Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз ин тариқаи эҷоди бадеӣ барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазомини иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, динию мазҳабӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург камокон рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи бузурги донишмандон ва орифони суханвар рубоӣ ба сифати навъи асосии фаъолияти эҷодӣ ва василаи изҳори завқу маром будааст (ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С.5. Иқтибосҳои минбаъда низ аз ҳамин маъхаз оварда шудаанд).

Ҳаким Умари Хайём аз ҷумлаи ин донишмандон маҳсуб меёбад, ки аз тариқи рубоисароӣ ҳикмату фалсафа, мушкилоти зиндагӣ ва воқеиёти давру замонро ифода намудааст.

Аз ҷумлаи сӯфиёни нахустине, ки тариқи рубоӣ ба ваъзу пандгӯйӣ пардохта, дар минбари мавъизоти динию орифона аз ин навъи маъмули адабӣ васеъ истифода кардааст, Шайх Абӯсаиди Абулхайр (967-1049) мебошад. Ҳанӯз соли 1986 адабиётшиноси варзидаи тоҷик, устод Худоӣ Шарифзода дар маҷмӯае бо ду хат (хатти кириллӣ ва форсӣ) рубоиёти Абӯсаиди Абулхайр, таронаҳои Боботоҳири Урён, рубоиёти Бобо Афзал ва Наҷмиддини Куброро, ки аз машоихи тасаввуфӣ маҳсуб меёбанд, гирдоварӣ намуда, манзури хонандагон гардонида буд. Дар он маҷмӯа 244 рубоии Шайх Абӯсаиди Абулхайр низ пешниҳод шудаанд, ки аз лиҳози мазмун ва мундариҷа ҷолиб ва хонданбобанд.  Он солҳо ҷомеаи адабӣ ва мадании мо бо ин чеҳраҳои тобноки назми тасаввуфӣ кам ошно буд ва ба чоп расидани чунин маҷмӯае бо фарогирии рубоиёту дубайтиҳои намояндагони барҷастаи адабиёти тасаввуфӣ сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҷомеаро дар робита бо муаррифии афкори пешқадам ва гироишоти дунявии шоирони мутасаввифи асримиёнагӣ боло бурд.

Рубиёти Абӯсаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубиёти ирфонӣ, иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбанд, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, Шайх Абӯсаиди Абулхайр, бо он ки як сӯфӣ ва орифи вораста буд, ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, Абӯсаиди Абулхайр инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор як навъ оптимистона менигарист. Дар ҳоле ки соири сӯфиён ва орифон  ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳаммият қоил набуданд ва гӯшагирию инзивопарастиро ба унвони милок ва меъёри зиндагии сӯфиёна мепазируфтанд ва ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Шайх Абӯсаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист. Ин аст, ки ӯро наметавон бо зумраи сӯфиёне, ки тарки дунё карда, инзиво ва гӯшанишиниро асли зиндагӣ талаққӣ намудаанд, шомил сохт. Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абӯсаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазомини иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем.

Абӯсаиди Абулхайр, ҳарчанд ки ба лиҳози касбу ҳирфа сӯфӣ буд, дар рубоиёташ минҳайси як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ мисли Хайём аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеиёти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарпёдаш ба осмон мепечад, гоҳ аз шодии ишқ болу пар мегирад, гоҳ яъсу ноумедӣ ба кошонааш лона мегузорад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад, хулоса, Абӯсаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили рӯҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ (пессимизм) бурдборона цад алам мекунад. Муҳимтар аз ҳама, афкори сӯфиёнаи Абӯсаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ тавъам аст ва шоири сӯфӣ тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Нуктаи дигар ин аст, ки сӯфиёни бузург, ғолибан ба василаи тасаввуф ва андешаҳои сӯфиёна озодандешӣ мекарданд ва алайҳи ҷабру зулм ва хушкандешии мазҳабӣ қиём менамуданд. Абӯсаид аз ҷумлаи сӯфиёни аввалине буд, ки тавассути шеъру тарона, махсусан рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофоти мазҳабӣ мубориза кард.

