Банда аввал бо падари Саидмуҳаммад Одинаев, омӯзгори шинохта Одина Шарифзода дар деҳаи зебоманзари Шайхмизон бо амри тасодуф шиносу ҳамсуҳбат шудам. Шайхмизон дар масири Мунки қадим ва даромадгоҳи маркази ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст.

Охири солҳои шастуми асри бист буд. Бо ҳамсинф ва дӯстам Шамсиддин Муҳиддин, ки донишҷӯи факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буд ва камина дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко мехондам, айёми таътил бо баҳонаи аёдати пайвандон аз гармои таҳдашт гурехта, Ховалинг рафтем. Ҳавои мусоиду писанду ҳаловатбахш, зиёрати бузургворону сайри боғзорон. Вале Шамсиддин аз момаву падар супорише ҳам гирифта будааст. Ёфтану дидани ягона писараки амаки ҷавонмаргаш Холназар, ки Нурулло ном дошт. Ятимписарак дар хонаи тағояш акаи Файзулло мезистааст. Ҷустему ёфтем Нуруллои якраву гарданшахро. Тағоии ӯ хушбахтона ҳамсояи дарбадевор ва писари тағоии муаллим Шарифзода будааст. Муаллим марди хушмуомилаи нуронӣ, як пояш лангу чигасдор ба падари Шамсиддин қадрдон, моро аз кӯча бо Нурулло ба ҳавлии тозаву озода даровард. Маълум буд, ки Нурулло худро чун кӯдаки ин хонадон озод ҳис мекунад ва аз меҳрубонии муаллиму ҳамсараш баҳраманд аст. Боғи пурсафо ва суҳбати руҳнавоз. Бештар аз таҳсили мо пурсон шуд муаллим. Ва таърифу худситоӣ накард, ки дар пойтахт, дар фалон мактаби олӣ писари аспиранту олимшаванда дорад. Вай бо ҳамон тамкину фурӯтанӣ ва нармиву меҳрубонияш дар хотири мани донишҷӯ нақш баст.

Сипас Шамсиддин фаҳмонд, ки муаллим Шарифзода. падари ҳамон аспирант Саидмуҳаммад аст, ки даврони имтиҳонсупорӣ ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гоҳ-гоҳ дар саҳни факултет пайдо мешуду аҳвол мепурсид, ба мо маслиҳатҳо медод. Он замон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ҷавононе, ки баъди хатми мактабҳои олӣ дар пойтахт истода, барои ба аспирантура дохил шудан талош варзанд, ангуштшумор буданд. Номи шоирони маъруфи Ховалингӣ С. Вализода, Ғ. Мирзо, Ғ. Сафарзода, Ш. Ёдгорӣ, Ҳ. Файзуллоро мешунидем. Аммо олимони минтақаи Кӯлоб ками дар кам буданд. Соҳиб Табар бештар шуҳрат дошту Бозор Шарифзодаи муаррих кам-кам. Мегуфтанд, ки Абдулхайр Усмон, Ҳабиб Сафар ва Саидмуҳаммад Одинаев олимшавандаҳои ояндаанд.

Баъдтар бо Саидмуҳаммад шинос шудам. Инсони нармтабиат, хоксор ва дар роҳи мақсад устувор. Вай пас аз хатми синфи ҳафтуми деҳаи ҳамсояи Ҷонбахт. таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб идома додааст. Меҳри падару касбаш, ҳамеша барояш ифтихор буд. Аз ҷониби дигар дар омӯзишгоҳ аз устодони ботаҷрибатар таълим гирифту бо ҳамсолони зираку ташнаи донишу хониш бештар ошно шуд ва ин фазо даричаҳои мақсади ояндаро ба рӯяш кӯшод. Мебояд таҳсилро ҷиддӣ идома диҳад. Бо ин ният пас аз хатми бомуваффақияти омӯзишгоҳ ба факултаи физика ва математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд. Таълим гирифтан аз олимони маъруфи илмҳои дақиқ, машғулияту таҷрибаандӯзии пайваста дар лабораторияҳои бо асбобҳои навтарин муҷаҳҳаз, мутолиаву омӯзиши рисолаву кашфиётҳои олимони номвари илми физикаи дунё ва марказҳои тадқиқотии илмҳои дақиқи давлати шуравӣ, махсусан риштаи физикаи назариявӣ ӯро ба олами таҳқиқ ҷалбу ҳидоят кард. Оламе, ки асрор аст ва онро танҳо муҳаққиқ медонаду ҳампешагонаш. Чун Университетро сарбаландона хатм кард, ба роҳи таҳқиқ қадам ниҳод, ба аспирантура ворид шуд ва акнун тай намудани саҳрои пур аз заҳмату ковиш ва пажуҳиши илми физика умрбод пеш омад…

Зимнан банда, ки дар ҷодаи нависандагӣ ба қавле як линги малах ҳастам, кам – кам дарк мекунам: муҳаққиқи илми дақиқ бештар бо худ будану танҳоиро меписандад. Андеша, ковиш, кашфу хулосаи дақиқи Ӯ дар чунин фазо пухта мешавад. Ва инро ҳам иқрор мекунам, ки муайян намудани арзишу вижагиҳои пажуҳиши илмии Саидмуҳаммад Одинаев вазифаи банда нест. Инро ҳампешаҳояш нағз медонанд. Вале равшан аст, ки Саидмуҳаммад Одинаев солҳои ҷавонӣ ҳамин имконияту фазоро ҳар сол ҳангоми таътил дар каҳдаравӣ дар талу пуштаҳои пуралафи деҳа ё дар машғулиятҳо бо хонандагони лаёқатманди ҷумҳурӣ дар истироҳатгоҳҳои дараи Варзоб ва Алмосӣ барои хеш фароҳам меовардааст.

Баъдтар фаҳмидам, ки машғулиятҳои номбурда, дар даври сеюми яке аз лагерҳои пионерии ин осоишгоҳҳо, ки бо ташабуси Президенти онвақтаи АИ ҶШС Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ аз моҳи августи соли 1971 чун «Мактаби тобистонаи фанҳои физика, математика ва химикҳои Тоҷикистон» барои хонандагони болаёқати мактабҳои ҷумҳурӣ ва ғолибони олимпиадаҳо таъсис дода шуда будааст. Мактаби мазкур то моҳи августи соли 1992 фаъолият доштааст. Ин мактаб ҳамагӣ 22 рӯзи таълимӣ дошт. Омӯзгоронаш аз ҳисоби кормандони илмии институтҳои физика, химия ва математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон интихоб мешудаанд. Саидмуҳаммад Одинаев муддати 20 сол дар ин мактаб ба хонандагон дарс додааст.

Зери нурҳои сӯзони хуршед зимни даравидани алафҳои хушбӯ, лаби чашмае дар сояи дарахт нишастану ташнагӣ шикастан, соҳили рӯди пурталотум даме осудан, перомуни масоили илмӣ андешидан бисёр гиреҳҳоро мекушод ё равзане ба таҳқиқи мавзӯъ муҳайё менамуд. Ва он ҳама ҷонкоҳонӣ, таълиму роҳнамоии устодони сахтгиру хайрхоҳи дуру наздик ҳосили назаррас дод. Саидмуҳаммад Одинаев ба қуллаҳои баланди илми физика расид. Вай муаллифи қариб сесаду панҷоҳ мақола ва рисолаҳои илмист. Фаъолиятро аз ассистенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз бахшида то дараҷаи доктори илм, профессор, узви вобаста ва академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон расид. Вазифаҳои баландпояи директори Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи АИ Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ноиби аввали президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро сарбаландона иҷро кард.

Аз рӯи мушоҳидаи банда некномӣ шиори зиндагӣ ва кору амали академик Саидмуҳаммад Одинаев будааст. Ба таъбири маълум: «Хирадманд бошу дилозор мабош». Баъзан аз хоксории ошкорои эшон ба ҳайси соҳибмансаби воломақом ва шахсияти номвари соҳаи илм атрофиён, камина низ, – ӯ ба шиносу ношинос донишҷӯву омӯзгор, пиру барно, – чунон хоксорона муносибат мекунад, ки дар ҳайрат меафтем. Гӯё устод набераи Мавлоно Ҷомӣ дар замони муосир бошад. Дар ин маврид ман бо эҳсоси баланди ифтихор аз дил мегузаронам, ки ҳамзамон ва дӯсти чунин донишманд ва инсони шариф ҳастам. Ва боз падари шодравони ӯ Одинаи Шарифзодаи омӯзгор пеши назарам меояд, ки чунин фарзанди заҳматписанду заковатпешаро ба воя расонида, ба шоҳроҳи илму дониш, тарбияи ҷавонони тоҷик ҳидоят кардааст.

Дигар академик Саидмуҳаммад Одинаевро ба муносибати ҳаштодсолагиаш сидқан шодбош мегӯям ва орзу мекунам, ки ӯ ҳамеша дар ҳалқаи пайвандон, ҳамкасбону дӯстон тандурусту шодному сарбаланд бизияд ва ҳамин зайл хоксоронаву содиқона дар хизмати илми тоҷикистони озод бошад.

Абдулҳамид Самад,

Нависандаи халқии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи давлатии

ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь