Албатта, ҳунар баҳри бекаронеро мемонад ва муҳол аст, ки аз диданаш, донистанаш ва омухтанаш шахс қаноат бикунаду ҳам фарогир шуда битавонад. Раҳнаварди роҳи ҳунар мехоҳад дар баҳри ҳунар ғӯтавар гардад ва онро саропо омузад, вале ин як ҷиҳат осон нест ва ҷониби дигар ғайри имкон аст, зеро санъат мисли як дарахти пурзуру тавоное тасвир гаштааст, ки шохаҳояш пур аз печу тоби худро дорад.
Театрро насли мо маснӯӣ мепиндоранду лаҳзае дур аз ҳаёти вақеӣ мегуморанд, вале ин билкул ғалат аст, зеро ҳаёти саҳнавӣ чун аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчбастанро мемонад ва ин маънои дур будан аз зиндагиро надорад. Ба мисоли дигар, образу хислатҳои худро дар рӯи саҳнаи театр дидан ва дар худ фурӯ рафтану айбу иллатҳои худро ислоҳ намуданро театр ба одамиён меомузад.
Вақте вориди саҳнаи театр мешавӣ тасаввур мекунӣ, ки гӯё дар дунёи афсонаҳои тифлиат буда бошӣ: аз як тараф рушноӣ, зебоӣ, нафосату назокат, меҳру муҳаббат, аз тарафи дигар торикӣ, исён, ҷанг, ошуб, нағмаю бозии ҳунармандон андаруни қалби кӯчакат таҳаввулоте аҷиберо бунёд мекунанд. Ба дунёи афсонаҳо ғӯта мезанӣ ва мегуморӣ, ки мисли ҷисми беҷон шудаӣ, ки ҳунармандон бо нақши муассири хеш вуҷуди туро ба ҷунбиш меоваранд. Гӯё ту як китобе ҳастӣ, ки варақгардон мешавӣ. Ҳамроҳашон ранҷ мебариву ғам мехурӣ, механдиву меҷангӣ ва дар ниҳоят аз ҳамаи дидаву шунидаат панди рӯзгор мегирӣ. Ана, ин аст саҳнаи театр.
Театрро санъаткорони бузурги олам бо андешаҳои малакутии худ шинохтаву маънидод намудаанд. Чунончи, бунёдгузор ва коргардони бузурги рус К. С. Станиславский дар бобати театр фармудааст: «Театр макони орзуву хурсандӣ, роҳбару мураббия ва тарбиятгар мебошад». Ҳамзамон, ҳунамарди бузург В.Г.Белинский зикр доштааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти даврони мост».Дар пиндошти Ш. Абдулқайсов: «Театр рабояндаи нафси бад асту атокунандаи сабру тавозуъ; нафрат ва худнамоӣ дораду қаноат ва хоксорӣ».
Он саҳнаву намоишҳоеро, ки аз тарафи коргардонҳо бо ҳамкории актёрон ба саҳна мегузошта мешаванд, маънию тобишҳои ба худ хос доранд ва ҳар як мавзуъ, ки рӯйи саҳна меояд моҳияти вижаи худро дорад. Масалан, корнамоиҳои бузурги Эдип, Гамлет, Отелло, Суҳроб, Рустам шоёни таҳсин ҳастанд. Намоишҳо дар саҳна аз рӯйи се жанр гузошта мешаванд: Драмма, Мазҳака, Фоҷеа.
Чи тавре ки медонем, кӯдакон намоишро дар жанри мазҳака меписанданд. Чунки ҳар як мавзуъ ба худ психология хосеро доро буда, кӯдакон ва наврасонро даъват ба шинохти мавзуъи худ менамояд. Аз ин рӯ, бояд намоиш аз рӯйи психикаи кӯдак ва аз рӯйи синну сол ба саҳна гузошта мешавад.
Театр аз давроҳои қадим пайдо шуда, то замони мо омада расидааст, ки албатта, гаҳворааш Юнону Миср ва Рим мебошад. Дар давраҳои пеш ҳунармондон як майдончаеро интихоб карда, дар он ҷо ба мардум намоиш пешниҳод менамуданд. Баъдан оҳиста-оҳиста бо гузашти солҳо театрҳо бунёд шудан гирифтанд.
Аввалин театри касбии тоҷик соли 1927 таъсис дода шуда буд, ки унвони даста кружоки мусиқӣ-драммавӣ ном дошт. Ду сол қабл, яъне 7-уми ноябри соли 1929 дар замимаи ин дастаи хурди ҳунарӣ Театри академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ташкил ёфт, ки то ҳол фаъолият менамояд ва бунёдгузорони театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов, Маҳмудҷон Воҳидов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ато Муҳаммадҷонов, Туҳфа Фозилова, Асли Бурҳонов, Ҳошим Гадо, Марям Исоева, Сайрам Исоева, Раҷабгул Қосимова, Убайдулло Раҷабов, Фаррух Қосимов ва амсоли ин гуна шахсиятҳо маҳсуб меёбанд.
Банда дар Театри академии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ як намоишеро бо номи “Ишқи ватан” тамошо кардам. Нақши марказиро Насриддин Асадуллоев хеле хуб бозӣ намуд. Мақсади олии ин намоиш дар вуҷуди ҳар як шахс бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат, самимият, садоқатмандӣ нисбат ба модару ватани хеш мебошад. Ҳодисаҳоҳои дар намоиш мегузашта, хеле муассир кунанд буд, яъне, шоири маҳбуб ва ғӯрамагамон Ҳабиб Юсуфиро ба ҷанг мебаранд. Ӯ дар он ҷо бо духтаре бо номи Оля ошиқ мешавад. Ӯро размандагонаш ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Онҳо дар он ҷо омода буданд, ки душманро мағлуб намоянд. Ҳодисаи асосии ин намоиш ин буд, ки шабе ба хоби Ҳ. Юсуфӣ модараш медарояд. Модараш ба ӯ чизе гуфтани мешавад, ки Юсуфӣ аз садои рафиқонаш бедор мешавад, ки дар ҳамин ҳолат ногоҳ ҳуҷуми душман то ба даруни утоқи онҳо мерасад, ки дар ин ҳангоми ҳарбу зарби аскарон тири душман ба қалби Юсуфӣ мерасад. Бо ҳамин қалби пур аз эхсоси меҳри модару дӯстдоштааш Юсуфӣ дунёи фониро падруд мегӯяд. Саҳна торик мешавад, баъд аз чанд лаҳза Ҳабибро бо ду малак дар тан либоси сафед, ки Ҳабиб шеъри “Ватан”-и худро маҳзунона қироат карда, аз байни мардумон гузашта меравад ва ин роҳаш роҳи охират буду дигар ҳеч гоҳе барнамегардад.
Образи қаҳрамон бисёр хуб офариду шуд-инсони хоксор, пурҳикмат, меҳрубон, ботамкин, олиҳиммат, хушрафтор акс ёфтааст.
Мадина МЕЛИКОВА,
Донишҷӯи бахши якуми ДДФСТ