Гӯё дирӯз буд. Ҷонибек дар ҳалқаи дӯстонаш, ҳамкасбонаш – аҳли адаби тоҷик нишаста, шеър мехонду фараҳманд буд, ки ӯро бори дигар суҳбати дӯстонаш насиб гаштааст. Шукр мегуфт, ки чунин устодони мушфиқу дӯстони меҳрубон дорад. Гаҳи шодиву тараб зери навои сурудҳои тоҷикӣ дастафшону покӯбон мерақсид, гаҳи танҳоиву маҳзунӣ ба Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ, Бедилу Соиб рӯй меовард. Дар суҳбатҳои ду ба ду қалбу рӯҳи касро бо ашъораш, бо нақлҳои шакарринаш навозиш менамуд, ба зиндагӣ дилгарм месохт.
Он рӯзе, ки ба хотири ёдбудаш дар шаҳри Тошканд ҷамъ амадему маҳфиле барпо гашт, дарёфтам: ӯ на танҳо ашъори саропо панд, тараннуми дӯстию бародарӣ, меҳр ба зиндагӣ, балки дар дили дӯстон меҳре бузург гузошт, ки тасвири он бо сухан мушкил аст. Одамон ёди некашро дар дил доранд, ҳар гоҳе варо ба хотир оваранд, бо таассуф сар меҷунбонанду афсус мехуранд: “гӯӣ, дирӯз буд”… ва такрор ба такрор мегӯянд: зиндагӣ нисбати мо бештар бевафоӣ кард, ки аз суҳбати ширину намакин ва табассумҳои саршори меҳри Ҷонибек бенасибамон намуд.
“Аҳли қалами Ҷумҳурии Ӯзбекистон талафоти калон дод. Шоири боистеъдод, мутарҷим, журналисти бомаҳорат, публитсист, узви иттифоқҳои нависандагон, журналистони ИҶШС, Ходими шоистаи маданияти ҶШС Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқов ногаҳон аз ҳаёт чашм пӯшид”.
Ин сатрҳоро аз шумораи 7-уми ноябри соли 1990 рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” хонда, бовариамон наомад. Як рӯз пеш шумора бо имзои ҷонишини муҳаррир Ҷонибек Қувноқов нашр шуда буд. Ва дар шумораи рӯзи дигар ному насаби ӯро дар чорчӯбаи сиёҳ дидем ва акси чеҳраи ошное, чеҳрае, ки на танҳо баои рӯзноманигору шоирони тоҷик, балки бегумон, барои ҳар хонаводаи мардуми Тоҷикистон ошнову қарин буд. Охир, манзили ӯ дар Тошканд сафоратхонаи воқеии аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон буд ва худаш сафири ғамхору ҷоннисори мардуми тоҷик.
Вай охирон намояндаи фозилоне буд, ки ду забонро ба хубӣ медонистанд, ба тоҷикиву ӯзбекӣ менавишт, асарҳои барҷастаи адибони ду миллатро тарҷумонӣ мекард, дарахти дӯстиро сарсабзу пурбор нигаҳдорӣ мекард. Хонандагони миннатдори ҳар ду ҷумҳурӣ хидмати бебаҳои Ҷонибекро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Нахустин шеъри ӯ дар солҳои донишҷӯиаш дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Ленинобод дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” чоп гардида буд. Ва ҳангоми донишандӯзӣ миёни ҳамсабақон бол кушода, дар осмони назм парвоз дошт. Ин парвози шеъри шоир дар олами рангину пурасрори фарҳанги кунунӣ сафобахшандаи сарчашмаи илҳомаш буд. Дили ҷавону пурҳарорат бо тапиш ҳарфҳоро бо низом паҳлуи ҳам мегузошту маъниофарӣ мекард. Ин маънои фалсафаи ҳаёт – қисавти андешаҳои бихрадонаи ӯ буд. Ҳарчанд рӯзноманигорӣ пешаи асосӣ ва вазифаи аввалдараҷаи ӯ буд, туғёни шеър ҳамеша қалби ҷавони ӯро ба шӯр меовард. Дарди миллат, заҳмати барабаси хокшӯр, тангии мишати мардум қалби ӯро пора мекард. Вақте, ки навиштаи пурдард марҳами дарди мардум мегардид, аз шодӣ сараш то Сурайё мерасид. Аммо гоҳо на ҳамаи навиштаҳо натиҷаи нек медод. Вале шоир алайҳи носипосон, ба таъбири Бедили бузург, “ангуштҳои зиёди панҷаи тақдир” дар мубориза буд. Орзуи деринаи шоир баробариву бародарӣ буд. Ин орзуву омоли ӯ дар ду пора байти бо ҳарорат ва тапиданҳои ноороми қалб иншошудааш чунин омадааст:
Дӯстиро мешуморам ҳамчу нон умре азиз,
Мекунам монанд рӯйи дӯст бо нон, дӯстам.
Гар сари ёрам тиҳӣ гардад пайи ҷайби тиҳӣ,
Хонаву хони маро чун хони худ хон, дӯстам.
Барои Ҷонибек пешаи шоирӣ на ҳавову ҳавас, на фазлфурӯшиву ғурур ва василаи зиндагонӣ, балки қисмат ва сарнавишт буд. Тамоми навиштаҳои ӯ дар маҷмуаҳои “Қарз”, “Арзи дил”, “Ифтихор”, “Розҳо”, “Зангӯла” ба тоҷикӣ, “Юрак тӯлқунлари” ба ӯзбекӣ аз чоп баромад.
Шоирӣ барои Ҷонибек пешаи мураккабу муқаддас ҳисоб мешуд. Ӯ мӯътами ин буд, ки шеър набояд бо зӯрӣ, балки бо хуни ҷигар ва аз роҳи дил аз танӯри сина берун ояд. Ба пиндошти ӯ то дил наҷӯшаду изтиробу таҳрике надошта бошад, шеъри шево ва ҳассосу муассир эҷод намегардад, шеър бояд аз хуни эҷодкор ранг бигирад:
Туро нони сухан аз хони мардум,
Хурӣ беранҷ агар ту, мекунад кӯр.
Нахуст аз сафҳаи саҳро хабар гир,
Бикун пас сафҳа аз тухми сухан пур.
Ба андешаи Ҷонибек кас дар ҷодаи шоирӣ бояд табъи равону дили ғамхор дошта, шарики дарду ғами мардум бошад. Аз ин рӯ, аз ҳар сатри шеъри ӯ бӯйи ҷигар, бӯйи қалби кабоб меояд:
Сухан гуфтам гаҳ аз неку гаҳ аз бад,
Гузаштам гоҳ аз садду гаҳ аз ҳад.
Суханҳои ман аз зангӯлаи дил,
Садои адлу инсофу муҳаббат.
Ҷонибек деҳқонзодаву фарзанди кӯҳистон буд ва овони тифлӣ мушкилоти шебу фарозро дарк карда буд ва моҳияти зиндагиро дар тозакорию нодираҷӯйӣ медид. Вай ҳамзамон бо ҳамқаламони ҳаммаслаку дӯстони ҷониаш Лоиқ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Меҳмон бахтӣ, Иноят Насриддин мехост адабиёти тоҷикро табу тоби дигар ва маҷрою гардиши нав бахшад.
Ҳар боре Ҷонибек меҳмони Душанбею душанбегиҳо мешуд, талошу такопӯ мекард, ки аз маҷрои адабии Тоҷикистон заррае канора набудани худро собит созад. Вай мисоли ташналабу сӯхтадиле худро ба баҳри бепоёни тамаддуни ниёгон зада, шабҳоро дар сари қироати китоб рӯз менамуд, бо ҳамсолону шарикмаслакони адибаш болои шеъру шоирӣ, рӯзгори мардум, одаму одамгарӣ баҳс дошт:
Гаҳе мепурсидам имом чу довар,
Қасамҳо хӯрда бар номи адолат,
Бигӯ, эй Ҷонибек, дар ин чиҳил сол,
Чиҳо кардӣ, ку шоҳид, ку кафолат?
Намедонам чаро, вале медонам, ки ҳар кӣ дониш дорад, бохирад аст, эҷодкору ҳунарманд аст, шиканҷа мекашад. Бо Ҷонибек бародар гашта, навоҳо ва дилномаҳои ӯ – ашъорашро борҳо варақгардон намудам. Ҳар бор дарёфтам, ки ӯ бисёр одамшинос, ҷону ҷигарсӯз, батамкин, фурӯтан, бомулоҳиза аст.
Ҳақгузорӣ ва ҳақталошӣ амали шариф аст. Ӯ инро нек медонист, аммо ба касе арз намекард, ба ҷое ариза наменавишт. Вай алами худ, саҳеҳтараш қасди амали хешро аз шерхонӣ ва шеърдонӣ мегирифт. Шабҳо ӯ девони бузургонро варақгардон карда, чун сураҳои Қуръон азёд менамуд. Ё сапедадамон дар лаби рӯд нишаста, ба мавҷу дурахши он дида медӯхт, то илҳомаш даст диҳаду порпи шеърӣ рӯйи коғаз ояд.
Байтҳои шеъраш ноайён тавлид мегашт. Ва чун дар мулоқоту вохӯриҳо порчаҳои ашърашро аз забони хурду калон мешунид, чун медонист, ки пирамардон аз он ба ваҷд меоянд, духтарон нома менависанд, модарон дуояш мекунанд, илҳомаш аз нав саршор мешуд, аз нав шеър рӯйидафтар мерехт.
Шоири ҷавонмарг Ҷонибек сари ҳар суҳбаташ, ҳар нигоҳаш аз аз дарди миллат ҳарф мезаду менавишт. Боре ҳам васфи амалдори бехирад накардааст. Чунки гӯши ӯ садои қалбҳои мардуми заҳматкашро мешунид. Ва гоҳо барои аз ғаму андуҳи гарон гурехтан, хаёлан сари орзуҳои бачагӣ мекард. Бачагиву деҳа дарди ӯро даво мебахшид. Васфи манзараҳои дилфиреби зодгоҳаш – Порашт, сафои чашмаву рӯди кӯҳӣ ҳама дам вирди забони ӯ буд:
Ман – форишӣ, дар мағзи кӯҳ,
Кӯю дари аҷдоди ман.
Аз чашмаву кӯҳи баланд
Чор унсури бунёди ман.
Шукро, ки аз кӯю дарам
Пар мезанад лафзи дарӣ.
Танҳо наям ман – мардуме
Кӯю дари ман кишваре!
Дар вопасин дам ҳам маро
Бо ин забон арзу хитоб,
Пурсандаҳо пурсанд агар,
Бо ин забон бидҳам ҷавоб.
Охирин кори шоёни шодравон Ҷонибек ба тоҷикӣ гардонидани достони безаволи Мир Алишер Навоӣ “Лайлӣ ва Маҷнун” буд, ки феълан дар дасти чоп аст. Дар байни мусаввадаҳои Ҷонибек бисёр шеърҳои чопнашуда, намунаҳои хеле хуби тарҷумаи осори адибони ҳар ду миллат маҳфузанд. Охир, ӯ тайи чанд соли охир роҳбари Шӯрои адабиёти тоҷик дар ҳузури Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистонбуд ва дар кори мустаҳкам ва пойдор гардидани алоқаю равобити фарҳангии тоҷикону ӯзбекон хизмати арзандае намуд. Ба шарофати саъю кӯшиши ӯ дар хоки Ӯзбекистон адибони зиёде ба майдон омаданд ва ба забони модарии худ – тоҷикӣ эҷод менамоянд.
Дар арафаи 50-солагии зодрӯзаш яке Ҷонибеки публитсистро ёд менамояд, ки дар замони беқадр будани лафзи тоҷикӣ ҳарфи сӯзон мегуфту менавишт ва дардошноёнро аз дасташон гирифта, ба майдони васеи худшиносӣ роҳбалад буд, дуввумӣ Ҷонибеки тарҷумонро ба хотир меоварад, ки тавассути ҷонбозиҳо миёни ду халқи ҳамтақдир пул месохт ва барҳақ унвони мардумии сафири адабиёти тоҷикро дар Ӯзбекистон сазовор гардида буд. Ҳар касе боре бо ӯ рӯ ба рӯ омада бошад, ё ҳамсуҳбаташ гаштааст, чеҳраи пур аз назофат ва лабони пур аз табассумашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Ва на танҳо шунидаем, балки борҳо худ шоҳиди он будаем, ки дар ҳар маҳфиле ки бошад, суханаш аз қадрдониву қадршиносии ҳарфи тоҷикӣ, мақому манзалати фарҳанги тоҷик оғоз меёфт.
Хизмат ба миллатро қарзи фарзандии хеш медонист ва дар шеъраш навишта:
Ман – бехсӯззи зиллат, барбоддеҳи иллат,
Як ҷонфидои миллат, бо ин нишон шиносед!
Баъзан одамон мегӯянд, ки асари ғаму андӯҳ аз фавти ёрону наздикон бо гузашти айём камтар мешавад. Вале ба гумони ман, баръакс гиротар ва сӯсонтар мегардад.кас Ҷонибек барин дӯстону ҳамкорони қарин ва роздону роздори хешро гум кунад, зиндагӣ барояш бисёр пуралам ва сангин менамояд. Гузашти вақт нишон дод, ки аз байн рафтани чунин шахси одамшинос ва қадрдон чӣ талафоти бузурге будааст.
Ҷонибек ҷавон рафта бошад ҳам, дар дилу дида ва хаёли хешу ақрабо, дӯстону ҳамкасбон бо ҳамон ҷавонию зебоӣ зиндагии хешро идома медиҳад.
Давлати Даврон