Рисолати театр дар ҳар давру замон аз тарғиби ахлоқи ҳамида, некию нексириштӣ дар ниҳоди насли одамӣ буд, ҳаст ва мемонад. Воқеан, театр мактаби бузург аст, ки дар он инсон тарбия меёбад ва ба камол мерасад. Санъати театрӣ ба одамон таъсири мусбат расонида, барои ташаккули афкори маънавии онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Театр аз ҷиҳати таъсиррасонӣ дар байни ҳамаи намудҳои санъат, пурқудраттарин ва бузургтарин санъат аст, ки намоишномаҳои театри ҷаҳон ин андешаро ба субут мерасонад. Агар мо ба таърих назар афканем мебинем, ки дуним ҳазор сол пеш дар Юнони қадим дар се рӯзи Диониси Бузург, ки аз саҳар то бегоҳ чаҳор намоиш нишон дода мешуд, маҳбусонро муваққатан аз зиндон озод менамуданд. Ин ба хотири он буд, ки маҳбусон дигар гуноҳ содир накунанду роҳи дурусти зиндагиро дарёбанд. Намоишномаҳои онҳо фоҷиавӣ ва драмавӣ буданд, ки ҷавононро ба роҳи ростӣ, инсонпарварӣ, меҳандӯстӣ, меҳнатпарастӣ ва дӯстӣ ҳидоят намуда, ишқи покро низ тараннум мекард. Аз ин лиҳоз, юнониҳо чунин ақида доштанд, ки театр гунаҳкорон беҳтарин мактаб буда. Як навъ равзанаи хос ба рӯи инсон низ мебошад. Агар мо ба намоишномаҳои ба саҳна гузошта, бо диққат назар афканем, театрро хизматгорӣ ҷомеа, ташфиқоткунандаи расму қоидаҳо мебинем, ки тавассути ғояи баланди намоишҳо, фикрҳои солимона ва санҷидашударо ифода менамояд. Театршиноси тоҷик Низом Нурҷонов дар китоби худ чунин овардааст:- «Коргардон аз ҳунарпеша на тарзи бозӣ намудани нақш, балки тавлид ёфтани он ба мағзаш ворид гардидани ӯро бояд талаб намояд». Бале дуруст аст, агар театр дорои санъати ҳақиқӣ бошад, таъсирнокиаш ба тамошобин муассиртар мешавад. Аз ин рӯ, арбобони бузурги олами бадеӣ на танҳо чунин санъатро писандидаанд, ки он танҳо ба мақсади тарбияи халқ, аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ гардондани омма мусоидат менамояд.
Л.Н. Толстой гуфта аст: -«Тавассути санъат таҳаввулоти эҳсос ба вуҷуд меояд, ки он ҳиссиёти пасттар, ногувор ва камманфиатро аз байн бурда, барои хайрияти мардум неъматҳои накутар, заруртарро фароҳам меоварад. Вазифаи санъат дар ҳамин аст». Дар ҳақиқат дуруст аст, бо тавассути санъат таҳавуллоти эҳсос ба вуҷуд меояд, ки қудрати театрро барои тозашавии инсон аз қабоҳату разолат, ба хиёнати гирду атроф ҳамчун василаи бузург бояд истифода бурд.
Яке аз бузургтарин коргардони ҷаҳон, асосгузори театри реалистии рус К. С. Станиславский мегӯяд: «Ба театр барои дилхуши меоянд, аммо аз он ҷо бо дониши ғанӣ, ё худ ба масъалаҳои матраҳшуда, ки ҳар шахс кӯшиш дорад, онҳоро шарҳ диҳад… берун меояд». Бале, ин гуфтаҳои донишмандӣ театри рус дуруст аст. Бояд театрро барои ғанӣ гардондани дониш ва баланд бардоштани шуурнокӣ истифода намуд.
Бинобар ин, санъати театри имрӯз бояд дар сатҳи баланди камолот бошад, то ки ба одамон олами навро кушода, таъсир расонда тавонад. Ӯ сазовори театри ҳақиқатан бадеӣ, бағоят самимӣ, боварибахш бошад, ки дар дил нақше гузошта тавонад. Низом Нурҷонов дар китоби «Хоҷиқул Раҳматуллоев» қайд кардааст: «Ҳокимяти Шӯравӣ ба мавзӯи муосир аҳмияти ҷиддӣ медод, зеро ба воситаи он идеологияи худро амалӣ мекард. Бинобар он, ба саҳна гузоштани асарҳои ҳозира замон ҳамеша ташвиқу тарғиб мешуданд ва аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ меёфтанд. Асарҳои ба ин масъала бахшида шуда, зери назорати сахт низ буданд».
Оре, театр бояд ба мавзӯъҳои муосир аҳмияти ҷиддӣ диҳад, ки он мавзӯъҳо ба дарди замона мутобиқ бошад ватаъсир расонда тавонанд. Солҳои пеш театр асарҳои ҷолибро интихоб намуда, ба саҳна мегузошту идеологияи худро ташвиқот мекард. Асарҳои гузошта шуда, масъалаҳои мубрами зиндагии ҳамон давр, масъалаҳои тарбияи ҷавонон, одобу рафтор, тарзи либоспӯшию самимигуфторӣ, ба ришвахӯрӣ даст задан, дурӯғ гуфтанро дар бар мегирифт, ки ин ба калонсолон, ҷавонон таъсири мусбат мерасонду аз рафторҳои ношоиста боз медошт. Асарҳое ба саҳна гузошта мешуданд, ки меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон, сулҳу осоиштагӣ, ахлоқи ҳамида бо идеяи баланд, бо таҳлили хуби коргардонӣ ба саҳна гузошта мешуд, ки тамошобин аз ҳунари ҳунармандони театр ғизои маънавӣ бардошт мекарданду боз хоҳиши тамошо кардани намоишҳои нав мешуданд. Системаи К. С. Станиславскийро моҳирона коркард мекарданд. Коргардонҳо болои намоиши ба саҳна мегузоштаашон рӯзу шаб пайваста ҳар як образро таҳлил менамуданду ҳунарпешагон болои нақши худ кор мекарданд, доимо дар ҷустуҷӯи пурра намудани каҳрамони намоишашон мешуданд. Ҳамон солҳо коргардонҳои театр, ҳунарпешагон масъулиятро дарк мекарданд, ки намоишҳои хуб рӯи саҳна меомад. Дар театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишҳое, ки аз ҷиҳати маънавиву ҳунарӣ баланд буданд: «Отелло», «Хизматгори ду хоҷа», «Садо аз тобут», «Алломаи Адҳам ва дигарон…», «Тағои Ваня», «Эзоп», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Ҳамлет», «Гуфтугӯ бо худ» дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаҳои «Васса Железнова», «Муаллими рақс», «Ситораи раҳнамо», «Модар», «Умед», «Таронаи ишқ», “Эҳтирози 17- нафар”. Дар ҳамон солҳо хоҳиши чавонон ва калонсолон ба театр хеле зиёд буд. Намоишҳои навро устодони макотиби олӣ, донишҷӯён,омӯзгорон ва хонандагони таҳсилоти умумӣ ба театр рафта тамошо мекардад. Ҳатто кормандони партиявӣ ва роҳбарони ҳукумати вақт низ ба театр таваҷҷуҳ доштанд. Директорони заводу фабрикаҳо бо кормандони худ моҳе ду-се маротиба ба театр мерафтанд. Театр он солҳо рисолати худро софдилона иҷро мекард. Аз ин лиҳоз, тоҷикон дар муддати 70- сол бо намоишномаҳои барҷастаи худ пояи театри касбиро гузоштанд ва театри тоҷик дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми худро пайдо карда буд. Ин театр аз онҳо ба мо мерос монд, мо бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва намоишҳои барҷастаро рӯи саҳна гузорем. Дар он солҳо ҳунармандони бузурги тоҷик, Артистони халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов бо образҳои барҷастаи худ Отелло, Шоҳ Лир ва Ҳошим Гадо бо образҳои Ҳамлет ва Шоҳ Эдип дар дилу дидаи мо абадан ҷовидон монданд. Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов, Ҳунерпешаи мардуми Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов, артист Қурбон Ҳомидов, бо образи В. И. Ленин ба таърихи театри тоҷик ворид гардиданд, ки аз тарафи театршиносони Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтарин образ дониста шуд.
Ба маврид аст, ки ин ҷо мо номи некӣ ҳунармандони театр Тӯҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Бақоева, Хайрӣ Назарова, Гурминҷ Завқибеков, Муҳаммадҷон Халилов, Абдулхайр Қосимов ёдрас намоем, ки дар ҷодаи санъати театрии тоҷик хизмати бо сазо кардаанд. Образҳои офаридаи ин ҳунармандон ба тарбияи насли навраси солҳои 50-60 таъсири мусбат расонида, ба пайраҳаи дурусти зиндагӣ ва илмомӯзӣ раҳсипор намудааст. То ҳол образҳои офаридаи Артисти халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов -Умари Хайём, Незнамов, Эзоп, образҳои офаридаи Артисти халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷон- Ясон, Аҳмади Дониш аз хотири мо зудуда нагардидааст.
Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, давлати мустақил эълон гардидани Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандӣ таъсири манфии худро ба театрҳо расонд. Суръати кори эҷодӣ дар театрҳои касбӣ коста гардид. Паст шудани сатҳи зиндагӣ, сатҳи маънавиёту фарҳанг дар ниҳоди ҳунарпешагон ноумедиву нобовариро бедор кард. Хушбахтона, бо дастгирӣ ва хайрхоҳии Пешвои миллат натанҳо театрҳо аз нав фаъол гардиданд, балки театрҳои нав бунёд шуданд ва соҳаи театр хеле ташаккулу такомул ёфт.
Яке аз когардонҳои бузурги ҷаҳонӣ А. Эфрос мегӯяд: Театр ба назарам метавонад ба ду чиз такя занад; дар нахуст ба нерӯи оҳанини коргардон. Агар ин гуна нерӯ набошад, театр умуман буда наметавонад. Сониян, комил будани актёрон, ки сабаби зуҳури фардиятҳои мухталиф аст низ сабаби ҳастии театр хоҳад буд. Нирӯи оҳанини коргардон чӣ маъни дорад? Донишманд будан ва аз ҳунари одамон истифода карда тавонистан. Онҳоро эҷодкорона роҳбари намудан аст. Актёр бояд дар симои ту рафиқи тавоноро бубинад, эътироф намояд, яъне ба роҳбари эҷодӣ бовар кунад. Барои онро ба даст овардан баъзан роҳи дурру дарозро тай намудан рост меояд. Бале театр бе нерӯи оҳанини коргардон, ҳеҷ аст. Театрҳои тоҷик дар солҳои ҷанги бемаънӣ қурби худашро аз даст дод. Акнун вақти он расидааст, ки театр рисолати худро барқарор намояд.
Дар тӯли 10 соли охир шумораи театрҳо афзуданд. Акнун барои исботи дарки зебоипарастии тамошобинон ва бо фарҳанг намудани онон, аз худи коргардонҳо ва ҳунармандон вобаста аст. Бо воситаи системаи хубӣ К.С. Станиславский асарҳоро коркард кунанду рӯи саҳна оранд. Онҳо бояд намоишномаҳои ҷолибро, ки мазмуни баланди бадеӣ доранд манзури тамошобинон намоянд, ки барои пешрафти фарҳанги маънавии ҷавонон таъсир расонда, роҳи равиши зиндагиро омӯзонад ва барои ободии кишвар саҳмӣ арзандаи хешро гузорад.
Рустам ВОҲИДӢ,
ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон