(матлабе иҷмолӣ)

Дар ҳамаи давру замон рӯшангари маънӣ, ҳадаф ва моҳияти зиндагии як зумра донишмандону фарҳангиёни сарсупурда буда ва ҳаст. Рӯшангарон, новобаста аз шароиту вазъият ва ҳассосиятҳои замон барои раҳонидани ҷомеа аз ҷаҳлу залолат ва торикию хушкандешӣ ва дар ниҳоят, ба қуллаи мурод раҳнамун сохтани мардум ҷаҳду талошҳои фаровон меварзанд. Таърихи гузашта ва муосири башарӣ шоҳиди мубориза ва муқовимати дурударози рӯшангарон алайҳи зулму истибдод ва хурофоту таассуб будааст. Ҳамеша муқовим будан дар баробари ҷаҳлу нодонӣ ва фош кардани нақшаву барномаҳои зиддиинсонии тоифаҳои манфиатхоҳ, ки ба тасаллути комил пайдо кардани хурофоту ҷаҳолат дар баданаҳои иҷтимоӣ манфиатдор ҳастанд, рӯшангарро минҳайси шахсияти фидокор дар ҷомеа муаррифӣ мекунад.

Дар муҳитҳои фикрӣ, сиёсӣ ва мадании тоҷикӣ дар замони Шӯравӣ рӯшангарии миллӣ дар симои устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Буринисо Бердиева, Акбар Турсон, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон зуҳур карда, ҷиҳати саводнок намудан ва бедор сохтани руҳи миллӣ ва интернатсионалӣ дар минтақа хидмати сазовор анҷом додаанд. Кори рӯшангарӣ дар замони Шӯравӣ, чӣ дар марокиз ва чӣ дар музофот мувофиқи талаботи замон ҷараён мегирифт. Китобхонаҳои давлатӣ ва дар баробари ин, китобхонаҳои сайёр дар хидмати мардум қарор гирифта, мардум ба китобу китобхонӣ, ки ҷавҳари бедории фикрӣ, фарҳангӣ ва адабӣ-бадеӣ маҳсуб меёбад, тамоюл пайдо намуданд ва ба таври тадриҷӣ фазо ва муҳити фарҳангӣ дар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ ва минҷумла қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ шакл гирифт.

Аммо пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ дар марказу музофотҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан фарҳангу маънавиёт, ки ба фаъолияти густурдаи рӯшангарӣ бастагӣ дорад, вазъи буҳрониро аз сар гузаронида, бар асари дарҳамбарҳамиҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ сатҳи бинишу фаҳмиши табақоти гуногуни иҷтимоӣ, махсусан мардуми деҳот пойин рафт. Ногуфта намонад, ки ин навъ буҳронҳо дар шароити феълӣ низ бо назардошти ташаннуҷи бархӯрдҳои тамаддунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ идома доранд ва насли ҷавонро чун оҳанрабо ба худ ҷазб месозанд. Бетарафӣ, саҳлангорӣ ва тавтеаталабии як зумра зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри бист мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, чуноне ки ҳамагон медонанд, хисороти зиёди молию ҷонӣ бар ҷой гузошт ва чархи таҳаввулу тараққии кишварро барои як муддат аз гардиш боздошт.

Хушбахтона, дар он вазъияти ноҷур, қатъи назар аз он ки вусъат ва шиддати буҳронҳо пайиҳам бофтҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангиро дар ҷомеаи пасошӯравӣ заиф мекарданд, рӯшангароне баномус дар минтақаҳои гуногуни кишвар ёфт шуданд, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи вусъати вазъи буҳронӣ ва танзими муносиботи мутақобила ва ҳасанаи миллию фаромиллӣ саъю талоши фаровон ба харҷ доданд. Маҳз хидмати беғаразонаи чунин шахсиятҳо вазъро дар манотиқи буҳронӣ муътадил сохт ва ба эҷоди тафоҳуми фарҳангӣ, сиёсӣ, миллӣ ва мардумӣ сабаб гардид. Рӯшангарии деҳотӣ дар шароити нав бо тақозои вазъият шакл гирифт ва рӯшанфикрони деҳот барои аз хатари ҷаҳлу нодонӣ ва таассуби динӣ, ки хашинтарин навъи андеша маҳсуб меёбад, раҳонидани мардум талошу кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Насли солманди рӯшангарони деҳотӣ тавонист, ки бо истифода аз иқтидор ва тавони фикрӣ. эҷодӣ ва фарҳангию ҳунарӣ дар таҳаввули андеша ва устувории ахлоқи ҷомеа саҳми муносиб бигирад.

Акнун, ки сухан ба мавзӯи рӯшангарии деҳотӣ иртибот гирифт, лозим медонем, ки аз шахсиятҳои рӯшангари музофотӣ, ки дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сукунат карда, дар рафъи буҳрон ва ҳалли оқилонаи муноқишоти қавмӣ, гуруҳӣ, миллӣ, этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, аз рӯйи тавон ва қудрати сиёсию фарҳангӣ ва эҷодиашон саҳми бориз гирифтааст, ном бубарем. Ин гуна шахсиятҳоро, ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар соҳаи маориф, фарҳанг ва санъати минтақавӣ хидмат кардаанд, мо дар симои собиқадорони рӯшангарии музофотӣ устодон Манзаршоҳ Сияр, Аҳтамшоҳ Авазӣ, Давлатёр Азизӣ, Раҳматулло Нидо, Маҳмадулло Зокир (ёдашон ба хайр),  Нидо Болта, Абдушукур Сафарзода, Холмаҳмад Сангов, Пирмуҳаммад Нурзода, Ёғибек Носир, Сайидҷон Абдуллов, Одина Шариф, Шукрулло Файзиев, Ҷӯрабек Носир, Зиёратшоҳи Маҳмадшоҳ, равоншодон Халил Ғоибу Шариф Бодаков (ёдашон ба хайр) ва дигарон дида метавонем (қаблан, аз наовардани исми дигар шахсиятҳои рӯшангари ноҳия, ки дар рушду тараққии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия саҳми бориз гирифтаанд, самимона узр мепурсам, зеро дар мақолаи иҷмолӣ он ҳама номҳои шарифро имкони зикрашон нест). Ин шахсиятҳои рӯшангар умри пурбаракати хешро сарфи маорифпарварӣ ва фарҳанггустарӣ дар деҳот кардаанд ва новобаста ба синну сол имрӯз ҳам дар масири рӯшангарии деҳотӣ ҷуръатмандона ҳаракат карда, барои дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани шууру тафаккури ҷомеа мекӯшанд.

Насли солманди рӯшангарони музофотӣ ҳанӯз аз замони ба ноҳияи Панҷ муҳоҷир шудан – аз нимаи дуюми солҳои 50 ва 60-и садаи бист ба самтҳои маориф, фарҳанг ва ҳунари минтақа ҷалб шуда, то имрӯз дар ин масири ифтихорманд ва миллатсоз устуворона гом мебардоранд. Шунидани суҳбати ширину гуворо ва зарифи гуруҳи рӯшангарони деҳотӣ шуълаи умед ба фардои некро дар дили мо фурӯзон мекунад. Аз суҳбатҳои самимию фарҳангие, ки тайи дидору мулоқот ва сафарҳои мутааддид бо як қатор рӯшангарони деҳотӣ, мисли муаллимони овозадори ноҳия Манзаршоҳ Сияр, Аҳтамшоҳ Аваз, Раҳматулло Нидо, Шариф Бодаков (ёдашон бахайр), Холмаҳмад Сангов, Ёғибек Носир, Сайидҷон Абдуллов, Шукрулло Файзиев, Ҷӯрабек Носир, Зиёратшоҳи Маҳмадшоҳ, ҳамчунин, ветеранҳои фарҳангу ҳунари музофотӣ устодон Абдушукур Сафарзода, Ёғибек Носир ва дигарон анҷом додаем, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки онҳо новобаста аз мушкилоти рӯзгор ва гирифториҳои рӯзмарраи зиндагӣ, бештари вақти худро ба ташкил намудани маҳфилҳои фарҳангӣ, гузаронидани суҳбату нишастҳои маданӣ, тамошои барномаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, адабӣ, мутолиаи китобҳои адабӣ-бадеӣ, илмӣ-таҳқиқӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо масраф намуда, бад-ин минвол, дар сохтани фазою муҳити фарҳангию маърифатӣ дар минтақа саҳми бориз гирифтаанд. Насли рӯшангарони деҳотие, ки, хушбахтона, дар қайди ҳаётанд (аз ҷумла, Нидо Болта, Абдушукур Сафарзода, Холмаҳмад Сангов, Пирмуҳаммад Нурзода, Ёғибек Носир, Сайидҷон Абдуллов, Одина Шариф, Шукрулло Файзиев, Ҷӯрабек Носир, Худоӣ Талбонов, Нуриддин Давлатов, Эмом Носиров, Нуралӣ Ёқубов) ҳамеша дар самти пайдо кардани иттилооти наву тоза, таҳкиму тақвият бахшидани донишу биниш ва билохира боло бурдани сатҳи маънавиёту фарҳанги ҷомеаи деҳотӣ саъю талош меварзанд. Ин насл, ҳанӯз бо шавқу завқи тамом майл ба китобхонӣ ва суҳбат дар атрофи масоили фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва ахлоқӣ доранд ва дар мубоҳисоту мунозироти адабию маданӣ аз илму мантиқ кор мегиранд. Ҳангоми дидору мулоқот бо намояндагони ин насли фарҳангӣ, ки бемуҳобо, метавон онҳоро ба унвони “насли рӯшангари музофотӣ” муаррифӣ кард, ончунон шефтаи гуфтору суҳбатҳои онон мешавем, ки заррае гузашти вақту замонро эҳсос намекунем ва муҳимтар аз ҳама, яъсу навмедиро канор зада, ба зиндагӣ дилгарм мешавем. Бо он ки мо дар пойтахт зиндагӣ мекунем, ба иттилоот ва адабиёти гуногунсоҳа дастрасии комил дорем, аз шароити мусоиди мутолеот ва фазои хуби таҳлилӣ бархӯрдорем, ҳангоми суҳбату баҳс дар назди ин пирони барнодил ва рӯшангарони деҳотӣ худро шарманда эҳсос менамоем.

Доштани биниши фалсафӣ ва илмӣ, ки имрӯз ҳатто дар доираҳои илмию фаннӣ ва фарҳангию ҳунарии ҷумҳурӣ камёб ва дефитсит шудааст, ба ин насли рӯшангари деҳотӣ имкон фароҳам овардааст, ки дар атрофи масоили ҷиддии зиндагӣ озодона ва мустақилона изҳори назар намоянд. Диди мустақил ба мушкилот ва масъалаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, идеологӣ, махсусан мубориза бар зидди хурофоту таассуби динӣ солмандони рӯшангари деҳотро ба чеҳраҳои калидӣ дар минтақа табдил кардааст. Синни аксари намояндагони насли рӯшангари музофотӣ ба ҷойе расида бошад ҳам, ҳангоми суҳбату гуфтугӯҳои маданӣ хастагиро эҳсос намекунанд ва баръакс, бештар талош меварзанд, ки тавассути пурсишу посухҳо масъалаҳои муҳим ва ҷиддиро матраҳ намоянд. Таҷдиди назар ба арзишҳо ва бо диди интиқодӣ нигаристан ба масъала ва матолиби таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ кори рӯшангарии минтақавиро таҳким бахшида, ин қабил шахсиятҳо бо шеваи андеша ва тафаккур дар миёни ҷомеа соҳиби нуфуз гардидаанд.

Тавре ки болотар тазаккур додем, ба солмандӣ нигоҳ накарда, насли рӯшангарони музофотӣ имрӯз ҳам бо ҷомеа ва дар паҳлуи насли ҷавон қарор дошта, бо муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ ҳамкорӣ карда, бо суҳбатҳои самимона, оқилона, муаддабона ва олимонаи худ дар тарбияи насли ҷавон ва миёнсоли ноҳия саҳм мегиранд.

Бовар кунед, ҳар бор, ки ба ноҳияи Панҷ барои аёдат ва дидорбинӣ меравам, аз вуҷуду ҳузури чунин шахсиятҳои маданӣ ифтихор мекунам. Дар шароите ки илму дониш ва маърифату фарҳанг як дараҷа ҷойро ба хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дода ва то ҷойе буҳрони одамгарӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳукмфармост, суҳбат бо ин қабил ашхос лаззатбахш ва хеле гуворост. Вуҷуд ва ҳузури шахсиятҳои номбурда дар зиндагӣ моро ба ояндаи неку дурахшони ин ватану ин миллат боварманд месозад. Дар ками андар кам марказҳо ва муҳитҳои иҷтимоӣ метавон чунин ашхосро пайдо кард, ки аз ватану миллат, илму дониш, фарҳангу ҳунар, фалсафаву ҷомеа, сиёсату мафкура сухан дар миён меоваранд ва мутолеа ва таҷрибаю мушоҳидаи амиқ доранд.

Воқеан, насли рӯшангарони деҳотӣ чеҳраҳои миллӣ-мардумиро бо тамоми мушаххасоташ дар худ таҷассум мекунанд. Суҳбат бо ин қабил шахсиятҳо дар ҳар  маврид, махсусан, дар масоили фарҳангӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва фалсафӣ ба кас ҳаловати маънавӣ, рӯҳӣ ва ҷуръату ҷасорати эҷодӣ мебахшад. Маҳз ҳамсуҳбатӣ бо ин пирони фарҳангу маънавиёти деҳотӣ моро водор ба навиштани ин матлаб кард. Гӯиё абёти бузургони  ирфони форсии тоҷикӣ:

Нахли хандон боғро хандон кунад,

Суҳбати мардон-т аз мардон кунад.

Ё:

Суҳбати марди Худо мардат кунад,

Суҳбат ҳар носазо сардат кунад.

Ин пирони маориф ва фарҳангу ҳунари миллӣ, агарчи як умр дар музофот сукунат кардаанд, ҳамеша дар фикри бомаърифат ва фарҳангӣ шудани ҷомеаи тоҷик буда, то имрӯз барои мутамоил шудани ҷомеа ба самти фарҳангу маърифат ҷаҳду талош меварзанд. Рӯшангарони деҳотӣ, ки мӯйи сиёҳашонро дар масири маориф ва фарҳангу ҳунар сафед кардаанд, хуб медонанд, ки танҳо паймудани ҷодаи маориф, фарҳангу ҳунари асили миллӣ мардумро ба суботу оромиши равонию ахлоқӣ, рушди эҷодию иҷтимоӣ ва билохира бедории фикрӣ мерасонад. Аз ҳама муҳим, ин тоифа зиндадил ва ошиқи фарҳангу ҳунаранд, ба оянда хушбин ва назари нек доранд. Дар маҳфилу нишастҳо ва дидорбиниҳо аз фарҳангу ҳунар ва илму адаб суҳбат мекунанд, ба масоили доғи рӯз – густариш ёфтани хурофоту таассуб дар ҷомеа; гироиши ҷавонон ба афкори бегона; ба омӯзиши осори бузургони Шарқу Ғарб кам таваҷҷуҳ кардани насли ҷавон; аз байн рафтани нишастҳои фарҳангӣ ва базмҳои шеъру суруд ва камранг шудани фазои фарҳангию ҳунарӣ таваққуф мекунанд. Воқеан, ҳассосиятҳои замон, бархӯрдҳои тунди сиёсию тамаддунӣ дар ҷаҳон, бетаваҷҷуҳӣ ба мероси куҳан ва гаронмояи бостон, саҳлангорӣ дар омӯзиши илму маърифати даврон, бетарафӣ дар ростои шинохти истиқлоли  фикрию эҷодии инсон, нуфузи ҷаҳлу таассуб дар маҳаллу макон ва ояндаи насли наврасу ҷавон рӯшангарони музофотиро нигарон месозад ва бо истифода аз имконоти фикрию эҷодӣ ва фарҳангию маданӣ дар таҳкими раванди дунёмадорӣ ва ҳувиятсозии миллӣ саҳм муносиб гирифта, аз ин тариқ рисолати рӯшангариро масъулиятмандона иҷро мекунанд.

Дониш, маърифат, таҷриба ва фаъолияти чунин шахсиятҳо, ки як умр дар хидмати маориф ва фарҳангу ҳунар будаанд, сахт омӯзанда аст. Ҳузури ин ашхос, ки кори рӯшангарии деҳотиро пайгирона идома медиҳанд, умри фарҳангсолорӣ ва давлатдории миллиро дароз мекунад. Ҷомеа ҳамеша ба чунин шахсон ниёз дорад, чаро ки маҳз инҳо бо назар ва амали худ устувории андеша, дид ва биниши бози миллию инсониро дар муҳитҳои бастаи иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд.

То замоне ки ин пирони рӯзгордидаи деҳотӣ нафас мекашанд, ҳарф мезананд ва дар мубориза алайҳи ҷаҳолату хурофот қад алам мекунанд, ба ҷомеаи музофотӣ хатаре таҳдид намекунад. Зеро ки андеша, назар, дид, биниш, фазилат, фаросат, фикрат ва тавони фикрӣ, эҷодӣ ва фарҳангию ҳунарии эшон ҳамчун сипаре дар баробари нодонӣ, бехирадӣ, авомфиребӣ, вопасгаройӣ, найрангбозӣ, тавтеасозӣ ва хурофазадагӣ, ки аз ҷониби созмону гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ ба таври сунъӣ тавсеа дода мешаванд, қарор гирифта, ҷилави бадандешӣ ва ҷаҳолатписандиро мегирад. Пирони рӯшангари деҳотӣ барои ҳар як уфту навоқиси ҷомеа ғам мехӯранд ва барои рафъи мушкил ва камбуди иҷтимоӣ худро ҷавобгар ва муваззаф медонанд. Бошад, ки масъулиятписандӣ ва рисолатмандии насли рӯшангари деҳотӣ ба наслҳои дигар сироят кунад ва аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, ояндаи дурахшони кишварро таъмин намояд.

Хушбахтона, насли ҷавон ва миёнсоли ноҳияи Панҷ дар симои Мирзодавлат Нидозода, Фозилҷон Нурзода ва дигарон кори пирони рӯшангарро ҳадафмандона идома медиҳанд. Дар ин роҳи мушкилписанд, вале ифтихорӣ барои насли рӯшангари деҳотӣ, ки бар пояи илму дониш ва фарҳангу ҳунар бо мушкилоти фикрӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ ва фарҳангӣ бархӯрд карда, роҳҳалҳое ҷустуҷӯ ва манзури ҷомеа карда, бад-ин васила, сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро боло мебардоранд, умри дароз, сиҳатию саломатӣ ва ҷуръату ҷасорати илмӣ ва маданӣ таманно менамоем. Ба ин маънӣ:

Илму ҳунар ба қудрати гуфту шунуду дид,

Дунёи дигар – олами эҷод офарид,

Ҷаҳл арчи пардаи дили шарму ҳаё дарид,

Асри хирад, замонаи рӯшангарӣ расид,

Аз бими нуру рӯшанӣ зулмоти шаб рамид,

Торикӣ раҳ бурид, Хуршед вораҳид,

Субҳи Ватан дамид!

Нозим НУРЗОДА, муҳаққиқ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь