Ростӣ баъзан чунин ҳолат ҳам пеш меояд, ки ба худам савол диҳам: чаро таҳсилдидаи риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) Ҳафиз Раҳмонро аз аввалҳои ҷавонӣ нашнохтам, аз ин ҷиҳат худамро андак сарзанишчае ҳам кардаам… Охир, ӯ аз миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар донишгоҳ кор кардааст, мо ҳам ин замон нав ин даргоҳи муқаддасро хатм карда будем… Сарзаниши худиам ҳам аз он сабаб будааст, ки аз баҳрамандӣ аз як инсони пурбаҳра ва ошиқи воқеии мутолиа дури дур мондаам. Чӣ хуш бошад, ки инсон ба нафарони пурмутолиа наздикӣ доштӣ ва аз хони густурдаву пурнеъмати хондаҳои онон файзе бардоштӣ… Ҳароина, муаллим Ҳафиз Раҳмонро хеле дер донистаму шинохтам, ҳарчанд медонам, ки чунин дер шинохтанҳо дар таҷрибаи адабу фарҳанги милали дунё ҳодисаи маъмулест. Масалан, дар ин ки Нимо ё Фурӯғро шинохтаанд, аммо дер, қазовату иқрорҳое сурат ёфтааст. Банда аз ин дершиносиам, фикр мекунам, хеле ва пайваста зарарҳо дидаам. Зарарҳое ҷуброннопазир!
Ростӣ ба баҳонаи зодрӯз ба ҳолномаи зиндагиву фаъолияти Ҳафиз Раҳмон ҳам нигаристаму онро хеле рангину ҷолиб дарёфтам: баъди хатми донишгоҳ аввал дар матбуоти ноҳияи Вахш оғози фаъолият карда, сипас ба ғаври пайкори омӯзгорӣ дар Донишгоҳҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе афтода, баъдан ба таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиносӣ пардохта ва поённомаи дувумро ҳам комилан бо баҳоҳои аъло ба даст оварда будааст. Баъди ин боз ҳам ба фазои матбуот омада, чун сардабири “Ба қуллаҳои дониш”-и донишгоҳ даст ба кор зада ва муддате дар риштаи телевизион ҳам ба мақоми раҳбарӣ роҳ ёфта ва ба ин фазо ҳам нафаси хуш дамидааст. Имрӯз боз ҳам дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷики донишгоҳ, он ҷое, ки кор оғозида фаъолияташ хубу пурсамар идома дорад. Ин кафедра фазои хубу мусоидест, ки устод Ҳафиз он ҷо дар паҳлуи устодони номвари адабшинос кор мебарад ва ба равнақу ривоҷи таълиму парвариши насли нави филолог саҳми бисёр муносиб мегузорад.
Ҳафиз Раҳмон аз камтарин нафаронест, ки унвони илмӣ надоранд, аммо аз донандатар ва тахассусмандтар нафар дар соҳаи баргузидааш эътироф шудааст. Хонда будам, ки донишмандони забардасти тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим ва бархе дигар ҳам бо он донишвариашон ҳаргиз накӯшидаанд ба дифои илмӣ раҳ ёбанд, балки унвони илмӣ ба онҳо танҳо-танҳо зарурати иҷтимоӣ будаасту бас. Вагарна онон мисли мо ба ҳеч унвон ниёз надоштанд, магар ин ки хидмати беминнат ба адабиёт ва илму фарҳанги миллии тоҷик. Онҳо дар лаҳзаҳои душвори иҷтимоии халқу миллат корҳои муҳимме анҷом доданд. Аз ҳамзамонони мо яке Бобоназари Бобохон ҳам ҳаргиз ба дифоъ накӯшида ва аммо бо дониши баланди забоншиносиаш кори зиёде барои мо карда. Як тарҷумаи “Авасто” бас нест?…
Ҳафиз Раҳмон ҳам мисли мо номзади илм нест, аммо зиёд барои равнақи адабиётшиносии мо сар ба зонуи тафаккур гузоштааст, майнаашро об карда, садҳо мақола навиштааст. Биёед мақолаҳояшро ман таъриф накунам. Чун аз ман дида худатон қазоватгари комилу ростинед. Бар хонандаи равшанзамир аз чигунагии навиштаҳои Ҳафиз Раҳмон сухан кардану онҳоро сутудан кори бас зиёдатист. Чун ҳама худ огаҳанд, инро медонанду дарку ҳазмаш доранд. Танҳо мегӯям, характери таълифоташ илмӣ ва илмиву публитсистист. Зиёда китобу рисола таҳия ва вероиш карда. Худаш ҳам соҳиби рисола аст. Китоби “Теоретические аспекты восприятия художественной литературы”-аш хеле хубу арзишманду назарияпардозона аст, моҳияти назарии дарку бовардошти адабиро ба мо бозмегӯяд ва меомӯзад. Ҳафиз Раҳмон, ки аз назари холиси ман аз пурмутолиатарин одами Тоҷикистон ва аз огоҳтарин нафари беунвон дар миёни олимони соҳибунвони Тоҷикистон аст, аслу ҷавҳар ва моҳияти рӯйдодҳои иҷтимоии замонаро бо такя бар фармудаву андӯхтаҳои башарӣ ва назарияҳои созандаву корвару чорасози ҷаҳонӣ матраҳ мекунад. Ва чун аз доираи ҳадди маъмулӣ зиёда баҳраманд аст, навиштаҳояш ҳам хеле-хеле пурдалелу пурнақшу боварбахшанд ва ин амр, бешубҳа, сирри маҳбубияти Ҳафиз Раҳмон ва серхонанда будани навиштаҳои ӯро бозмегӯяду халос. Ман ҳамагӣ ду маротиба ӯро дидаам ва як дафъа дар суҳбаташ будаам ва мисли Сайидои маънисайд “аз ин муҳит сахт ба андеша мондам”. Ва дар ниҳояти хиҷолати камхондагӣ ба уқёнуси андӯхтаҳои густурдаи устод Ҳафиз Раҳмон ғӯтидам, ки ҳеч не аз он берун бишавам. Шумо, хонандаи гиромӣ, бубинед, тарҳи силсиламақолаҳои фейсбукиашро чӣ гуна аз густураи донишу бинишу андӯхтаҳои ҷаҳонӣ ва ҷаҳонбунёдиаш амиқ мерезад. Фикр мекунам шояд ягон нафаре дунёи мунаққаши мақоласозии устод Ҳафизро тасвир нахоҳад тавонист. Ман ҳам кӯшидам, аз дастам наомад. Сабке, ки ӯ дорад, камтар нафар дорем. Барои ҳамин маҳбубу дӯстдоштанист. Ҳар матлабе, ки матраҳ месозад, ҲАФИЗОНА аст; сабки Ҳафиз Раҳмон хосияте дорад, ки сирри зуҳури онро хоҳем нахоҳем аз мутолиаи ҳарчи бештари адабиёти ҷаҳон ба доираи даркамон метавонем овард. Аммо, то ин ки хондаҳои устодро мо ҳам хонем, чӣ қадар замон мегузарад, чӣ қадар устод Ҳафиз боз ҳам пеш меравад ва мо ҳам боз чӣ қадар ақиб мемонем. Ин донишакҳову камдониҳои хиҷолатовари мо барои кашфи сирри сабки нотакрори эҷоди чунин устодони сухан дар садаи мо ҳаргиз қодир нест…
Ҳафиз Раҳмон чун донандаи нотакрору камназири адабиёти ҷаҳон соҳиби теъододи зиёди барномаҳоест бо номи “Дурдонаи андеша”, ки дар заминаи таърих, адабиёт ва тамаддуни милливу байналмилалӣ, муаммои мубрами забони давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи инсон филми зиёди мустанад таҳия ва омода кардааст.
Дар Иттифоқи нависандагону журналистон узвият дорад, дар Вазоратҳои маориф ва илм, матбуот, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аълочист.
Агар Фейсбукро ҳам иқтидор ва тавоноӣ будӣ, номи устод Ҳафизро дар радифи аввали корбарони фаъол ҷой бидодӣ ва ба ӯ ҷоизаи бузургтаринро эҳдо намудӣ!
Фикр мекунам дунёи зиндагии Ҳафиз Раҳмон ҳам комилан дигаргуна аст. Ба шарофати ӯ Алексаш ҳам ба қаҳрамони бузурги даврони мо бадал шуда ва дилбандиаш ба Алекс ҳодисаи нотакрори замони мост.
Зодрӯзи устод Ҳафиз Раҳмон хуҷаста бод!
Субҳони Аъзамзод