Абӯсаид мисли Хайём (Мисраъҳои рубоии Хайём “Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб” дар назар аст) шод кардани хотиреро асли зиндагӣ ва муваффақият дониста мегӯяд:

Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ,

В-онро ба намозу тоат обод кунӣ,

Рӯз ду ҳазор банда озод кунӣ,     

Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.

Дарёфтани дил ва наозурдани он дар саргаҳи рубоиёт ва назариёти сӯфиёнаи Шайх Абӯсаиди Абулхайр қарор дорад. Шод намудани дил ва наозурдани дили инсонҳо аз гуманизми баланди шоири сӯфӣ дарак медиҳад. Ба ин рубоӣ таваҷҷуҳ мекунем:

То битвонӣ, бикаш, ба ҷон бори диле,

Мекӯш, ки то шавӣ зи дил ёри диле.

Озори диле маҷӯ, ки ногоҳ кунӣ,

Кори ду ҷаҳон дар сари озори диле.

Ишқу муҳаббати поки инсонӣ марзҳои куфру имонро мешиканад ва ҷуръату ҷасоратро ба инсон эҳдо мекунад. Зимнан, ишқ ва муҳаббатпарастӣ поя ва асли низмои дунявӣ ва шеваи дуняёмадорист. Абӯсаид ҳам аз ин зовия ба ишқ назар меафканад ва бидуни маъшуқ оби ҳаётро ҳам ҳеҷ мешуморад:

Бе чашми ту ёди наргиси тар накунам,

Бе лаъли ту орзуи Кавсар накунам.

Гар Хизр ба ман бе ту диҳад оби ҳаёт,

Кофар бошам, ки бе ту лаб тар накунам.

Шӯри ишқ ҷуръати ва ҷасорати инсониро тавлид мекунад ва зиндагии одамиро маъно мебахшад. Ошиқ, ба назари Абӯсаид, касест, ки ҷуръат дорад, куфру имонро ба ҳам мезанад ва дар роҳи мақсуд аз касеву чизе ибо намеварзад:

Саҳл аст маро бар сари ханҷар будан,

Ё баҳри муроди хеш бе сар будан,

Ту омадаӣ, ки кофиреро бикушӣ,

Ғозӣ чу туӣ, хуш аст кофир будан.         

Абӯсаид дил ва ишқро, ки аслу асоси такопӯ ва талошу ҷустуҷӯҳои инсонист, тавъам ва ҳамрадиф дониста, мегӯяд:

Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,

Бар маркаби орзу савор ояд дил.

Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ

В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил.

Огоҳона зистан ва бар мабнои шинохту огоҳӣ умрфарсоӣ карданро Абӯсаид тамҷид мекунад:

Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,

Чун толиби манзилӣ, ту дар роҳ бимир.

Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна

З-инсон ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.

Гоҳо Абӯсаид хайёмвор ба олам менигарад ва “маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд”-и Ҳакими Нишопурро такрор мекунад:

Ҳам дар раҳи маърифат басе тохтаам,

Ҳам дар сафи олимон сар андохтаам.

Чун парда зи пеши хеш бардоштаам,

Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам.

Сӯфӣ мавзӯи маъмулии баробар будани илм бо амалро гӯшзад карда, ғуруру такаббуро мавриди интиқод қарор медиҳад:

Бо илм агар амал баробар гардад,

Коми ду ҷаҳон туро муяссар гардад.

Мағрур машав ба худ, ки хондӣ варақе,

З-он рӯз ҳазар кун, ки варақ баргардад.

Абӯсаид ба дараҷае шефтаи ишқ ва муҳаббати инсонӣ аст, ки барои ӯ адёну мазоҳиб фарқе намекунанд ва ҳар дину мазоҳибе, ки пеши роҳи ишқ ва меҳрро мегирад, канораш мезанад. Ин аст, ки ба тарсову муслим ва муъмину насоро (ноқуснавоз ва саҷҷоданишин, тасбеҳдору зуннормадор) ҳушдор медиҳад, ки:

Ноқуснавоз агар зи ман дорад ор,

Саҷҷоданишин агар зи ман карда канор,

Ман низ ба рағми ҳар ду андохтаам,

Тасбеҳ дар оташ, оташ андар зуннор.

Абӯсаид кеши ишқро аз соири дину мазоҳиб ҷудо медонад ва иддао мекунад, ки паёмбари ишқ на аҷамӣ ва на арабист. Дар зимн, чун ишқ вориди зиндагии инсонҳо мегардад, ба сони оташи сӯзанда имону кешу мазҳабро месӯзад ва ҳамаро зеру забар мекунад:

Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,

Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст.

Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст,

Пайғамбари ишқ на аҷам, на араб аст.

Баъзе рубоиёти Абӯсаид бо рубоиёти мардумӣ хеле қаробат ва наздикӣ доранд ва дар ниҳояти самимият суруда шудаанд. Шайх Абӯсаид мавзӯи дӯст ва дӯстдориро, ки меҳвари мавзӯоти фолклорӣ ва умуман, адабиёти клласикӣ ва муосири форсии тоҷикист, дунбол карда, рубоие сурудааст, ки то имрӯз вирди забони мардумист:

Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,

Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯйи ту накӯст.

Мардум гӯянд, биҳишт хоҳӣ ё дӯст?

Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.

Ё ин ки:

Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,

Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накӯст.

Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро,

Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.

Абӯсаид ба сифати як инсони заминӣ, хоксору ботавозӯъ ва вораста аз қайдубандҳо аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо шудан, аз ғафлату озмандӣ ва ҳавою ҳаваспарастӣ дур будани инсонҳоро тақозо мекунад:

Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?

В-эй нестшаванда, лофи ҳастӣ то кай?

Гар ғарқаи баҳри ҳғафлату оз наӣ,

Тардоманию ҳаваспарастӣ то кай?

Бояд таъкид кард, ки Абӯсаид ба унвони пешгоми ҷунбиши тасаввуфӣ шеъру тарона ва рубоиро дар маркази таваҷҷуҳ ва тарғиботи ирфонӣ қарор дода, дар ин самт муваффақ шуд. Пас аз даргузашти Абӯсаид мутасаввифни баъдӣ истифодаи ашъорро ҳамчун абзори тарғиботу ташвиқоти иҷтимоию маънавӣ зарур донистанд ва дигар таронасароӣ ва шеъргӯйии сӯфиёна дар адабиёти форсу тоҷик маъмул гардид. Пас аз Абӯсаиди Абулхайр ва Абдуллоҳи Ансорӣ шеъри тасаввуфӣ як навъ муд мешавад ва сӯфиёни дараҷаи аввале назири Саноӣ, Аттор ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба майдон меоянд, ки шеъри сӯфиёнаро дар ҳамоҳангӣ бо озодандешӣ ва мардумсолорӣ машрӯият мебахшанд.

Ба ин тартиб, Абӯсаиди Абулхайр анвои адабӣ, бахусус рубоиро ба сифати абзор ва инструменти минбардории сӯфиёна мавриди истифода қарор дод ва дар баробари дунбол кардани аҳдофи ирфонӣ, ба тарғиби ғояҳои гуманистию мардумсолорона машғул шуд. Зиндагии шахсию инфиродӣ ва ҷамъии Абӯсаид, ки моломоли меҳру муҳаббат ва самимияту отифат будааст, далели он аст, ки ӯ рубоиро ба унвони василаи муассири тағйир додани зеҳни насли замон, ки аксаран, дар банду қайди хушкандешии мазҳабӣ гирифтор буд, корбаст кардааст. Мавзӯъ ва мазмунҳое, ки Абӯсаид дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст, ҳамагӣ аз зиндагӣ реша мегиранд ва арзиши умумиинсонӣ ва башарӣ доранд.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь