Робитаҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва дар ҷаҳони муосир торафт таҳким меёбанд. Ҳамкории зичи ду кишвар аз доираи иқтисодиёту сиёсат берун рафта, соҳаи гуманитариро бо таваҷҷуҳи махсус ба фарҳанг, санъат ва маориф фаро мегирад.

Фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Соли 2025 Русия боз ба макони баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт – ин як чорабинии васеъмиқёсест, ки ба таҳкими равобити фарҳангии байни халқҳоямон равона карда шудааст. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузории чорабиниҳоеро, ки барои меҳмонон гуногунрангии санъат, анъанаҳо ва мероси миллии тоҷиконро ифшо мекунанд, тасдиқ кард.

Дар барнома гала-консертҳо бо мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ, намоишгоҳи ҳунармандону рассомон, намоишҳои театрӣ ва намоиши филмҳо пешбинӣ шудаанд. Ин чорабиниҳо на танҳо барои шиносоӣ бо фарҳанги Тоҷикистон заруранд, балки як рамзи ҳамкории дӯстонаи чандинсолаи байни кишварҳо хоҳанд гардид. Тоҷикистон инчунин нақша дорад дар фестивали “Наврӯз” дар Русия ширкат варзад ва ҳамзамон намояндагони Русия низ ба чорабиниҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, даъват шудаанд.

Директори Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон Олга Ладигина ин ташаббусҳоро ҷонибдорӣ мекунад: “Робитаҳои наздики фарҳангӣ байни Русия ва Тоҷикистон тӯли садсолаҳо густариш ёфта, ин таваҷҷӯҳ имрӯз низ боқӣ мондааст. Ҳамасола дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва дар доираи ин чорабинӣ мусиқӣ, рақс, наққошӣ ва адабиёти мо намоиш дода мешавад. Ҷавобан ба ин дар Тоҷикистон чорабиниҳо бахшида ба фарҳанги рус гузаронида мешаванд.

“Фарҳанг – ин на танҳо назария, балки амалия низ ҳаст. Маҳз барои ҳамин мо пайваста ба мавзеъҳои фарҳангиву таърихии Тоҷикистон экспедитсияҳо ташкил мекунем. Мутмаинам, ки ҳисси ватандӯстӣ на аз китоб, балки тавассути таассуроти шахсӣ ташаккул меёбад. Вақте донишҷӯён ёдгориҳои таърихии харобшударо мебинанд, онҳо арзиши ин ёдгориҳо ва муҳим будани нигоҳ доштани онҳоро дарк мекунанд”, – мегӯяд Олга Ладигина, директори Институти  илмӣтадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон.

Ғайр аз ин, ба ҷумҳурии мо мунтазам иштирокчиёни барномаи байналмилалии волонтёрии “Сафирони забони русӣ” ташриф меоранд. Донишҷӯёни рус тавассути адабиёт ва мусиқӣ ҷавонони Тоҷикистонро бо фарҳанги рус ошно карда, худашон низ вориди анъанаҳои тоҷикӣ мешаванд: дар дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳо ва рақсҳои мардумӣ иштирок карда, бо мавзеъҳои фарҳангӣ шинос мешаванд.

Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мунтазам фестивалҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ, намоишҳои театрӣ ва конфронсҳои илмӣ бахшида ба масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ баргузор карда мешаванд. Яке аз кинофестивалҳои мо ба Василий Кузин, ки дар саргаҳи соҳаи синамо ва филмҳои ҳуҷҷатии тоҷик истода буд, бахшида шудааст. Дар доираи барномаҳои тадқиқотии худ мо ба омӯзиши консепсияҳои этнофарҳангӣ, арзишҳои анъанавӣ ва таҳаммулпазирии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса медиҳем. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон тадқиқотҳоро дар соҳаи этнофарҳангшиносӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ фаъолона инкишоф медиҳад.

Мо инчунин, бозиҳои маърифатӣ баргузор мекунем, ки ба рушди фаҳмиши байнифарҳангӣ нигаронида шудаанд. Масалан, хангоми сафар ба Искандаркӯл мо бозии тиҷоратии “Муколамаи (гуфтугӯи) фарҳангҳо”-ро ташкил кардем, ки дар он донишчуён бояд тавассути ташкили муколамаи созанда дарк кардани фарҳанги бегонаро ёд гиранд. Ин як таҷрибаи бениҳоят муҳимест, ки ба ҷавонон на танҳо дар таҳсил, балки дар зиндагӣ низ кӯмак мекунад”.

Табодули фарҳангӣ ҳеч гоҳ қатъ намешавад. Моҳи августи соли 2024 Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии синамои Lendoc (LEFF) дар Санкт-Петербург ширкат варзид. Дар бахши “Озмуни филмҳои бозӣ” филми Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо номи “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат” аз коргардон Манзаралӣ Шералӣ муаррифӣ карда шуд. Дар доираи барномаи Рӯзҳои синамои кишварҳои ИДМ боз ду филми тоҷикӣ намоиш дода шуд: “Сайди охирини шикорчӣ” аз коргардон Исмоил Муҳаммадрабӣ аз рӯи романи Аброри Зоҳир ва “Оинаи беҷило”-и коргардон Носир Саидов.

LEFF – ин як ҷашнвораи байналмилалии синамо аст, ки аз ҷониби Студияи кушодаи “Лендок” бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия, Хазинаи президентии ташаббусҳои фарҳангӣ ва Кумитаи фарҳанги Санкт-Петербург баргузор карда мешавад. Фестивал барои намоиши филмҳои кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Русия майдони муносиб фароҳам оварда, ҳамчунин ба эҷоди лоиҳаҳои муштараки синамо мусоидат мекунад.

Илова бар ин, соли гузашта Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковскийи Тоҷикистон дар Фестивали XXVI театрҳои русии “Вохӯриҳо дар Русия”, ки ба 225-солагии зодрӯзи А.С. Пушкин бахшида шуда буд, намоишномаи “Тартюф”-ро пешкаши тамошобинон намуд. Ҷашнвора аз 3 то 9-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардида, ҳунарпешагони театрҳои русии ҳашт кишвар – Абхозистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро гирди ҳам овард.

Намоишномаи “Тартюф” аз рӯи пйесаи ҳамноми Я.Б. Молер аз ҷониби, режиссёр Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта шудааст. Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Додоева ва Фирӯза Раҳмонова, инчунин ҳунарпешагон Дмитрий Мурзинов, Мавлона Наҷмиддинова, Хуршед Мустафоев ва Марина Ярмолик иҷро кардаанд. Намоишнома бо муваффақият гузашт ва тамошобинон онро хеле гарму ҷӯшон қабул карданд. Фестивали “Вохӯриҳо дар Русия” ҳар сол театрҳои русии кишварҳои гуногунро гирд оварда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва нигоҳ доштани санъати театрии рус дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2025 байни Думаи давлатии Федератсияи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон созишнома дар бораи шартҳои сохтмон ва фаъолияти Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Тибқи ин санад, ки 18-уми декабри соли 2023 имзо шуда буд, Русия уҳдадор аст, ки бинои нави театрро (барои 500 нафар тамошобин) сохта, онро бо таҷҳизоти моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонида, ба истифода диҳад. Бо ин мақсад аз буҷаи федералии Русия 3,5 миллиард рубл ихтисос дода шудааст.

Барои роҳбарии театр як шахси ҳуқуқии нав таъсис дода мешавад ва муассисони он намояндагони вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон мебошанд. Роҳбари бадеӣ ва ҷонишини директор оид ба масъалаҳои молиявӣ, инчунин сиёсати репертуарии театр ба таври муштарак муайян карда мешаванд.

Чорабиниҳо дар Тоҷикистон

Мардуми Тоҷикистон бо фарҳанги рус шинос мешаванд. Моҳи октябри соли 2024 дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия баргузор гардиданд, ки ба муносибати Ҷоизаи II миллии синамои «Тоҷи Сомон» бахшида шуда буданд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси “РОСКИНО” ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ташкил гардида, аз 16 то 18-уми октябр дар кинотеатрҳои “Наврӯз” ва “Кайҳон”-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар байни меҳмонон намояндагони Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография, ходимони соҳаи синамо аз Белоруссия, Хиндустон, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин дипломатхо ва сокинони шаҳри Душанбе буданд.

Соли 2016 бинои кӯҳнаи Театри драмавии русии ба номи В Маяковскийро тахриб карданд, ки ин боиси эътирози васеи аҳли ҷомеа гардид. Барои сохтмони бинои нав як гектар замин дар кӯчаи Маяковский ҷудо карда шуд, ки ин аз кӯшиш барои таҳким додани равобити фарҳангии Русия ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

21-уми декабри соли 2024 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи хайриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар кишвар тасдиқ шудаанд, ширкат варзиданд. Дар стенди Сафорати Русия ва намояндагии Россотрудничество таомҳои суннатии русӣ, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ороишоти солинавӣ, аз ҷумла ороишоти арча ва хонаҳои кулчақандин ба намоиш гузошта шуданд. Тамоми маблағи аз фурӯши ин нигораҳо бадастомада, барои дастгирии лоиҳаҳои хайриявӣ, расонидани кӯмак ба ниёзмандон сарф карда шуд.

Имсол дар Хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд  бахшида ба 81-солагии озодкунии Ленинград аз муҳосираи фашистӣ (27 январи соли 1944) намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Ленинград. Тантанаи руҳ” ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳи аз ҷониби Осорхонаи Ғалаба ва Осорхона-мамнӯъгоҳи “Рахнаи муҳосираи Ленинград” пешниҳодшуда ба қаҳрамонӣ ва матонати сокинони шаҳри муҳосирашуда, ки бо вуҷуди дар шароити ғайриинсонӣ зиндагӣ карданашон, майлу рағбати худро ба  донишу санъат нигоҳ доштанд, бахшида шудааст. Махсусан ба нақши маориф ва фарҳанг дар он солҳо таваҷҷӯҳ дода мешавад: мактабҳо, ки зери тиру туфанг ва дар шароити гуруснагӣ фаъолияти худро давом медоданд, театру филармонияҳо барои давом додани зиндагӣ ба мардум илҳом мебахшиданд. Ҳамчун мисоли равшан симфонияи ҳафтуми (“Ленинград”)-и Дмитрий Шостаковичро метавон ном бурд, ки суруди миллии (гимни) шаҳри муҳосирашуда гардид.

Ифтитоҳи ин намоишгоҳ ба як қатор чорабиниҳои ватандӯстона, аз ҷумла дарсҳои мардонагӣ, кинолексияҳо, конференсияҳо, озмунҳои расмҳои бачагона ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ оғоз бахшид. Ин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Бӯстон ва ҳамчунин дар ноҳияҳои Спитамену Ашти вилояти Суғд ҷараён доранд. Дар доираи ин маъракаҳо мактаббачагон ва донишҷӯён бо таърихи муҳосираи Ленинград шинос гардида, дар бораи қаҳрамонии сокинон ва муҳофизони ин шаҳр, инчунин дар бораи саҳми мардуми тоҷик дар мудофиаи шаҳр  маълумот пайдо мекунанд. Махсусан ба саргузашти бародарон Баҳриддин ва Зайниддин Осимовҳо, зодагони шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), ки дар ҷабҳаи Ленинград ҷангида буданд, таваҷҷӯҳ карда мешавад.

Соли 2024 дар доираи чорабинии Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе се филми нави русӣ ӣа таври ройгон пешкаши тамошобинон гардид: “Мазҳакаи фарҳангӣ”-и коргардон Владимир Котт, “Рафта” аз коргардон Антон Маслов ва “Ман қадам мегузорам” аз коргардон Олга Акатева.

Олга Ладигина кайд мекунад: “Ман боварӣ дорам, ки маҳз фарҳанг дар таҳкими робитаҳои байналхалқӣ нақши калидӣ мебозад. Табодули арзишҳо ба дарки якдигар мусоидат мекунад. Ва маҳз дар ҳамин замина метавонем ҳама гуна зиддиятҳоро бартараф кунем. Ҳамкориҳои фарҳангии мамлакатҳо на танҳо ба ташаккули эътимод байни халқҳо, балки ба таҳкими ташаббусҳои сулҳҷӯёна низ мусоидат мекунад. Ва агар ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсиро бо чунин лоиҳаҳои фарҳангӣ тақвият надиҳем, пас ихтилофҳо ногузиранд. Маҳз фарҳанг асоси рушди ҳамкориҳои устувор мебошад ва ҳамчун пули (кӯпруки) боэътимодтарин барои робитаи халқҳо хизмат мекунад, аз ин рӯ аҳамияти онро аз будаш зиёд қадр кардан номумкин аст. Ба шарофати табодули фарҳангӣ мо на танҳо ҳамдигарро ғанӣ мегардонем, балки имкони дарки нуқтаи назари якдигар, созиш кардан ва ташкили муколамаи созандаро пайдо мекунем. Дар ниҳоят, маҳз фарҳанг  ба мо дар бунёди зиндагии осоишта  кӯмак мекунад.”

Таърихи ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон собит мекунад, ки санъат ва анъанаҳо воситаи ягона барои муттаҳидкунии мардум ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошанд. Дар пеш моро чорабиниҳо, фестивалҳо ва ташаббусҳои нав интизоранд, ки минбаъд низ ба таҳкими робитаҳо мусоидат карда, ба ҳамкориҳои оянда замина хоҳанд гузошт.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь