд. Ҳол он ки ин ҳавасакҳо чизеро дар пиромуни торихи савту садо ва матну мундариҷоти ин суруда на бо чашми сар хонданду на бо гӯши ҷон шанида. Довари ҳақ кайҳо ба ин лофу газоф баҳо гузошта. Ва аз забони ъорифи дунёи розҳои малакутӣ ҳазрати Ҳофизи Шерозӣ инро хоҳем гуфт:
Яке аз ақл мелофад, яке томот мебофад,
Биё к-ин довариҳоро, ба пеши довар андозем.
Пас чи расад, ки имрӯз бо кудом хотире айёраки ҳаваскоре даъвои ҳунари фалак ва фалакдониву фалакхонӣ намуда, ин сурударо мебарад сӯи қаламрави лаҳнҳои туркиву уйғурӣ. Ва бешармона даъвои он доранд, ки ин суруда андар манотиқи лаҳнҳои туркӣ мақом дошта. Бале дар тӯли торихи беш аз се ҳазор соли теғу хун шоҳиди воқеъоти нангини зиёде будаву ҳастем. Беш аз 1500 сол, ки ин қаламрави Ориёи Бузург дар ихтиёри Балхиён буд, тамоми суннатҳои Балхиро душманони онҳо низ қабул фармуда буданд. Ва баъди шикасти салтанати Балхиён (ин ҷо дар назар охирин давлати Балхиён Сомониён буда ҶТ). Боз лаҳнҳои туркиву уйғурӣ аз замони ғазнавиҳо то замони охирин салтанати манғитиҳо ва то истиқлолияти навини тоҷикон соли 1991 дар тамоми қаламрав буд. Ҳам акнун аз рӯзи сари кор омадани Балхиёни асил боз лаҳнҳои туркӣ табдили шакл намуда, «фалакӣ» гаштаанд. Яъне фалак сурудаи ъорифони Балхӣ буда, ҳеҷ касе ҳақ надорад, ки дурӯғеро ба хотири бо ном (иттиҳоду якпорчагӣ) бибофад.
Банда, солҳои шунавандаи Академӣ буданам дар шаҳри Маскав, аз як донишманди маъруфи рус, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад ва дар Афғонистон беш аз 40 сол ҳамчун мардумшинос кор кардааст, хеле ва хеле сабақҳои зиёди мардумшиносӣ омӯхтаам. Бо он ки ӯ ба мо дар синни 92-солагиаш дарс мегуфт, хеле хотироти аҷиберо дар мавриди ин сурудаи мардумӣ қиссаҳо кардааст. Дареғо, ки чунин донишмандон ба ҷуз мардумшиносӣ корҳои муҳими давлати он вақтаи Шӯравиро низ сомон медоданд. Ин пирамарди беш аз навад сол дошта, ки тӯли як сол ба мо аз мардумшиносии Афғонистон ва Ирону Покистон дарс гуфт, шоҳиди хеле ва хеле зиёди базмҳои суннатии мардуми тоҷику паштуву дигар халқиятҳои Афғонистон будааст. Як қиссаи хеле ҷолиберо ӯ аз як базми ҷамшедии Муҳаммад Зоҳиршоҳ, шоҳи собиқи Афғонистон барои банда қисса карда буд, ки овардани он дар ин ҷо хеле ва хеле ба маврид аст. Шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ тибқи суханони устод X. Н. В. хеле ва хеле фарҳангдӯсту маънирас ва базмоин будааст, бо аҳли ҳунар гоҳ-гоҳе маҳфилҳои шавқии пуршӯр барпо менамудааст. Базмҳои хосаи ҷамшедӣ ва маҳофили шавқу шӯри мардумӣ онвақта (тахминан 100 сол қабл аз имрӯз) ҳамеша дар хидмати шоҳ буданд. «Як чунин базми хоса зимистони ҳамон солҳо дар яке аз бӯстонсароҳои шоҳ дар сӣ километрии Кобул буд, сурат мегирад. Ана дар ҳамин бӯстонсаро ҳунармандони хеле ва хеле шинохтаи Афғонистони онвақта ва манотиқи ҳаммарзи он (Шӯравии собиқ, Ирон, Покистон ва ҳатто Чину Ҳиндустон) ҷамъомада тӯли як ҳафта базми осмонкафе барпо мегардад. Як гӯяндаи машҳури Ҳиндустон бо номи устод Муҳаммад Ҳусайни Шаҳдрез он қадар бо ҳунари гӯяндагӣ ва машшоқӣ ҳамаро маҳву мот месозад, ки бузургтарин ҳунармандони мардуми Афгонистони онвақта Акбар Лоло, Маназари Бадахшӣ, Салими Сармаст, устод Ҷалолӣ, устод Сорбон ва устод Зиё Қодирзода худро ғуломи хунари ӯ мехонанд. Танҳо рӯзи панҷуми базм як нафари тоҷик, бо номи Муҳаммад Юсуфи Хушном, бо ҳунари гӯяндагии хеш тамоми ҳузор ва ҳунармандонро шефтаи садои пуршӯру пурсӯзи хеш намуд. Ӯ ба тахмин марди панҷоҳсолаи қомати баланд, чашмони мешӣ, мӯйи сару риши кӯтоҳи мошу биринҷӣ доштае буд. Баъд аз хонданҳои дуру дароз ва истиқболи гарми сомеъин аз нафаре дар мавриди он ҳунарманди тоҷикӣ пурсише доштам, ки посух чунин буд. Ин ҳунарманди машҳури кӯҳистони Бадахшон буда, гузаштагонаш аз қисмати Анҷироб ё Порвор дар замонҳои хеле пеш, аз он ҷо муҳоҷир шуда ба Чоҳи об баътар ба Файзобод омадаанд. Ӯ дар чандин базмҳои Наврӯзӣ ширкат намуда, дастболо гардида аст. Бисёр донандаи хуби таронаҳои ъорифонаи мардуми кӯҳистон мебошад. Баъди хотимаи ин базм устод Муҳаммад Ҳусайни Шаҳдрез шоҳнаеро, ки аз устоди худ ба ёдгор дошт, ба ӯ ҳадя менамояд». Рӯзи охири ин базми ҷамшедӣ шоҳ Муҳаммад Зоҳиршоҳ як камзули хеле қимматбаҳо ва як аспи бодпое ба ӯ ҳадя намуда буд. Аз он рӯзҳо хеле солҳо гузаштааст, аммо тарзи хониши он ҳунарманди тоҷик зинҳор аз хотири ман фаромӯш намешавад. Ана, ман ҳамон вақт дарёфтам, ки сурудаи фалак чист? Ва чи мақоме миёни Балхиёни қадиме дошта». Вақто ки устод Х.Н.В. дар бораи сару либос ва тарзи муносибат ва рӯи саҳна баромадани ӯ қисса мекард, ман яқин донистам, ки ӯ аз мардумони Хуталон будааст. Ин ҷо мехоҳам, ба қиссаи ин устод нуқта гузошта, рӯ биёрам бо сабку услуб, гӯиш ва матни фалак. Чизе, ки мусаллам аст дар мавриди гӯяндаҳои фалак он аст, ки кули гуяндаҳои фалак дар ҳама давру замон нафароне буданд, ки синну солашон на камтар аз панҷоҳ буда. Ва аксари сомеъони ҳушманд ва шефтагони ин суруда бар он назаранд, ки ҳамин сину сол аслан метавонад, ки ифодагари ҳама шаҳду анвои латифи садои хуши онҳо буда бошад. Ин назарияро донишманди фарҳехтаи савту садои мардумӣ устоди зиндаёд, яке аз шинохтатарин композиторҳои тоҷик Абдуфаттоҳ Одинаев борҳо бо таъкид мегуфт. Ақидаи дигаре, ки миёни матншиносони фалак дар ҳамешагӣ мавриди баҳсҳои тулонӣ қарор мегирад, ин аст, ки на ҳар дубайтӣ ва рӯбоӣ фалак шуда метавонад. Матни фалак аслан бо дархости гӯяндаҳои маъруфу шинохта навишта мешавад. Ҳол он ки бисёре аз таронаҳои пурсӯзи Фалак миёни мардум садсолаҳо аз забон ба забон гузашта, муаллифашро ном намебаранду моли мардумаш мегӯянд. Шояд ин амали марудм то ҷойе дуруст низ буда бошад. Чун ки аксари кулли сурудаҳои мардумии Фалак яъсу ноумедӣ ва шикоят аз зулму истибдод ва ноҳақии бархе аз зимомдорони давру замон буда, дар ҳолати шинохтан ва ё ифшо гардидани муаллифи он бар сари нигорандаи он тарона бадбахтиҳои зиёде хоҳад омад. Аз ин лиҳоз, онро моли мардум гуфта як роҳи халосӣ аз даҳшатҳои замон буд.
Он гуна, ки аз ғояти сӯзу дард касе гуфта:
Фарёд аз ту, ҳамеша фарёд аз ту,
Фарёд, ки дидам ҳама бедод аз ту.
Гӯӣ, ки туро ин фарёд аз чист?
Фарёд аз ту, ҳамеша фарёд аз ту.
Зинҳор таҷассуми ранҷи як нафари заҳматкаш ё худ бозичаи такдир шудани як одами содда ҷавобгӯи матни фалак нест ва буда наметавонад. Аз ин лиҳоз довароне, ки бо санъати фалаксароён доварй мекунанд, мебояд дар баробари дониши баланди савтшиносӣ, донандаи хуби сабку услуб ва матн низ буда бошанд. Тӯли чанд соли охир банда низ шоҳиди ин воқеа будаам. Матни фалак он гуна, ки дар оғози ин матлаб овардаем, на камтар аз сӯзи «Най»-и «Маснавни маънавӣ» ва фалсафаи «Мантиқ-ут-тайр» мебояд буда бошад. Модом, ки ин сурудаи ъорифони дур аз диёри адам монда буда бошад, пас мо чӣ ҳақ дорем, ки сурудгунаҳои барзгариро фалак номему ба онҳо чун фалак баҳо гузорем. Биёед инҷо бо чанд абёти Бобо Афзал рӯ биёрем, ки ҳам аз лиҳози матн, ҳам аз лиҳози фалсафа ва ҳам аз лиҳози савт дурахшонтарин ситораи самои фалаканд.
Бо ёди ҷалол дар биёбон рафтем,
В-аз олами тан ба олами ҷон рафтем.
Умре шабу рӯз дар тафаккур будем,
Саргашта даромадему ҳайрон рафтем.
***
Шоҳони ҷаҳон, ки ин ҷаҳон доштаанд,
Бингар, ки аз ин ҷаҳон чӣ бардоштаанд,
Дар зери замин ба дасти худ медараванд,
Ҳар тухм ки дар рӯи замин коштаанд.
***
Будем ба ҳам ҷамъ рафиқоне чанд,
Чун иқди ҷавоҳир ҳама бо ҳам пайванд.
Ногаҳ фалак риштаи он иқд гусехт,
Ҳар донаи маро ба диёре афканд.
Дар ҳама давру замонҳо шуаро абёти пуршӯреро дар чахорчӯбаи фалсафаи марг ва зиндагӣ эҷод мекардаанд ва гуяндаҳои фалак онҳоро то сураё ба гушу ҳуши малакут мерасонидаанд. Таронаҳои орифони Балх то нузули дини мубини ислом дар қаламрави Балхи қадим ҳукми ояҳои осмониро доштанд. Маҳз ҳамин буда, ки дини мубини исломро аслан Балхиён машҳури замину замон намуда. Андар суруду таронаҳои ъорифонаи хеш пораҳои ояву сураҳои Куръони азим-уш-шаънро ҷойгузин карда, дини мубини исломро аз хурофот поксозӣ намуда, рӯшангари қалби тамоми башарият намуда. Ва бунёди маслаки суфияро дар муқобили хурофотпарастӣ ба миён овардаанд. Магар рӯзгори орифони бузурги Балх набуд, ки онҳо ояҳои Каломуллоҳро дар шакли фаҳлавиёт бо сӯзу гудоз мехонданд ва ин тарзи хониши онҳо дар муқобили нолаҳои ҷонхароши аъроби ёбоӣ ба онҳо писанд омада, хондани Қуръони азим-уш-шаънро бо нахустмусалмонҳо чун намунаи олии қироъат писандиданду хониши балхиро қабул фармуданд. Ва ҳамин тарзи қироат то ҳол миёни мусалмонон маъруфият доштаву дорад. Ана ин аст ҷавҳари аслии «Фалак».
Миёни мардум ривоятҳои зиёде андар мавриди фалаксароии шайхи бузургвор Абу Саиди Абулхайр, Бобокӯҳӣ, Наҷмиддини Кубаро ва чанди дигар мавҷуд буда, дареғо ин ривоятҳо то ҳол аз ҷониби мардумшиносҳо ҷамъоварӣ нашудаанд. Ва дареғи дигар аз он ки дар мардумшиносӣ мақоми фалакро онгуна, ки беш аз ҳазор сол Балхиёни қадим шинохтаанд, мо нашинохтаем. Аммо ончи ки мусаллам аст, ин аст, ки бо ибтикор ва дастгириву пуштибонии милливу фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама суннатҳои пешқадами фарҳангии мо – тоҷикон аз ҷониби ташкилоти ҷаҳонии ЮНЕСКО соҳиби арҷгузории бузург гардидаанд. Дар ин росто, Рӯзи Шашмақом ва Фалак, ки пайвандгари фарҳанги классикии тоҷикон ба фардои худшиносӣ мебошад, буда метавонад.
Аз соли 2008 то ба имрӯз дар саросари кишвари азизамон рӯзи 10-уми октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ба хотири ин сурудаи суннатии тоҷикон бо фармони Президенти маҳбуби мардумиамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.
Дар Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода омӯзиш ва таҳқиқи ин сурудаи мардумӣ пурра ба шогирдон омӯзонда шуда, донишмандони риштаи ҳунаршиносии ин боргоҳҳои маъонӣ нозукиҳои ин ҳунарро мавриди омӯзиш қарор дода, асрори таърихии онро дар маркази омӯзиши шогирдон қарор медиҳанд. меомӯзанд.
Яке аз донишмандони риштаи назария ва таърихи сурудаи Фалак доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ заҳматҳои зиёде дар роҳи таҳқиқи ин ганҷи миллӣ намуда, чандин мақолаҳои пурарзиши илмиро манзури ҳаводорони ин суруда намудааст.
Ҳамзамон, дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансамбли давлатии Фалак фаъолият намуда, қариб дар тамоми навоҳиву вилоятҳои Тоҷикистон ансамблҳои Фалак фаъоланд. Ва ҳамасола дар саросари кишвар озмунҳои фалакхонӣ баргузор мегардад. Ин ҳама гувоҳи қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ин сурудаи мардумӣ аз тарафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони азиз мебошад. Ҳамин гуна сурудаи мардумии Фалак пижӯҳишҳои навинеро интизор аст. Андар пиромуни мавқеъ ва мақоми ин сурудаи Балхиёни қадим умед дорем, ки дар ояндаи наздик чун қисмат даст диҳад, тозатарин назареро мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорони он хоҳем гардонид.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА