Ҳафтаи равон муҳаққиқи шинохта, бостоншиноси варзида ва ходими калони илмии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм»-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ, номзади илмҳои таърих, Раззоқов Абдурауф Раҳимович, маъруф бо тахаллуси Гӯрков (ин унвонест, ки ҳанӯз чанд даҳсола пеш шоири бузургу шинохта шодравон Лоиқ Шералӣ ба ӯ дода буд) ба синни муборак 65 расид.

Абдурауф Раззоқов 14 июни соли 1957 дар деҳаи Ғаззаи ҷаоати Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1972 баъд аз хатми мактаби 8-солаи деҳа, ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент қабул шуда, соли 1976 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ ба хизмати аскарӣ рафта, баробари адои хизмат дар соли 1980 ба факултаи таърихи Донишгоҳи далатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии имрӯза) қабул шуда, соли 1983 ба шӯъбаи ғоибона гузашта, ба пойгоҳи археологии ноҳияи Панҷакент ба сифати лабаранти калон ба кор оғоз мекунад ва соли 1985 корманди илмии пойгоҳи археологии шаҳри Панҷакент таъйин мешавад. Солҳои 1990-1994 ҳамчун аспирант дар Институти таърих ва фарҳанги моддии Академия улуми Русия дар ш. Санкт-Петербург таҳсил карда, баъд аз хатми он дар соли 1994 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Орудия труда и хозяйства древнеземледельческих племен Саразма (по экспериментально-трассологическим данным» ҳимоя кардааст.

Абдурауф Раззоқов аз соли 1997 то моҳи марти соли 2017 Директори Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ буд ва дар айни замон ҳамчун ходими калони илмии ҳамин пойгоҳ ба корҳои илмиву тадқиқотӣ машғул аст.

Бояд қайд кард, ки Абрауф Раззоқов дар эспедитсияҳои зиёде бо олимони шинохтаи давлатҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар борҳо ширкат варзидааст. Аз соли 1984 то 1990 дар якҷоягӣ бо ҳамкорони фаронсавӣ аз маркази илмӣ-миллии Фаронса – Ролан Безенвал, Анриполь Франкфор, Лионе Бертил. Мишель Казанова, Жон Десс, Фабиан Сесброн дар тадқиқотҳои ҷустуҷӯӣ дар шаҳраки Саразм ширкат кардааст.

Соли 1985 экспедитсияи якҷояи археологиро бо бостотншиносҳои амрикоии Донишгоҳи Гарвад, аз ҷумла бо докторҳо Карл Ламберг Карловский ва Филипп Колл дар Саразм анҷом додааст.

Солҳои 1989-1991 дар экспедитсияи Институти таърих ва фарҳанги моддии Академия улуми Русия дар ш. Санкт-Петербург бо роҳбарии профессор В.И.Массон дар як қатор ҷустуҷӯҳои археологии Ҷумҳурии Туркманистон ширкат варзидаст. Ӯ инчунин дарҷустӯҷӯхои илмӣ-археологӣ дар Литва солҳои 1992-1993 ва Молдавия соли 1994 ширкат варзидааст.

Абдурауф Раззоқов дар як қатор симпозиумҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, Равенна-Италия-2008, Эран-Хузистан ва Теҳронн – 2005 ва 2007, Тошканд-2010, Сиан-Хитой-2010, Мали-Африка – 2009, Москва – Россия – 2010. Испания – 2016, Тошкент – 2016. Сиан – Хитой -2016, Санкт-Петербург-2016 иштирок ва баромад кардааст. Маҳз бо кӯшишу захматҳои чандинсолаи ӯ ёдгории Саразм соли 2010 ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид.

Абдурауф Раззоқов муаллифи чандин китоб ва мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, хизматхои шоистаи ӯро Хукумати ҶТ бо медали  «Хизмати  шоиста» кадрдонӣ кардааст.

Бозёфтҳо

Абдурауф Раззоқов дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули худ бозёфтҳои зиёдеро чун «Маликаи Саразм», «Қабристони Зардчахалифа», «Сангнигораҳои Сойи Сабағ», «Муҷассамаи шоҳи Суғдӣ» пайдо намудааст, ки ҳар яке арзиши бузурги таърихӣ доранд ва аз тамаддуни бойи тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.

«Маликаи Саразм». Соли 1984 Абдуллоҷон Исҳоқов бо шогирдонаш барои будубоши бостоншиносон дар назди ҳафриёти Саразм бинои истиқоматие месозад, ки санги бузурги он таваҷҷӯҳи Раззоқовро ба худ ҷалб мекунад. Баъди як моҳи ковишҳои бостонӣ 24-уми августи соли 1984 дар рафти бурриши мадании хок нӯги бели А. Раззоқов ба оинаи биринҷие бармехӯрад. Дар чуқурии 3 метру 15 сантиметр қабре бо склети зан пайдо мешавад. Дар рафти корҳои омӯзишӣ маълум шуд, ки зан тахминан 19-20 сола буда, ҷасади ӯ бо либос ва 16 намуд ҷавоҳироти ороишии қиматбаҳо гӯронида шудааст. Дар маҷмӯъ аз атрофи ҷасади зикршуда 49 дона муҳраҳои тиллоӣ дарёфт гардид. Ҷасад онгунае, ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, дафн карда шуда буд. Абдурауф Раззоқов бо маслиҳати устодаш Абдуллоҷон Исҳоқов номи ҷасадро ба таври рамзӣ «Маликаи Саразм» мегузорад.

Баъд аз тадқиқи ҷасади “Маликаи Саразм” бостоншиносон ба хулосае меоянд, ки табақабандии иҷтимоии аҳоли ҳанӯз 5500 сол пеш аз Саразми Бостон оғоз ёфтааст. Имрӯз «Маликаи Саразм» бо тамоми ҷавоҳироташ дар осорхонаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст.

«Қабристони Зардчахалифа». Бозёфти мазкур, ки соли 1989 дар вақти сохтмони бинои пойгоҳи обтаъминкунии шаҳри Панҷакент, дар мавзеъе бо номи Зардчахалифа пайдо гардид. Дар он ҷо нахуст порае сафоле пайдо шуд, ва бо ҳамин сабаб кори сохтмон боздошта шуда, пажӯҳиши мавзӯи мазкур ба зиммаи Абдурауф Раззоқов гузошта шуд. Ҳафриёти бостоншиносӣ давоми 2 ҳафта идома ёфт. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯии археологӣ қабре пайдо шуд, ки Раззоқов онро «идомаи маданияти Саразм» унвон кард. Кашфи ин қабристон ҷузъиёти наверо ошкор кард, ки дар қабристонҳои дигар пештар дида намешуд. Дар қабр болои сари ҷасад устухони оҳубарра ва чанд олоти хоси маросими дафнкунии охири асри биринҷӣ пайдо шуд, ки аз омадани ориёиҳо ба Саразм ва омехташави онҳо бо маданияти Саразм (дар охири ҳазорсолаи 3 ва ибтидои ҳазорсолаи 2 пеш аз мелод) шаҳодат медиҳад.

«Сангнигораҳои Сойи Сабағ». Соли 1989 дар Мастчоҳи Кӯҳӣ пайдо шудааст. Маҳз ҳамон сол як гурӯҳи корӣ иборат аз маъданшиноси фаронсавӣ Сесброн Фабиан, бостоншиноси фаронсавӣ Роналд Безенвал, герологи тоҷик Евгений Горшков ва бостоншиносу изшинос Абдурауф Раззоқов аз Панҷакент то Масчоҳи кӯхӣ ба ҷустучӯ мепардозанд. Сабаби оғози чунин корҳои ҷустуҷӯӣ он буд, ки дар ёдгории “Тахти Ҷамшед” чунин навиштае сабт шуда буд: «Санги кабуде, ки дар ин ҷо истифода шудааст, аз Суғд оварда шудааст». Бояд ҷои аслии сангҳои дар “Тахти Ҷамшед” ҷойшуда пайдо мегардид.

Баъди пажӯҳишҳои бостоншиносӣ дар ҳамкорӣ бо ташхисгоҳи маъруфи Фаронсавӣ маълум гардид, ки қабати аввали ёдгориии «Сангнигораҳои Сойи Сабағи Мастчоҳи Кӯҳӣ» ба нимаи аввали асри биринҷӣ мансуб аст. Кашфиёти мазкур ба бозёфтҳои лоҷварди Саразми бостонӣ дар шакли шаддаву марҷон собит сохт, ки яке аз минтақаҳои марказии «Роҳи лоҷвард» аз Саразми бостонӣ ибтидо ёфта, то ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Афғонистону Эрону Балуҷистон мерасад.

«Муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ». Бозёфти мазкур соли 2016 аз тарафи сокини деҳаи Кантеи шаҳраки Айнӣ, Носирҷон Сафарзода ба А. Раззоқов пешниҳод мешавад. Маълум мешавад, ки ин муҷассама ҳанӯз 30-35 сол пеш аз тарафи бобои ӯ Қӯшабой Ғолибов дар атрофи кӯли Аловиддин пайдо карда шуда, дар хонаи онҳо ҳифз мешудааст. Бозёфт муҷассамаи биринҷии ҷавонмарди бовиқорест, ки бо шаҳомати шоҳона болои асп нишастааст. Ӯ дар сар тоҷ дорад ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин шахс Шоҳ (Ихшид)-и Суғдӣ аст Муҷассама лаҳзаи тоҷгузории яке аз шоҳони суғдиро инъикос мекунад, ки дар давраи шоҳони сосон ва кӯшонӣ маъмул буд. Дар китоби «Бозёфти муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ», ки таърихи аввали асри миёнаи халқи тоҷик (асрҳои V-VIII-и мелодӣ)-ро дар бар мегирад, гуфта мешавад, ки «ин бозёфт дар таърихи суғдшиносӣ собит сохт, ки ниёгони мо – суғдиён ҳанӯз 1400-1500 сол қабл соҳибдавлат буда, шоҳони хешро ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихоб менамудаанд».

Китобҳо

Абдурауф Раззоқов муаллифи китобҳои “Саразми Панчакент-5500” (Душанбе соли 1997), “Саразми бостонӣ” (Душанбе 2011), “Таърихи омӯзиши ҳафриёти бостоншиносии саргаҳи Зарафшон” (бо ҳаммуаллифии Бобомуллоев С”), “Бозёфти муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ” (Душанбе соли 2017) ва муаллифи Монографияи “Саразм орудия труда и хозяство по эктриментально-трассологическим данным” (Душанбе соли 2008) мебошад.

Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон устод Абдурауф Раззоқовро бо ин санаи муборак табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ ва дар корҳои минбаъдаашон муваффақият таманно мекунанд.

65-солагӣ муборак, устод!

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here