Аз солҳои 60-и асри ХХ ва солҳои тӯлонӣ дар байни муаррихи барҷастаи тоҷик, профессор Мансур Бобохонов ва ховаршиноси маъруфи олмонӣ, профессор Манфред Лоренс ва дигар муаррихони тоҷик ҳамкориҳои муфиди созанда ва самарабахш ҷараён доштанд. Санаду бурҳонҳои сершумор, хусусан номаҳои сершумори Мансур Бобохонов ва Манфред Лоренс шаҳодат медиҳанд, ки ӯ бо муаррихони маъруфи тоҷик, хусусан ин ду бевосита ҳамкориҳои судбахши илмиву фарҳангӣ ва дӯстию рафоқати самимона ҷараён доштанд, онҳо бегумон дар ин самт комёб ва муваффақ мегарданд.
Зимнан, тазаккури он ҷоиз аст, ки танҳо ба туфайли профессор Мансур Бобохонов, коромӯзи ҷавони немис Манфред Лоренс ба доираи илмиву адабӣ ва фарҳангии олимону фозилони тоҷик дохил мегардад. Чунки таърихшиносони тоҷик таваҷҷуҳи ӯро бештар ба ҷониби худ мекашиданд. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки устод Манфред Лоренс ба таърихи қадим, асри миёна, давраи нав ва муосири тоҷикон робитаи зич ва шавқу ҳаваси хоса дошт.
– Азбаски аз дер боз ба таърихи Осиёи Марказӣ шавқу алоқаи зиёде доштам, – бо ихлоси хоса қайд мекунад Манфред Лоренс, – аз ин рӯ, бо ёрии Мансур Бобохонов байни ман ва таърихшиносон робитаи наздик барқарор шуд. Ман аз профессори таърихшинос Мансур Бобохонов як ҷаҳон миннатдорам, ки на танҳо бо таърихи ғании халқи тоҷик ошно сохт, ӯ инчунин ба ман аз расму анъанаҳои халқии бо дини ислом омезишёфта маълумотҳои хеле боарзиш дод…».
Дар ҳақиқат ҳам, Мансур Бобохонов бо ховаршиноси номдори олмонӣ, профессор Манфред Лоренс аз ҳама бештар дӯстиву рафоқати бепоён ва ҳамкории ҳамаҷонибаи илмиву эҷодӣ ва адабиву фарҳангӣ дошт, ки дар ин бора номаҳои онҳо пурра шаҳодат медиҳанд. Доираи ҳамкориҳои ин ду шахси бузурги илмиву фарҳангӣ ниҳоят васеъ ва густурда мебошанд.
Профессор Мансур Бобохонов чун Манфред Лоренс натанҳо бо олимону таърихшиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз хоки он ва мамолику кишварҳои гуногуни олам низ ҳамкории илмӣ ва робитаи қавии дӯстӣ барқарор намудааст. Махсусан чунин ташаббусҳо ва иқдоми нек бо мусташриқони номдори хориҷӣ, ба мисли профессорон Г. Розенфелд, Манфред Лоренс, Берт Фрагнер, Ҳикматулло Довуд, Кемпер Манфред, Эдҳард Бауэр, Лутс Жсҳак ва даҳҳо дигарон ба роҳ монда шудаанд, ки аз дастовардҳои илмиву амалии онҳо бохабар шуда, комёбиҳои онҳоро дар пешбурди корҳои илмиву эҷодии хеш васеь истифода бурдааст.
Дарвоқеъ, ҳамкории профессор Мансур Бобохонов бо олимони Ҷумҳурии Олмон натиҷабахш аст. Моҳи июни соли 1978 дар Университети Бсрлин ба муносибати садсолагии аллома Садриддин Айнӣ сесияи илмӣ баргузор гардид, ки дар он профессор Мансур Бобохонов бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд. Моҳи августи соли 1995 Мансур Бобохонов бо олимони Донишгоҳи Берлин Кемпер Манфред, Ҳикматулло Довуд, ховаршиносон Эдҳард Бауэр, Лутс Жеҳак ва дигарон вохӯрда, доир ба масъалаҳои муҳимтарини таърихи мардуми Осиёи Марказӣ, махсусан, таърихи тоҷикони ҷаҳон суҳбату баромадҳо гузаронида, мубодилаи афкор барпо намуд.
Қобили қайд аст, ки сафҳаи рангин ва пурэҳсоси дӯстӣ ва ҳамкории профессор Мансур Бобохонов бо тоҷикшиноси номдори олмонӣ, доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Манфред Лоренс намунаи ибрат буда, омӯзишу тадқиқи он ба аҳамияти бузурги илмиву амалӣ молик аст.
Дӯстии байни онҳо аз соли 1957-58 оғоз ёфтааст, ки дар миёни ин ду шахсияти бузурги фарҳангӣ риштаи ногусастании дӯстию рафоқат ва ҳамкории самарабахши илмиву фарҳангӣ ҷараён дошт. Профессор Манфред Лоренс дар яке аз номаҳояш лутфан аз ин хусус ҳарф задааст: «…бо бисёре аз тоҷикон ошно шудам, дӯст шудам ва он дӯстие, ки аз он вақт пайдо шуд, то имрӯз ҳам идома дорад».
Риштаи дӯстии миёни ин ду шахсияти бузурги фарҳангӣ минбаъд чунон вусъат пайдо намуда, ки аз он тарафайн розӣ ва миннатпазиранд: «дар ин солҳо тадриҷан миёни мо риштаи дӯстӣ мустаҳкам шуд, – менависад профессор Манфред Лоренс. – Донишу биниши васеъ, истеъдоди фавқулодда, хислатҳои наҷиби инсониаш ин ҷавони заҳматкашро (Мансур Бобохонов – шарҳи муаллиф) ба ман қарину наздик гардонд. Дар муддати кӯтоҳ дар байни мо дӯстӣ ба рафоқат ва бародарӣ табдил ёфт…».
Инчунин, профессор Манфред Лоренс дар хотира ва ёддоштҳои худ оид ба инъикоси мавзӯи дӯстиву рафоқат дар осори дӯсти тоҷики худ бо мамнуният ва фахри баланд иттило медиҳад: «Ман ба ҷанбаи инсонпарастии осори баландмазмуни Мансур Бобохонов шинос ҳастам… Ба андешаи ман, як ҷанбаи муҳими эҷоду татқиқоти дӯсти тоҷики ман, қабл аз ҳама, мазмуни интернатсионалистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни халқҳои гуногун, махсусан тоҷикон ва олмониён ба шумор хоҳанд рафт, ки ин мавзӯъ дар асарҳои олим ба тариқи барҷаста бозгӯ шудаанд…».
Мансур Бобохонов бо давъати бевоситаи дӯсти олмониаш ду маротиба – дар солҳои 1971 ва 1995 ба Ҷумҳурии Олмон сафар намуда, меҳмони олиқадри онҳо шуда, бо шаҳрҳои гуногуни ин мамлакат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муассисаҳои илмӣ, маданию маърифатӣ ва амсоли он аз наздик шинос мегардад. Дар ҳақиқат ҳам, ба дӯстони тоҷик ин сайру саёҳати чандрӯза аз ҳар ҷиҳат мақбул афтод. Онҳо бо аҳли илму адаби олмониён, махсусан, бо олимони ҷомеашиноси Донишгоҳи Берлин Кемпер Манфред, Ҳикматулло Довуд, ховаршиносони немис Эдҳард Бауэр, Лутс Жеҳак ва чанде дигарон вохӯрӣ гузаронида, аз хусуси ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Профессор Мансур Бобохонов на танҳо дар байни ҳамкорону шогирдон ва аҳли илму адаби тоҷик, балки ховаршиносони мамолику кишварҳои хориҷӣ ба обурӯ ва эътибори баланд сазовор гаштааст. Ба тариқе ки профессор Иброҳим Усмон бо ихлоси тамом ва фахри баланд қайд кардааст: «…боре мо мулоқоте доштем бо профессор Манфред Лоренс дар шаҳри Берлин. Ӯ дониши худро аз Тоҷикистон, ифтихору эҳтироми худро аз тоҷикон бо номи Мансурхон тавъам мепайваст. Ними суҳбаташ аз қиссаи фазилату донишварии ин инсони шариф иборат буд. Ба мо – тоҷикон мояи ифтихор буд, ки дар мусофират як марди орифи немис, ки номи дунёӣ дорад, самимона ҳамдиёри моро сифат мекард. Меҳри мо ба ин васила ба устод Мансур Бобохонов дучанд меафзуд». Ба тариқе, ки профессор Ҳ. Аҳмадов пиромуни дӯстии профессор Мансур Бобохонов ва профессор Манфред Лоренс ибрози ақида намуда, бо фахри баланди инсондӯстӣ чунин менависад: «…ман аз дӯстии ин шахс бо аҳли илму фарҳанги тоҷикон ва ҷаҳон, махсусан, бо ховаршиноси маъруфи олмонӣ, профессор Манфред Лоренс фахр мекунам. На танҳо ман, балки бисёр ҳамкасбону дӯстони эшон ҳам аз вафодории дӯстиву рафоқати ин ду шахсияти барҷаста дар ҳайрат мемонанд. Дар ҳақиқат, бешубҳа тимсоли олии дӯстӣ ва рафоқат буда, намунаи ибрату омӯзиш аст».
Хулласи калом, санаду бурҳонҳои сершумор, хусусан номаҳои барзиёди профессор Мансур Бобохонов ва профессор Манфред Лоренс шаҳодат медиҳанд, ки дар байни ховаршиноси олмонӣ Манфред Лоренс бо муаррихони Тоҷикистон, хусусан, бо профессор Мансур Бобохонов ва дигарон на танҳо ҳамкориҳои судбахши илмиву адабӣ, балки дустию рафоқати қавӣ мустаҳкам гардида буданд. Маҳз дар нимаи дуюми асри XX тавассути ҳамкориҳои судбахш ва бардавом дӯстони ҳамдилу ҳамнафаси тоҷикон, олимони тоҷикшиноси дунё, ба монанди Ян Рипка, Иржи Бечка, Ричард Фрай, Манфред Лоренс ва даҳҳо дигарон номи тоҷиконро дар саросари олам машҳур гардонидаанд, ки он боиси ифтихори на танҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки тамоми тоҷикони дунё маҳсуб меёбад.
Раҳматулло Юсуфӣ, коршиноси мустақил