(Ба ифтихори 70-солагии устод Саъдулло Раҳимов)
Фарзанди падар ҳастӣ, ин мояи фахри туст,
То фахр кунем аз ту, фарзанди башар мебош!
Ин шоҳбайти нобро устоди равоншод Лоиқ баҳри имрӯзиён ва фардоиён чун андарз гуфтаанд ва албатта, ин нуктаро устоди зиндаёд беҳуда изҳор надоштаанд, мо худ ҳар соат шоҳиди бисёр воқеаҳои номаймуну хатарзо мегардем, ки ин дар сайёраи мо аз дасти одамиён ба вуқуъ меояд. Инсонҳо аз таҳаввулотҳои фарҳангсузу кинаву адоват ва бемеҳрӣ ранҷ мекашанд, вале одамҳо аз он лаззату фароғат мебаранд, ки ин воқеан ҷойи нигаронист. Инсонҳои оқил мекӯшанд фазои зиндагонии башар беғубору офтобӣ ва дар ҳамзистӣ бунёд бигирад, дар ин ҳолат ҳаёт рангину боистаи зистан хоҳад шуд. Мо низ дар оғоз шоҳбайти устод Лоиқро бад-ин хотир овардем, ки шахсиятҳое, ки фахри башар мегарданд, ҳастии хешро баҳри хушвақту хушбахтӣ, ғани гардонидани маънавиёти оламиён бахшидаанд ва яке аз чунин шахсиятҳо устод Саъдулло Раҳимов мебошад, ки мавсуф дар илми зебоишиносӣ, фарҳангшиносӣ, фалсафа ва киношиносии тоҷик солҳои тӯлонӣ хидмат намудааст ва саҳми боризи хешро гузоштаасту мегузорад.
Устод Саъдулло Раҳимов аз зумраи олимоне мебошад, ки диду фаҳм ва донишаш аз умқи торих сарчашма мегирад ва офаридаҳояш низ пайғоми фардоро меоварад, ки албатта, ин ҳамаро мо агар таваҷҷуҳ ба осораш бинмоем, осон дармеёбем. Ин нуктаро ҳам ёдрас бояд шуд, ки камина дар сатҳе нестам, ки шахсияте чун Саъдулло Раҳимовро бо ҳама нафосату тавонмандии донишаш нақду бозгӯ карда битавонам, аммо дар зарфи чанд соле, ки бо устод аз наздик ошноӣ пайдо намудаам ва то андозае аз осораш бархӯрдорам, назару бардоштҳои хешро дар шинохти устод рӯи сафҳа меоварам.
Нахустин рӯзе, ки устод Раҳимов аз фанни фарҳангшиносӣ ба мо шогирдон дарс гуфт, аввалин ҷумлае, ки ба забон овард ин буд, ки “рафиқон, мо аз фанни фарҳангшиносӣ якҷо дарс мехонем, он чи ман намедонам, ман аз шумо мепурсам ва он чи шумо намедонед, аз ман мепурсед ва ҳамин тур мо ҷои холигии дониши худро бо ёрии ҳамдигар пур менамоем”… Шахсан банда пас аз ин гуфтори устод дар тааҷуб уфтода будам, ки як инсон, як олим метавонад то ба ин ҳад хоксору заминӣ бошад, ки ба шогирдони навқадаму навқалам чунин гуфта бошад.
Дар гуфтору пиндори устод ҳеч кибру ғурурро мо эҳсос наменамудем, чунон хоксоронаву олимона суҳбат менамуд, ки кас гумон мекард бо эшон солҳои тӯлонӣ ошност. Ин нахустин бардошти банда аз рӯзи аввали аз наздик ошно шуданамон буд.
Сипос мар қисмату сарнавиштро мекунам, ки бандро бо чунин инсон, олим ва оқил рӯ ба рӯ намуд ва унвони шогирдиашро ато фармуд. Дар ҳар маҳфиле ва ё ҳамоиши илмиву адибе, ки бо устод Раҳимов будем, ҳамагон нисбати устод эҳтироми вижае қоил буданд ва дар ғоибаш низ нисбаташ суханони пурмеҳр ироа медоштанд, ки ин барои банда хеле фараҳзо буд ва ҳам устодро бештартар мешинохтам. Саъдулло Раҳимовро дар ҳалқаи киношиносон, киношиноси беҳтарин, дар ҳалқаи фарҳангшинсон фарҳангшиноси беҳтарин, дар ҳалқаи файласуфон, файласуфи беҳтарин ва дар ҳалқаи инсонҳо, инсони беҳтарин дарёфтам ва маълумам гардид, ки устод тамоми донишҳоро фарогир аст, лек аз ин зарфиятҳои худ на меболаду на такаббуре мекунад, инро ҳам дарк намудам, ки инсон ҳар қадр оқилу донишвар бигардад, ҳамон қадри дигар заминиву хоксор мегардидааст.
Осори устод гуногун паҳлу, вале аз як сарчаша ва як реша шодоб мегардаду қад меафрозад. Ба вижа, илми зебоишиносиро устод такмил дод ва аз вуҷуди чунин илме, ки гузаштагони мо поягузораш буданд, (аз Зардушт сарчашма мегирад) дарак дод ва дар ин хусус рисолаи илмӣ низ таълиф намуд ва дар ҳар навиштору гуфтораш аз зебоишиносӣ мегӯяд. Дар ҳар осоре ё рисолае зебоиофариро дарёбад, меболаду менозад ва бо шодмонӣ мегӯяд, ки адабиёти классики мо сар то по зебоишиносисту бузургони илму хиради мо дар қолаби тагбайтиву рубоӣ, достону маснавӣ ва ғазал зебоиро ғунҷонидаанду ба оламиён талқин намудаанд. Боре дар коргоҳи устод сухан аз зебоигуфториву зебоиофарӣ рафт, аз адабиёти дирӯзу имрӯзамон мисолҳо меовард ва гуфт, “дар замони мо устод Лоиқ бештар зебоифар буд, ҳамеша осорашро, ки мехонам равонаму вуҷудам оромиш меёбад. Ҳамаи осораш писандида аст, вале ҳамин шоҳбайт дурдонаест:
Аз об баромадӣ, танат ларзон аст,
Ҳар қатраи об дар танат марҷон аст.
Аз ин бешатар метавон зебоиро офариду гуфт?”…
Чунин суҳбатҳои гуворову дилнишини устод Раҳимов, ки сухан аз этика ва эстетика мегӯяд, хеле зиёд аст ва ҳамвора мекӯшад насли имрӯзи миллат аз илму хирад, ки сарчашмааш аз зебоишиносист, бархурдор бошанд. Борҳо бо сароҳат устод изҳор доштааст, инсон аз набудани ғизои моддӣ маҳв намегардад, балки аз набудани ғизои маънавӣ маҳв мегардад. Воқеан, ин пиндори устод воқеияти раднопазир аст. Зеро дар ҳар замоне, ки инсоният ранҷ бурдааст, аз набудани ғизои маънавӣ будааст.
Саъдулло Раҳимов, ки аз киношиносони саршиноси кишвар маҳсуб меёбад, дар ин соҳа заҳматҳову пажуҳишҳои зиёдеро анҷом додааст ва бар ин бовар аст, ки кино ва ҳунари кинофарӣ ҳарчанд падидаи нави фарҳангӣ дар таҳаввулоти иҷтимоии инсонҳост, вале таҳлилу баррасиҳо собит намудаанд, ки бо ахлоқу ҳаёти иҷтимоии инсонҳо санъати кино сахт пайвандӣ дорад ва ин пайвандиест, ки ногусастанӣ. Ва устод бар ин назар аст, ки нақши кино дар пешрафти ахлоқу маънавиёти инсоният муассир аст ва бо ин падидаи нав, ки бешак яке аз кашфиётҳои беназири илми инсонист, бо шеваи бояду шояд набояд муносибат намуд. Устод Раҳимов аз он бештар нигаронӣ мекунад, ки дар оғози филмофарӣ миллати мо дастовардҳои бузурге аз ин падидаи нави фарҳангӣ халқ кард, вале аз чи иллате бошад, ки якбора рукуд намуд. Раҳимов осори зиёде дар бобати киношиносӣ ва бурду бохти кинои тоҷик офаридааст ва ошуфтаҳолиаш низ дар хусус қобили пазириш аст, зеро мо агар чун як ҳаводори кино бо кино муносибат бинмоем, ӯ олими ин соҳа аст, тасаввур бинмоед, бархурду натиҷагириҳояш чӣ гуна бояд бошад?
