Ман магистрант ҳастам ва сабаби ягонаи ба ин зинаи таҳсил черезбозиву тағобозӣ карда дохил шуданам – ин муаллим шудан аст. Вале мутаассифона, бо дидан, бо вохӯрдан ва бо нишастан дар дарси се муаллими донишгоҳам дилам ба якборагӣ аз ин касби воқеан ҳам хизматрасон ба ҷомеа монд. Аз дӯстдории зиёд се муаллимамро барои худам идеал интихоб кардам. Бовар кунед, аз роҳгардияшон, аз фикрронияшон, аз дарсгузарияшон, аз вазифадиҳияшон, аз лексияхонияшон ва аз чапгирияшон чунон хурсандам, ки агар муаллим шавам, ҳатман аз усули эшони муҳтарам кор мегирам. Бо иҷозати шумои гиромӣ ва хоҳиши худам дар бораи ин се қаҳрамон ва муҳтарами донишгоҳам қисса мекунам, ки бо шарофати онҳо садҳо донишҷӯву магистрант умрашонро қадр карда, беҳуда намегузаронанд.

Ман ӯро дӯст доштам

Чун дар аввал ишора кардам, ки аз магистрантӣ танҳо муаллим шуданамро интизорам, инҷо хуб мешавад, ки сараввал дар бораи муаллими педагогикаам бигӯям. Росташро мегӯям, вақте дар рӯйхати дарсҳо дарси “Педагогика”-ро дидам, ба муаллим шуданам бовариям зиёд шуд, зеро хабар ёфтам, ки ба ману мо аз ин фани бисёр муҳим профессори педагог бо таҷрибаи зиёда аз 20-солаи корӣ дарс мегӯяд.

Рӯзи аввали дарсӣ ман аз хурсандии зиёд 12 дақиқа пеш аз дарс ба синфхона рафтам. Талх ва ширин будани интизориро дар ҳамонҷо фаҳмидам. Талхӣ аз он ки ман дар умрам ягон муаллимро интизор нашудаам, ширинӣ бошад, аз он ки бо муаллими педагог вомехӯрам.

Бисёр интизор шудаму шудем ва билохира пас аз 7 дақиқаи гузаштани соати дарс муаллими воқеан ҳам педагоги мо омад. Омаду нишаст. Салом надод, саломи моро бо каҷии даҳонаш “алек, алек” гирифт. Ва ногуфта намонад, ки мо аз ин бисёр хурсанд шудем, зеро саломи моро педагог алек гирифт. Аммо ин манзара ҳолатеро мемонд, ки муаллими воқеан ҳам педагог ба волидони ҳар як нафари мо 6400 сомонӣ аз бонку ҳамсоя ё хешу табораш қарз карда додааст, гӯё мо, ки ба умед нишастаем, охири моҳ маоши профессории бо 15%-и иловашуда мегирифта бошем ва боз гӯё мо аз ӯ қарздор бошему вай аз мо не.

Пас аз 10 дақиқаи дарс гузаштан дасташро ба парта зада, хесту гуфт:

– Бачаҳо, шумо, ки муаллим шуданиед, дониста бошед, ки қоидаи аввал ва тиллоии муаллимӣ ин сари вақт ба синфхона ворид шудани муаллим аст. Кӯшиш кунед, ки ҳамеша дар соати 00 ба дарс оед.

Муаллими азиз пас аз мини-лексия дар бораи дер накардан ба дарс чанд дақиқа дар берун бо телефонаш суҳбат кард ва гашта омад.

– Бачаҳо, шумо, ки муаллим шуданиед…,- гуфта дуюмбора ба суханаш оғоз кард.- Медонед, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чунон ба азобҳо дучор омадам, ки қариб ҳама дороиямро силоҳдорон бо худ бурданд. Онҳо намепурсиданд, ки…

Педагог беист ва бесархат қиссаи аҷиб ва шавқоварашро, ки дар азоб будааст, ба 21 муаллимшаванда қисса мекард. Яъне ба мо таҷрибаи ҳаёт меомӯзонд. Ба мо тарсӯиро талқин мекард. Моро аз ваҳшати солҳои 90-ум хабардор мекард, офаринаш! Ногаҳ ист кард ва аз ҷузвдонаш телефони қиматашро бароварда, нигоҳ кард ва гуфт:

– Бачаҳо, 10 дақиқа дам гиред, пасон дарсамонро идома медиҳем.

Аллакай мо дам гирифта наметавонистем, зеро он 10 дақиқае, ки бояд дам мегирифтем, об менӯшидем, дар роҳрави факултет фахр карда роҳ мегаштем, дар шунидани қиссаи ҳаёти сипарикардаи муаллимамон сарф шуд, ки воқеан ҳам ҷолиб буд.

