Аз фавти нобаҳамгоми устоди беҳамтои санъати ҳаҷви тоҷик Убайдулло Раҷабов як сол сипарӣ шуд. Тирамоҳи соли 2021 аҳли санъати тоҷик маъракаи 80 – солагии зодрӯзашро ба нақша гирифта, бо тантана қайд карданӣ буданд. Вале аҷали бераҳм ба ин нияти нек хати батлон кашид ва аз паси устоди ҳунар ҳаҷвнигори нотакрори тоҷик Аловиддин Абдуллозодаро низ ба коми худ фурӯ бурд ва бо ин амали носавоб ба таърихи санъати тоҷик зарбаи мудҳиш расонд. Зеро ки ин ҳар ду устодони саҳна дар таърихи санъати ҳаҷв мақоми намоён ва шуҳрати босазое пайдо карда буданд.

Алҳол сухан дар бораи устод Убайдулло Раҷабов гуфтанием ва доир ба хизматҳои арзандаи Аловуддин Абдуллозода дар мақолаи дигар ҳарф заданием.

Ҳаҷвнигори барҷаста, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар ду давр, давраи Шӯравӣ ва давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар бурд. Авҷи аълои маҳорату истеъдод ва  шуҳрати ҳунараш ба давраи аввал рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра бори якум дар таърихи санъати тоҷик ӯ мактаби худ, Театри миниатюрии «Оина» – ро бунёд намуд. Дар давраи дуюм бо гузориши саҳнаҳои оммавӣ соҳиби мақоми баланд гардид ва дар ҳар ду давра яке аз мубалиғи тавонои ҳаҷвнигори тоҷик буданашро ба мардум муаррифӣ намуд.

Ҳаҷв ва равияи ҳаҷвгӯйи дар санъати тоҷик аз даврҳои қадим маншаъ мегирад. Базлагӯён, ҳазлгарон, мардуми шӯху танзгарон, шаънабозону масхарабозон аз замонҳои пеш бо ҳаҷву ҳазл дар тӯю маъракаҳо, нишасту ҷамъомадҳо хотири мардумро шод мегардониданд.

Ҳаҷв ва таърихи он дар ҳаёти ҷамъиятии мо то ҳол ба таври мушаххас омӯхта нашудааст ва итминони комил дорем, ки  мутасаддиёни ин соҳа дар оянда ба ин масъалаи мубрами рӯз эътибор хоҳанд дод.

Бо тамоми масъулият зикр менамоем, ки Убайдулло Раҷабов дар байни ҳаҷвнигорон мақоми шоиставу намоёнро ишғол менамояд.

Ҳаҷв ва ҳазлро баъзе ашхос фақат воситаи ханда ва хушҳолӣ дониста, дар ҳаёт аҳаммияти бузург доштани онро нодида мегиранд. Бесабаб нест, ки Убайдулло Раҷабов дар мақола, суҳбату гузоришҳо, муколаммаю вохӯриҳояш ба омӯзиши амиқи ин жанри санъат даъват менамуд. Аламовараш он аст, ки ба ин паҳлуи фаъолияти ҳаҷвнигор ба куллӣ баҳои ҳаққонӣ дода нашудааст. Маҳорати ин  санъаткори бузург дар ривоҷи ҳаҷв ҳамто надорад. Ӯ бо услуби хоси худ, бо киноя ва тамасхӯриҳои нишонрасаш тамошобинро ба завқ меовард ва ба назари тамошобин бевосита ҳаёти пур печу тоби замонаашро маълум мегардонд.

Нависандаи машҳури рус М. Е. Салтиков – Щедрин, ки яке аз ҳаҷвнависони умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, дар бораи ҳаҷв мегӯяд: «Барои он ки ҳаҷв ҳамчун ҳаҷви ҳақиқӣ бошад ва ба мақсад ноил гардад, аввалин ҳамон орзу ва мақсадеро диҳад, ки аз он эҷодкори вай фиристода шудааст, дуюм ин ки вай тамоман равшан ба муқобили он айёше, ки неши ҳаҷв равона карда шудааст, дарк намояд».

Ҳаҷви Убайдулло Раҷабов низ ба як мақсади муайян ва амиқ, беибо ба муқобили хулқу атвор, бадахлоқӣ, ба пасттинатии мардуми замонаш равона карда шуда буд.

Убайдулло Раҷабов дар зиндагӣ ва умри аз сар гузарондааш худро канор гирифта натавониста, ба муқобили носозиҳои замонаш эътироз баён мекард. Устоди ҳунар барои мубориза бурдан саҳнаро ҳамчун яроқи ҳаҷв ва тамасхӯр истифода бурда, беибо ва рӯйирост тамоми ноҷӯриҳои ҷамъиятиро дар нақшҳояш инъикос мекард.

Ҳар як падида бо таъсири ҳаёт, тарзи зиндагии халқ ба вуҷуд меояд, худи замон ва ҳаёти ҷамъиятии давр имкон фароҳам меоварад, ки чунин ҳаҷвнигори бомаҳорат рӯйи саҳна барояд ва ба решаи тамоми камбудиҳои замона зарба занад, ногувории зиндагии инсонро рӯирост бо кинояву тамасхӯраш нишон бидиҳад.

Ҳаҷви Убайдулло Раҷабов аз ҳаҷви пешгузаштагонаш бо куллӣ фарқ мекунад. Агар ҳаҷвнигорони пеш аз ӯ, як тарафи ҳаёт, шахсони алоҳидаро масхара намоянд, доираи ҳаҷви Убайдулло Раҷабов васеъ буда, дар саҳнаҳояш тамоми носозгориҳои ҷамъияти ҳамон давраро ҳаҷв менамуд. Аз назари тезбинии ӯ ягон рӯйдод берун наафтидааст.

Тарзи гузориши мавзӯъ ва алоқаи зичи ӯ ба ҳаёти заминӣ ба Убайдулло Раҷабов имкон дод, ки саҳнаҳои ҳаҷвии воқеӣ офарад. Ҳаҷви устоди саҳна хислати мушаххас дошта, тамасхӯр ва кинояҳои тезу тунду нишонрасаш барои ба халқи заҳматкаш кушоду равшан нишон додани камбудиҳои замона нақши калон бозидааст.

Қувваи ҳаҷви Ҳунарманди беҳамто боз дар он буд, ки дар саҳнаҳояш кулли норасоиҳои ҷамъиятиро нишон дода, намояндагони тоифаи қафомондаи ҷамъиятиро зери тозиёнаи ҳаҷв мегирифт. Ин хусусиятҳо ҳаҷви устоди саҳнаро ҷаззоб ва воқеӣ мегардонд.

Дар ин ҷо суханони нависандаи бузурги рус Н. В. Гоголро, ки дар ҳаққи И. А. Крилов гуфтааст ба Убайдулло Раҷабов низ нисбат додан ҷоиз аст.

«Умуман ӯ ба масъалаҳои асосии ҷамъият кордор буд. Дар асарҳои ӯ ҳамаи табақаҳои ҷамъият дар давлатдорӣ, аз ҳаким сар карда, то шахсони табақаи поён инъикос ёфтаанд».

Симоҳое, ки Убайдулло Раҷабов дар саҳнаҳои худ офаридаст, воқеан мушаххас буда, бо тасвир намудани ин симоҳо тамошобин ба кӣ ва ё ба кадом шахси воқеӣ равона карда шудани онро дарҳол пайхас мекунад.

Масалан, дар саҳнаи «Тарбуз» симои ихтироъкори бе ҳунари нодон ва кӯтоҳандеш тасвир карда шудааст, ки ин олими беамал солҳои зиёд ба ихтироӣ нодаркор даст задааст.

Ҳаҷви санъаткори варзида тезу тунд буда, ӯ дар саҳна нотарсона, ҷасурона ноадолатии замонаро ба намоиш гузошта буд. Ҳаҷви тезу тунд, киноя ва тамасхӯрҳои ӯ бештар ба дастандаркороне, ки бояд аз рӯи адолат, инсоф ба халқ хизмат кунанд, вале баръакс фоидаи шахсии худро аз манфиати омма боло медонистанд, равона карда шуда буд.

Убайдулло Раҷабов ҳаҷви тезу тунду ифшогар ва нишонраси худро ба аҳволи замона равона карда, кирдори ношоистаи табақаи гуногуни ҷамъияти худро чунон устокорона истифода бурда буд, ки агар дар аввал дар намоишномаҳои «Чойхонаи дилкушо» ба назари тамошобин равон ва сода намояд, дар асл ин саҳнаҳо тасвири ҳаёти реалӣ ва нишон додани номутаносибии ҷамъияти ҳамон вақта ба шумор мерафт.

Мисол, дар саҳнаи хаҷвии «Санъатшинос» устоди ҳаҷв  бесаводии мутасаддии соҳаи санъатро бо тамоми ҳунар ба намоиш гузоштааст.

Аслан, хандаву ҳазл барои хушҳолӣ ва хушнудии инсон офарида шуда бошад ҳам, хандаҳое низ ҳастанд, ки аз гиряи талх талхтар ва ҳалокатовар мебошанд. Намоиши саҳнаи «Н2О» – и бахшиада ба ҳолати ба об таъминкунии шаҳраки Данғара ба ин мисол шуда метавонад.

Маҳз дар хусуси чунин ханда А. И. Гертсен мегӯяд: «Бешубҳа ханда – яке аз яроқи зӯр вайронкунандаест… Аз ханда бутҳо, гулчамбарҳо меафтанд ва расми сеҳрноки Худо дар назар сиёҳтоб аз расмҳои аҳмақона кашидашуда менамояд».

Санъаткори моҳир, ҳассос ва тезбин маҳз чунин хандаро ба кор бурда буд, хусусан барномаи дар Кохи Борбад ба намош гузоштааш аз он далолат медиҳад.

Сабаби ҳаҷвро аслиҳаи худ қарор додани ҳунарманд дар он буд, ки ӯ ба муқобили нодолатиҳо баромада, гунаҳкорони асосии беадолатиҳо ва рафтори ношоистаи онҳоро ошкоро масхара мекард.

Ҳаҷви Убайдулло Раҷабов, ки ба муқобили бадахлоқон ва одамони пастфитрати замонааш равона карда шуда бошад ҳам моҳияти он тарғиби ахлоқи неку ҳамидаи инсонист. Ӯ бо сахнаҳои ҳаҷвии худ инсон ва қадру қимати ӯро баланд мебардошт.

Танзи устоди беҳамтои ҳаҷв гуногунмазмун буда, дар он хулосаи умумии ҳаёти иҷтимоӣ тасвир ёфта буд.

Ҳаҷви кушоду равшани Убайдулло Раҷабов ба муқобили  ноҷӯриҳое, ки дар замони ӯ ривоҷу равнақ ёфтабоиси нафрати мардум гардида буданд, аслиҳаи тезу тунду буррое ба шумор мерафт, ки ҳаҷвнигори барҷаста чунин амали некро пешаи худ қарор дода буд.

Саҳнаҳои Убайдулло Раҷабов махсусан ҳаҷви нишонрас ва боқуввати ӯ дар ҳаёти ҷамъиятии мо ҳамто надоранд.

Ин сатрҳоро рӯи сафҳа оварда, итминони комил дорам, ки дастандаркорони Вазорати фарҳанг ба мақом ва манзалати устоди ҳаҷв, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Ситораи Президент» Убайдулло Раҷабов баҳои сазовору арзанда дода, нисбати нақш ва саҳми ӯ дар таърихи ҳаҷви тоҷик хомӯшӣ ва бетарафиро пеша нахоҳанд кард.

Зариф ҒУЛОМ,

адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here