Ба хотири он ки кинои имрӯзи мо бо талаботҳои замони худ ҷавобгӯ ва ҳирфавӣ гардад Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон фестивали байналмилалии “Дидор”-ро таъсис дод ва устод Саъдулло Раҳимов аъзои ҳакамони он ва ҳамзамон чандин масъулиятҳои ин фестивалро бар душ гирифтааст, ки ин албатта, шаҳодат бар он медиҳад, ки Раҳимов ба ҳар роҳе набошад, мехоҳад саҳми худро дар пешрафти кинои тоҷик бигзорад ва таманно дорад кинои тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ тавонмандию рақобатпазириро пайдо бинмояд. Бо ин вуҷуд, ҳамеша аз сатҳи пасти кинои имрӯзи тоҷик нигарон аст ва чандин кинову мақолаҳои илмиву таҳлилӣ дар солҳои охир навиштаасту роҳҳои аз ин бунбаст раҳоӣ ёфтанро ба кинои тоҷик пешниҳод намудааст. Эҷодкорону дастандаркорони соҳаи кино боястӣ аз ин пешниҳоду таҳлилҳои устод Раҳимов дарс бигиранду дар рафъи мушкилотҳои ҷойдошта камар бибанданд, зеро Раҳимов аз рӯи ғараз интиқоду нақд намекунад, балки олими ин соҳа, ки ҳаст дилаш месузад ва ранҷ мекашад, ки набояд мо “чун дирӯз ба як қоида такрор шавем” ва албатта, мехоҳад мо бояд “ аз рӯз ба рӯз бихраду солор шавем”…
Фарҳангшиносӣ ва файласуфиро устод Раҳимов дар дунёи маънавиёти худ бо зовияҳои гуногун омухтаасту кашф кардааст ва фарҳангу фалсафаро сарчашмаи маҷмӯи илмҳо медонад. Ва дар ин андеша аст, ки фарҳангшиносону файласуфон дар дигаргунии ҳаёти иҷтимоии одамон нақши муассир доранд ва рисолати эшон фаротар аз он ки мегӯянду медонанд аст. Раҳимов бар ин пиндор аст, ки ноҷуриву ҷоҳилӣ агар бештар реша дар ҷомеа паҳн бинамояд, аз камфаъолиятии фарҳангшиносону файласуфон аст. Устод Раҳмов дар мақолаву асарҳояш, ки проблемаҳои фарҳангиву иҷтимоиро баррасӣ менамояд, чун олими соҳа мехоҳад насли имрӯзи миллат аз осору пайкор ва фарҳанги бепаҳнои ниёгонамон ошноӣ дошта бошанд ва дар ҳаёти муқаририи худ аз он ганҷинаҳо истифода намоянд ва албатта, ин хостаҳои устод Раҳимов бад-ин маъност, ки дар таҳаввулотҳои номатлуби замон, ки бархе “бархурди тамаддунҳо” ва зумрае “гуфтугӯи тамаддунҳо” унвонаш додаанд, худшиносиву ҳувияти миллии худро аз даст надиҳем. Чунончи, устод Раҳимов худ дар яке аз мақолаҳояшон зикр намудааст: “Дар рушди устувор ва пайвастаи иқтисодиёт, сиёсат, рӯ овардан ба фарҳанги умумиинсонӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ ва демократӣ ифода меёбад. Ин моҳиятан нав мебошад ва мо, тоҷикон, дар оғози роҳи он қарор дорем. Он ба мо ҳуқуқи ихтиёран ворид шудан ба муборизаи мураккаб, пурихтилоф ва пуррақобат дар ҷаҳони глобалии ахбор ва арзишҳоро медиҳад.
Насли ҷавони дорои тафаккури комилу пухта ва аз обу оташ гузашта, қодир ба рақобат, фаъолияти мустақилонаи эҷодӣ, соҳиби таҷрибаи кор бо технологияҳои навтарини алоқаҳои байниҳамдигарӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамзамон, ин насл бояд ба ҳифз ва навсозии арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ таваҷҷуҳ дошта бошад ва масъулият ҳис намояд”.
Ин таъкиди устод, водор ба андешамандӣ менамояд ва ҳамзамон, устод бештар дар хусуси фарҳангҳои башарӣ нигоҳи оқилона доранд, чун устод бар ин назар аст, ки фарҳанге, ки арзишҳои милливу инсонии моро рахна наменамояд ва балки комилтар мегардонад, чаро мо он фарҳангро наомузему қабул нанамоем? Устод Раҳимов фарҳангҳое, ки аллакай мақоми умумиинсониро касб намудаанд, маҳсули зеҳни инсонӣ медонад ва бешак чунин фарҳангҳо баҳри инсоният хидмат менамоянд. Хурофоту фарҳангҳое, ки дар заминаи эътиқоду кешу дин рӯидаанд, бешубҳа баҳри як қавм ё ҷуғрофиё хидмат менамояд ва устод Раҳимов низ ин нуктаро дар осораш таъкид менамояд.
Тавофути фарҳанги умумибашарӣ ва диниву қавмиро мо- насли ҷавони миллат бояд бидонем ва албатта, дарки он замоне ба мо даст медиҳад, ки бештар фарогири илмҳо буда бошем ва ҳамзамон рисолати фарҳангшиносону файласуфон аст, ки ба ҷомеа аз тафовути ин фарҳангҳо пажуҳишҳо ироа бинмоянд ва устод Саъдулло Раҳимов ҳолиё чунин рисолати бузургро бар душ дорад ва дар ҳар мақолаву асарҳои пажуҳишиаш мо дарси худшиносӣ ва гуманизро гирифтаему мегирем.
Аммо Раҳимов пайваста аз он ранҷ мебарад, ки аҳли зиёи кишвар дар ҳамбастагӣ фаъолият надоранд ва як зумраи эшон беаҳамиятӣ ба таҳаввулотҳои замон менамоянд, дар ҳоле, ки аввалдараҷа зиёӣ аз ҳар хатари иҷтимоиву ахлоқӣ ва фарҳангӣ нигаронӣ бинамояду пеши роҳи чунин ҷараёнҳои хатарзоро бигирад.
Устод Раҳимов фикр мекунам зиёд танҳоӣ мекашад, андешаву афкоре, ки ӯ мехоҳад ҷомеа дошта бошад ва ё соҳиб гардад, наҳамеша ҷомаи амал мепушад. Аз ин рӯ, азият мекашад ва дар худ фурӯ меравад. Бештари вақти худро мекӯшад дар хилват ё гушае гузаронад, ки ҷуз худ каси дигар набошад. Банда ҳар замоне, ки устодро мебинам, аз нигоҳаш ва зеҳнаш манзумаи устод Лоиқро мехонам:
Эй ҷаҳони гиргардон, гирди ман боре бигард,
То зи навмедӣ намирад, марде аз мардони мард!
Чӣ ҷои пинҳон намудан, воқеат ҳамон аст, ки устод Раҳимов миёни ҷамъияти мо танҳои танҳост, ҳамдилу ҳамандеша надорад ва касеро низ парво нест, устод худ ба ин мазмун ҷое фармудааст: “Рӯдакиро кӯр кардем, Фирдавсиро азоб додем, Носири Хусравро азоб додем, ягон шоиру мутафаккире надорем, ки азоб надода бошем … вой ба ҳоли тоҷикҳо… Ибни Синоро ҳамавақт таҳқир мекарданд, ҳамавақт маҷбур мекарданд гуреза шавад… Чи хел миллатем?!”. Бале, устод мо аз торих низ дарс нагирифтем ва ҳам аз азиятҳои, ки дар тӯли торих кашидем, ба қавли устод Лоиқ: “Чӣ касем дар ду дунё, ту напурсу ман нагӯям!”…
Агар аз дарду иллатҳои ин миллат сухан бигӯем, фикр мекунам асрҳо кифоягӣ намекунад, вале дунё ба умед аст… Дар оғоз мехостам, танҳо аз шодбошиву муборакбодӣ бигӯям ва берун аз ин пиндорҳо ҳарфе нагӯям, вале мо дар рӯзи шодмонӣ низ аз дарду ранҷи миллат мегӯем ва худро фаромуш менамоем…
Бо ин вуҷуд, устоди арҷманду покзод, мелоди умрат ҳумоюн бод! 70 -солагӣ ин айёми камолот аст ва ин ҷашни камолот бар ману мо фархунда бодо! Ва ба гуфтаи шоири шаҳир Фарзона, ки муроди моро низ гуфтааст, суханро ҳусни анҷом мебахшам:
Табрик туро, ки сабзу навмилодӣ,
Фархундабашоративу фаррухзодӣ.
Сад соли дигар Худо ба мо бахшад, кош
Имкони хуҷастаи муборакбодӣ!
Зоҳири САЙФУЛЛО,
Ходими хурди Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