Мо аз дамгирӣ омадем. Ҳамоно муаллими воқеан ҳам педагог дар курсияш нишаставу бо ду духтари партаи аввал, ки аз дасташ гурехта натавониста буданд, чизе нақл дорад. Дид, ки ҳамагӣ омадем, овозашро баландтар кард:

– Бачаҳо, шумо ки муаллим шуданиед, бояд бидонед, ки дарс ва донишгоҳ ҷойи қиссаи худро гуфтан нест ва ҳеҷ гоҳ толибилмон барои шунидани қиссаи муаллимашон пул дода, аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои таҳсил ба Душанбе намеоянд. Ин як. Дуюм, шумо вақте ки муаллим шудед, кӯшиш кунед, ки ҳаргиз вақти бачаҳоро нагиред ва дар танаффусҳо 10 дақиқа ҷавобашон диҳед, то ки об нӯшанд, ҳоҷатхона раванд, бо синфҳои дигар вохӯранд, хастагии 50 дақиқаи дарсияшонро бароранд. Зеро ман аз таҷрибаи зиёда аз 20-солаам мегӯям, ки майнаи сари бача пас аз 50 дақиқаи дарсӣ бояд дам гирад, агар шумо гапи муҳим ҳам гӯед, вайҳо дигар қабул карда наметавонанд.

Бовар кунед, ман аз чунин ранг гирифтани дарс бисёр ҳаловат мебурдам. Ба қавли бачаҳои таги подвал, “кайф” мекардам. Пасон, дар дарси дуюм муаллими воқеан ҳам педагог бо мо ҳамчун “бонус” дар бораи телефонҳоямон, галстукҳоямон, причоскаҳоямон, туфлиҳоямон, куртаҳоямон, каблукҳои духтарҳоямон ва ҷӯробу ниқобҳои тиббиямон суҳбат кард. Занг шуд. Аз дӯстдории зиёди муаллим ва дарсаш ҳама якҷоя аз ҷоямон хестем, вале моро шинед гуфт ва мо нишастем.

– Бачаҳо, шумо ки муаллим шуданиед, бояд дар хотир доред, ки муаллим бояд ҳамеша дафтари алоҳидаи ҳозирғоиб дошта бошад ва доимо дар аввали дарс бачаҳоро ҳозирғоиб кунад.

Муаллим моро ҳам дар журналҳо ва ҳам дар дафтари махсусаш ҳозирғоиб кард ва пас аз панҷ дақиқа гузаштани дарси дигарамон ба дигар аудитория рафтем. Воқеан ҳам дарси хуб ва педагогӣ гирифтем, ки аз миёни мо дилхоҳамон дар оянда ин таҷрибаҳоро истифода мекунем.

Муаллим бошад, чунин бошад!

Рӯз торик шуд, ки ин ҳолатро одатан “шаб шуд” мегӯянд. Шаб тамом шуд, ки ин ҳолатро одатан “рӯз шуд” мегӯянд. Донишгоҳ омадам. Ба дӯстам, ки як сол аз мо боло таҳсил мекунад, қиссаи дирӯзаро ва ҳамчунин имрӯз аз кадом муаллим дарс доштанамро гуфтам. Ӯ хандида, гуфт:

– Муаллими педагогика ба хайр, ҳоло имрӯз бин чӣ гап мешавад.

“Ҳоло имрӯз бин чӣ гап мешавад”, “ҳоло имрӯз бин чӣ гап мешавад”, “ҳоло имрӯз бин чӣ гап мешавад”… Ман як нимсола рӯзҳои сешанбеву панҷшанбе танҳо ҳамин ҷумлаи рафиқамро такрор мекардам ва бадбахтона ману мо пас аз имтиҳон бо умеди дидор гуфта, ҷудо шудем.

Бовар кунед, муаллими мо чунон босавод буд, ки дар ним соли таҳсил боре лексияашро надидем. Мавзӯи дарсашро нашунидем. Маълумоти ҷолиберо дар бораи фану предмети инъикоси фан нагирифтем. Ӯ аз босаводии зиёд ҳанӯз дар дарсҳои аввал аз мо чиро нафаҳмидану чиро надонистанамонро пурсида, оҳиста-оҳиста ба мо хонагардаку тортхӯриро аз ҳисоби дигарон омӯзонд.

Муаллими мо чунон бомасъулият ва дарсдӯсту шогирддӯст буд, ки ба дарсҳо аввал худаш дер мекард, пасон деромадаҳоро мегуфт, ки фалон соат дарс оед ва агар дар соати таъинкардааш дарс намеомаданд, ҳатман ҷазо мегирифтанд. Ҷазои бисёр сабук: гунаҳкор ё ҷамъи ҳамкурсонро ба хонааш даъват мекард ё чизе пухта меовард ва ману мо нӯши ҷон мекардем, ки барои мо бисёр бомазза буд. Ба муаллими азизи мо фарқ надошт, ё ба истилоҳи ҷавонони имрӯз, “нифарқует” буд, ки гунаҳкор шароити шикамҳои майдаи моро пур кардан дорад ё не. Вай бояд гуноҳашро мешуст, ки ману мо доштани чунин муаллимро дар чунин рӯзгор, ки барои ҳама осон аст, ба худ ифтихор медонистем.

Хуллас, ним сол гузашт ва мо аз муаллиме, ки аз фанни ихтисосиямон дарс гуфт, омӯхтем: бояд ҳамеша хонаи шогирдон равем, бояд ҳамеша онҳоро фармоиш диҳем, ки чизе пухта биёранд, бояд дарсҳоро озод гузаронем, яъне танҳо муаллим гап занад ва дигарон озодана гӯш карда, ҳамфикр шаванд, бояд лексияву лексияхонӣ накунем, зеро шогирд чизе намегирад, аммо агар ҳар чизе, ки хоҳем гӯем, ҳатман донишҷӯён босавод мешаванд. Масалан, дар бораи чӣ тавр ин субҳ аз хоб хестем, чӣ тавр дандонҳоямонро шӯстем, чӣ тавр субҳона кардем ва ғайраҳо. Ба мо маълум шуд, ки муаллим бояд аз ҳамаи шогирдон гапдонтар бошад ва кӯшиш кунад, ки пеш аз саволҳои ногаҳонии “Устод, мавзӯи имрӯза чист?”, “Устод, вазифаи хонагӣ намедиҳед?”, “Устод, фалон чиз чӣ мешавад?” ҷилави суханро дар даст гирифта, ҳамеша ягон хотироти худро аз автобус, пробка, баня, тӯйи хеш ва ё лаҳзаи дигар нақл кунад. Ё аз усули дигар, ки пурра дар бораи худ суҳбат кардан аст, истифода барад. Ва хушбахтона, муаллими азизи мо ҳамин гуна буд. Мо дар дарсҳояш зиқ нашудем ва ба болои зиқ нашуданамон чизе гирифта натавонистем, ки мақсади аслӣ ва ягонаи қисми зиёди мо буд. Офарин ба чунин муаллими дилсӯз! Муаллим бошад, чунин бошад!

Идеали ман

Хушбахтона, хушбахтона ва боз ҳам хушбахтона, хабар ёфтам, ки дар нимсолаи оянда ба мо муаллиме дарс мегӯяд, ки дар сеюмкурсиям маро барои он ки ҳамдеҳааш нестам ва ҳамроҳаш барои матбуот мусоҳиба накарда будам, дӯст доштаву қадр карда, ба ман ҳамчун туҳфа дар рейтингҳо баҳои се монда буд.

Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Барои он ки ба масъалаи ҳоҷатхона рафтани шогирдони духтараш таваҷҷуҳ дорад, дар назди ҳоҷатхонаи занона аз донишҷӯдухтари воридшаванда ё беруншаванда як чиз не – як чиз мупурсад ва бо ин баҳона аз “бӯйи хуш”-и дарун нафас мегирад.

Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Дар роҳравҳо чунон роҳ мегардад, ки аз қадамҳояш гарди насиҳат мехезад, аммо дар кобинеташ гарди дигар чиз мевазад.

Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Бисёр хуб медонад, ки муллим бояд имрӯз донишҷӯро барои гуноҳаш, барои дарс наомаданаш, барои дарсро гӯш накарданаш ва барои дарсро тайёр накарданаш ҷазо диҳад, вале пагоҳ ҳамаро фаромӯш карда, аз нав боз муоширати хуб дошта бошад. Аммо муаллими азизи мо чунон ҷиддӣ ва мард аст, ки агар нафаре дар давраи довталабияш саломаш надиҳад, то хатми магистратурааш мегӯяд, ки ман туро аз дӯстдории зиёд хориҷ мекунам ва ту хатм намекунӣ.

Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Маъракасозиву маъракаравиро бисёр дӯст медорад. Агар нафаре гӯяд, ки фалон амали хайрро анҷом додан даркор, бе пурсупос рейтингҳояш ба осмон мебароянд.

Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Ҳатто аз Эйнштейн ҳам ҷиддитар, зеро Эйнштейн гуфта буд, ки “ман ҳеҷ гоҳ шогирдонамро ҷазои инфиродӣ надодаам”, аммо эшон ҳеҷ гоҳ шогирдонашро ҷазои гуруҳӣ намедиҳад, балки ҷазои инфиродиро дар ҳузури гуруҳ медиҳад, ки ин усули хубтару беҳтар аст.

Ӯ муаллими аҷиб ва ҷиддист. Ӯ барои он ки сиёсати ҷиддияшро дар дилхоҳ гуруҳ ҷорӣ кунад ва алови чашми шогирдони навашро гирад, як духтар ё писари заиф ва гапгӯшкуну сархамро аз миёни гуруҳ меёбад ва бо ягон гуноҳ онҳоро маҷбур мекунад, ки аз ҳамдигар бахшиш пурсанд ё ба якдигар изҳори муҳаббат кунанд.

Ман муаллим мешавам, монанди муаллимонам!

Ҳ. ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь