Нигоҳе ба фаъолияти ҳунарии дирӯз ва имрӯзи устод Ҷӯрабек Муродов

Муҳовараи фарҳангшиносон – профессор Саъдулло Раҳимов ва пажӯҳишгар Зоҳири Сайфулло доир ба эҷодиёти сароянда, бастакор ва чеҳраи камназири мусиқӣ устод Ҷӯрабек Муродов.

 Пажӯҳишгар: Шумо, устод, анқариб ҳамнасли устод Ҷӯрабек ҳастед, мегуфтед, ки бори нахуст бо ҳунари устод Ҷӯрабек Муродов кай шинос шудед?

Профессор: Соли 1964 буд. Мо хонандагони мактаби миёнаро барои сиёҳлашкарӣ (яъне, массовка) ба филми «Шаби 1002» даъват карданд. Наворгириро дар дараи хушманзари Варзоб таъин карда буданд. Мо ба он ҷо ҳозир шудем. Баъди анҷоми наворбардорӣ ба автобусе, ки бояд моро ба шаҳр мебурд, ҷавоне бо рубоби хеле сода, рубобе, ки ҳар кас дар хонааш дорад, нишаст. Вале дар рубобнавозиаш маҳорате эҳсос мешуд. Вай пешниҳод кард, ки раҳораҳ бо ҳам сурудхонӣ кунем ва навоеро бо рубобаш навохт, ки ба аксарият шинос намуд. Хуллас, бозгаштамон ба шаҳр бо сурудхонӣ гузашт. Баъдтар овозашро аз радио шунидем. Ӯро диктор ҳамчун Ҷӯрабек Муродов муаррифӣ кард.

Дар байни ҳофизоне, ки овони бачагӣ ва ҷавонӣ гӯш мекардам, устод Ҷӯрабек бештар писандам буд. Ҳамон давра он кас сурудҳои ошиқона бештар мехонданд. Шояд аз он сабаб дар ёд монда, ки ман ҳам ҳамон давра ошиқ будам…

Пажӯҳишгар: Бахусус, дар тарбият ва дастгирии ҳунарманд Ҷӯрабек Муродов устод Турсунзода хидматҳои бузурге анҷом додааст, ки худи Ҷӯрабек Муродов борҳо таъкид намудааст. Дар воқеъ, пас аз солҳои 50 -60-уми асри ХХ дар ҳама самтҳои адабиву илмӣ ва ҳунарӣ истеъдодҳои фавқуллодае зуҳур намуданд, ки ин боиси дар як марҳилаи кутоҳ самтҳои зикргардида пешрафти бесобиқа намуданд. Албатта, дар ин росто, хидмати устод Мирзо Турсунзода дар тарбият ва дастгирии истеъдодҳо беназир мебошад, зеро Турсунзода дар ташаккул ва нубуғи истеъдҳо – Ғаффор Мирзо, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқу Бозор, Гулрухсор, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҷӯрабек Муродов, Гулназар ва амсоли инҳо саҳми муассир гузоштааст.Устод Ҷӯрабек изҳор доштаанд,ки“Устод Турсунзода, падари маънавии банда буданд”. Ин нуктаи Ҷӯрабек Муродов баёнгари он аст, ки устод Турсунзода дар шахсияти эҷодиву ҳунарии ҳунарманд нақши бориз доштаанд. Ҳамзамон, Ҷӯрабек Муродов албатта, истеъдоди нодире буд, ки дар он солҳо тавонист ҳунар ва мусиқии миллиро дар сатҳи касбӣ ба ҷомеаи бисёрнуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ бинмояд.

Профессор:  Ҷӯрабек Муродов бе ҳеч шакку шубҳа олами доманадори суруди анъанавии тоҷикӣ, суруду мусиқии Бухоро, Самарқанд, Хуҷандро интихоб карда ва то ин дам ба он вафодор мондаанд. Дар доираи ҳамин анъана суруд эҷод мекарданду мекунанд. Эҷодиёти Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов ва дигар классикон ба ҷаҳони касбии он кас таъсири ҷавҳарӣ гузоштанд.

Он кас аз услубу таърихи ҳар ҳофизи классик огаҳӣ доштанд.  Дар овони ҷавонӣ он кас қартаҳои сабти сурудхонии Хоҷа Абдулазиз ва дигар гузаштагонро аз патефон, ё ба истилоҳ «проигрыватель» (дастгоҳи қартагӯшкунак), мешуниданд. Масалан, дар ҷашни 75-солагиашон, дар вақти иҷрои ушшоқи «Хоҷӣ Абдулазиз», гуфтанд, ки «устод Хоҷӣ Абдулазиз бо дутор овозхонӣ мекарданд, мо низ ҳамин анъанаро риоя мекунем» ва овозхонии худро бо дутор оғоз намуданд.

Чун матнҳои интихобшуда аз классикон буданд, дар онҳо чеҳранигории фардӣ, ишора ба шахсият муҳим набуд. Онҳо умуман фазои рӯҳии инсонро муайян мекарданд. Матнҳо ирфонӣ буданд, бештар маънии фалсафӣ доштанд.

Дар даврони Шӯравӣ ин матнҳо одатан ба истилоҳ шаҳрошӯб буданд. Ғамангезӣ раво набуд. Сурудҳояшон бештар рақсгунаро мемонданд. Устод бештар Малика Қаландароваро ба ҳамкорӣ даъват мекарданд. Масалан, сурудҳои «Зулайхо», «То бод, чунин бодо» аз қабили чунин сурудҳо буданд, ки рақси Малика ва овозхонии устод бинандаву шунавандаро ба ваҷд меовард. Ҳатто дӯстии ин ду нафар ҳунарманди мумтоз то ба дараҷае мерасид, ки саҳнаҳои ошиқонаро ҳамчун саҳнаҳои театрӣ бозӣ мекарданд, драматургияи хос доштанд ин саҳнаҳо. Яъне ҳангоми сурудхонии ошиқона Малика гӯё нақши маҳбубаро бозӣ мекарду Ҷӯрабек ҷавони ошиқро. Ошиқ дар зинаҳои қабати болои толор истода, овозхонӣ мекард. Маҳбуба аз танҳо рақсидан хаста шуда, ошиқашро бо ишораи даст ба поён, ба пеши худ даъват мекунад. Ҷӯрабек поён фуромада, кокули раққосаро даст мезанад ва ба ҳамин восита муҳаббати худашро гӯё ба маҳбубаш изҳор менамояд. Яъне ба таври зайл пешниҳод шудани суруду рақс саҳнаи театриро мемонд ва ба бинанда кайфияти дигаре мебахшид.

Ин чизи ҷолибу тоза ба чашм мерасад. Одатан дар номераҳои консертӣ, ки бо рақсу суруд якҷоя пешниҳод мешуданду то имрӯз ҳамин тавр намондааст, ҳофиз сурудашро бе иртибот ба рақсу раққоса месарояд. Дар натиҷа ин ду чиз ҳамоҳангии якдигарро гум мекунанд ва як номераи хушку безавқ ба назар мерасад.

Чунин ҳамкории Малика ва устод хеле давомдор буд. Лекин Шӯравӣ пош хӯрду Малика кӯч бардошт. Доираи сурудҳои шаҳрошӯбии устод низ танг гаштанд.

Ногуфта намонад, ки устод бо яҳудиҳои тоҷикзабон, хусусан бо Борис Наматиев, Малика ва дигарон дӯстии қавӣ доштанд. Яҳудиҳо, ки бо сабки суғдӣ суруд мехонданд, ба устод наздикӣ доштанд. Ҳар дафъа ба хориҷа, ба ИМА ва ё Исроил сафар кунанд, ҳатман бо дӯстони яҳудии худ дидорбинӣ мекарданду мекунанд. Яҳудиҳои аз Тоҷикистон рафта, устод Ҷӯрабекро ҳамчун меҳмони олиқадр пазироӣ мекунанд, он касро болои сар мебардоранд. Ин сухан маҷозӣ не, воқеӣ буду ҳаст. Ман сабти видеоиеро дидам, ки дар Исроил дар ҷашни Б. Наматиев устод Ҷӯрабекро дар курсии зебое шинонда, чанд нафари таҳҷоӣ бо эҳтиром болои сар мебардоштанд…

Пажӯҳишгар: Мехостам чанд нуктаро дар мавзӯи иртибот ва ҳамкории устод бо адибон арз кунам.

Устод Ҷӯрабек Муродов дар оғози фаъолияти ҳунарӣ бо адибон, ба вижа бо шоирон ҳамкории қавиеро ба роҳ монда буд. Устод Ҷӯрабек дар оғози фаъолият дар ҳамкорӣ бо устод Мирзо Турсунзода қадамҳои устувори худро дар рӯи саҳнаи ҳунари тоҷик гузошт ва сипас, бо адибону шоирони ҳамоварди худ чунин робитаи ҳамкориро ба роҳ монд. Бахусус робитаи ҳамкориашро бо устодон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Маҳмудҷон Воҳидов, Ғоиб Сафарзода, Гулназар Келдӣ ва дигарон дар сатҳи баланди эҷодиву ҳунарӣ қавитар намуд. Ҳатто аз навору хотираҳои бузургони аҳди Шшӯравӣ, ки дар хазинаи тиллоӣ маҳфуз аст, ба назар мерасад, ки устод Муродов дар маҳфилу нишастҳои махсуси аҳли зиё ҳузур дорад ва ҳам ҳунарнамоӣ менамояд. Ҳамзамон, устод Муродов дар чандин барномаҳои ҳунарӣ ва мусоҳибаҳояш қайд намудааст, ки ҳамкории эҷодӣ ва робитаи дӯстиаш бо зиёиёни замони Шӯравӣ қавӣ буд. Устод Муродов баъд аз устод Турсунзода бештар робитаи ҳамкориашро бо устод Лоиқ ба роҳ мондааст ва репертуари эҷодии Муродов ҳам бештар аз эҷодиёти устод Лоиқ мебошад. Навореро ҳам дар Ютуб канали “JM Company”-и худ устод Муродов гузошт, ки шеъри “Шишта будам…”-ро дар ҳамфикрии устод Лоиқ оҳанг гузошта ва аз устод Лоиқ мепурсад, ки зарби доираро дар ҷои “тақ-тақи дарвоза” гузорем, оҳанг хубтар хоҳад баромад ва ҳамчунин мазмуни байтҳоро аз гӯяндаи ғазал, яъне устод Лоиқ пурсон мешавад. Ин навор албатта, шаҳодат бар он медиҳад, ки устод Муродов ҳамеша бо адибону шоирон ҳамкории устуворе доштааст. Дар солҳои охир устод Муродов чунин ҳамкориро бо адибони номдор Фарзона ва Озарахш ба роҳ мондааст…

Профессор: Ҳунари ҳофизию бастакории Ҷӯрабек Муродов мисли ҳамагуна чизи зинда дар раванду инкишоф аст. Дар оғози фаъолият он кас табиист, ки раҳҷӯӣ мекарданд. Ҳоло бошад, сурудҳояшон дар ҳамон сабки суғдӣ мондааст, аммо пандомез аст («Дарди миллат», «Ҷон писар», «Ту забони най чӣ донӣ») гӯё ёдест аз рӯзҳои гузашта.

Пажӯҳишгар: Сурудҳои ҳозираашон тағйироти ботинии он кас аст. Ҳикмат аст, панд аст. Дар консерте, ки ба ҷашни 75-солагиашон бахшида шуда буд, дар доираи суруду оҳанги анъанавӣ сабт шуда буд. Хусусан, сурудҳои дар васфи падар ва модари хеш бахшидаашон шунавандаро ба риққат меовард. Ин сурудҳо нисбат ба сурудҳои замони Шӯравӣ дард доштанд, ғамангез буданд…

Профессор: Чун як гӯшаи фаъолияти камина бо синамо вобаста аст, мехостам доир ба алоқамандии Ҷӯрабек бо синамо маълумоте диҳам. Албатта, ин маълумот комил нест, вале минбаъд зарур мешавад, ин мавзӯъро пурра намоем.

Ҳаминро медонам, ки синамогарон пеши устод сахт қарздоранд.

Дар замони Шӯравӣ дар филми мустанади «Ҳофизи ману шумо» роҷеъ ба устод чеҳрасозӣ кардаанд. Вале дар бисёр аз филмҳо, ба вижа дар филми “Достони Сиёвуш” овози он кас сабт шудааст. Дар филми “Достони Сиёвуш” дар саҳнаи рақсу ҳушнудии ҷанговарон аз ғалабаи худ бар душманон овози устод садо медиҳад. Дар кадр ҷанговарон гирд омада, рақс мекунанд. Дар фазои ҳамин рақс садои ғулғуладори Ҷӯрабек баланд мешавад ва бо рақси ҷанговарон ҷӯр мешавад. Вале хеле кӯтоҳ аст ин саҳна ва суруд ҳам нопурра садо медиҳад. Гап дар ин, ки филм сужа дорад, драматургия дорад. Аз ин рӯ, истифодаи ҳунари ҳофиз ҳамон вақт лозим мешавад, ки агар ба он зарурат пайдо мешавад.

Дар филмҳои консертии телевизионӣ хонум Лилиана Налоева устодро бештар сабт кардааст. Дар ин гуна филмҳо устод бештар дар фазои табиӣ, дар оғӯши табиат овозхонӣ мекарданд.

Дар филмҳои замони Шӯравӣ сурудҳои ғамангез кам садо медод. Инсони Шӯравӣ бидуни ғам умр ба сар мебурд. Аз ин рӯ, сурудҳои рӯҳафзои устод бештар буданд.

Ҳоли ҳозир устодро кам ба навор мегиранд.

Ёд дорам, дар филми мустанади «Дигаргуна», ки бо ташаббуси Дафтари Шветсария, ки унвони «Ёрӣ ба Тоҷикистон»-ро дошт, аввали солҳои 2000-ум ба навор гирифта шуду роҷеъ ба дастовардҳои ҳунари мардуми тоҷик маълумоти тасвирӣ медод. Дар яке аз лаҳзаҳои ҳамин филм устод якҷоя бо Боймуҳаммад Ниёзов дар яке аз синфхонаҳо аз шогирдашон имтиҳони овозхонӣ қабул мекарданд.

Баъд аз супоридани имтиҳон устод аз Боймуҳаммад Ниёзов эҳтиромона пурсиданд:

– Чанд монем, устод?

– «Чор» дия, – гуфтанд дар ҷавоб Боймуҳаммад Ниёзов.

– Оре, «панҷ» ба мо худамон намедонем-ку, – гуфтанд устод Ҷӯрабек.

Ба хотирам омад, ки устод як лаҳзаи хеле кӯтоҳ дар филми «Духтари Сайҳун», ки ба шахсияти Фарзона бахшида шуда буд, иштирок доштанд ва аз нубуғи шоира ҳарфе заданд хеле кӯтоҳ, вале нишонрас.

Месазад, ки дар бораи бузургсолии устод мо филмҳо офарем.

Ҳоло миёни филмсозони ватанӣ ҷавононе пайдо шудаанд, ки дар сохтани филмҳои мустанад хеле балад шудаанд ва филмҳои воқеӣ мегиранд, аз қаҳрамонҳои худ бут намесозанд, воқеиятро инъикос мекунанд. Воқеан, ин зайл ҷавонон хусусан, дар студияи «Суғдсинамо» муваффақ шудаанд.

Мо мехоҳем, ки дар бораи ҳаёту эҷодиёти устод филмҳои воқебинона дошта бошем.

Пажӯҳишгар: Ҷӯрабек Муродов муаррификунандаи ҳунар ва мусиқии тоҷик дар ақсои олам мебошад. Устод Муродов аввал ҳамчун ромишгару муғаннӣ ва ҳофизи хушсадо дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ва пасон дар ақсои олам маълуму машҳур гардидааст. Устод Муродов бо ҳунар ва мусиқии тоҷикӣ анқариб кулли кишварҳои дунёро сайр кардааст ва ҳамзамон, дар толору майдонҳои бузурги кишварҳои дунё ҳунарнамоӣ намудааст. Устод Муродов аз рӯи се риштаи ҳунарӣ, ки бевосита сабки хоси ӯ гардидааст – классикӣ, мардумӣ ва муосир дар ҳама гӯшаву канори дунё санъати мусиқии тоҷикро муаррифӣ намуда, ки албатта, бетардид мардуми дунё, бахусус, яҳудиҳо, ӯзбекҳо, эрониҳову мардуми Хуросонзамин мафтуни ҳунар ва мусиқии устод Муродов гардидаанд. Як вижагӣ ё, бартарии устод Муродов дар он аст, ки бо беш аз 20 забони дунё суруд хондааст ва дар ҳар кишвари дунё, ки сафари ҳунарӣ намудааст, бо забони он кишвар оҳангу сурудеро иҷро намудааст. Ва устод Муродов бо бисёре аз ҳунармандони бузурги олам аз наздик ошноӣ дорад ва ҳамчунин, бо ҳофизони машҳури дунё робитаи ҳамкориву дӯстии қавӣ низ дорад. Наворе ҳам ҳаст, ки замоне устод Муродов дар Ҳиндустон ҳунарнамоӣ менамояд, ҳофиз ва ҳунарманди машҳури ҳинд Раҷ Капур ба саҳна назди устод Муродов мебарояд ва ҳамроҳ суруди “Тоҷикистон-Ҳиндустон Сангам, Сангам”-ро иҷро менамоянд. Устод Муродов вохӯрии худ бо Раҷ Капурро чунин қисса намудааст: “Раҷ Капур мегуфт, ки ҳиндувону тоҷикон умумиятҳои зиёди фарҳангӣ доранд, ин анъанаҳоро бояст тақвият бахшид. Пурсид (Раҷ Капур), ки оё ман ягон суруди ҳиндӣ медонам ё не. Ман, ки ба кадом мамлакат наравам, ҳатман як-ду суруди он сарзаминро азбар мекунам, аз рӯи ҳамин одат дар Ҳиндустон низ як таронаро ба хотир гирифтам… Хулласи калом, вақте ман таронаи “Сангам”-ро месурудам, Раҷ Капур даст ба китфам бурд ва ногаҳон бо ман ҳамовоз шуд”.

Ин иқтибосе, ки аз устод Муродов оварда шуд, муште аз хирвор аст ва ҳамин гуна рӯйдодҳои торихӣ дар ҳаёт ва фаъолияти устод Муродов аз сафарҳои ҳунариаш дар кишварҳои гетӣ хеле зиёд аст. Ва воқеан, устод Муродов тавонистааст, ки ҳунари асили миллати тоҷикро, ки бевосита як бахши фарҳанги бузурги тоҷик маҳсуб меёбад, ба оламиён ба таври боиста муаррифӣ бинмояд.

Профессор: Бе шак, устод Муродов мактаби ҳунарӣ, сабки худро доранд ва дар таърихи мусиқӣ ва овозхонии тоҷик нақши бемисл гузоштаанд. Бисёр вақт бо сабки он кас ҷавонон суруд мехонанд. Дар мактаби ҳунарии устод Муродов истеъдодҳои нодиру пешбарандаи ҳунар ва мусиқии асили тоҷик хеле зиёд тарбият гирифтаанд. Албатта, ин ба он шогирдоне насиб гардидааст, ки хониши устодро кӯр-кӯрона копӣ намекунанд.

Пажӯҳишгар: Махсусан, ҳунармандон Афзалшоҳ Шодӣ, Муродбек Насриддин, Хосияти Зарафшонӣ, Хурсандмурод ва Қобилҷон Зарифовҳо, Ҷонибек Муродов ва амсоли инҳо, имрӯз ҳар кадом ҳунарманди асил гардидаанду дар рушду нумӯи ҳунари тоҷик нақши боризи хешро гузошта истодаанд. Ҳамчунин, ҳунармандони замони муосири мо, ки ба истилоҳ дар жанри “Эстрада” ҳунарнамоӣ менамоянд, аз сабку мактаби устод Муродов бархурдор ҳастанд ва аз осори устод Муродов зиёд бозхонӣ намудаанд, ки номдортарини онҳо Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов мебошанд.

Пажӯҳишгар: Устод Саъдулло, оё имкон дорад, ки нақди шахсият ва ҳунари Ҷӯрабек Муродовро аз дидгоҳи фалсафӣ ва фарҳангӣ ҷамъбаст намоем?

Профессор: Ба андешаи ман сӯҳбати ману Шумо, ки дар боло арз шуд, ҳамин зайл як ҷамъбасте буд. Вале агар андешаи сирф шахсии манро хоҳед, бояд арз кунам, ки муносибати ман ба шахсият ва эҷодиёти устод якзайлу равон нест. Ихтилоф дорад. Мо, албатта, гапҳое  гуфтем, ки ҷашнӣ нестанд, гапҳои дар поён арзшаванда метавонанд устодро нисбат ба мо дилхунук гардонад ва ба ин ҳақ ҳам доранд.

Пажӯҳишгар: Вале гапи ҳақ мебояд гуфта шавад.

Профессор: Хуб, ин тавр бошад, сахт таъкид мекунам, ки андешаҳои дар поён гуфташуда моли шахсии ман аст. Ман ҳам мехостам, ки нисбати фаъолияти худам, ширин аст ё талх, гапи рост шунавам.

Гап сари он аст, ки бо мурури замон завқи камина васеътар шуду ҳофизони гуногунмиллат ба дили ман раҳ ёфтанд.

Ҳарчанд маҳорати устод Ҷӯрабек Муродовро фавқулода медонам, вале ҳоло эшонро ҳофизи дар мадди аввали хеш намешуморам, он кас дар маркази таваҷҷуҳу завқи ман нестанд.

Чаро? Намедонам.

Шоят аз он сабаб бошад, ки дар саҳна ва дар мавзеъҳои тӯю тамошо овозхонӣ карда, он кас ба истилоҳ, «артистӣ» мекунанд. Яъне, агар сурудашон дар бораи сифатҳои неки инсонӣ равад, он кас бо дастонашон ҳозиринро ишора карда, ҳофизӣ мекунанд. Яъне, шумо ҳама одамони хуб ҳастед, гуфтанӣ мешаванд. Ин ишора мисле, ки тарзи содалавҳонаи маддоҳиро мемонд ва ин ба бисёриҳо писанд меомад. Ҳарчанд, дар байни ҳозирин одамони ба ин чиз сазовор камтар ба мушоҳида мерасид. Аммо он кас ин ҳолатро муҳим намедонанд. Ин барояшон воситаи наздик шудан ба дили шунаванда буд. Сифати бад нест, вале ман ин корашонро дӯст надоштам.

Он кас бо зимомдорон ҳамсӯҳбат шуда, ба таърифи онҳо мегузаранд, ба табъи дили онҳо барномаи сурудхониҳояшонро ҷӯр мекунанд.

Медонед, эҷодкор ва ҳунари ӯ бо сиёсат кам сару кор дорад. Вақте ки ҳунар бо сиёсат мепайвандад, ҳунар хароб мешавад ва асолати худро бешак, аз даст медиҳад. Ҳунар бол дорад, сиёсат – фармон (дастгоҳи идораи ҳаракати мошин). Вақте ҳунар ба сиёсат мегаравад, боли ҳунар нерӯяшро аз даст медиҳаду дар зери итоат қарор мегирад.

Ҳарчанд устод Ҷӯрабек худашон бастакорӣ мекарданд, гӯё асари нав эҷод мекарданд, вале умуман, дар фазои маъмули анъанавӣ мемонданд. Сурудҳои навэҷодшудаи он кас нишонаи навинро надоштанд. Бешак, он кас матнҳои пурмазмунро интихоб мекунанд. Ин матнҳо ирфонӣ, фалсафӣ мебошанд. Мазмуни бештари ин сурудҳо хусусисияти дидактикӣ доштанду доранд.

Ҳоло устод сурудҳои ошиқона кам мехонанд. Сурудҳои хозираашон бештар насиҳатро мемонанд: «Қу», «Ман на манам…», «Хазонрез», «Дарди миллат», «Ҷон писар», «Ту забони най чи донӣ»…

Ман ҳам имрӯз ба синне расидаам, аммо сурудҳои як минтақаро не, суруду навоҳои гуногунрангро гӯш мекунам. Ва завқи ман ба сурудҳои навоварона ниёз дорад. Ва фақат дар фазои ҳофизии миллӣ намебошад. Масалан, дӯст дорам ҳама гуна сурудҳои халқиро. Фарқ надорад, ки аз кадом миллат аст – гурҷӣ, русӣ, фаронсавӣ ё англисӣ. Сурудҳои оғои Хаёл ва Залонро дӯст дорам. Ва албатта, устод Сароҳангро низ. Дӯст дорам, Марк Бернесро, Окуджаваро, Шарл Азнавурро, ҳофизони русро, умуман, шансонетҳоро… Баъзе аз онҳо овоз надоштанду надоранд. Вале овозхонии онҳо ба дилам бе мамоният раҳ меёфту меёбад. Онҳо ба ман маънии ҳастиро меомӯзонданд. Маро ба худам мешисониданд. Маро ба хушнудӣ меовраданд. Дар вақти шунидани чунин сурудҳо гиря мекунам, албатта, аз шодмонии зиёд. Оре, суруду мусиқӣ анвои биҳиштанд. Туро ба худат муаррифӣ мекунанд. Ба торҳои нозуки дилат нохун мезананд, дилатро ба зиндагӣ гарм мекунанд, вале бидуни насиҳат, бидуни дидактика…

Оре, як замоне буд, ки устод дар барномаи сурудҳояшон нолаҳое доштанд, ки ба дили ман мефорид. Он кас гуё ҳамнафаси ман мешуданд. Дар даврае, ки наврасу ҷавон будаму хуни ҷавониам ҷӯш мезад, сурудҳои форами ошиқона мехонданд, ба мисли «Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст». Ҳофиз гуё аз вазъи дилам бохабар буданд. Ман он матну мусиқиеро, ки мешунидам, дилам ниёз дошт. Ва ин ҳамоҳангии ману ҳофизи шинохта буд ва миёни оҳанги он кас ва равони ман пайвандие ҷӯр мегардид. Гуё, ки аз дилам огаҳӣ дошт…

Вале боз мегӯям, баъд дунёи ман дигар шуду доираи овозхононҳои писандидаам васеъ шуд. Устод бо ананаҳои мусиқии худашон дар хотираи ман қарор гирифтанд…

Эътироф мекунам, ки дар фазои фарҳангамон он кас классик ҳастанд, беҳамто!

Вале воқеият ин аст. Мо низ мисли дигарон метавонистем устодро, санъати эшонро таърифу тавсиф кунем ва пас, оромона корҳои ҳаррӯзаи худро идома диҳем. Ҳар як шахс моли замони таърихӣ аст ва дар кору фаъолият завқу ниёз ва арзишҳову ғояҳои замони худашро зоҳир менамояд. Фақат Рӯдакӣ ё Мавлонои Балхӣ барин шахсиятҳо аз доираи замонашон берун рафта, моли абадияту башарият мегарданд. Ин зайл шахсиятҳо дар садсолаҳо яктову бе мисл таваллуд мешаванд…

Бе шак, устод низ молу завқи замони худашонро ба дараҷаи олӣ ифода кардаанд. Шогирдону пайравонашон тақлиди он кас мекунанд. Вале мисли устод нестанд. Сурудҳои онон копия аст, на асл. Ва бояд ҷасурона ба худ иқрор шуд, ки замону арзишҳое, ки мо мепарастидем, дорад мегузарад. Ба гуфтаи як мутафаккир, ба оби равон дубора даромада намешавад…

Маро як вазъият ба ташвиш овардааст.

Ҳарчанд мо кӯшиш карда истодаем, ки чизҳои асили гузаштаро ҳифз кунему тақвият доданӣ шавем, масалан «Шашмақом»-ро, аммо бо вуҷуди ин қисми зиёди аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон ин асари классикиро гӯш намекунанд. Завқи онон ба чизҳои модерн равона шудааст. Бачаҳои шаҳрӣ, масалан, репу эстрадаи ғарбиро мепазиранд. Бачаҳои деҳот, то ҷое хабар дорам, ба хонишҳои динӣ мароқ зоҳир мекунанд. Яъне, инҷо айби устод ё ҳофизони дигари мардумӣ нест. Замона дигар шудааст. Суруду тарона ва навоҳои дигару навинро мехоҳад насли нав.

Бе шак, дӯстдорони сурудҳои анъанавӣ бо доираи маҳдуд боқӣ хоҳанд монд. Вале  шумораи бештари мардум бо завки дигар, навои навро ниёз дорад.

Ва ин фақат дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон не. Ин вазъият ба истилоҳ, минтақавӣ, ё ҳатто, ҷаҳонӣ шудааст.

Ман ҳамчун фарҳангшинос як тамоюли нохуши глобалиро эҳсос карда истодаам. Умуман, тамаддуни Ғарб болоравии фарҳанг ва ҳунари оммавиро аз сар гузаронида истодааст. Яъне ҳунари муаллифӣ, элитарӣ, ки пештар аз он ҳунари оммавӣ ғизо мегирифт, нуфузи худро аз даст дода истодааст. Ин чиз ҳоло бештар дар Ғарб мушоҳида мешавад. Аммо шарқиён, ки одати тақлид кардани ғарбиёнро доранд, дер накарда, ба Шарқ низ ин тамоюл ворид мешавад. Ҳеч илоҷи пешгирӣ кардани ин тамоюл нест. Маънӣ ғалат, рафтор ғалат, гуфтор ғалат…

Чӣ бояд кард?

Агар мо хоҳем, ки чизҳои кӯҳнашуда, вале бароямон азиз, дар замони нав низ фаъол бимонанд, дар баробари истифодаи шакли асл, он чизҳоро бо завқ ва талаботи замони нав мутобиқ бояд намуд. Яъне чизҳои меросиро ба замони нав ҳамоҳанг кардан даркор. Дар баробари ҳифз кардани шакл ва маънии асил, мебояд баёни онро модерн кард. Мисли он ки Далер Назар ғазали Ҳофиз «Агар он турки шерозӣ» -ро дар сабки эстрада, ё устод Толибхон Шаҳидӣ навоҳои “Шашмақом” -ро дар сабки симфонӣ баргардон кардаанд. Ин кӯшиш имкон медиҳад, ки чизҳои кӯҳнашудаи музейиро дубора зинда кунем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Хуллас, меросдориву меросбарӣ масъулият дорад…

Накде, ки аз ҷониби камина изҳор шуд, бо мақсади созандагӣ буд, на аз рӯи  сӯзандагӣ. Устод Ҷӯрабек  ҳунарманду созанда ва меробари боҳунар  ҳастанд.

Барои устод саломатӣ ва илҳоми эҷодӣ таманно мекунам.

Пажӯҳишгар: Ман ҳам ба ин таманнои Шумо шарикам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь