«Анҷумани дуввум ва дусолагии Истиқлолияти Тоҷикистон шуда гузашт. Дар ин чорабиниҳо қариб аз 40 мамлакат вакилон иштирок доштанд. Дар қаторе, ки ман менишастам, гуруҳи меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Фаронса, Ингилистон, Олмон, Амрико, Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра менишастанд. Дар тарафи дасти рости ман журналисти машҳури Фаронса хонум Мино, профессор Маҳмуди Буруҷардӣ аз Эрон менишастанд ва афсӯс номи дигар меҳмононро ёдоварӣ карда наметавонам. Ҳушу ёди ҳама ба сӯи саҳна, ба намоиши «Эдип» равона буд. Дар лаҳзае, ки чӯпон меояд ва изҳор мекунад, ки «ҳамсари ту модарат аст ва фарзандонат бародарону хоҳаронат ҳастанд ва худат шавҳари модарат ҳастӣ», зери чашм дидам, ки меҳмонон ашк мерехтанд ва бо гиряи онҳо ман ҳам гиристам. Ё худ дар саҳнае, ки аз малика чӣ рақам будани шоҳ Лайро пурсон мешавад ва қариб монда буд, ки хонум Мино фиғон кунад. Ӯ тарки толор кардан мехост, дод мезад ва худро дар ҳамаи нақлҳои малика медид ва хусусан мусиқӣ ҷаззоб буд. Вақти тарки толор карданаш ман ӯро доштам, вале худам ҳам мегиристам. Бештар гиряи ман барои завқи пасти тамошобини имрӯзаи тоҷик буд. Дар ҳамин хел фоҷиа медидам, ки баъзе ҷавонон ханда мекарданд. Ва он имрӯз ба ёдам омад, ки боре ҳамроҳи ҳунарманди овозадори тоҷик Маҳмуди Воҳид сӯҳбат доштам, Маҳмуд ҳамеша гиря мекард. Вай маро оғо гуфта муроҷиат мекард. Боре, баъди тамошои театри як актёр аз эҷодиёти Хоҷа Ҳофиз, ман ба саҳна баромада табрикаш намудам ва Маҳмуд ба ман рӯй оварда гуфт, ки тамошобини имрӯзаро чӣ баҳо медиҳӣ? Ва ман ҷавобаш додам: калимаи носеҳро носкаш мефаҳманд ва Маҳмуд гирист…
Баъди анҷоми намоиши «Эдип» ман ба саҳна баромада ҳунарманди мардумӣ Ҳошим Гадоевро бо оби чашм табрик гуфтам. Ва тамошобинон ба ваҷд омада кафкӯбии дуру дароз карданд. Хулоса, ман аз Маҳмуди Буруҷардӣ ва хонум Мино пурсон шудам, ки дар бораи ин ҳунарманд чӣ баҳо медиҳед. Онҳо изҳор карданд, ки мо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон будем ва намоишҳои классикаи ҷаҳониро тамошо кардем. Ин хел ҳунарманди ҷозибанокро, нобиғаро бори нахуст дидем ва тамошо кардем. Ҳунарманд Ҳошим Гадоев, мо қатъиян хаёл кардем, ки дар саҳна қурбон шуд. Ва сад шукр, ки баъди якчанд лаҳза боз ба истиқболи тамошобинон баромад. Ва мо шукр гуфтем, ки ӯ зиндааст. Ва иншооллоҳ то дер боз ин кайфият аз ёди мо берун намеравад. Аз худои муттаол илтиҷо мекунем, ки солҳои сол ин ҳунарманди барҷаста соқу саломат бошад. Хоҳиш карданд, ки ҳамин эҳсосоти моро ба Ҳошим Гадо расонед. Ва ман бо як дилгармӣ хоҳиши онҳоро қабул намудам ва иҷро мекунам. Хонум Мино дар сӯҳбати хоса ба ман боз хотиррасон кард, ки минбаъд ба кадом кишвари дигаре сафар накунад, дар бораи ин ҳунарманди нобиға ва нотакрор қисса хоҳад кард».
Одина Ҳошим,
ҳофизи мардумӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, с. 1993
***
«Гуфтаанд, ки бузургии касе ё чизе аз дурӣ ва бо гузашти замон бештар ба назар мерасад. Ҳашамату бузургии спектакли Эдип» ва офарандаи он устод Ҳошим Гадоев низ ҳамчунон, хоса ҳангоми таҷлили ҷашнҳои Истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани ҷаҳонии тоҷикон, бараъло намудор гардид. Мо, тоҷикон, ҳашт сол инҷониб аз он лаззат мебарем, вале вақте гуфтаҳои меҳмонони хориҷиро мешунавем, баъд пай мебарем, ки ҳамарӯза бо нобиға, ҳунарманди нотакрор ва шахсияти фавқулоддае ҳамнафасу ҳамзамонем».
Ҷумъа Қуддус,
драматург
***
«Ҳунари нақшофарии актёри соҳибҳунар Ҳошим Гадоевро дида, кас гумон мебарад, ки шояд 2500 сол қабл драматурги оламгири юнонӣ Сафокл шоҳасари «Шоҳ Эдип»-ро барои ӯ офарида бошад, инчунин Шекспири бемарг дар асри XYI ба дунё омадани чунин актёри олиҷанобро ғайбдонӣ карда, «Ҳамлет»-ро эҷод карда бошад.
Тақозои зиндагист, ки мо осори арзандаи Ҳошим Гадоро ба пардаи садову видеотасвир сабт намуда, дар хазина нигоҳ дорем, то наслҳои ояндаи мо тавонанд аз ин осор ва аз таҷрибаи бои актёрии ӯ пурсамар истифода баранд».
Юсуф Нуралиев,
доктори илми тиб
***
Пули миёна. Бузургии Ҳошим Гадоро намедонанд. Чаро ки танҳост.
Имкони ношинохта монданро ҳам дорад. Барои ҳамеша.
Ва аммо як нафару ду нафар шиносанд ва ба паҳлӯяш оянд, пуле хоханд сохт, миёни вай ва ҷомеа; миёни ростагорӣ ва раҳгумӣ. Ва ин бар нафъи ҷомеъа хоҳад буд.
Раҳими Қубодиёнӣ