Мегӯянд, ки бо фарзанди падар руҳ як асту ҷисм ҷудо. Ҳарчанд, ёздаҳ сол сипарӣ гаштааст, он рӯзи шумро фаромуш карда наметавонам. Баҳманмоҳ- 8-уми феврал падарамро бурд. Марги волидайн меросӣ мегӯянд, тоқат кардам… ва боз 8-уми феврал омаду бародарамро аз мо рабуд. Бародаре, ки аз кӯдакӣ пушту паноҳу ҳимоятгарам буд, бародаре, ки ору номус дошт, нотарс буд!
Дар бораи ҳунари Олим Бобоев хеле гуфтаанду навиштаанд. Як хофизи ӯзбекистонӣ Раҳматҷон Қурбонов гуфтааст, ки овозе, ки Олимҷон дорад, мумкин қавитар аз овози Борбад бошад. Ҳайфу сад дареғи он овоз.
Аз саҳнаҳо ӯро меҷӯям, саҳнаҳо холист, ба кӯчаҳо менигарам, кӯчаҳо холист…Ба худ гуфтам, дигар ёд намекунам ва дар кӯча қадамзанон рафтам, дарвозаи касеро дидам, рақамаш 58, гуфтам, таваллуди аком будааст. Роҳравон аз тарабхонаву мошинҳо, ҳатто аз телефони рохгузарҳо овозашон меомад. Гуфтам, ки ёди кӯдакӣ нақш бар санг будаасту зудуда намегаштааст. Магар мешавад, дигар ёд накард!?
Зиндагиро дӯст медоштанд, шабзиндадорию китобхониро дӯст медоштанд. Хонаашон пури китоб буду ҳамаашро мехонданд, китобҳои хонаи маро ҳам хонда шуда буданд. Хотираи қавӣ доштанд, оятҳои Қуръонро азёд мегуфтанд ва саҳифаашро хам медонистанд. Ин таъриф нест, ин ҳақиқат аст.
Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман,
Расад бар гӯши арвоҳи ту алҳамду дуои ман.
Ту хомӯшӣ қатори рафтагони хоки хомӯшон.
Вале дар ҷони ман ҳастӣ, ҳамеша ҳамсадои ман…
Ҳар гоҳ дилтанг мешавам, сари қабрашон меоям, бо хок гуфтугӯ мекунам ва хотираҳо пеши назар меоянд.
Боре сукут карда, нишаста будам, ногоҳ Диловар, писари абарустод Лоиқ Шералӣ ба зиёраташон омаданд. Пас аз дуою фотиҳа, аз хотираҳояшон нақл карданд:
Рӯзе аз устод Лоиқ пурсидаанд, ки чӣ мешавад, ки дар охири суруди “Гули ман” ба ҷои “арӯси хушқади чилкокули ман” “арӯси хушқади бекокули ман” хонам? Устод бо табассум гуфтаанд:
– Олимҷон, барои Шумо ҳама чиз мумкин, хоҳед “арӯси кал” гуфта, хонед.
Чӣ ёдҳои пурдарду ширин, чӣ лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда.
Бо хумори кӯдакиҳоям дилам гум мезанад,
Накҳати гулҳои хушбӯйи баҳори ман куҷост?
Муҳити кӯдакии мо лаболаби ҳунару санъат буд. Ёд дорам ҳофизи машҳури замон, амаки Темури Ҷалолро. Он кас омада, бо падарам якҷоя суруд тайёр мекарданд ва ману акоям онҳоро гӯш мекардем. Азбаски ҳусни хати ман зебо буд, хоҳиш мекарданд, то матни сурудеро барояшон нависам. Ҳар боре ба хонаамон оянд, барои мо ширинию донаи офтобпараст меоварданд. Дасти росташон чор ангушт надошт, ки онро дар ҷанги немис гум карда буданд. Вақте бароям чизе доданӣ мешуданд, ман мегуфтам, “ба ман бо дигар дастатон дихед, ин дастатон кам мебарад”. Хуб механдиданд.
Ҳар вақт бо бародари зиндаёдам ин гузаштагонро ёд мекардем. Ҳеч боварам намеояд, ки худашон ҳам зуд тарки ману ин дунё мекунанд.
Боз баҳманмоҳ мерасад, ёду хотираҳои пурғаму ғусса боз қалбамро мефишоранд. Аммо ” ҷуз дуо дигар чӣ ояд, аз ману сомони ман?”. Худро таскин медиҳам, ки марг поёни ҳунар нест. Бародари ман бо ҳунари худ дар дилу дидаҳои мардум то дерҳо зинда хоҳанд буд.
Офтобам зери хоку ин мани хунинҷигар,
Хок бар сар мекунам, то офтоб ояд маро.
ДИДОР ДАР ҚИЁМАТ, БАРОДАРИ ҲУНАРМАНДИ ПУРАРМОНУ БАОРУ НОМУСАМ!
Дилбар Бобоева